Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Доир ба ҳуҷҷат ва имзои электронӣ қонун қабул шуд

№25 (4608) 15.02.2023

DSC_2114 копия15-уми феврали соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Вакилони арҷманд!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 55 вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласа Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Солеҳзода, муовини директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримӣ ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласа се масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.

Доир ба он таклифу пешниҳоди дигар доред? Нест.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»

2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ»

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъалаи якум сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашӯриён Музаффар Қурбонмуҳаммад дода мешавад. Марҳамат.

Музаффар АШӮРИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» дар маҷмӯъ масъалаҳоро вобаста ба ситонидани боҷи давлатӣ барои анҷом додани амалҳои дорои аҳамияти ҳуқуқӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти он, аз ҷумла бақайдгирии давлатии ташкилотҳои адвокатӣ, анҷом додани амалиёти нотариалӣ ва бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ пешбинӣ менамояд.

Мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур ба қисми 6 моддаи 4 банди 28) илова гардида, тибқи он барои додани нусхаи тасдиқкардашуда (дубликат) – и шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии ташкилотҳои адвокатӣ — ба андозаи 50 фоизи боҷи давлатӣ, ки барои бақайдгирии таъсисёбии субъект пешбинӣ карда шудааст, ситонида мешавад.

Бо мақсади мутобиқ намудани меъёрҳо ба муқаррароти моддаи 531 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нотариати давлатӣ» ба банди 14) қисми 7 моддаи 4 иловаҳо ворид гардида, тибқи он барои аз ҷониби нотариуси давлатӣ ва шахсони ваколатдор тасдиқ кардани уҳдадориҳо ва розигиҳо, ки мазмуни онҳо аҳди яктарафаро ифода мекунанд ва розигиҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи нотариалии онҳоро ҳатмӣ кардааст, боҷи давлатӣ пешбинӣ карда мешавад.

Ҳамчунин, тибқи лоиҳаи қонун қисми 13 моддаи 4 ва қисми 4 моддаи 5 дар таҳрири нав ифода карда мешаванд.

Муқаррароти қисми 13 ба талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» мутобиқ карда шуда, андозаи боҷи давлатӣ барои анҷом додани бархе аз амалиёт зиёд карда шуд.

Мувофиқи маълумоти оморӣ, бекор кардани ақди никоҳ дар ду-се соли охир рӯ ба афзоиш ниҳода, шумораи зиёди кӯдакони ноболиғ аз тарбияи яке аз волидон маҳрум мегарданд. Дар маҷмӯъ, зиёда аз чор се ҳиссаи бекоршавии ақди никоҳ дар асоси ҳалномаи суд сурат мегирад. Аз ин рӯ, бо мақсади то андозае коҳиш додани бекоршавии ақди никоҳ бо ҳалномаи суд ва дар асоси аризаи муштараки ҳамсарон андозаи боҷи давлатӣ аз як ва якунимкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо мувофиқан ба ҳафт ва панҷкаратаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд карда шуд.

Бинобар сабаби он ки бақайд­гирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ на танҳо додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандии дахлдор, балки тартиб додани сабт ва анҷом додани дигар ­амалиёти вобаста ба сабтро дар бар мегирад, андозаи боҷи давлатӣ барои ворид намудани ислоҳ, тағйир ва иловаҳо ба сабти асноди таваллуд, ақди никоҳ, бекор кардани ақди никоҳ ва вафот, инчунин додани шаҳодатномаи такрории бақайд­гирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ мувофиқан ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд мегардад.

Қисми 4 моддаи 5 лоиҳаи қонун дар таҳрири нав ифода гардида, дар он танҳо имтиёз дар хусуси озод кардан аз боҷи давлатӣ барои амалиёте, ки ҷиҳати анҷом додани онҳо дар моддаҳои дахлдори қонуни мазкур боҷи давлатӣ муқаррар карда шудааст, пешбинӣ мегардад.

Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳои дигари пешниҳодгардида баҳри бартараф намудани такроршавӣ, зиддият ва гуногунфаҳмии ­меъёрҳо, ҳифзи сирри амалиёти нотариалӣ, нигоҳдории ҳуҷҷатҳо дар бойгонӣ, сифати хизматрасонии ҳуқуқӣ, ки ба талаботи замон бояд ҷавобгӯ бошанд, мутобиқ намудани меъёрҳои қонун ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият», «Дар бораи нотариати давлатӣ», кодексҳои гражданӣ ва оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кам кардани монеаҳо ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ равона шудааст. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода дода мешавад. Марҳамат.

Маҳмадалӣ ҚУРБОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади мутобиқ гардонидан ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қоидаҳои хизматрасонии иловагии ҳуқуқии музднок ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тасдиқ намудани шакли бланкҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва бланки шаҳодатномаҳое, ки дар асоси сабтҳо дода мешаванд, бланки дигар ҳуҷҷатҳое, ки факт­ҳои бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандиро тасдиқ мекунанд ва шакли варақаҳои ариза дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» таҳия гардидааст.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамудаашон ҷонибдорӣ намуда, 36 таклифу дархост пешниҳод карданд, ки қисме аз онҳо қабул ва қисми дигараш қабул нагардид.

Таклифҳои қабулгардида дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонун ба моддаи 60 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Умед дода мешавад. Марҳамат.

Умед СОЛЕҲЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии Шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ», ки бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, пешниҳод мегардад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 23 – юми декабри соли 2022 супориш доданд, ки аз якуми июли соли 2023 пардохти андоз ва боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар намуд­ҳои хизматрасонии давлатӣ пурра ба таври ғайринақдӣ ба роҳ монда шавад. Инчунин, барои беҳтар гардонидани хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ ба мақомоти гуногун супоришҳои мушаххас дода шуд. Иҷрои ин супоришҳои Пешвои миллат истифодаи васеи имзои электронӣ ва ҳуҷҷатҳои электрониро тақозо менамояд.

Ҳоло дар кишвар амалишавии чорабиниҳои гуногун дар самти иҷрои муқаррароти Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 643 аз 30 — юми декабри соли 2011 тасдиқ карда шудааст, идома доранд. Мутобиқи консепсияи мазкур ба сифати қисматҳои асосии инфрасохтори электронӣ гардиши воситаҳои имзои ­электронӣ — рақамӣ, ҳуҷҷатгузории ­электронӣ, савдои электронӣ ва дигар унсурҳо эътироф карда шудаанд. Инчунин, тибқи консепсияи мазкур ба сифати афзалиятҳои асосӣ ва самтҳои ташаккули ҳукумати ­электронӣ таъсиси заминаи зарурии меъёрии ҳуқуқии ташаккули ҳукумати электронӣ, ки ба сифати яке аз қисматҳои он рушди қонунгузорӣ, ки истифодаи имзои электрониро дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъмин намуда, бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҳамоҳанг менамояд, баромад мекунад.

Лозим ба ёдоварист, ки дар шароити ҳозира масоили марбут ба истифодаи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронии рақамӣ тибқи ду санади қонунгузорӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» аз 10 – уми майи соли 2002 (бо назардошту тағйироту иловаҳо) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» аз 30 — юми июли соли 2007 (бо назардошти тағйироту иловаҳо) мавриди танзим қарор гирифтаанд.

Қонунҳои дарҷгардида баҳри ба танзим даровардани муносибатҳои гуногуне, ки дар раванди истифодаи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронии рақамӣ, аз ҷумла муносибатҳо оид ба истифодаи имзои электронии рақамӣ дар ҳуҷҷати электронӣ, сохти ҳуҷҷати электронӣ, имконияти истифодаи ҳуҷҷати электронӣ дар раванди ҳуҷҷатгузории субъектони алоҳида, хусусиятҳои имзои электронии рақамӣ, истифодаи калидҳои имзои электронии рақамӣ, асосҳои эътиборнокии имзои электронии рақамӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба онҳо ба миён меоянд, равона шудаанд.

