Ҳамватанони азиз!
Чорабинии муҳими сиёсӣ — интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 11-уми октябри соли ҷорӣ баргузор шуд, дар таърихи навини кишвари мо аз ҷумлаи рӯйдодҳои хотирмоне гардид, ки дар он мардуми шарифи тоҷик пуштибониву садоқати худро ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ояндаи ободу осудаи давлати соҳибистиқлоли хеш бори дигар исбот карданд.
Дар ин рӯз мардуми сарбаланди мо ба хотири рушди ҳар чӣ бештари Тоҷикистони азиз ва таъмин намудани ҳаёти босаодат барои ҳар як хонадони кишвар бо амри дил ва дар фазои озоду шаффоф барои ҳафт соли оянда Роҳбари давлати худро интихоб карданд.
Бо истифода аз фурсат, ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиамон, ки ба ман эътиқоду боварии бузург зоҳир намуда, маро ба мақоми олӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд, сипосу миннатдории самимии худро баён менамоям.
Дар баробари ин, ба тамоми сокинони Тоҷикистон муроҷиат карда, як масъалаи муҳимро бори дигар хотирнишон месозам, ки ҳамаи мо бояд сарҷамъу аҳлона раванди ободкории сарзамини аҷдодиамонро ба хотири истиқболи арзандаи ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон — сисолагии Истиқлолияти давлатӣ боз ҳам вусъат бахшида, Ватанамонро обод кунем, давлатамонро неруманду пешрафта гардонем ва камбудиву мушкилоти мавҷударо бо заҳмати содиқонаву софдилонаи хурду бузурги мамлакат бартараф намоем.
Муҳтарам бунёдкорони Неругоҳи барқи обии «Роғун»!
Пеш аз ҳама, мехоҳам хотирнишон созам, ки мардуми шарифи Тоҷикистон лаҳзаҳои фараҳбахшу воқеан таърихии ба кор андохтани агрегатҳои нахустини Неругоҳи барқи обии «Роғун»-ро хуб дар хотир доранд.
Ҳарчанд ки аз он рӯзҳо вақти зиёде сипарӣ нашудааст, тавассути ду агрегати он то имрӯз, аллакай 1,7 миллиард киловатт — соат неруи барқ истеҳсол ва ба шабакаҳои энергетикии мамлакат интиқол дода шудааст.
Аз аввали корҳои барқарорсозии иншооти неругоҳ, яъне, аз соли 2008 то ба ҳол 25 миллиарду 340 миллион сомонӣ маблағ равона гардидааст. Танҳо дар соли 2020 барои сохтмони он аз ҳисоби буҷети давлат қариб се миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла, барои татбиқи корҳои сохтмону васлгарии пешазшартномавӣ, иҷрои корҳо вобаста ба лоти 2 – сохтмони сарбанд ва корҳои бармаҳали лотҳои сеюму чорум, хариди таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон, инчунин, хизматрасонии молрасонандагон аз ҳисоби буҷети давлат 1 миллиарду 872 миллион сомонӣ маблағгузорӣ сурат гирифтааст.
Ҳоло дар сохтмон 12707 нафар коргарон ва кормандони муҳандисиву техникӣ, аз ҷумла, 1990 нафар кормандони Ширкати «Вибилд», дар ду вахта бо истифода аз 3824 мошину механизмҳо шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд.
Ҳарчанд ки иҷрои корҳо зери назорати доимии роҳбарияти Ҳукумат қарор дорад, мо имрӯз бори дигар бо ҷараёни корҳо аз наздик шинос шуда, шоҳиди пешравиҳои назаррас, хусусан, дар сохтмони сарбанд, гардидем.
Корҳо, алалхусус, дар маҷмӯи обқабулкунакҳои асосӣ, роҳҳои ба онҳо баранда, нақбҳои обгузари амудӣ, мустаҳкамкунии фарози кӯҳҳо, баромадгоҳи нақби обпартои сеюм, нақбҳои нақлиётӣ, ки роҳи асосиро аз соҳили рост ба шонаи сарбанд пайваст мекунанд, нақбҳои заҳкашӣ ва шахтаи ҳаводиҳӣ қобили таваҷҷуҳ мебошанд.
