Пешвои миллат расо як сол қабл (28 августи соли 2015) ба Дилшод Назаров, ки нахустин шуда, ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар риштаи гурзандозӣ соҳиби роҳхат гардида буд, ҳангоми супоридани Ордени шараф дараҷаи II дуо дода буд, ки соҳиби медали тилло гардад.
Субҳи 20 августи соли ҷорӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгари шинохтаи тоҷик — Дилшод Назаровро, бинобар сабаби ғолибият дар даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ ва сазовори медали тиллои Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия шудан, табрику таҳният гуфт.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки Дилшод Назаров бо сазовор гардидан бо медали тиллои ин мусобиқаи ҷаҳонӣ шаъну шарафи Тоҷикистонро ҳимоя карда, Парчами миллиро боло бардошт, ки ин ифтихори мардуми шарафманди тоҷик аст.
Ба андешаи Дилшод Назаров, ғалабаи ў дар ин ҳамоиши бузурги варзишӣ бо шарофати Ваҳдату Истиқлолияти давлатӣ ва дастгирию ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Маҳз талошу ташаббусҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ рушд карда, варзишгарон дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ҷаҳонӣ иштирок карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки даври ниҳоии мусобиқаи гурзандозӣ шаби 19 — уми август соати 21:05 дақиқа бо вақти маҳаллӣ ва соати 5:05 дақиқа бо вақти Душанбе дар Варзишгоҳи олимпии шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия шурўъ шуд. Дилшод Назаров гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дод ва аз рақибонаш пеш гузашт.
Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки моҳи майи соли гузашта дар мусобиқоти ҷаҳонии силсилаи Гран-При оид ба гурзандозӣ дар Ҷумҳурии Чех бо натиҷаи 79 метру 36 сантиметр мақоми дуюмро касб кард ва ба Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейро роҳхат гирифт.
Гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров 6 майи соли 1982 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Ў барандаи медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон-2015 дар Пекин, ғолиби Бозиҳои осиёии солҳои 2006, 2010 ва 2014, қаҳрамони секаратаи Осиё (солҳои 2009, 2013, 2015), қаҳрамони дукаратаи Осиё байни наврасон (солҳои 1999 ва 2001) мебошад.
Дилшод Назаров аз моҳи январи соли 2014-ум муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон аст.
Оиладор ва соҳиби ду фарзанд мебошад.
www.president.tj