Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияҳои Темурмалик ва Данғараи вилояти Хатлон

№69 (3863) 05.06.2018

28621628878_8a0f0c88fd_oЯкуми июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ба ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Дар ин ноҳияи аграрии ҷумҳурӣ Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи Гулободи Ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнус дар семинар-машварат оид ба дарав ва захира намудани хошоки чорво иштирок намуданд.

Дар оғози боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи чорво дидан карданд. Дар он 70 сар чорвои калони шохдор, 400 сар чорвои майда ва қариб 50 сар асп ба маъраз гузошта шуд. Дар доираи тадбири мазкур, ки мақсад аз он намоиши иқтидори истеҳсолӣ ва имкониятҳои чорводорон буд, хоҷагидорони як қатор шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, аз ҷумла Данғара, Восеъ, Панҷ, Балҷувон, Ш. Шоҳин, Фархор, Ховалинг, Ҳамадонӣ, Муъминобод ва Темурмалик чорвои хушзотро, ки аксаран зоти элита буда, ба иқлими минтақа мувофиқ карда шудааст, ба намоиш гузошта буданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагидорон дастур доданд, ки дар баробари афзун намудани саршумори чорво, ба хушзоткунӣ ва захираи дусолаи хӯроки чорво аҳамияти аввалиндараҷа диҳанд.

Маъракаи алафдаравӣ дар мавзеи Гулободи ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнуси ноҳияи Темурмалик бо иштироки зиёда аз 2500 нафар аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сурат гирифт. Барои анҷоми ин кор ва ҷиҳати иштирок дар семинар-машварат 113 трактори тамғаи МТЗ, 33 касилкаи дискӣ, 59 адад газонокасилка, 16 тойбанд, 18 ядак ва грабилҳои тракторӣ, инчунин олоти алафдаравию алафҷамъкунӣ ва техникаи гуногуни кишоварзӣ сафарбар карда шуд.

Мавзеи Гулободи ноҳияи Темур­малик интихоб шудани макони баргузории семинар — машварат оид ба дарав ва захира намудани хошоки чорво бесабаб нест. Зеро масоҳати умумии мавзеи мазкур 427,13 гектарро ташкил менамояд, ки аз ин дар 190 гектар гандум, наздики 4 гектар ҷав ва дар масоҳати муайян нахӯду зағер, картошкаи лалмиву маъсар ва ғайра кошта шудааст. Майдони алафзор дар ин мавзеъ зиёда аз 215 гектарро ташкил медиҳад.

Соли равон дар ноҳияи Темурмалик алафзор нашъунамои хуб дорад ва масъулони бахши кишоварзию хоҷагӣ тасмим доранд, ки зиёда аз 51 ҳазор тонна хошоки дурушт ва дигар намуди хӯрока захира кунанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулони ҷумҳуриявию вилоятӣ ва ноҳиявӣ дастур доданд, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ва ҷалби бештари аҳолӣ маъракаи дарави алафҳои табииро вусъат бахшида, захираи хӯроки чорво барои давраи зимистонро муташаккилона ба роҳ монанд, зеро имсол бо сабаби камбориш омадани баҳор дар аксар минтақаҳои вилояти Хатлон алафзор хушк шудааст. Дар он сурат чорводорони вилоят метавонанд аз хоҷагидорони ноҳияи Темурмалик хӯроки чорво дастрас ва захира намоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таҷрибаи кори деҳқони асил Раҷабалӣ Лақаев ошноӣ пайдо карданд. ӯ дар заминҳои лалмӣ парвариши картошка, нахӯд, ҷав ва дигар зироатҳоро ба роҳ мондааст. Сарвари давлат махсусан ба парвариши картошкаи лалмӣ дар шароити талу теппа таваҷҷуҳи хоса зоҳир карданд. Раҷабалӣ Лақаев бо изҳори сипос таъкид дошт, ки дар мавсими ҷорӣ аз ҳар гектар гандумзор 33 сентнерӣ ҳосил ба даст хоҳад овард.