Ҳарчанд аз ҷониби ду қонуни алоҳида муносибатҳои марбут ба истифодаи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронии рақамӣ мавриди танзим қарор гирифтаанд, мутобиқан, имзои электронии рақамӣ барои имзои ҳуҷҷати электронӣ равона шуда, шахсияти имзокунандаро мушаххас ва ҳимояи ҳуҷҷати электрониро таъмин менамояд. Ҳар ду қонун асосан ду паҳлуи як масъалаи умумӣ — истифодаи ҳуҷҷати электронӣ, яъне ҳуҷҷате, ки бо истифода аз имзои электронии рақамӣ тасдиқ карда шудааст, мавриди танзим қарор медиҳанд.

Новобаста ба амали қонунҳои дарҷгардида, дар муносибатҳои марбут ба истифодаи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронии рақамӣ, як қатор саволҳо ва мушкилиҳо дар таҷриба ба миён меоянд, ки онҳо садди роҳи истифодаи васеи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронии рақамӣ гардидаанд. Аз ҷумла, ба таври гуногун муқаррар карда шудани мафҳумҳо ва хусусиятҳои ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронии рақамӣ дар ду қонун ба таври алоҳида, муқаррар карда нашудани қоидаҳои мушаххас оид ба имконияти истифода бурда шудани ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронии рақамӣ дар раванди бастани шартномаҳои гуногуни мадании ҳуқуқӣ ва амалӣ намудани дигар аҳдҳо ва дигар муносибатҳо дарҷ карда нашудаанд.

Истифодаи васеи технология ҷиҳати мушаххас намудани субъекти аҳдҳои алоҳида, ки имрӯзҳо аз ҷониби бонкҳо, дигар ташкилотҳои қарзӣ ва операторони алоқаи мобилӣ бо мақсади роҳандозӣ намудани хизматҳои гуногун васеъ истифода бурда шуда истодаанд, на танҳо дар қонунҳои дарҷгардида, балки дар қонунгузории ҷорӣ, дар маҷмӯъ, ба таври дахлдор мавриди танзим қарор дода нашудаанд.

Бо назардошти аз байн бурдани чунин холигӣ дар танзими ҳуқуқии муносибатҳои дахлдор лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» мутобиқи Протоколи ҷаласаи XXI Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ аз 25 – уми феврали соли 2021, ҷиҳати истифодаи васеи технологияҳои иттилоотӣ ва корбарии электронӣ дар раванди ҳуҷҷатгузориҳои давлатӣ, молиявию бонкӣ, андозу гумрук ва дигар соҳаҳо ва бо ин васила ҷорӣ кардани ҳуҷҷатҳои электронӣ ва истифодаи васеи имзоҳои электронӣ дар раванди чунин ҳуҷҷатгузориҳо, аз ҷониби гурӯҳи кории байниидоравӣ таҳия гардид.

Қабули лоиҳаи қонун барои ноил шудан ба ҳадафҳои зерин равона шудааст:

1. Аз лиҳози иқтисодӣ лоиҳаи қонун ҷиҳати аз байн бурдани хароҷоти субъектони муносибатҳои дахлдор, аз ҷумла мақомоти давлатӣ, инчунин барои таъсиси шахсони ҳуқуқии нав ва ҷойҳои кори холии нав заминаи ҳуқуқиро ба миён хоҳад овард, зеро дар ҳолати истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ ва имзоҳои рақамӣ дар ҷараёни коргузории байни мақомоти давлатӣ бо муносибат бо дигар субъектон, инчунин дар коргузории дохилии мақомоти давлатӣ, як қатор хароҷоти ин мақомоти давлатӣ, ки барои харидории воситаҳои дахлдор барои таъмини коргузорӣ ва ҳуҷҷатгузорӣ равона карда шуда, ин маблағҳо аз ҳисоби буҷет ба ин мақомоти давлатӣ ҷудогардида сарф карда мешаванд, кам гардида, маблағҳои захирашуда барои рӯйпӯш намудани дигар хароҷоти мақомоти давлатӣ равона карда мешаванд.

2. Дар самти таъсис додани шахсони ҳуқуқии нав ва ҷойҳои кори нав бошад, лоиҳаи қонун низ заминаи ҳуқуқии дахлдорро ба миён оварда, муқаррароти он барои боз ҳам бештар гардидани шумораи марказҳои тасдиқкунанда (ҳам давлатӣ ва ҳам хусусӣ), ташкил шудани ҷойҳои кори нав ва бо ин васила ғанӣ гаштани буҷети давлатӣ аз пардохтҳои андозии ин субъектон равона карда шудааст.

