Ифтитоҳи иншооти нав дар шаҳри Душанбе

№106 (4056) 03.09.2019

48646587046_905eb29054_o30 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №96 — ро пас аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Пешвои миллат бо шароити муассиса шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорон аз наздик суҳбат намуданд.

Мактаб аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1500 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир сохта шудааст. Синфхонаҳо бо дастгоҳ ва таҷҳизоту аёнияти дарсӣ таъмин гардидаанд.

Муассисаи таълимии мазкур дорои 35 синфхона буда, аз кабинетҳои химия, математика, физика, биология ва дигар утоқҳои дарсӣ иборат мебошад. Ҷиҳати гузаронидани дарсҳои таълими меҳнат ва омӯзонидани касбҳои гуногун дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи муҷаҳҳази фаннӣ ташкил карда шудаанд, ки дар онҳо машғулиятҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ ва омодасозии ҳар гуна таомҳо гузаронида мешаванд. Як синф­хонаи алоҳида барои гузаронидани дарсҳои компютерӣ пешбинӣ шудааст, утоқҳои алоҳида барои роҳбарияту омӯзгорони таълимгоҳ бунёд гардидааст. Дар баробари синфхонаҳои муҷаҳҳазу замонавӣ, муассисаи нав дорои маҷлисгоҳ бо 150 ҷойи нишаст ва ошхона бо бештар аз 100 ҷой мебошад.

Тавре аснои шиносоӣ маълум гардид, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №96 барои гузаронидани дарс­ҳои тарбияи ҷисмонӣ ва доир намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ низ шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Тамоми синфхонаҳо, роҳравҳо, толорҳо ва ошхонаи таълимгоҳ бо дастгоҳҳои гармидиҳӣ, ки ба шабакаи мутамарказонидашудаи гармидиҳӣ пайваст гардидаанд, таъмин мебошанд. Барои иншооти мазкур хати алоҳидаи барқ кашонида, ду адад трансформатори алоҳидаи пуриқтидор барои таъмини бемамониати неруи барқ дар ҳудуди иншоот насб шудааст. Атрофи таълимгоҳ бо дарахтони ороишӣ ва гулу буттаҳои мавсимӣ зебу оро дода, пурра майсазор карда шудааст.

Қобил ба тазаккур аст, ки бинои қаблии муассисаи таълимии №96-и ноҳияи Сино дар ҳолати ногувор қарор дошт ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ набуд. Бо бунёди иншооти нав мушкилоти чандсолаи омӯзгорону хонандагон дар самти норасоии ҷойи нишаст ва шароити мусоиди таълимӣ ҳалли худро ёфт. Акнун онҳо метавонанд дар синфхонаҳои барҳавою муҷаҳҳаз ба дарсомӯзӣ машғул гарданд.

Пас аз шиносоӣ бо шароити таълимии муассисаи мазкур Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди омӯзгорон, хонандагон ва аҳли маорифи шаҳри Душанбе суханронӣ карда, ифтитоҳи муассисаи нави таълимиро ба онҳо табрик гуфтанд.

Пешвои миллат хонандагонро даъват намуданд, ки бо истифода аз чунин шароити мусоид ҷиҳати омӯхтани илм, азхудкунии забонҳо ва технологияи нав кӯшиш намуда, ҳамчун насли созанда ба камол расанд.

Дар арафаи соли нави хониш ифтитоҳи ин таълимгоҳ туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагону омӯзгорон маънидод гардид. Бояд гуфт, ки дар солҳои минбаъда низ бунёди иншооти таълимӣ ва муассисаҳои нав дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, ки марҳила ба марҳила мушкилоти соҳаро дар самти норасоии ҷойи нишаст ба пуррагӣ ҳал хоҳад кард.

DCIM100MEDIADJI_0056.JPG30 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли «Душанбе» — ро пас аз азнавсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Сипас, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити истироҳат дар кӯли «Душанбе», аз ҷумла, мағоза, тарабхона, ҳавзҳо, аквапарк, боғи ҳайвонот, майдончаҳои назди соҳили он ва дигар иншооти фароғатӣ шинос шуданд.

Ҳамин тариқ, пас аз ифтитоҳи кӯли «Душанбе» дар пойтахт шумораи иншооти фароғатӣ боз як адад зиёд гардид.