Роҳбари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо раванди истифодаи заминҳои лалмӣ дар мавзеи Гулободи ҷамоати деҳоти ба номи Бобоюнус ошноӣ пайдо карданд ва бори дигар истифодаи мақсадноки неъматҳои табиӣ, аз ҷумла обу замин аз тарафи аҳолиро махсус таъкид карданд.

28623750588_de0f46910d_o1 июни соли 2018 дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 75 барои 1280 нафар дар ду бастро дар деҳоти «Корез» мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бунёди мактаби мазкур натиҷаи муносибатҳои неки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад.

Фармоишгар Ҷамъияти саҳ­ҳомии кушодаи «ТВЕА» — Ҷумҳурии Мардумии Чин, пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Маҳмил-2012» ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Меъморӣ ва шаҳрсозӣ» мебошад.

Маблағи барои сохтмони ­муа­с­сиса сарфшуда 13 миллиону 450 ҳазор сомонӣ буда, он дар масоҳати наздики 3 гектар бунёд шудааст. Корҳои сохтмонӣ дар муассисаи таълимӣ соли 2015 оғоз гардида, зимни бунёди он даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Мактаби мазкур бо дарназар­дошти талаботи замони муосир 4-ошёна бунёд шуда, аз 35 синф­хона, аз ҷумла синфхонаҳои фаннӣ, утоқҳои корӣ, озмоишгоҳҳо, толори маҷлис бо 365 ҷой, толори варзишӣ, майдончаи варзишӣ, ошхона бо 120 ҷой ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Дар синфхонаҳои мактаб 6 тахтаи электронӣ, 25 компютер, 10 мошинаи зардӯзӣ мавҷуд аст.

Ифтитоҳи мактаби нав ба Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи кӯдакон рост омад, аз ин рӯ Сарвари давлат ба 30 хонандаи синфҳои ибтидоӣ туҳфаҳои хотиравӣ супориданд, ки дунёи зебо ва поку беолоиши онҳоро боз ҳам рангинтар намуд.

Зимни шиносоӣ бо шароити таълим дар ин муассисаи нав­бунёд Роҳбари мамлакат ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, онро туҳфаи арзишманд барои насли ояндасози кишвар маънидод намуданд.

Дар суҳбат бо хонандагон Пешвои миллат онҳоро ба хониши хубу аъло, омӯзиши ҳунар ва ­илмҳои замони муосир, азхудкунии забонҳои хориҷӣ ҳидоят карданд.

1 июни соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти «Корез»-и ноҳияи Данғара барои бунёди Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд.

Маблағи умумии барои сохтмони бинои муассисаи мазкур сарф­мешуда 59 миллиону 186 ҳазор сомониро ташкил дода, он аз бинои маъмурӣ, бинои таълимӣ, истгоҳи нақлиёти қисми оташнишонӣ, ошхона бо 170 ҷойи нишаст, китобхона, толори маҷлис бо 250 ҷой, толори варзиш, хобгоҳ бо 260 ҷой, машқгоҳи тактикӣ, майдончаҳои баскетбол, волейбол, футболи хурд ва машқи гимнастикӣ иборат мебошад. Масоҳати умумии майдони иншоот 2, 8 гектарро ташкил медиҳад.

Фармоишгари сохтмони бинои нави 5 — ошёнаи Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ» Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ Корхонаи давлатии сохтмони васлкунии рақами 2-и Раёсати сохтмони асосии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ва лоиҳакаш Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Созанда 2012» мебошад.

Мавриди зикр аст, ки бо шарофати сиёсати бобарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат шумораи муассисаҳои таълимии касбӣ афзоиш ёфта, барои донишҷӯён шароити муосири таълим фароҳам аст.

Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар муассисаҳои олии таълимӣ на танҳо барои сокинони ноҳияи Данғара, балки баҳри қонеъ кардани талаботи аҳолии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб хизмат мерасонад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди муассисаи таълимӣ ба пудратчиён барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дастур доданд.