3.  Дар лоиҳаи қонун, бо фарқ аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» дар таҳрири амалкунанда ибораи «имзои электронии рақамӣ» ба ибораи «имзои электронӣ» иваз карда шудааст. Сабаби чунин ивазнамоии ибораи мазкур дар он аст, ки имзои электронии рақамӣ хусусияти рақамиро доро буда, дар асоси технологияи мушаххас мавриди истифода қарор дода мешавад ва аз ин сабаб имзои электронии ғайрирақамиро истисно менамояд, аммо дар таҷриба маҳз истифодаи васеи имзоҳои электронии ғайрирақамӣ мушоҳида карда мешавад. Бо дарназардошти ин, дар лоиҳаи қонун мафҳуми васеи имзои электронӣ, ки дарбаргирандаи ҳам имзои электронии рақамӣ ва ҳам имзои электронии одӣ (ғайрирақамӣ) мебошад, дарҷ карда шудааст.

4. Дар лоиҳаи қонун имконияти таъсис намудани марказҳои тасдиқкунанда дар заминаи шаклҳои гуногуни моликият пешбинӣ карда шудааст, ки барои боз ҳам инкишоф ёфтани фаъолияти соҳибкорӣ дар самти мазкур ва таъмин намудани рақобати солим заминаҳои ҳуқуқӣ хоҳад гузошт.

Дар ҷараёни коркарди лоиҳаи қонуни мазкур таҷрибаи давлатҳои дигар, ки дар онҳо истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ ва имзоҳои электронӣ то ба қадри дахлдор рушд ёфтаанд, аз қабили Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Покистон ва дигар давлатҳо мавриди истифода қарор дода шуданд.

Бо назардошти ин гуфтаҳо, аз шумо, вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни зикршударо дастгирӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ҳаст? Нест.

Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Юсуфӣ Муҳаммадраҳим дода мешавад. Марҳамат.

Муҳаммадраҳим ЮСУФӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳия гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Он бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 – уми ноябри соли 2022 таҳти №1459 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ва барои додани хулоса ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид.

Лоиҳаи қонун ба хотири ҷорӣ кардани ҳуҷҷатҳои электронӣ ва истифодаи васеи имзоҳои электронӣ дар раванди ҳуҷҷатгузориҳои давлатӣ, молиявию бонкӣ, андозу гумрук ва дигар соҳаҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ таҳия гардида, муносибатҳои гуногуне, ки дар раванди истифодаи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронии рақамӣ, аз ҷумла истифодаи имзои электронии рақамӣ дар ҳуҷҷати электронӣ, сохти ҳуҷҷати электронӣ, имконияти истифодаи ҳуҷҷати электронӣ дар раванди ҳуҷҷатгузории субъектҳои алоҳида, истифодаи калидҳои имзои электронии рақамӣ, асосҳои эътиборнокии имзои электронии рақамиро танзим менамояд.

Ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронии рақамӣ мувофиқи ду санади қонунгузорӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» аз 10 – уми майи соли 2002 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» аз 30 — юми июли соли 2007 мавриди амал қарор доранд.

Қонунҳои амалкунанда – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» якҷоя карда шудаанд, ки моҳиятан муносибатҳои ба ҳам якхелаи ҷамъиятиро танзим менамоянд.

Дар рафти таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур таҷрибаи давлатҳои дигар, ки дар онҳо истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ ва имзоҳои электронӣ то ба қадри имкон рушд ёфтаанд (Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Покистон ва дигар давлатҳо), мавриди истифода қарор дода шуданд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ карда, баҳри такмили он 31 таклиф манзур намуданд, ки аз он 14 таклиф қабул, 4 пешниҳод қисман қабул ва 13 пешниҳоди дигар қабул нашуданд.

Лоиҳаи қонун ба моддаи 30 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маб­лағи иловагиро талаб намекунад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад?

Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатии интихоботии Деваштич №24 Исмоилиён Комрон Исмоилзода дода мешавад. Марҳамат.

Комрон ИСМОИЛИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Пешниҳод гардидани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» идомаи мантиқии тат­биқи ҳадафҳои дар Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида буда, ба иҷрои дастуру ҳидоятҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудааст.