Ёдовар мешавем, ки ҳанӯз 9 ноябри соли 2017 дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаҳои азнавсозии кӯли «Варзоб» ва бунёди корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ шинос шуда, барои сохтмони Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли «Душанбе» санги асос гузошта буданд.

Бо мақсади ободу зебо намудани иншооти истироҳатию фароғатӣ ва дигар марказҳои фарҳангӣ, инчунин, фароҳам овардани шароити мусоид барои сокинону меҳмонон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо соҳибкорони ватанӣ тасмим гирифта буданд, ки кӯли «Варзоб» — ро, воқеъ дар шафати шоҳроҳи «Душанбе — Хуҷанд — Чаноқ», дар назди соҳили дарёи Варзоб, азнавсозӣ намоянд.

Ҳамон вақт ба нақша гирифта шуда буд, ки дар атрофи кӯл барои кӯдакону наврасон ва калонсолон ҷойҳои махсуси дилхушӣ, аквапарк, майдончаҳои футбол, волейбол ва дигар марказҳо бунёд кунанд.

Аз ин рӯ, бо мақсади азнавсозии мавзеи истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии замонавӣ дар қаламрави кишвар, муаррифии он ба меҳмонону сокинони мамлакат, инчунин, шуҳрати хоса пайдо намудани номи кӯл дар минтақаи Осиёи Марказӣ, корҳои сохтмонӣ, ободонӣ ва таъмиру азнавсозии Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли «Душанбе» оғоз гардид.

Масоҳати Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли «Душанбе» пеш аз азнавсозӣ 13 гектарро ташкил медод. Бо васеъ намудани ҳудуди маркази истироҳатӣ ва фароҳам овардани имкониятҳои нави истироҳатӣ масоҳати он ба 17 гектар расонида шуд.

Дарвозаи даромадгоҳи Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли «Душанбе» бо нақш ва услуби хоса ороиш дода, ҳудуди он бо панҷараҳои ороишӣ иҳота карда шудааст.

Пайроҳаҳо бо тахтасангҳо рӯйпӯш, дохил ва гирду атрофи кӯл дар майдони қариб 3 гектар сабзаю кабудизор карда, дар ҳудуди он дарахту буттаҳои хоси иқлими ҷанубу шарқӣ шинонида шудааст.

Марказ метавонад дар як рӯз то ба 5 ҳазор меҳмони дохиливу хориҷӣ хизмат расонад.

Барои истироҳати хуши калонсолон дар кӯл нақлиёти обӣ — гидросиклҳо ва катамаранҳо истифода бурда мешаванд.

Воридшавӣ ба ҳудуди маркази фароғатӣ бо истифода аз тасмачаҳои махсуси электронӣ сурат мегирад, ки ин ба истироҳаткунандагон имконияти истифода бурдани тамоми иншооти марказро фароҳам месозад.

Дар қисмати шимолу шарқии марказ ду таваққуфгоҳ барои 500 воситаи нақлиёт сохта, роҳравҳои марказ пурра асфалтпӯш карда шудааст.

Дар ҳудуди Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳӣ 3 бинои нав бо санъати меъмории хоса қомат афрохтааст.

Бинои якум аз ду ошёна иборат аст. Дар ошёнаи якум хазина, мағозаи хӯрокворӣ, мағозаи махсуси фурӯши лавозимоти шиноварию истироҳатӣ, ҳаммом, ҳуҷраҳо барои ивази либос, хонаҳои дастшӯйӣ ва утоқҳои кории маъмурият ҷойгир шудаанд.

Ошёнаи дуюм аз толори маҷлис ва ҳуҷраҳо барои истироҳат иборат аст.

Дар назди бино майдончаи кушоди консертӣ бо тамоми таҷҳизоти ороишӣ муҷаҳҳаз гардидааст.

Дар саҳни ҳавлӣ ду фаввораи рақсон бо истифода аз мусиқиҳои ҷаззоб, тасвирҳои рангоранг ва шаршара бо истифода аз сангҳои азимҷусса сохта шудааст.

Дар қисми шимолу шарқии кӯл бинои якошёна қомат афрохтааст, ки дар он тарабхона ва қаҳвахона ҷойгир аст. Иншооти мазкур дар як вақт имконияти қабули 700 нафар меҳмонро ҳам дар дохил ва ҳам дар саҳни ҳавлӣ доранд. Ғайр аз ин, дар ин бино ҳуҷраҳои иҷораи катамаран, флейборд ва гидросикл ҷойгир мебошанд.

