21 декабри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои ободонӣ, ифтитоҳи иншооти гуногун, оғози корҳои сохтмонӣ дар идораву муассисаҳои нав ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сафар намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сарвари давлат бо шароити кории иншооти нав шинос шуда, бо кормандони он суҳбат карданд.
Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати беш аз 2800 метри мураббаъ бунёд ёфтааст.
Лоиҳаи иншоот бо дарназардошти талаботи замони муосир тарҳрезӣ гардидааст ва дар он шароити зарурии фаъолият фароҳам оварда шудааст. Иншоот дорои 6 ҳуҷраи корӣ мебошад. Ошёнаи якуми бино барои қабули шаҳрвандон пешбинӣ гардидааст.
Утоқҳои корӣ бо дастгоҳ ва аёниятҳои корӣ, компютер ва хати баландшиддати интернет таъмин мебошанд. Чунин шароит минбаъд имконият медиҳад, ки дархосту арзи шаҳрвандон сари вақт қабулу баррасӣ гарданд.
Дар таҳхонаи бинои навбунёд, ки барои бойгонӣ пешбинӣ гардидааст, ҳуҷҷату санадҳои нафақагирон нигоҳ дошта мешавад.
Ҳамчунин, дар бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои баргузории ҷаласаву ҳамоишҳо толори хурди муҷаҳҳаз бунёд ёфтааст.
Намои берунаи бино бо санъати баланди меъморӣ бунёд ва гирду атрофи он бо гулу буттаҳои рангоранг оро ёфтааст.
Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки айни замон дар ноҳия 8231 нафар нафақагир ба қайд гирифта, хизматрасонӣ ба онҳо аз тариқи корти бонкӣ ба роҳ монда шудааст.
Солҳои қаблӣ набудани шароити корӣ яке аз мушкилоти асосии кормандони он буд. Ифтитоҳи бинои навро кормандони Агентӣ туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, барои таваҷҷуҳ ва ғамхории доимӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки барои расонидани хизмати саривақтиву босифат ба нафақагирону маъюбон ва шахсони барҷомонда чораҳои зарурӣ андешанд. Муомилаву муоширати хубро бо онҳо дар мадди аввал гузоранд, зеро ин гурӯҳи аҳолӣ бештар аз дигарон муҳтоҷи ғамхорианд ва зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
21 декабри соли 2019 дар ноҳияи Хуросон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои бахши Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳия санги асос гузоштанд.
Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди бино маълум гардид, ки он 2 — ошёна буда, масоҳати умумиаш 9 садяк заминро дар бар мегирад ва масоҳати зери сохтмон 118 метри мураббаъ аст.
Дар ошёнаи якум ва дуюми он утоқҳои кории кормандон ва толори маҷлис ба нақша гирифта шудааст.
Иншоот дорои 6 ҳуҷра ва шароити хуби корӣ хоҳад буд. Утоқҳои кормандон бо компютер ва мизу курсӣ муҷаҳҳазонида мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, барои бунёди бинои нави Кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросон санги асос гузошта, бо сохтмончиён суҳбат намуданд.
Зимни муаррифии лоиҳаи бинои нав ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур аз ду ошёна, 11 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат хоҳад буд.
Тибқи нақша, дар ошёнаи якуми бино Корхонаи воҳиди давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва дар ошёнаи дуюм Кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросон ҷойгир хоҳанд шуд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Иншооти мазкур то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ бо сатҳу сифати баланд бунёд ва дар рафти корҳои бунёдӣ, даҳҳо нафар сокини маҳаллӣ соҳиби кор ва маош мегарданд.
Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон бунёди 180 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки 110 адади он мавриди истифода қарор гирифтааст.
21 декабри соли 2019 дар ноҳияи Хуросон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди 150 гектар токзори нав оғоз бахшида, намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро аз назар гузаронданд.
Токзори навро саҳмдорони хоҷагиҳои фермерии ноҳия бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми содироти ангур ба хориҷи кишвар дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи боғутокпарварӣ ташкил намуданд.
Барои арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи кишоварзӣ, бахусус, боғутокпарварӣ, токзори навбунёд «Пешвои миллат» номгузорӣ шудааст.
Дар масоҳати 150 гектар, ки ба 8 қитъа тақсим гардидааст, 10 намуд ангури навъҳои содиротӣ, аз ҷумла, дар масоҳати 48 гектар навъи «Ғалаба», 31 гектар «Ҳусайнии сиёҳ», 20 гектар «Ҳусайнии сафед», 2 гектар «Ҳусайнии гулобӣ», 2 гектар «Кардинал», 25 гектар «Шоҳона», 6 гектар «Кишмиши сафед», 8 гектар «Кишмиши сиёҳ», 3 гектар «Зарифӣ» ва 5 гектар «Тоифӣ», дар маҷмӯъ, 42 ҳазор бех ниҳоли ангур шинонида шуд.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ниҳолҳо аз ҷониби олимони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида шудаанд ва ба иқлими ноҳияи Хуросон мутобиқ мебошанд.