Маврид ба зикр аст, ки мукаммалсозии қонунгузорӣ дар самти рақамикунонӣ яке аз мавзӯъҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи байналмилалии ҷумҳуриамон маҳсуб ёфта, инчунин сатҳу сифати хизматрасониҳоро ба мардум беҳтар мегардонад. Хусусан, ба шаффофият ва бидуни омили инсониву бо сарфаи вақт пешниҳоду гирифтани маълумот мусоидат менамояд. Масалан, дар шароити ҳозира зиёда аз 60 намуди хизматрасонии низоми андозсупорӣ тариқи электронӣ роҳандозӣ гардида, наздики 145 ҳазор субъекти хоҷагидор эъломияҳои андозро электронӣ пешниҳод менамоянд.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намоед. 

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад?

Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сох­тори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзуллозода Зафар дода мешавад. Марҳамат.

Зафар ФАЙЗУЛЛОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ», ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо назардошти ҷорӣ намудани ҳуҷҷатҳои электронӣ ва истифодаи васеи имзоҳои электронӣ дар раванди ҳуҷҷатгузориҳои давлатӣ, молиявию бонкӣ, андозу гумрук ва дигар соҳаҳо таҳия гардидааст.

 Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ»-ро мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор дода, ҷиҳати такмили он 4 таклиф пешниҳод намуд, ки ҳамаи онҳо қабул ва дар лоиҳа ба назар гирифта шуданд.

Мавриди зикр аст, ки ду қонуни амалкунанда, яъне Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи имзои электронии рақамӣ» асосан ду паҳлуи як масъалаи умумӣ, истифодаи ҳуҷҷати электронӣ, яъне ҳуҷҷатеро, ки бо истифода аз имзои электронии рақамӣ тасдиқ карда шудааст, мавриди танзим қарор медиҳанд. Бо дар назардошти ин, қонунҳои амалкунанда якҷоя шудаанд, ки моҳиятан муносибатҳои ба ҳам якхелаи ҷамъи­ятиро танзим менамоянд.

Дар лоиҳаи қонун пешбинӣ гардидани имконияти таъсис намудани марказҳои тасдиқкунанда дар заминаи шаклҳои гуногуни моликият барои боз ҳам инкишоф ёфтани фаъолияти соҳибкорӣ ва таъмин намудани рақобати солим заминаҳои ҳуқуқӣ хоҳад гузошт.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории қабули қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад?

Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода дода мешавад. Марҳамат.

Раънохон БОБОҶОНИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» ҳамқадами замон будан аст, зеро сол то сол аз ҳуҷҷатҳои электронӣ шурӯъ гардида, то зеҳни сунъӣ мафҳумҳои ҳам аз нигоҳи ҳуқуқӣ ҳам аз нигоҳи истифодабарӣ, дар ҷомеа бештар маъмулӣ мегарданд. Қонуни мазкур аз 8 боб, 38 модда иборат буда, танҳо дар моддаи 1-ум 23 мафҳуми асосӣ, аз ҷумла чӣ будани имзои электронии одӣ, имзои ­электронии мукаммал, имзои электронии ҳифзшуда, сертификати воситаҳои имзои электронии ҳифзшуда маълумот дода мешавад. Суол ба миён меояд, ки ҳуҷҷати электронӣ дар кадом соҳаҳо амалӣ мешавад? Дар моддаи 7 қонуни мазкур омадааст, ки «Ҳуҷҷати электронӣ метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолият, ки дар онҳо воситаҳои барномавӣ ва техникии барои омода, коркард, нигоҳдорӣ, интиқол ва қабули иттилоот заруранд, истифода шавад».  Ҳамчунин, бо ёрии ҳуҷҷатҳои электронӣ аҳдҳо ба амал бароварда шуда (шартномаҳо баста шаванд), ҳисоббаробаркуниҳо, мукотибот, интиқоли ҳуҷҷатҳо ва маълумоти дигар ба роҳ монда мешаванд.

