Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон таъин намудани Суризода Н.М.

№15 (4755) 31.01.2024

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Суризода Носир Мародбек иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон таъин карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
30 январи соли 2024
№741

5СУРИЗОДА Носир Мародбек

аз  21 январи соли 2022  дар мансаби  Муовини раиси шаҳри Хоруғ кор мекард

Соли таваллуд   24  майи соли 1984          Ҷои таваллуд ноҳияи Шуғнон

Миллат   тоҷик                                              Таҳсилот   олӣ

Соли  2006  Донишгоҳи давлатии  шаҳри Хоруғ,   соли  2014 Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ (ғоибона)

Ихтисос   1. шарқшинос, 2 иқтисодчӣ

Унвони илмӣ  надорад

Кадом забонҳои хориҷиро медонад  русӣ, англисӣ, форсӣ, арабӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не ҳаст

Бо мукофоти давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не

Вазъи оилавӣ оиладор

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 2006-2008 Омӯзгори мактаби №38 ноҳияи Шуғнон
Солҳои 2008 – 2009 муҳосиби ташкилоти ҷамъиятии ноҳиявии «Сурӣ»-и ҷамоати деҳоти Вер
Солҳои 2009-2010 Афсари қарздиҳии ноҳияи Шуғнон дар ТКХ «Рушди Помир»
Солҳои 2010-2013 Сармутахассиси бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ноҳияи Шуғнон
Солҳои 2013-2022 Раиси Ҷамоати деҳоти Вери ноҳияи Шуғнон
аз январи соли 2022 то имрӯз Муовини раиси шаҳри Хоруғ