Аз Паём то Паём

Рӯшангари имрӯзу фардо

№5 (4267) 14.01.2021

Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯшангари роҳ барои бунёди ҷомеаи пешрафтаву мутамаддин мебошанд. Дар онҳо ба вазорату идора ва кумитаҳои соҳавӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода мешаванд, ки ба иҷро мерасонанд. Яке аз онҳо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки соли 2020 фаъолиятро якҷо бо мақомоти зертобеъ ва дигар вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, тибқи қонунгузории амалкунандаи соҳавӣ, ба роҳ монд.

 - Вазифаҳои кумита ва зерсох­торҳои он оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26 декабри соли 2019 ва омодагиҳо ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, дар нақшаи чорабиниҳо, қарорҳои мушовара ва ҳуҷҷатҳои соҳавӣ дарҷ гардида, таҳти назорати доимӣ қарор доранд ва барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, инчунин, тақвият бахшидани фаъолияти соҳа чораҳои амалӣ андешида мешаванд, — мегӯяд сармутахассиси Раёсати мониторинг ва сиёсати экологии кумита Анвар Эшонов.

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паём баён доштанд, дар кумита китобхонаи нави замонавӣ ташкил шуда, айни ҳол дар он зиёда аз 2000 нусха китоб ва дигар лавозимоти зарурии соҳавӣ ҷамъоварӣ шудааст. Дар бинои маъмурии раёсатҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе утоқҳои махсус барои ташкил намудани китобхона ҷудо шуда, бо мақсади ғанӣ гардонидани фонди китобҳо ҷамъоварии китобҳои соҳавӣ, бадеӣ, таърихӣ, асарҳои шоирони классику муосир, адабиёти ҷаҳонӣ, инчунин, рӯзномаву маҷалла ва санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳавӣ амалӣ гаштанд.

Бо мақсади амалӣ намудани ташаббуси наҷибонаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон оид ба ободонию кабудизоркунӣ аз ҷониби кормандони соҳаи ҳифзи муҳити зист якҷо бо дигар мақомоти дахлдор ва коллективҳои меҳнатӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.

Инчунин, ба миқдори 1413166 бех парвариши навниҳолҳои дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ ва мевадиҳанда ба нақша гирифта шуда, соли 2020 дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ба миқдори 1910814 бех ниҳол шинонида шуд. Ҳамчунин, баҳри ободу зебо гардонидани кӯчаю хиёбонҳо ва гулгаштҳо дар мавсими ниҳолшинонӣ ва кабудизоркунӣ дар шаҳру ноҳияҳо ба миқдори 22193693 бех гулу бутта шинонида, дар масоҳати 487537 м2 майсазор ташкил карда шуд.

Илова бар ин, бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ, татбиқи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар ҷумҳурӣ соли 2020-ум 636 маротиба аксияҳои «Тозагии соҳил — 2020» баргузор гашта, дар онҳо 228984 нафар шаҳрвандон иштирок ва 1228 км манбаъҳои обӣ тоза карда шуданд. Дар натиҷа, 2507 м3 партовҳо аз соҳили манбаъҳои обӣ бароварда шуданд.

Фаслҳои баҳору тирамоҳи соли 2020-ум 900 маротиба аксияҳои «Тозагии маҳал» гузаронида шуда, ба миқдори 12189,5 м3 партов ба партовгоҳҳои расмӣ бароварда шудааст.

- Кумита фаъолиятро дар самти обуҳавошиносӣ, омӯзиши ҳолати пиряхҳо, кӯлҳо, раванди тағйирёбии иқлим ва иҷрои барномаҳои давлатию соҳавӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таҳсилоти олии касбӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ пеш бурда, минбаъд низ ҷиҳати татбиқи сиёсати пешгирифта ва дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, ки аз паёмҳояшон бармеоянд, барои ободу зебо гаштани Ватани маҳбубамон аз имкониятҳои мавҷуда истифода хоҳад бурд, — гуфт Анвар Эшонов.

Н. НИЗОМӢ,

«Садои мардум»