Ба обанбори кӯли «Душанбе», ки масоҳати 6,5 гектарро дар бар мегирад, оби софи равон ворид мешавад ва сифати он таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Дар қисми шимолии соҳил ҷой барои оббозӣ, ки бо тӯр ҷудо шудааст, дар қисмати шарқӣ ҷой барои истироҳату фароғати гурӯҳиву оилавӣ бо катҳои алоҳида ташкил карда шудаанд, ки ҳар кадом бо ҳуҷра барои ивази либос таъмин гардидааст.

Соҳили кӯл бо қуми махсуси баҳрӣ (аз шимоли кишвар оварда шудааст) рӯйпӯш гардидааст, ки барои саломатии инсон манфиатовар мебошад.

Дар баробари ин, барои истироҳаткунандагон ва дӯстдорони бозиҳои обӣ трамплинҳои варзишӣ барои ҷаҳидан ба об мавҷуданд.

Дар гирди кӯл дар масофаи 2000 метр пайроҳа барои давидан ва велосипедронӣ ташкил ва дар ҷойи махсус таваққуфгоҳи велосипедҳо сохта шудааст.

Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли «Душанбе» велосипедҳои дучарха ва чорчархаро барои истифодабарӣ дар ҳудуди кӯл пешкаши сокинону меҳмонон намудааст.

Барои нафароне, ки худашон маҳорати пазандагӣ доранд ва мехоҳанд хӯрокро бо дасти худ омода созанд, дар минтақаи истироҳати оилавӣ, дар наздикии кӯл, катҳо мавҷуданд, ки аз онҳо метавонанд истифода баранд.

Дар қисми шимолу ғарбии Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли «Душанбе» боғи ҳайвонот мавқеъ гирифтааст, ки дар он беш аз 50 намуди ҳайвоноти нодири оилаҳои хазандаҳо, даррандаҳо, парандаҳо, ширхӯрҳо ва ғайра ҷойгир шудаанд.

Қисми дигари Маркази истироҳативу фароғатиро аквапарк (парки обӣ) ташкил медиҳад, ки он дар масоҳати 2,6 гектар ҷойгир буда, чун намунаи муосири беҳамто дар ҳудуди Осиёи Марказӣ калонтарин маҳсуб меёбад.

Аквапарк аз 5 маҷмааи истироҳатӣ -  ҳавзи шиноварӣ бо фаввораҳои дорои тасвирҳои гуногун барои калонсолон ва кӯдакон, майдонҳои бозиҳои шавқовар ва дигар таҷҳизоти дилхушии обӣ иборат мебошад.

Дар ин парк зиёда аз 16 навъи атраксиони обӣ, ба монанди спейсшатл, блекхол, турбо — лейс, спейбоод, рокет фрифол, виндиго, твистер васл гардидааст, ки бори аввал аз Туркия вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон карда шудаанд.

Лоиҳакаши Маркази истироҳативу фароғатӣ ва сайёҳии кӯли «Душанбе» Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Меъморӣ ва шаҳрсозӣ» мебошад.

Баъди шиносоии пурра бо Маркази истироҳатию фароғатии кӯли «Душанбе» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси ободкории роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва соҳибкоронро намунаи ибрати шоиста номиданд.

1 сентябри соли 2019 дар шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои маъмурию таълимӣ, меҳмонхона ва хобгоҳи замонавии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ бахшида, дар чорабинии «Рӯзи дониш» ва «Дарси сулҳ» иштирок намуданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар саҳни бинои боҳашамати ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонии таълимии навбунёд роҳбарият, устодон, кормандон, магистрантон ва донишҷӯёни Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона истиқбол гирифтанд.

Президенти мамлакат дар даромадгоҳи бино парда аз болои лавҳаи рамзӣ бардошта, бинои нави маъмурию таълимии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд ва онро дар доираи иҷрои «Нақшаи чорабиниҳои ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» туҳфаи арзандаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишомӯзон арзёбӣ карданд.

Иншооти таълимӣ аз 12 — ошёна иборат буда, барои 1320 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Бинои донишкада, ки бо тарҳи наву замонавӣ ва ба стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ сохта шудааст, аз қисми маъмурию таълимӣ, меҳмонхона ва хобгоҳ барои устодону донишҷӯён, шунавандагони курсҳои такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, толорҳои варзишу маҷлисгоҳ, китобхонаву ҳуҷраҳои фаннӣ иборат аст.