Дар се қитъаи боғ бошишгоҳ ва парки мошинҳо ташкил гардидааст, ки бо ҳама гуна техникаву механизми кишоварзӣ таъмин мебошанд.
Дар заминаи ташкил гардидани токзори нав қариб 150 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Техникаву механизми кишоварзӣ барои бунёди боғ аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» таъмин карда шудааст ва минбаъд низ дар асоси дархости хоҷагидорон ҳама гуна техникаву механизми зарурӣ дастрас карда мешавад.
Дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва ба хотири рушд бахшидани соҳаи агротуризм қитъаи намоишӣ ташкил ёфтааст, ки 5 гектарро фаро мегирад. Аз рӯйи нақша дар он 10 намуд ангури навъҳои беҳтарини ватанию хориҷӣ шинонида мешавад.
Барои нигаҳдорӣ ва беталаф содир намудани ҳосили ҷамъоваришуда ба хориҷи мамлакат ояндаи наздик дар назди хоҷагӣ сардхона бунёд хоҳад ёфт. Барои бунёди сардхона 1 гектар замин ҷудо гардидааст.
Қоидаҳои шинонидани ниҳол ва парвариши он дар токзори навбунёд пурра аз рӯи тавсияи олимони соҳа ба роҳ монда мешавад.
Ангурбоғ бо истифода аз таҷрибаи бойи токпарварони шаҳри Турсунзода, аз ҷумла, роҳбари хоҷагии «Ватан» Неъмат Усмонов бунёд гардидааст. Дар вақти омода кардани замин ва шинонидани ниҳол тавсияи таҷрибадорон пурра ба инобат гирифта шудааст ва минбаъд низ нигоҳубин ва парвариши ток дар асоси маслиҳатҳои онҳо ба роҳ монда мешавад.
Барои таъминоти токзор бо оби полезӣ аз пойгоҳи обкашии «Табиат-2» ба масофаи қариб 3,5 километр хати алоҳидаи оби полезӣ кашида шудааст. Ба ин хотир масъулони Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ пойгоҳи мавҷударо пурра аз таъмир бароварда, ду агрегати нав васлу насб намудаанд.
Токзори нав дар ноҳияи Хуросон, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба хотири истиқболи сазовори ҷашни бузурги умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, дар татбиқи ҳадафҳои Барномаи давлатии «Рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020» заминаи мусоид мегузорад.
Дар асоси нишондоди олимони соҳаи боғутокпарварӣ, токзори нав баъди се — чор сол аз 4,5 то 5 ҳазор тонна ҳосил хоҳад дод.
Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлонро аз назар гузаронданд.
Дар он анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ — полезиҳо, сабзавот, меваҳои гуногун ба тамошо гузошта шуд.
Дар соли 2019 кишоварзони вилояти Хатлон дар ҳаҷми зиёда аз 13,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва дар баробари таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат, ба хориҷи кишвар низ ба миқдори зарурӣ содирот намуданд.
Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ чанд растаро дар бар мегирифт. Ҷамъ дар он беш аз 20 намуди маҳсулот, аз қабили ангуру себ, ноку лимӯ, хушкмеваҳо, тарбузу харбуза ва ғайраро ба тамошо гузоштанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баҳои баланд ва ба онҳо ҷиҳати рушд бахшидани соҳа ва истифодаи самараноки замин маслиҳатҳои муфид доданд.
Дар намоишгоҳ занону бонувони ҳунарманди ноҳияи Хуросон ҳунари нонпазӣ ва тарзи омода намудани хӯрокҳои миллиро муаррифӣ карданд.
Барои омода намудани намудҳои нон ва хӯроки миллӣ гӯшаҳои алоҳида ташкил шуда буд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари бонувони ноҳияи Хуросон баҳои баланд дода, онҳоро ба ҳифзи мероси қадима ва боз ҳам рушд бахшидани он, инчунин, ҷалби ҷавондухтарон барои аз худ кардани нозукиҳои маҳорати пазандагӣ ҳидоят намуданд.
Тавре иттилоъ доданд, дар ноҳияи Хуросон намуди зиёди хӯроки миллӣ, ки хоси мардуми тамаддунофару куҳанбунёди тоҷик мебошанд, ҳифз гардидаанд ва дар ҳар хонадон пухта мешаванд.
Президенти мамлакат ташкилу ба роҳ мондани намоишгоҳро дар тарғиби ҳунарҳои мардумӣ, эҳё ва ҳифзи мероси аҷдодӣ муҳим шумориданд.
www.president.tj