Барқияи табрикотӣ

№135(3436) 12.10.2015

Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  12 октябри соли 2015 ба Президенти Ҷумҳурии  Беларус  Александр  Лукашенко  барқияи  табрикотӣ  ирсол  дошт, ки дар  он,  аз  ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам  Александр  Григоревич!

Шуморо   бо  пирӯзии  боэътимод  дар  интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии  Беларус самимона  ва  сидқан шодбош мегӯям.

Мо ин  хабарро   бо шодмонии хоса дарёфтем. Такроран интихоб шудани Шумо далели  равшани боварии олист, ки ба роҳбарӣ ва  хатти  машйи Шумо  дар роҳи шукуфоии  кишвар, беҳсозии некуаҳволии мардум  ва  болобарии  бемайлони  обрӯи давлати  Беларус  дар  арсаи  ҷаҳон  зоҳир мегардад.

Тоҷикистон  ба муносибатҳои  зичи  мушорикат  бо Ҷумҳурии  Беларус, ки  ҷавобгӯи  манофеи  миллии ҳар  ду давлатанд, баҳои баланд  медиҳад. Бовар дорам, ки  ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону  Беларус  дар  заминаи  принсипҳои  эҳтироми якдигар, бодарназардошти  манофеи дуҷониба, рушду  густариши тоза меёбад.

Бо  истифода  аз  фурсат омодагии  моро   дар  роҳи якҷоя бо  Шумо ба  харҷ  додани  саъю  кӯшишҳои  зиёд  барои  рушду  густариши  минбаъдаи  ҳамкории  мутақобилан  судманди  миёни Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Ҷумҳурии  Беларус  иброз  медорам.

Ба  Шумо,  муҳтарам  Александр  Григоревич,  аз  самими  қалб сиҳатии  бардавом,  умри  дароз  ва дар  фаъолияти серсоҳаатон муваффақиятҳои  нав  орзу  дорам».

 Амит «Ховар»