3 ноябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ суҳбати телефонӣ доир намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбари кишвари ҳамсоя дар робита ба амалҳои фоҷиабори террористӣ дар Афғонистон, ки боиси талафоти ҷонӣ гардид, изҳори амиқи тасаллият карданд.
Сарвари давлат таъкид доштанд, ки ҳама гуна амалҳои ғайриинсонии террористонро шадидан маҳкум ва изҳори итминон карданд, ки амалкардҳои гурӯҳҳои ифротӣ қадамҳои қотеонаи мардуми шарифи Афғонистонро дар роҳи бунёди сулҳу суботи пойдор дар кишвар ва таъмини рушду пешрафти он халалдор нахоҳанд кард.
Президенти мамлакат аз раванди музокироти сулҳи байниафғонӣ истиқбол намуда, таъкид доштанд, ки Тоҷикистон талошҳои пайвастаи Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати таъмини амният ва сулҳу субот дар кишвар пурра ҷонибдорӣ менамояд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии Тоҷикистонро оид ба ҷонибдорӣ аз иқдомҳои ҳукумату мардуми кишвари дӯст ҷиҳати истиқрори сулҳу субот ва бозсозии иқтисодии мамлакат баён доштанд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо оид ба таҳкими ҳамкории дуҷониба дар самти амният ҷиҳати тақвияти муборизаи беамони муштарак алайҳи хатару таҳдидҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, решакан кардани ҳама гуна зуҳуроти терроризм, ифротгаройӣ ва қочоқи маводи мухаддир табодули афкор карданд.
www.president.tj