2 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара намоиши маҳсулоти соҳаи кишоварзиро тамошо карда, бо фаъо­лону кишоварзони вилояти Хатлон машварат доир карданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо дастовардҳои фаровони кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки дар намоишгоҳ ба маъраз гузошта шуда буд, шинос шуданд

Меҳнаткашони шаҳру ноҳияҳои калонтарин минтақаи аграрии мамлакат — вилояти Хатлон асосан ҳосили меваҳои хуштамъу сабзавоти гуногун, зироатҳои ғалладонагӣ, техникӣ, гиёҳҳои шифобахш ва дигар маҳсулоти кишоварзиро ба маъраз гузоштанд, ки аз фаровонии ҳосил дарак медод.

Дар рафҳои намоишгоҳ намунаи беҳтарини сабзавот, аз қабили пиёз, сирпиёз, картошка, сабзӣ, қаланфур, қаланфури булғорӣ, помидор, бодиринг, карам, лаблабу ва ҷуворимакка, мевагиҳо — шафтолу, себ, олу, олуча, бодом, гелос, қулфинай, лимӯ, полезӣ-харбузаву тарбуз, зироатҳо — лубиё, нахӯд, наск, зағер, мош, маъсар, кунҷит, шолӣ, гандум, тухмии зироатҳои пунбадона, ғалладона, ҷав, ҷуворимакка ва меваҳои хушк, аз ҷумла зардолу, себ, чормағзи зеризаминӣ, писта, чормағз, олучаи кӯҳӣ, хуч, дулона, ноки хушк гузошта шуда буд.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ барои боз ҳам самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла ба роҳ мондани кишти такрории зироатҳо, истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ, ба таври кофӣ захира кардани хӯроки чорво барои аз зимистон солим баровардани чорво ва андешидани дигар тадбирҳои муҳим дастур доданд.

Баъди шиносоӣ бо комёбиҳои меҳнаткашони шаҳру ноҳияҳои вилоят дар деҳоти «Лолазор»-и ноҳияи Данғара, дар як мавзеъи хушбоду ҳаво Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва кормандони соҳаи кишоварзӣ машварати корӣ доир карданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон мақсади ҷамъомади онрӯзаро таҳлилу баррасии ҳолати соҳаи кишоварзӣ ва омодагӣ ба тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 маънидод карданд.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат ҳифзи амнияти озуқавории кишварро дар қатори ҳадафҳои стратегӣ қарор дода, барои татбиқи самарабахши он мунтазам талош дорад.

Сарвари давлат аз тағйирёбии иқлими сайёра, таҳдиду таъсири хушксолӣ ва дигар офатҳои вобаста ба гармшавии иқлим ба минтақаву кишварҳои мухталифи ҷаҳон ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда бо азму талоши мардуми кишвар, аз ҷумла заҳматкашони вилояти Хатлон дар панҷ моҳи соли ҷорӣ рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бомаром таъмин гардидааст.

Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки бо вуҷуди пешравиҳо мардуми кишвар бояд минбаъд низ бо мақсади таҳкими амнияти озуқавории мамлакат ҷиҳати ба таври васеъ ба роҳ мондани истифодаи самараноку оқилонаи замин, вусъат бахшидани кишти такрорӣ ва аз заминҳои обӣ дар як сол рӯёнидани ду-се ҳосил талош варзанд.

Пешвои миллат барои расидан ба ин ҳадафҳо ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазоратҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар баҳри васеъ кардани майдони кишти зироатҳои барвақтиву такрорӣ, беҳтар намудани сифати тухмиҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти парандаву моҳӣ, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида, риояи агротехникаи парвариши зироат ва беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳо дастур доданд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ва бо ҳузури шумораи зиёди кормандони касбу кори гуногун Сарвари давлат таваҷҷуҳи онҳоро барои вусъат додани корҳои ободонӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, аз ҷумла барои дар се соли оянда дар ҳар як деҳа, шаҳраку деҳот ва дигар маҳалҳои аҳолинишини кишвар, аз ҷумла вилояти Хатлон бунёду азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхона барои 10-15 кат ва ҳуҷраи алоҳида барои хатна, ҳаммом, кошонаи ҳусн, инфрасохтори хурди хизматрасониву сайёҳӣ, майдончаҳои варзишӣ, гулгашт ва ҷойҳои сайругашти оммавӣ, инчунин, корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, коргоҳҳои хурди дӯзандагӣ, таъмири роҳи байни деҳаҳо ва дохили деҳот, бунёди боғҳои нав ва шинонидани ниҳолҳо дар шафати роҳҳои мошингард ҷалб карда, супоришҳои мушаххас доданд.