Меҳмонхона ва хобгоҳи замонавӣ дорои 65 ҳуҷраи люкс ва нимлюкси дорои 1 ва 2 ҷойи хоб мебошад ва бо муосиртарин таҷҳизот, аз ҷумла, яхдон, телевизор, мошинаҳои ҷомашӯйӣ ва дастгоҳҳои дарзмолкунӣ, катҳои хоби якнафараю дунафара муҷаҳҳаз гардонда шудааст.

Дар ошёнаи якуми бинои маъмурию таълимӣ ошхона бо 200 ҷой, утоқҳои кории раёсати кадрҳо, муҳосибот, қисми хоҷагӣ, бунгоҳи тиббӣ ва ҳуҷраи муҳофизон ҷой гирифтаанд.

Дар ошёнаи дуюм китобхона барои 50 ҷойи нишаст бо имконияти нигоҳдории зиёда аз 20 ҳазор китоби илмӣ, таълимию методӣ, бадеӣ ва дигар маводи нашрӣ, синфхонаҳои компютерӣ бо технологияи муосири иттилоотӣ, инчунин китобхонаи электронӣ бо теъдоди зиёда аз 130 ҳазор китоби электронӣ, утоқҳои кории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ, толори варзишӣ барои бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол ҷойгир шудааст.

Дар ошёнаи дуюми бинои маъмурию таълимӣ «Маркази тавонбахшӣ ва омӯзиши шахсони имконияташон маҳдуд» фаъолият менамояд. Ҳадафи асосии лоиҳаи мазкур, дастгирии афроди имконияти ҷисмониашон маҳдуд ва таъмини онҳо бо шароити муносиб барои гирифтани таҳсилоти олии касбӣ, инчунин таъмин намудани иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа ва дар қабули қарорҳо ба шумор меравад.

Дар ошёнаи сеюм утоқҳои кории ректор, муовинони ректор, бойгонӣ, маҷлисгоҳ барои 70 ҷойи нишаст ва утоқҳои кории шуъбаҳо, толори Шӯрои олимон ва кафедраҳо мавҷуданд.

Дар ошёнаи 4 — уми қисми таълимии бино 2 толори маҷлис (мутаносибан ҳар кадоме барои 77 ҷойи нишаст), 2 синфхона, бойгонӣ, утоқҳои раёсати таълим, садорати факултети азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, Пажӯҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ҷойгиранд.

Дар ошёнаи 5 — уми қисми маъмурию таълимии бино 3 синфхона, толори калони барҳаво барои 200 ҷойи нишаст қарор дорад. Дар ошёнаҳои аз 7 то 9 -ум факултети муносибатҳои байналмилалӣ ҷойгир шудааст, ки дар он 3 толори лексионӣ, 10 синфхона, 3 синфхонаи лингофонӣ ва забономӯзии дорои 450 ҷойи нишаст, кафедраҳо, 8 ҳуҷра барои ҳайати устодону кормандони факултет ва ҳуҷраҳои ёрирасон мавҷуд аст.

Ҳамзамон, дар ошёнаҳои аз 10 то 12 — и қисми таълимии бино — факултети идоракунии давлатии донишкада 18 синфхона, толори лексионӣ, 3 синфхона барои машғулиятҳои гурӯҳӣ ҷой гирифтаанд, ки дар маҷмӯъ, аз 570 ҷойи нишаст иборат мебошанд.

Дар бинои нави донишкада, ҳамчунин, Парки технологӣ ташкил шудааст ва фаъолияти пурсамар дорад.

Он аз Шӯрои машваратӣ, директор, муовини директор, комиссияи назорати тафтишотӣ, бахши омӯзиш ва омодакунии хӯрокҳои миллӣ, марказҳои хизматрасонии тиббӣ, таълимӣ — истеҳсолии дӯзандагӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, фурӯши маводи таълимӣ ва нусхабардорӣ, маркази инноватсионӣ, сартарошхона ва кошонаи ҳусн бо ташкили курсҳои таълимӣ, матбаа, бахши муҳосибот ва коргузорӣ, шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репититорӣ, маркази курсҳои забономӯзӣ ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, клиникаи ҳуқуқӣ, хоҷагии ёрирасон ва бахши варзиш иборат аст.

Дар саҳни ҳавлии бино зиёда аз 100 ҳазор дона гулҳои ороишӣ, 80 дарахти арча ва дарахтони ороишии ҳамешасабз шинонида шудааст.

Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ягона муассисаи олии таълимию илмии давлатӣ дар кишвар аст, ки муассиси он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Самти фаъолияти он ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи идоракунии давлатӣ, хизмати давлатӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ равона гардидааст.

Дар донишкада факултетҳои идоракунии давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ амал менамоянд, ки аз рӯи ихтисосҳои «идоракунии давлатӣ», «идоракунии давлатии иқтисодиёт», «идоракунии ҳайати кадрӣ», «муносибатҳои байналмилалӣ» ва «амнияти иттилоотӣ» дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот барои мақомоти давлатӣ кадр тайёр мекунанд.

Айни замон дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ 1214 нафар дар бакалавриат, 277 нафар дар магистратура, 737 нафар дар таҳсилоти дуюм, 339 нафар дар таҳсилоти фосилавӣ, дар маҷмӯъ, 2567 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. То ба имрӯз магистратураро зиёда аз 620 нафар хизматчии давлатӣ хатм намудааст.

Ба курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии донишкада, таҳсилоти дуюми олии касбӣ ва магистратураю бакалавриат 172 нафар устодону омӯзгорон, аз ҷумла, 23 нафар доктори илм, профессор, 62 номзади илм, дотсент ҷалб карда шудаанд.

Дар соли таҳсили 2018 — 2019 донишкадаро 352 нафар донишҷӯю магистрант хатм намуданд, ки аз ин 34 нафар соҳиби дипломи аъло ва 318 нафар соҳиби дипломи муқаррарӣ гардидаанд.

Кормандону омӯзгорони донишкада фаъолияти илмиро дар доираи лоиҳаҳои илмӣ-таҳқиқотии «Энсиклопедияи идоракунии давлатӣ дар Тоҷикистон» ва «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» идома дода истодаанд.

Аз ҷониби устодони донишкада танҳо дар нимсолаи аввали соли 2019 — ум 16 китобу монография ва дастури таълимӣ, аз ҷумла, аз ҷониби донишмандон ва мутахассисони соҳа китоби «Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон: масъалаҳои ташаккул ва рушд» дар ду ҷилд, инчунин, зиёда аз 300 мақолаи илмӣ, илмӣ — оммавӣ нашр гардидааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо бинои донишкада ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд ва барои истифодаи самараноки имконияту иқтидорҳои таълимию омӯзишӣ ва тайёр намудани мутахассисони варзидаи соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ба роҳбарияти донишкада, вазорату идораҳои дахлдор ва дигар масъулони соҳа дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Сипас, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ин рӯйдоди фараҳбахш ва фарорасии «Рӯзи дониш» ва «Дарси сулҳ» дар ҳузури ҳайати омӯзгорон, кормандон, магистрантон, донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ суханронӣ намуданд.

ХизматЯкуми сентябр, ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 — ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Пешвои миллат бо шароити муассиса шинос ва бо хонандагону омӯзгорон ҳамсуҳбат шуда, онҳоро ба «Рӯзи дониш» таҳният гуфтанд.

Бинои иловагии ин муассисаи таълимӣ аз чор ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 1280 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Иншоот бо сифати баланд ва мутобиқ ба талаботи замони муосир аз ҳисоби буҷети шаҳри Душанбе  сохта, синфхонаҳо бо дастгоҳ ва таҷҳизоту аёнияти дарсӣ таъмин шудааст.

Бинои навбунёд дорои 36 синфхона буда, аз кабинетҳои химия, математика, физика, биология ва дигар утоқҳои дарсӣ иборат мебошад. Дар маҷмӯъ, 11 синфхонаи мактаб ҳамчун синфхонаҳои фаннӣ муҷаҳҳаз гардидаанд, ки дар онҳо асбобу аёниятҳои зарурӣ насб шудааст. Ҷиҳати гузаронидани дарсҳои таълими меҳнат ва омӯзонидани касбу ҳунарҳои гуногун, дар таълимгоҳ синфхонаҳои алоҳидаи таълимии  духтаронаву писарона ташкил гардидаанд. Дар ин ҷо машғулиятҳои дӯзандагӣ, қаннодӣ ва омодасозии ҳар гуна таомҳо гузаронида мешаванд. Синфхонаи компютерии муассисаи таълимӣ бо насли нави технологияи телекоммуникатсионӣ таъмин ва бо хати баландсуръати интернет пайваст мебошад. Бино, ҳамчунин, дорои китобхонаи электронӣ, бунгоҳи тиббӣ, синфхонаҳои лингафонӣ, осорхонаи мактабӣ аст.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар ин бино боз маҷлисгоҳ бо 110 ҷойи нишаст ва ошхона бо 250 ҷой бунёд ёфтааст.