Дар баробари он, масъалаи муҳим ҳифзи ҳуҷҷатҳои электронӣ мебошад. Мо шоҳиди он ҳастем, ки дар дунёи рақамӣ вирусҳо ва ҳамлаҳои хакерӣ ба иқтисодиёти ширкатҳои бузургтарин таъсири манфӣ мерасонанд. Моддаи 13 ба ҳифзи ҳуҷҷатҳои электронӣ бахшида шудааст. Дар асоси он шахсоне, ки ба омода кардан, коркард, қабул, интиқол ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ машғуланд, бояд аз воситаҳои барномавӣ ва техникие истифода баранд, ки сатҳи зарурии ҳифзи ин гуна ҳуҷҷатҳоро аз тағйироти беиҷозат таъмин менамоянд.

Ин қонун ба омода кардани ­кадрҳои барномасоз, IT-мутахассисон таваҷҷуҳи хоса медиҳад, талабот ба онҳо меафзояд. Чунончи, дар моддаи 21 қонун «ҳангоми омода кардани имзои электронии мукаммал субъектҳои истифодабарандаи ин намуди имзо бояд талаботи зеринро таъмин намоянд:

1) мавҷудияти мутахассисони дахлдор дар воҳиди кории худ;».

Гузашта аз ин, қабули қонуни имзои электронӣ кумак мекунад, ки дар раванди имзои ҳуҷҷатҳо огоҳонатар муносибат намоем. Ҳоло, бисёр одамон дар бораи чизҳои муҳим, ба монанди амнияти иттилоотӣ, гигиенаи рақамӣ ва дигар мафҳумҳо аз муҳити рақамӣ фикр мекунанд. Қабули қонуни мазкур дар ин самт кори муштариёнро осон менамояд. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» мукаммал аст. Мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ шавад ё яклухт қабул карда шавад? Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» ба овоз монда шуда,  қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» шурӯъ мекунем.

Сухан ба муовини директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримӣ Равшан дода мешавад. Марҳамат.

Равшан КАРИМӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Хариди давлатӣ ҳамчун низоми хароҷоти сарфакорона ва самараноки маблағҳои давлатӣ солҳои охир дар асоси сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди ислоҳот қарор дода шуда, дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд ба такмили қонунгузории хариди давлатӣ ва роҳандозии низоми муосири хариди давлатии электронӣ равона карда шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» соли 2006 қабул гардида, ба он соли 2012 тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд. Минбаъд, такмили қонунгузории хариди давлатӣ бо «Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 — юми декабри соли 2016 таҳти №531 «Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ва вазифаҳо барои соли 2017» пешбинӣ карда шуда, таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» дар доираи «Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ» оғоз гардид.

Зимни таҳияи лоиҳаи қонун, уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 – уми октябри соли 2014 таҳти №691 «Дар бораи барномаи мутобиқгардонии иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо» ва «Протокол миёни давлатҳо-иштирокчиёни шартнома оид ба минтақаи савдои озод аз 18 — уми октябри соли 2011 дар бораи қоидаҳо ва танзими расмиёти хариди давлатӣ» ба назар гирифта шудаанд.

Бо ин мақсад, дар лоиҳаи қонун принсипҳо, меъёрҳо ва муқаррароти дахлдори қонуни қолабии Созмони Милали Муттаҳҳид ЮНСИТРАЛ ва Созишномаи Созмони умумиҷаҳонии савдо оид ба хариди давлатӣ пешбинӣ карда шудаанд. Ҷиҳати таҳияи лоиҳаи қонун мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Котиботи Созмони умумиҷаҳонии савдо кумаки техникӣ расонида шуда, лоиҳаи қонун бо роҳи баргузории гуфтушунидҳои дуҷониба бо ҳар як кишвар — аъзои Созишномаи Созмони умумиҷаҳонии савдо оид ба хариди давлатӣ мувофиқа гардид.