Дар сохтмони нақби обпартои чорум, ки корҳои лоиҳавии онро ширкатҳои «Тоҷик Кон» ва «Афри»-и Швейтсария анҷом медиҳанд, ширкатҳои ватаниву хориҷӣ бо техникаву механизмҳои муосиру пуриқтидор фаъолият доранд.
Корҳои васлу насб дар қисмати толори дарвозаҳои садамавӣ ва асосии чорум идома доранд.
Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки нақби чорум бояд дар муҳлатҳои муайянгардида ва бо сифати баланд ба истифода дода шавад, зеро истифодаи он ба баланд бардоштани сатҳи сарбанд ва обгирии обанбор дар нуқтаи 1100 метр имконият медиҳад, ки ин, дар навбати худ, боиси афзоиши истеҳсоли қувваи барқ мегардад.
Тибқи натиҷаи озмунҳои байналмилалӣ сохтмони иншооти неругоҳ ба лотҳо тақсим шудааст.
Ин лотҳо аз ҳамдигар вобастагии зич дошта, ақибмонии яке аз онҳо ба суръати корҳо дар самтҳои дигар сабаб мешавад. Бинобар ин, кор бояд дар ин самтҳо муштарак ва бо ҳамоҳангӣ пеш бурда шавад.
Дар бунёди сарбанд, ки тибқи шартнома ба уҳдаи Ширкати «Вибилд» вогузор шудааст, иҷрои корҳо мутобиқи ҷадвали тасдиқгардида амалӣ гардида истодааст. Ширкатро зарур аст, ки иҷрои корҳоро то сатҳи 1110 метр дар муҳлати муайянгардида таъмин намуда, ба масъалаи устувории сарбанд ва пешгирӣ намудани пуршавии обанбор аз обовардҳо аҳамияти аввалиндараҷа диҳад.
Ман дар вохӯриҳои қаблӣ борҳо таъкид карда будам, ки истифодаи техникаву технологияҳои замонавӣ дар бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷумлаи масъалаҳои асосӣ маҳсуб мешавад. Ҳарчанд ки моҳҳои охир дар сохтмони сарбанд 405 мошину механизмҳо истифода шуда истодаанд, вале ин шумора нокифоя мебошад.
Ҳаҷми кашонидану шибба кардани масолеҳи сарбанд дар як шабонарӯз ба 25-30 ҳазор метри мукааб расонида шудааст, лекин чунин ҳаҷм ҳанӯз кам буда, ҷавобгӯи меъёрҳои дар лоиҳа пешбинигардида нест.
Аз ин лиҳоз, шумораи мошину механизмҳо дар сохтмони сарбанд бояд бамаротиб зиёд карда, ҳаҷми рехтану шибба кардани сангу шағал ва масолеҳи дигар ба сарбанд афзоиш дода шавад. Яъне, зарур аст, ки бо зиёд кардани шумораи техникаву мошинолот кори бунёди неругоҳ боз ҳам суръат бахшида, муҳлати пурра ба кор андохтани агрегатҳои боқимондаи он ҳар чӣ камтар карда шавад.
Фармоишгар ва ширкатҳои пудратиро зарур аст, ки истифодаи самараноки автомашинаҳои боркаш ва экскаватору булдозерҳоро дар се баст таъмин намоянд ва барои ба иншоот ворид намудани воситаҳои иловагии техникӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Истифодаи хати конвейерӣ низ аз ҷумлаи роҳҳои самаранок истифода бурдани маблағ ва масолеҳи сохтмон дар бунёди сарбанд мебошад ва истифодаи пурраи он ҳар чӣ зудтар бояд таъмин карда шавад.
Масъалаи дигаре, ки барои таъмин намудани бехатарии неругоҳ бисёр муҳим ба ҳисоб меравад, ташкил ва таъмин намудани мониторинги инструменталӣ дар иншоот мебошад. Зеро дар неругоҳи «Роғун», ки аз маҷмааи иншооти бузурги зеризаминӣ ва баландтарин сарбанди гидротехникии дунё иборат аст, ташкил ва пешбурди мониторинги техникиву технологии сатҳи байналмилалӣ ҷиҳати таъмини бехатарии он зарур ва ҳатмист.
Тибқи маълумот, ҳоло дар 53 иншооти неругоҳи «Роғун» қариб 4000 асбоби санҷишу ченкунӣ васлу насб карда шудааст.
