Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иттилоия

№1-2 (4263-4264) 01.01.2021

50043363603_12f024e4c5_o30 декабри соли 2020 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Нақшаи кори маҳаллии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021» баррасӣ гардид.

 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳои давлатӣ супориш доданд, ки ҷиҳати таъмини саривақтии бандҳои нақшаи корӣ, аз ҷумла, омодагӣ ва дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронидани чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.

Оид ба ҷараёни иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» ҳисоботи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода шунида шуд.

Зикр гардид, ки то ҳол дар вилояти Хатлон дар доираи иҷрои барнома аз ҳисоби сарчашмаи маблағгузорӣ 4 бинои шуъбаи маориф ва 119 бинои муассисаи таълимӣ барои 20 ҳазору 620 ҷойи нишаст ба маблағи 214 миллиону 306 ҳазор сомонӣ сохта шудааст, ки 22,4 фоизи иҷрои барномаро ташкил медиҳад.

Бинобар ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар, Вазорати маориф ва илм, мақомоти ­иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон супориш доданд, ки ҷиҳати татбиқи саривақтию босамари барнома тадбирҳои мушаххас андешида, бо истифода аз имкониятҳои молиявӣ ва ҷалби сармоя бунёд ва навсозии муассисаҳои таълимӣ ва шуъбаҳои маорифро ба роҳ монда, барои хонандагон ҷойҳои нави нишаст таъмин намоянд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, таваҷҷуҳи масъулинро ба норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар вилоят Хатлон ҷалб карданд.

Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ва «Дар бораи нишондиҳандаҳои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 — 2024» ҳисоботи шахсони масъул шунида шуд.

Сипас, аъзои Ҳукумати мамлакат лоиҳаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ниҳолпарварӣ» ва хулосаи Ҳукумати мамлакат «Дар бораи пешниҳоди хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро баррасӣ карданд.

50779366876_f1abed03422_oҲамчунин, масъалаҳо «Дар бораи маъқул донистани Созишномаи генералӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023», «Дар бораи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030», «Дар бораи Барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2021-2025», «Дар бораи Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025», «Дар бораи Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2021» ва «Дар бораи Барномаи ҷорӣ намудани низоми идоракунии дороиҳои роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Инчунин, дар бораи Нақшаи генералии шаҳраки Фархори ноҳияи Фархори вилояти Хатлон раиси ноҳия Рустам Раҳматзода ҳисобот дод.

Баъдан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони кумитаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳо ҷиҳати иҷрои саривақтии масъалаҳои баррасишуда ва дастурҳои қаблии Президенти мамлакат супоришҳои мушаххас доданд.

Роҳбарияти сохторҳои марбута доир ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашнҳои 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Наврӯзи байналмилалӣ, вусъати корҳои ободонию созандагӣ, таъмини неруи барқ ва гармӣ ба аҳолию дигар истеъмолкунандагон, истифодаи самараноки неруи барқ ва пардохти ҳаққи истифодаи он низ дастур гирифтанд.

www.president.tj