Тадқиқоти олимон нишон медиҳад, ки то соли 2025 аз се ду сокини сайёра аз камобӣ азият мекашанд — онҳо ташна хоҳанд монд ё ба бемориҳое, чун вабо ва амебиаз (маризии сироятӣ дар рӯдаю ҷигар) дучор мешаванд, ки аз сабаби сифати пасти об ба вуҷуд меояд. Ин як буҳрони бесобиқа дар таърихи башар аст. Дар миқёси ҷаҳонӣ ҳеҷ гоҳ чунин мушкил набуд…
Қалби ҳассоси сайёраи мо, ки онро баҳрҳои гарм иҳота намудааст, асосан аз об, диоксиди карбон, нитроген ва баъзе маъданҳои ибтидоӣ ба вуҷуд омадааст.
Инсон метавонад бидуни хӯрок то 35 рӯз зинда монад, аммо агар об нанӯшад, давоми 5 — 6 рӯз ҳалок мешавад. Ҳар мавҷудоти зинда дар сайёра аз ҷараёни муттасили об ва мувозинати байни обе, ки организм аз даст медиҳад ва он чизе, ки онро иваз мекунад, вобаста аст. Кӯдак дар батни модар 95 дарсад вазни худро дар об дорад, кӯдаки навзод 80 дарсад ва одами калонсол тақрибан 70 дарсад. Об дар бадани мо ҳуҷайраҳо, хун, рагҳо, артерияҳо, моеъи лимфаро, ки дар рагҳои лимфавӣ ҷорӣ мешаванд ва амали молекулаҳои гуногуни барои ҳаёт муҳимро таъмин мекунад. Дар асл, вақте ки мо об менӯшем, намакҳои маъданӣ, аз қабили натрий, калий, калтсий ва ғайраро, ки дар он ҳал шудаанд, иваз мекунем.
Ҳангоми паст шудани ҳиссаи об фишор пасту ҳаракат суст мешавад ва бадан аз гирифтани неруи зарурӣ азият мекашад. Дил барои кӯшиши дар тамоми бадан кашидани хун саъйи бештар ба харҷ медиҳад, ҳуҷайраҳои мағзи сар оксигенро кам гирифта, фаъолияташон суст мегардад ва гурда заҳрҳои камтарро филтр мекунад. Аз ин рӯ, истеъмоли ҳаррӯзаи 300 мг об барои як килограмм вазн барои калонсолон тавсия дода мешавад ва барои кӯдакони аз шашмоҳа то яксола барои як килограмм вазн аз 100 то 120 мг об лозим аст.
Имрӯз беш аз ҳарвақта зиндагии инсон аз об вобаста аст. Барои тавлиди як кило коғаз 540 литр об, як литр шир — 4000 ва як тонна пӯлод — 260.000 литр об сарф мешавад ва барои ба даст овардани 1 кило гӯшт аз 20 то 60 ҳазор литр об лозим буда, барои қонеъ кардани ниёзҳои аввалияи худ инсон рӯзе то 300 литр об сарф мекунад.
Аз чор се ҳиссаи сатҳи Заминро об ташкил медиҳад, ки ин тақрибан 1,5 миллиард км3 об дар саросари сайёра, аз ҷумла уқёнусҳо, дарёҳо, кӯлҳо, обҳои зеризаминӣ ва пиряхҳо, мебошад. Ба назар чунин менамояд, ки гӯё ҷаҳон ба буҳрону инқирози таъминоти об дучор шуданист, чунки танҳо як қисми хеле ками тамоми обҳои сайёраи Замин барои таъмини аҳолӣ истифода мешаванд. Аввалин мавҷудоти зинда дар рӯи замин тақрибан 3,5 миллиард сол пеш дар об пайдо шудааст. Интиқоли намакҳои минералӣ ва моддаҳои дигар ба ҳуҷайра ё берун аз он тавассути маҳлулҳои обӣ анҷом дода мешаванд ва ҳатто танзими ҳарорати бадан аз об вобаста аст.
Абрҳои пайваста ташаккулёбанда вақте аз ҳисоби миқдори об вазнин мешаванд, дар шакли борон ба сатҳи замин бармегарданд. Қисми оби борон ба хок ворид шуда, қабатҳои обҳои зеризаминиро ташкил медиҳад. Қисми дигар ба дарёҳо, баҳрҳо, кӯлҳо ва уқёнусҳо ҷорӣ шуда, бо гармии офтоб боз бухор мешаванд. Мутаассифона, қисми зиёди об дар қитъаҳои олам олуда ҳастанд ва тозакунию коркарди об як раванди хеле гарону мураккаб аст, ки барои аз байн бурдани обҳои ифлос пешбинӣ шудааст. Дар баъзе кишварҳо оби партов, новобаста аз саноат ё хонаҳо, пеш аз баровардан ба дарёҳо ва баҳрҳо тоза карда мешаванд, вале ин обҳо тоза номида шаванд ҳам, умуман нӯшиданӣ нестанд.
