Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи гузаронидани интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо

№ 26.07.2018

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» фармон медиҳам:

1. Интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо аз 1 то 13 августи соли 2018 гузаронида шавад.

2. Ҳайати фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳое, ки дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, бо мувофиқаи раисони шаҳру ноҳияҳое, ки дар ҳудуди онҳо қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинигардида ҷойгир мебошанд, дар муҳлати муқаррарнамудаи банди 1 ҳамин Фармон гузаронидани интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳоро мувофиқи Низомнома дар бораи машваратчиёни халқӣ таъмин намоянд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                      Эмомалӣ РАҲМОН

ш. Душанбе, 25 июли соли 2018, №1072