Дар атрофи иншоот ва обанбори неругоҳҳои «Роғун» ва «Норак» 11 пойгоҳи сейсмикии рақамии моҳворавӣ бо маркази сейсмикии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» васлу насб ва тавассути хати баландсуръати интернет бо маркази зилзиласанҷии Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон пайваст карда шудааст.
Борҳо таъкид кардаам, ки неругоҳи «Роғун» барои садсолаҳо бунёд мешавад. Аз ин лиҳоз, бояд ба эътимоднокии корҳои сохтмон ва истифодаи масолеҳу таҷҳизоти босифати ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ диққати аввалиндараҷа дода шавад. Бо ин мақсад, ҳоло як озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо асбобу таҷҳизоти замонавӣ ташкил карда шудааст.
Кормандони назорати техникии Фармоишгар бояд якҷо бо мутахассисони Хадамоти давлатии назорати меъморӣ ва сохтмони назди Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ масъалаи мазкурро бо реҷаи шабонарӯзӣ таҳти назорат қарор диҳанд.
Ҳамватанони азиз!
Солҳои охир талабот ба неруи барқ дар миқёси ҷаҳон, аз ҷумла, кишвари мо низ, мунтазам афзоиш ёфта истодааст ва тибқи пешгӯии мутахассисон дар давлатҳои ҷаҳон талабот ба он то соли 2030 нисбат ба ибтидои асри бисту якум қариб чор баробар зиёд мегардад.
Барои ноил шудан ба ҳадафи чоруми стратегӣ, яъне, саноатикунонии босуръати кишвар ва баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти саноатӣ, бояд таъминоти кафолатноки неруи барқ таъмин карда шавад.
Маҳз бо ҳамин мақсад, яъне таъмин намудани пешрафти босуботи кишвар ва мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии он, мо рушди соҳаи энергетикаи обиро самти муҳимтарину афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ ва расидан ба истиқлолияти энергетикиро ҳадафи стратегии миллӣ эълон кардаем.
Сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар дарёҳои Тоҷикистон ба таъмин намудани тавозун байни талабот ба қувваи барқ ва захираҳои об мусоидат карда, барои идоракунии устувори захираҳои об ва коҳиш додани норасоии неруи барқ дар минтақа кумак мерасонад.
Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ мебошад ва яке аз кишварҳои асосии истеҳсолкунандаи «энергияи сабз» дар миқёси сайёра ба шумор меравад.
Мо мехоҳем ин имкониятҳои азимро на танҳо ба нафъи худ, балки ба манфиати дигарон, аз ҷумла, мардумони минтақаи Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, истифода барем.
Ба ин хотир, мо ҷиҳати зиёд кардани истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза, яъне, барқе, ки аз манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия истеҳсол мегардад ва тавсеаи шабакаҳои интиқоли он як қатор лоиҳаҳоро таҳия карда, онҳоро бо ҳамкории шарикони байналмилалӣ амалӣ карда истодаем.
Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ то имрӯз шабакаи ягонаи энергетикии кишвар таъсис дода, фаъолияти устувори низоми энергетикӣ таъмин карда шуд.
Натиҷаи бисёр муҳими иқдомоти солҳои охир — истеҳсоли қариб 21 миллиард киловатт — соат неруи барқ дар соли 2019 ва пурра бо барқ таъмин гардидани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёти кишвар аст, ки нисбат ба замони сохти гузашта якуним баробар зиёд мебошад.
Ҳоло дар соҳаи энергетика ғайр аз лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» татбиқи боз 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 13 миллиарду 300 миллион сомонӣ идома дорад.
Марҳалаи якуми таҷдиди Неругоҳи барқи обии «Норак», сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор», сохтмони шабакаҳои барқӣ дар Ромит, ҷорӣ намудани системаи ҳисоби яклухти интиқоли неруи барқ ва беҳдошти шабакаҳои интиқоли барқ, таҷдиди неругоҳҳои барқи обии «Сарбанд», «Қайроққум», лоиҳаи минтақавии хати интиқоли барқи CASA-1000, «Электрификатсияи деҳоти Тоҷикистон, азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии ягонаи Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи ҳамин лоиҳаҳо мебошанд.
