27 декабри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам Қосим-Жомарт Кемелевич!
Бо андуҳи гарон хабари ҳузнангези суқути ҳавопаймои мусофирбарро дар наздикии фурудгоҳи Алмаато дарёфтам.
Ба наздикону пайвандони қурбониён изҳори тасаллияти амиқ намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонем».
www.president.tj