24 июли соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ намуданд.
Сарвари давлат Президенти кишвари дӯстро бо ҷашни зодрӯзаш самимона муборакбод гуфта, таманниёти беҳтарини худро иброз доштанд ва дастовардҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистонро дар арсаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ таҳти роҳбарии Шавкат Мирзиёев ва талошҳои пайвастаи ӯро ҷиҳати беҳтар ба роҳ мондану тавсеа бахшидан ба робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои самарабахш миёни кишварҳои минтақа таъкид карданд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои муносибатҳои ҳусни ҳамҷавории Тоҷикистону Ӯзбекистон ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ду кишварро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷиҳати саъю талошҳои муштараки минбаъда ба хотири пешбурди муносиботи шарикии ду кишвар мутобиқ ба манфиатҳои аслии мардум изҳори ақида намуданд.
www.president.tj