Инчунин, мувофиқи нақша дар ояндаи наздик ба истифода супоридани дигар иншооти нави истеҳсол ва интиқоли неруи барқ, ба монанди бунёди хати интиқоли барқи 500 — киловолтаи «Роғун-Сангтӯда», инчунин, ҷорӣ намудани низоми муосири идоракунӣ ва назорати неруи барқ дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара пешбинӣ гардидааст.
Ҳоло корҳои вобаста ба асосноккунии техникиву иқтисодии Неругоҳи барқи обии «Шӯроб» ва ҷалби маблағ барои бунёди он, омӯзиш ва омодасозии ҳуҷҷатҳои зарурии неругоҳҳои барқи обии «Санобод», «Нуробод -1» ва «Нуробод -2» идома дошта, илова бар ин, вақтҳои наздик натиҷаҳои озмуни байналмилалӣ барои асосноккунии техникиву иқтисодии барқарорсозии пурраи Неругоҳи барқи обии «Бойғозӣ» бо ҷалби маблағҳои Бонки ҷаҳонӣ эълон мегарданд. Вале хотиррасон месозам, ки Неругоҳи барқи обии «Роғун», яъне, ояндаи дурахшони Тоҷикистон, дар самти пурра таъмин намудани истиқлоли энергетикии кишвар нақши асосӣ ва бузург мегузорад.
Бинобар ин, ҷиҳати амалӣ гардидани ҳадафҳои дарпешистода масъулинро зарур аст, ки чораҳои зеринро андешанд:
1. Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» якҷо бо пудратчиёну зерпудратчиён, аз ҷумла, Ширкати «Вибилд», корҳоро дар иншооти пешазшартномавӣ ва бунёди сарбанди неругоҳ тибқи нақшаи тасдиқгардида тақвият бахшанд.
2.Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» иҷрои нақшаи чорабиниҳои назорати вазъи санитариву эпидемиологиро дар иншооти неругоҳ пурзӯр намояд.
3. Гурӯҳи кории ваколатдор корҳоро бо мақсади ҷалби маблағгузорӣ барои сохтмони иншооти неругоҳ вусъати бештар бахшад.
4. Гурӯҳи кории ваколатдор доир ба дарёфти манбаи маблағгузорӣ ҷиҳати пешбурди корҳои сохтмони неругоҳ барои соли 2021 ва солҳои минбаъда тадбирҳои мушаххас андешад.
5. Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати мамлакат барои таъмин кардани бехатарии иншооти неругоҳи «Роғун» чорабиниҳои иловагиро роҳандозӣ намояд ва назоратро дар ин самт тақвият бахшад.
6. Кумитаи меъморӣ ва сохтмон дар ҳамкорӣ бо Фармоишгари сохтмон назорати сифати корҳои сохтмонро тақвият бахшида, барои сари вақт аз ташхиси давлатӣ гузаронидани лоиҳаҳои пешниҳодшаванда чораҷӯӣ намояд.
7. Шӯрои нозирон ва Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба сохтмон ва ба истифода супоридани иншооти неругоҳ назорати ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонро тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда, масъалаҳои ҳалталаби иншоотро ба таври фаврӣ ҳаллу фасл созад.
Дар робита ба ин, ба роҳбарону мутахассисони соҳаи энергетика таъкид месозам, ки доир ба омодагии иншооти соҳа, аз ҷумла, шабакаҳои интиқоли барқ ва таҷҳизоти он ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода, инчунин, корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ дар байни аҳолии кишвар тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Дар охир ба тамоми сохтмончиёни неругоҳ, аз ҷумла, ба ҳамаи шумо, ки бо фаъолияти созандаи худ кори бунёди иншооти тақдирсози миллат ва ба кор андохтани агрегатҳои минбаъдаи онро вусъат бахшида истодаед, аз номи мардуми Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуда, ба шумо саломатӣ ва дар фаъолияти минбаъдаатон барору комёбиҳо орзу менамоям.
Шумо – бунёдкорони иншооти бузурги аср ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки амалӣ гардидани орзуи чандинсолаи сокинони кишвар ва таъмин намудани фардои ободи Тоҷикистон аз саъю талоши ватандӯстона ва кори софдилонаи шумо вобаста мебошад.
Бовар дорам, ки ҳар яки шумо бо заҳмати содиқонаи худ дар ин манбаи бузурги нур дар дилу дидаи мардуми тоҷик барои солиёни зиёд ҷой хоҳед гирифт.
Ҳамеша саломату сарбаланд ва хонаобод бошед!