29 октябри соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Ба муносибати фарорасии солгарди иди миллии Ҷумҳурии Туркия Шумо ва тамоми мардуми дӯсти кишварро самимона табрик мегӯям.
Мо аз он қаноатмандем, ки солҳои охир равобит ва ҳамкории ду кишвар густариш ва тавсеаи матлуб ёфт, ки бешак ба манфиати халқҳо ва кишварҳои мо ва суботу амнияти минтақа аст.
Изҳори умед менамоям, ки муносибатҳо ва ҳамкориҳои муфиди тарафайн дар соҳаҳои мухталиф дар оянда низ ба манфиати мардумони ҳар ду кишвар рушду густариш хоҳанд ёфт.
Бо истифода аз ин фурсати нек ва фараҳбахш ба ҷаноби Президент саломатии комилу муваффақиятҳои рӯзафзун ва ба мардуми Туркия шукуфоиву саодати зиндагӣ таманно дорам».
www.president.tj