Таъкид гардид, ки бо роҳи дар боло зикршуда бисёр мушкилоти ҳаёти ­иҷтимоии мардум ҳал ва шароити зисту зиндагии аҳолӣ хеле беҳтар мегардад.

Супоришҳои дигар барои ба зимистон ҳамаҷониба омода кардани соҳаҳои иқтисодиёт ва аҳолӣ, аз ҷумла соҳаҳои иҷтимоӣ ва махсусан муассисаҳои маорифу тандурустӣ, иншооти энергетикӣ, захираи сӯзишворӣ, аз ҷумла ангишт, мазут ва гази моеъ, дода шуд.

Дар охири машварат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои Хатлон, масъулону мутахассисон, мардуми сарбаланду заҳматқарини вилояти Хатлон минбаъд низ ҷиҳати ба даст овардани ҳосили фаровон, ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва фаровонии дастурхони сокинони мамлакат саҳми арзандаи хешро дареғ намедоранд.

Баъди суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва хоҷагидорону соҳибкорони пешқадами вилоят Одил Розиқов аз ноҳияи Ҷайҳун, Махфират Саидраҳмонова аз ноҳияи Шаҳритус, Олтибой Ҳақназаров аз ноҳияи Дӯстӣ, Тоҳир Исмонов аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, Назрулло Абдуллоев аз ноҳияи Хуросон оид ба вазъи корҳои саҳроӣ ҳисобот дода, ҷонибдории хешро аз талошҳову ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат иброз доштанд.

Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода оид ба натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳру ноҳияҳои вилоят дар панҷ моҳи соли равон гузориш дода, аз номи мардуми меҳнатқарини Хатлон ба Сарвари давлат барои таъмини зиндагии шоиста арзи сипос кард.

2 июни соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо боғоти Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» шинос шуданд.

Дар кооперативи мазкур дар майдони умумии 345 га боғ, аз он дар масоҳати 102 га боғи интенсивӣ, 135 га ангур ва дар 75 га бодому олу бунёд кардаанд.

Дарахтони аз бори меваи зиёд сар афкандаи боғҳо аз фаровонии ҳосил дарак медиҳад.

Бино ба гуфти коргарони хоҷагӣ, аксар ҳосили ин боғот, аз ҷумла бодом, олу, ангур, картошка ва гандум барои содирот ба минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ ва як қатор кишварҳои хориҷи дуру наздик, аз ҷумла ба Федератсияи Россия, Афғонистон, Покистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва ғайра фиристода мешавад.

Бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳосили фаровони тухмии картошка, ки дар минтақаи Канаски шаҳри Ваҳдат кишт шуда буд, барои рушди соҳаи тухмипарварӣ ба як қатор шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тақсим карда шуд.

Дар Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон», ки бисёрсоҳа буда, дар ихтиёр чорвои калони шохдор ва чорвои майда низ дорад, дар майдони 80 гектар ҷуворимаккаи дон кишт низ шудааст.

Таҷрибаи бойи мутахассисони хоҷагӣ боис гардидааст, ки онҳо бо истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин ҳосили фаровони мева ба даст оранд ва сатҳи зиндагиро сол то сол беҳбудӣ бахшанд.

Мутахассисони соҳа аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат оид ба истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замини зархезу ҳар қатра оби ҷонбахш васеъ истифода мебаранд.

Зимни шиносоӣ дар Кооперативи истеҳсолии «Сомонҷон» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кори хоҷагидорон ҷиҳати парвариши ҳосили фаровон, истифодаи самараноки замин ва ҷонибдории сиёсати аграрии Ҳукумати кишвар баҳои баланд доданд.

www.president.tj