Дар бинои мазкур, ҳамзамон, барои гузаронидани дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ ва доир намудани мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ толори барҳаво бо 210 ҷойи нишаст бунёд гардидааст, ки бо дастгоҳҳои варзишӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин мебошад. Тамоми синфхонаҳо, роҳравҳо, толорҳо ва ошхонаи таълимгоҳ бо дастгоҳҳои гармидиҳӣ таъмин ва ба шабакаи  мутамарказонидашудаи гармидиҳӣ  пайваст гардидааст.

Ҳамчунин, дар назди муассисаи таълимӣ майдончаи варзишӣ барои гузаронидани мусобиқаҳои гуногун бунёд ёфтааст. Атрофи таълимгоҳ бо дарахтон ва гулу буттаҳои мавсимӣ оро дода, пурра майсазор карда шудааст. Роҳраву саҳни таълимгоҳ пурра сафолакпӯш гардидааст.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки имсол муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-ро 196 нафар хонанда хатм карданд, ки аз ин ҳисоб 182 нафар ё худ 90 фоизашон ба муассисаҳои олии дохилу хориҷи кишвар шомил гаштаанд. Феълан дар таълимгоҳ 95 омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошанд, ки 80 фоизашонро бонувон ташкил медиҳанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, хонандагону омӯзгоронро вазифадор намуданд, ки аз чунин шароити мусоид барои донишомӯзӣ самаранок истифода баранд.

Бояд зикр кард, ки то соли 2021 дар доираи нақшаи чорабиниҳо оид ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмону азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 27 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои беш аз 42 ҳазор нафар хонанда ва 13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба маблағи умумии қариб 400 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои Беморхонаи клиникии шаҳрии бемориҳои сироятии кӯдаконаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Беморхона аз 6 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва 200 кат барои муолиҷаи кӯдакон муҷаҳҳазонида шудааст.

Дар ошёнаи якум шуъбаи наҷот, шуъбаи бемориҳои қатрагӣ, ошёнаи дуюм шуъбаи бемориҳои сироятии муолиҷавӣ, ошёнаи сеюм ва чорум шуъбаи бемориҳои сироятӣ, ошёнаи панҷум шуъбаи бемориҳои паразитӣ, инчунин, утоқҳои кории маъмурияти беморхона ва маҷлисгоҳ барои 70 ҷойи нишаст ва дар ошёнаи шашум кафедраҳо, аудиторияҳо ва ҳуҷраҳои техникӣ ҷойгир мебошанд.

Беморхона дорои таваққуфгоҳ, бунгоҳи барқӣ бо 2 трансформатор, иншооти безараргардонӣ, анбори нигоҳдории сабзавот ва ошхона аст. Дар маркази муосири тиббӣ 260 нафар мутахассиси варзидаи дараҷаи олӣ ва миёна ба кор ҷалб шудаанд.

Бинои то ба имрӯз амалкунандаи беморхона, ки соли 1939 бунёд гардидааст, дар замони Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945 ҳамчун госпитали эвакуатсионӣ фаъолият кардааст.

Муассисаи тиббии мазкур аз соли 1963 то ба имрӯз, яъне, дар зарфи 56 сол, ҳамчун беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии кӯдакон фаъолият мекунад.

Ҳарчанд бинои беморхона тайи солҳои соҳибистиқлолӣ чандин маротиба таъмиру азнавсозӣ шуда бошад ҳам, бо сабаби солҳои тӯлонӣ фаъолият карданаш хеле фарсудаву куҳна гардида буд. Аз ин хотир, масъалаи бунёди бинои нави беморхона ба миён омад.

Зимни шиносоӣ бо шароити кору хизматрасонӣ дар беморхона, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохт­монӣ баҳои баланд дода, ифтитоҳи чунин иншоотро ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ — 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми шоиста ва намунаи ибрат арзёбӣ карданд.

Президенти мамлакат ба табибон барои иҷрои садоқатмандонаи вазифаҳои хизматӣ, пешгирӣ ва муолиҷаи саривақтии бемориҳои кӯдакон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

www.president.tj