Иштирок дар маросими савгандёдкунии Президенти нави Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ

№100 (3085) 05.08.2013

Чоруми августи соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими савгандёдкунӣ ва ба иҷрои вазифа шуруъ намудани Президенти нави Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ иштирок намуд.

Барои иштирок дар ин маросим намояндагони воломақом аз наздики 60 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла 11 нафар роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо ва ҳамчунин намояндагони зиёд аз созмонҳои сершумори минтақавию байналмилалӣ ба ҳам омаданд.

www.president.tj