Неруи бузурги созанда

№146 (4886) 02.12.2024

People's_Democratic_Party_of_Tajikistan_logo.svgСоли равон дар кишварамон сиюмин солгарди таъсисёбии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Хабарнигори рӯзнома бо раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Тоҷикобод Ҳилолӣ Фозилзода оид ба дастовардҳои ҳизб дар ноҳия суҳбат доир намуд.

- Фаъолияти сисолаи ҳизбро дар ноҳияи Тоҷикобод чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

 - Собиқадорон ба ёд меоранд, ки он солҳо бинобар ҳаводиси маълум масъулони ҳизб дар ноҳия ба мушкилиҳо дучор мегаштанд. Пас аз истиқрори сулҳ фаъолияташ дар ноҳия беҳтар шуд. Соли 2001 кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия расман таъсис ёфт. Масъулияти роҳбарии ҳизб ба зиммаи Баҳодур Абдусатторзода, Илҳом Хуҷумборов, Зулфиқор Рамазонзода, Лутфулло Шифоев гузошта шуд.

 Солҳои баъдӣ бо заҳмату талошҳои Раиси муаззами ҳизб, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Тоҷикобод корҳои ободонию созандагӣ вусъати тоза пайдо намуданд. Дар даромадгоҳи ноҳия ба ҷои пули харобгаштаи болои дарёи Сурхоб соли 2008 пул бунёд гардид, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кушодашавии он суханронии пурмуҳтаво ва ин пулро «Ваҳдат» номгузорӣ карданд. Ин ном хеле мувофиқ аст, зеро мардуми ду соҳили дарёи Сурхобро ба ҳам пайваст ва шароит фароҳам овард, ки якҷоя пайи ободии диёр содиқона заҳмат кашанд. Дар ин давра дар шаҳраки Тоҷикобод варзишгоҳи замонавӣ бо 6 ҳазор ҷои нишаст, меҳмонхонаи сеошёнаи замонавӣ ва даҳҳо иншооти хурду бузург бунёд гардиданд, ки симои ноҳияро ба куллӣ дигар намуданд. Мардум дар симои Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон неруи бузурги созандаро дида, сидқан онро ҷонибдорӣ намуданд. Бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди 101 иншооти нав ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ дар аксари онҳо идома доранд.

 21-уми сентябри соли 2021 дар ноҳия бинои нави маъмурии кумитаи иҷроияи ҲХДТ бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Бо дастгирии кумитаи иҷроияи марказии ҳизб бинои нави дуошёна бо таҷҳизоти зарурӣ ва гармидиҳӣ таъмин гашт.

Фаъолияти ҳизб дар соли сипаришуда низ пурмаҳсул буд. Суҳбату вохӯриҳо, хонишҳои сиёсӣ бо кормандони ташкилоту муассиса ва шаҳраку деҳот, конференсияҳои илмию амалӣ, суҳбатҳои гирди миз, аксияҳо, мусобиқаҳои варзишии шоҳмот, волейбол ва футбол, расонидани кумак ба хонаводаи афсари шаҳидшуда, хабаргирии собиқадорони ҳизбу меҳнат, маюбону ниёзмандон аз корҳое буданд, ки соли сипаришуда анҷом ёфтанд. Шумораи аъзои ҳизб зиёд шуда, ба 1566 нафар, аз ҷумла 265 зан ва 383 ҷавон, расид. Ин муддат теъдоди ташкилоти ибтидоии ҳизб аз 51 ба 53 адад расид.

 - Ба андешаи Шумо мафкураи ҷавонони имрӯза то чӣ андоза тағйир ёфтааст?

 - Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ мардуми кишварамон роҳи мураккаберо тай намуд. Дар ин масир, мутаассифона, гаравиши бархе ҷавонони ноогоҳро ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона шоҳид гаштем. Хушбахтона, сол то сол теъдоди чунин ҷавонон кам гашта, сафи ҷавонони ватандӯст меафзояд. Зимни мулоқот бо ҷавонон дарк мекунем, ки онҳо ба моҳияти ин мавзуъ ва ҳадафҳои нопоки чунин ҳаракатҳо пурра сарфаҳм мераванд, ба қадри сулҳу субот мерасанд. Бо вуҷуди ин, дар вохӯриҳо бо ҷавонон ҳамеша доир ба ҳушёрии сиёсӣ ва илму ҳунаромӯзӣ суҳбат мекунем. Агар ҷавонон аз нигоҳи сиёсӣ ҳушёр бошанд, ба илм­омӯзӣ ва ё шуғли манфиатовар банд бошанд, ҳаргиз бо роҳи хато намераванд, мафкураи онҳо осебнопазир мемонад.

Ҷавонони ноҳияи мо худро аз пайравони содиқи Пешвои миллат медонанд ва талош мекунанд, ки чун Пешвои миллат созандаву ободкор ва ҷонфидои миллат бошанд.

- Таҳлилҳо гувоҳи онанд, ки аксари ҷавонон ҳангоми берун аз ҷумҳурӣ будан ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона пайвастанд. Кор бо ҷавононе, ки ба муҳоҷират мераванд, чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

- Дар чорабиниҳои таблиғотӣ дар бобати ҳуш­ёрӣ ва зиракии сиёсӣ суҳбат мекунем. Дар ин росто «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024 дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми басо муҳим ва тақозои замон мебошад. Тибқи нақшаи тарҳрезишуда, дар самти баланд бардош­тани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳо, бахусус дар хориҷи кишвар, пешгирии ҷалби ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва террористӣ, ҳимояи марзи кишвар, омӯзиши илму ҳунар, технологияҳои замонавӣ, варзиш чорабиниҳои зиёдро ба нақша гирифтаем. Бо ҷавононе, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, вохӯрӣ доир намуда, бо падару модари онҳо суҳбат менамоем. Илова бар ин, масъулини кумитаи иҷроияи ҳизб вазифадор шудаанд, ки бо муҳоҷирони меҳнатӣ доимо дар робита бошанд.

- Солҳои охир дар навоҳии водии Рашт нақшаи хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ дар рӯзи аввали даъват иҷро мешавад. Аз таҷрибаи ин маъракаи муҳим дар ноҳияатон мегуфтед.

- Солҳои пеш дар ин самт мушкилиҳо ҷой доштанд. Солҳои охир ҳамкории самараноки роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ва мақомоти марбута натиҷаи нек дод.

Баҳри тақвияти робитаи волидон бо қисмҳои ҳарбӣ боздиди волидон аз шароити хизмати сарбозон, мулоқоти судманд оид ба моҳияти хизмати ҳарбӣ, аксияҳо таҳти унвони «Ба муҳофизати Ватан омодаем», «Хизмат ба Ватан қарзи мо мебошад», «Ба Ватан содиқем» доир шуданд.

Ҳамчунин, мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» ва «Ҳомиёни Ватан» дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар кохи фарҳанг ва литсейи касбии техникии ноҳия озмуну конференсияҳои илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи суботи ҷомеа», «Ҳимояи Ватан — қарзи ҷавонмардон» баргузор шуданд.

Минбаъд низ мо баҳри баландтар бардоштани обрӯ, нуфуз ва эътибори ҲХДТ барои сазовор гаштан ба боварии бештари халқ, ки аз ҳадафҳои барномавии ҳизб ва Сарвари муаззами он бармеояд, талош меварзем.

- Ташаккур барои суҳбат.

Мусоҳиб Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»