Масъалаи таъмини кӯдакон бо ғизои табиӣ баррасӣ шуд

№150 (4570) 05.12.2022

DSC_0104Дуюми декабри соли равон дар меҳмонхонаи «Ҳайат Реҷенси»-и шаҳри Душанбе дар мавзӯи «Татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ дар самти таъмини ғизои кӯдакон, бахусус ғизодиҳии табиӣ (ширдиҳӣ аз пистони модар)-и кӯдакон ва ташаббусҳо ҷиҳати такмили он тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътироф­намудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбати мизи мудаввар доир гардид.

Дар чорабинӣ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони мақомоти давлатӣ, роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ширкат карданд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Дилрабо Мансурӣ иброз намуд, ки ­масъалаи беҳтар кардани вазъи истеъмоли ғизо дар байни аҳолӣ, таъмини ғизо, бахусус ғизодиҳии табиӣ (ширдиҳӣ аз пистони модар) ва ташаббусҳо ҷиҳати такмили он дар доираи «Стратегияи миллии рушд то соли 2030» яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор рафта, ин мушкилот дар доираи Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 ҳамчун масъалаи асосии глобалӣ боқӣ мемонанд. Зеро норасоии ғизо ҳанӯз дар байни 26 фоизи аҳолӣ ба назар расида, гипотрофия дар байни 10 фоизи кӯдакони то синни 5-сола мушоҳида мешавад. Бинобар сатҳи баланди камхунӣ ва нарасидани йод аксари занону кӯдакон аз норасоии мик­роэлементҳо азият мекашанд.

- Иқдоми пешгирифтаи парлумони кишвар, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шарикони рушд дар баргузории ин ҳамоиш аз он шаҳодат медиҳад, ки таъмини воқеии мардуми Тоҷикистон, бахусус кӯдакони ширмак ва бонувон бо ғизои хушсифат, ба афзоиши солимӣ ва рушд мусоидат хоҳад кард, — илова кард Дилрабо Мансурӣ.

Ҳамчунин, муовини вазири тандурустӣ Зулфия Абдусаматзода гуфт, ки аз соли 1998 инҷониб дар тамоми таваллудхонаҳои ҷумҳурӣ 10 принсипи бомуваффақияти синамаконии атфол ҷорӣ шуда истодааст. Соли 1999 аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ Таваллудхонаи шаҳрии №1-и шаҳри Душанбе (собиқ №3) соҳиби сертификати умумиҷаҳонии «Муносибати некбинона нисбати атфол» гардида, то ҳол 58 муассисаи табобатию профилактикии ҷумҳурӣ дорои ин сертификат мебошанд. Қайд кардан ҷоиз аст, ки 93 фоизи навзодон дар чунин беморхонаҳо таваллуд мешаванд ва 90-95 фоизи ин тифлон пас аз 30 дақиқаи баъд аз таваллуд шири модар мехӯранд.

Зикр шуд, ки бинобар тадқиқотҳои гузаронидашуда, кӯдаконе, ки то синни 6-моҳагӣ ғизои сунъӣ мегиранд, 82 фоизашон ба бемории дарунравӣ ва 92 фоизашон ба бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор шудаанд. Ҳамчунин, дар кӯдаконе, ки бо шири холис ғизо гирифтаанд, дар 5,3 фоизи ҳолатҳо гирифтори бемории дарунравӣ ва дар 35 фоизи ҳолатҳо гирифтори бемории шадиди роҳҳои нафас шудаанд. Чунин хулоса кардан мумкин аст, ки кӯдакони бо шири модар ғизогиранда, 17 маротиба камтар ба бемориҳои дарунравӣ ва бемориҳои шадиди роҳҳои нафас гирифтор мешаванд.

 Инчунин, синамаконии давомдор (то 2-солагии кӯдак) метавонад ба коҳиш ёфтани эҳтимолияти пайдошавии вазни зиёдатӣ ва ё паҳн шудани фарбеҳӣ то ба 13 фоиз ва ҳамчунин, то ба 35 фоиз кам шудани ҳолатҳои рушди диабети навъи 2 мусоидат намояд.

Дар нишаст Сумангул Тағойзода раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, Осама Маккавӣ сардори Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон, Виктор Олшанский сардори Намояндагии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон, Абдуллозода Умеда муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ашурзода Гулбаҳор муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ ва Шералӣ Раҳматуллоев мушовири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ низ баромад карданд.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»