Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

№109 - 110 (4215-4216) 09.09.2020

4 сентябри соли 2020 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи 29 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозон, ки дар фаъо­лияти корӣ натиҷаҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои ҳарбӣ супориданд.

Дар оғоз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 29-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош гуфтанд.

Ёдоварӣ шуд, ки ҳар сол дар остонаи таҷлили солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолони соҳаҳои гуногуни кишвар, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозони содиқи Ватан барои хизматҳои шоён дар назди давлату миллат қадрдонӣ мегарданд.

Зикр шуд, ки давлати соҳибистиқлоли Тоҷикис­тон бо заҳмати аҳлонаву софдилонаи мардуми созандаву бунёдкори тоҷик сол ба сол ободу зебо ва шароити зиндагии сокинони кишвар мунтазам беҳтар мегардад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти пурсамару поквиҷдонона ва хизмати фидокоронаву содиқонаи ҷавонмардони бонангу номуси миллат, яъне, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро дар ин раванд бисёр назаррас ва арзишманд арзёбӣ карданд.

Таъкид шуд, ки роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат хизмати содиқона ба халқу Ватан, ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, ҳифзи қонунияту тартибот, ҳаёти осоиштаи мардум ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандонро ҳамеша қадрдонӣ мекунанд, зеро нақши родмардони Ватан дар таҳкими суботу амнияти ҷомеа ва мустаҳкам намудани аркони давлатдории навини тоҷикон бисёр муҳим мебошад.

Ҳамчунин, қайд шуд, ки аз 1 сентябри соли 2020 ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ музди меҳнати онҳо зиёд карда мешавад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки хизматчиёни ҳарбӣ минбаъд низ вазифа ва рисолати муқаддас — ҳимояи Ватан, давлат ва мардуми шарифи кишварро сарбаландона ва содиқона адо менамоянд.

Сипас, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани рутбаҳои ҳарбии навбатӣ, дараҷавӣ ва махсус», мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 13 нафар, аз ҷумла, ба 1 нафар рутбаи махсуси генерал-полковники адлия, 1 нафар генерал-лейтенанти гвардия, 4 нафар  генерал — майор, 1 нафар генерал-майори адлия, 2 нафар рутбаи дараҷавии мушовири давлатии адлияи дараҷаи III, 1 нафар генерал-майори милитсия, 3 нафар генерал — майори хадамоти гумрук супорида шуд.

Ҳамчунин, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфарозгардонии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ» гурӯҳе бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизмати намунавӣ ва саҳми арзанда дар таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ ва мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳокимияти судӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бо ордену медал ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.

Аз ҷумла, ба 1 нафар ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи III, 1 нафар ордени Спитамен дараҷаи II, 18 нафар медали «Ҷасорат», 25 нафар медали «Хизмати шоиста», 2 нафар медали «Марзбони шуҷои Тоҷикистон» ва 7 нафар Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар хизмати намунавӣ ва саҳми арзандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни сохторҳои ҳарбӣ ва сарбозонро дар роҳи таъмини амнияту суботи давлату миллат, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, мубориза бо ҷинояткорӣ, нигоҳдории тартиботи ҷамъиятӣ ва ҷасорату фидокорӣ махсус таъкид намуданд.

Дар охир, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки мукофотҳои олии Ватан, ки супорида шуданд, масъулияти хизматчиёни ҳарбиро бамаротиб зиёд мегардонанд.

Таъкид гардид, ки хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд дар хотир дошта бошанд, ки давлат ва халқи Тоҷикистон ҳифзи муқаддастарин дастоварди таърихи навин — истиқлолу озодӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, таъмини амнияти давлату ҷомеа, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун, яъне, суботу оромии ҷомеаро ба онҳо бовар кардаанд.

Сарвари давлат бори дигар ба онҳое, ки бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳо сарфароз гардиданд, дар иҷрои рисолати пурмасъулияту пуршарафашон барору комёбӣ орзу карданд.

www.president.tj