Суҳбати телефонӣ

№106 (4056) 03.09.2019

31 августи соли 2019  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ намуданд.

Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Беларусро бо рӯйдоди хотирмон — ҷашни 65 — солагии зодрӯзаш самимона табрику муборакбод гуфта, ба ӯ сиҳатмандии бардавом ва дар фаъолияти давлатиаш комёбиҳои навин бар нафъи мардуми дӯсти Беларус орзу намуданд.

Ҳамчунин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон талош­ҳои пайваставу бунёдкоронаи Александр Лукашенкоро дар ҷодаи густариши муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Беларус махсус таъкид карданд.

Ҷонибҳо омодагии хешро ҷиҳати пешбурди минбаъдаи муносибатҳои миёни ду кишвар дар чорчӯбаи шарикии стратегӣ,  аз ҷумла, тавассути татбиқи ҳадафмандонаи тавофуқоти дар ҷараёни сафари расмии начандон деринаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба Беларус бадастомада, иброз доштанд.

www.president.tj