Инсоният метавонад дар ҳазорсолаи сеюм шоҳиди як навъи нави ҷанг шавад. Ҷангҳои асри оянда баръакси муноқишаҳои асрҳои гузашта, хоҳад буд. Соли 1967, вақте ки арабҳо барои тағйир додани маҷрои дарёи Урдун ва шохобҳои он корҳои муайянро анҷом доданд, он дарёи асосии минтақа буд ва дар ҷануби Лубнон боло меравад, аз Исроил ва Урдун мегузарад, яъне, бо роҳи нав Исроил қобилияти обро аз даст медиҳад. Исроил фармон дод, ки он бомбаборон карда шавад, то рақобат бо кишварҳои ҳамсоя боз ҳам шадидтар гардад. Дар қаламрави Бразилия 20 фоизи тамоми оби рӯизаминии сайёра ҷойгир аст. Аксари ин ҳаҷм, тақрибан 80 дарсад, дар Амазонка воқеъ мебошад. Маҳз дар он минтақа бузургтарин ҳавзаи дарёи Амазонка бо 6 миллион километри мураббаъ ҷойгир буда, ин кишвар дорои 12 дарсад оби тозаи равон дар ҷаҳон аст. Дар Бразилия зиёда аз 90 дарсади канализатсияи дохилӣ ва тақрибан 70 дарсади партовҳои саноатии тозашуда ба обанборҳо партофта мешаванд.
Дар аксари кишварҳо, маҳз дар деҳот истеъмоли аз ҳама зиёди об ба амал меояд: кишоварзии интенсивӣ барои як нафар дар як рӯз беш аз панҷсад литрро талаб мекунад. Ҷумаки обӣ дар як рӯз 46 литрро сарф мекунад, ки ин дар як моҳ 1380 литрро ташкил медиҳад, яъне, зиёда аз як метри мукааб дар як моҳ ва сурохи 2 миллиметрии қубур метавонад дар як рӯз 3200 литр обро беҳуда талаф диҳад. Бо ҷумаки кушода дар 5 дақиқа барои шустани дандонҳо 12 литр об сарф мешавад ва агар шумо ҳангоми шустани дандон ҷумакро хомӯш кунед, шумо танҳо 1 литр об масраф хоҳед кард. Дар ҳаммом ба ҳисоби миёна дар тӯли 5 дақиқа 70 литр, дар як сол бошад, 25.550 литр масраф мешавад.
Аз тамоми обҳое, ки дар ҷаҳон истифода мешаванд, 10 дарсад барои истеъмоли инсон, 20 дарсад ба соҳаи саноатӣ ва 70 дарсад ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд. Замин 1,4 миллиард метри мукааб об дорад. Аз ин миқдор 97,5 дарсад оби шӯр аст.
Тахмин 2 ҳазор сол пеш аҳолии ҷаҳон ба 3 дарсад аҳолии ҳозира мувофиқат мекард, дар ҳоле ки дастрасии об бетағйир монд. Аз соли 1950 инҷониб, истеъмоли об дар ҷаҳон се маротиба афзуд. Истеъмоли миёнаи об ба ҳар як сокин тақрибан 50 дарсад зиёд шуд. Ду аср қабл як шахс барои қонеъ кардани ниёзҳои худ дар як рӯз 12 литр, баъдан, то 20 литр ва дар асри XIX дар шаҳрҳои хурд 40 литр ва дар шаҳрҳои калон рӯзе 60 литр об истеъмол мекард ва дар асри нав одами муосир барои қонеъ кардани ниёзҳои худ дар як рӯз 800 литр об истифода мекунад. Об дар сайёра чунин тақсим мешавад: 97,5 дарсад намакин; 2.493 дарсад дар пиряхҳо ва зеризаминии дорои дастрасии душвор; 0,007% ширин ва дастрас. Захираи оби нӯшокӣ, ки ҳоло дар сайёра мавҷуд аст, 12.500 км3 мебошад. Солҳои 1970-1995 ҳаҷми об барои ҳар як сокини ҷаҳон 37 дарсад коҳиш ёфт. Имрӯз, тақрибан 1,4 миллиард нафар ба оби тоза дастрасӣ надорад.
Созмони Милали Муттаҳид соли 1992 Рӯзи ҷаҳонии обро 22 март муайян кард. Ҳадаф инъикос, муҳокима ва ҷустуҷӯи ҳалли ифлосшавӣ, партовҳо ва норасоии об дар саросари ҷаҳон мебошад. СММ санадеро таҳти унвони Эъломияи умумии ҳуқуқи об таҳия кард, ки дар он аз ҷумла, чунин оварда шудааст: «Об атои бепули табиат нест, он арзиши иқтисодӣ дорад, он нодир ва гарон аст ва метавонад дар ягон нуқтаи ҷаҳон камёб бошад; муҳофизати он барои ҳар як мард ё гурӯҳи иҷтимоӣ, ки онро истифода мебарад, уҳдадории қонунист; мувозинат ва ояндаи сайёраи мо аз ҳифзи об ва давраҳои он вобаста аст; захираҳои табиӣ барои табдил додани об ба оби ошомиданӣ нозук ва хеле маҳдуданд. Аз ин рӯ, об бояд эҳтиёт карда шавад; муҳофизати он як зарурати ҳаётан муҳим аст, инчунин, уҳдадории маънавии инсон дар назди наслҳои ҳозира ва оянда буда, об як қисми мероси сайёра мебошад. Ҳар як қитъа, ҳар як халқ, ҳар як миллат, ҳар як минтақа, шаҳр, ҳар як шаҳрванд барои оби Замин комилан масъул аст; истифодаи он бояд бо огоҳӣ сурат гирад, то ба ҳолати фарсуда ё бад шудани сифати захираҳои мавҷуда нарасад».
Таҳияи Ш. ҲУСЕЙНЗОДА,
«Садои мардум»