Данғара. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 2,6 млрд. Сомонӣ гузашт

№21 (4917) 14.02.2025

ДАНГАРА- Соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 2 млрд. 668,6 миллион сомонӣ расида, содироти он 351 миллиону 827,1 ҳазор сомониро   ташкил дод, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ муовини раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода.

Мавсуф зикр кард, ки ҳоло дар ноҳия 51 корхонаи саноатӣ бо 2827 ҷойи корӣ фаъолият дорад. Дар МОИ «Данғара» бошад, 36 субъект ба қайд гирифта шудааст.

Кишоварзони ноҳия соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ба 2 млрд. 901,8 миллион сомонӣ расонида, 714 тонна маҳсулот содирот шудааст.

Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бунёду навсозии 222 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст, ки айни замон дар 110 иншоот корҳо ба анҷом расида, дар 112 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ босуръат идома доранд.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»