Ҳадафи асосии қабули қонун такмили механизмҳои мавҷуда ва ҷорӣ кардани усулу механизмҳои нави хариди давлатӣ, ки амалияи беҳтарини байналмилалиро дар бар гирифта, дар кишварҳои зиёди ҷаҳон роҳандозӣ гардида истодаанд, ба ҳисоб рафта, қабули он ба беҳтар гардидани мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раддабандиҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар қиёс ба қонуни амалкунанда, лоиҳаи қонун нисбат ба харидҳои давлатӣ ҷиҳати таъмини мудофиаи миллӣ, амнияти миллӣ, сирри давлатӣ, металл ва сангҳои қиматбаҳо, инчунин барои рафъи оқибати ҳолатҳои фавқулода ва дигар ҳолатҳои ногаҳонӣ, ки айни ҳол мутобиқи моддаи 1 қонуни амалкунанда аз доираи амал истисно гардидаанд, татбиқ мегардад. Хариди давлатӣ бо мақсадҳои зикршуда мутобиқи банди 11 — уми «Нақшаи чорабиниҳо оид ба таъмини иҷрои тавсияҳои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд» дар доираи «Нақшаи амалиёти Истанбулии Шабакаи мубориза бо коррупсия барои давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ» бояд бо қонунгузории хариди давлатӣ фаро гирифта шуда, дар баробари чунин харидҳо тибқи усул ва механизмҳое, ки амнияти миллӣ, сирри давлатӣ ва қонеъ кардани эҳтиёҷоти фавриро таъмин мекунанд, анҷом дода мешавад.

Доираи амали қонуни нав бо дарназардошти Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Муассисаи давлатии «Дирексияи сохт­мони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тавсияҳои шарикони рушд, ки лоиҳаҳои давлатии сармоягузориро маблағгузорӣ менамоянд, муайян карда шудааст.

Дар қонуни амалкунанда салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моддаҳои гуногун оварда шуда, мутобиқи лоиҳаи қонун доираи салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як модда — моддаи 6-ум муқаррар гардидааст.

Бо назардошти хусусияти фаъо­лияти корхонаҳои давлатӣ, нисбат ба онҳо муқаррароти дахлдор вобаста ба фаъолияташон ҳам ба ҳайси ташкилоти харидор ва ҳам таҳвилгар (паймонкор) пешбинӣ карда шудааст. Инчунин, дар боби 2 тасдиқи тартиби харид барои намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст.

Марҳилаи расмиёти омодагӣ ба харид мукаммал гардонида шудааст, аз ҷумла тибқи тавсияҳои коршиносони байналмилалӣ раванди банақшагирии харид мушаххастар гардонида шуда, моддаҳои нав оид ба машварати пешакии бозор, ҳисоби арзиши тахминии харид ва тавсифоти техникии предмети харид, ки табъйизи эҳтимолии таҳвилгарону паймонкоронро пешгирӣ менамоянд, пешбинӣ карда мешаванд.

Бо мақсади истифодаи воситаҳои муосири дар ҷаҳон пазируфташуда, ки сарфаи бештари маблағҳои давлатӣ, баланд бардоштани самаранокии харид, шаффофияти расмиёти харид ва рушди рақобати солимро миёни иштирокчиёни озмунҳо таъмин менамояд, усулҳои нави харид — созишномаҳои қолабӣ, музоядаҳои электронии баръакс ва музокироти рақобатӣ ҷорӣ хоҳанд гардид. Инчунин, дар боби 4-ум харидҳо бо мақсади рушди устувор ва иҷтимоӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии минбаъд қабулшаванда пешбинӣ карда шуда, бевосита дар лоиҳаи қонун ба таври афзалиятнок харидории маҳсулоти истеҳсолменамудаи муассисаю корхонаҳои низоми иҷрои ҷазои ҷиноятӣ муқаррар мегардад.

Боби 5-ум моддаҳои нав – «Муомила бо маълумоти дорои сирри давлатӣ», «Муросилот дар расмиёти харид ва истифодаи воситаҳои электронӣ», «Рӯйхати истифодаи бисёркарата» ва «Пешниҳодҳои озмунӣ бо нархи ғайритабиӣ паст» — ро пешбинӣ намуда, ҳамзамон ҷанбаҳои дигари расмиёти хариди давлатиро мукаммал мегардонад.

Мутобиқи боби 6-ум, расмиёти хариди давлатӣ такмил дода мешавад, аз ҷумла раванди арзёбии пешниҳодҳои озмунӣ мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, инчунин меъёрҳои нав нисбат ба истифодаи усулҳои «дархости нархнома» ва «хариди мустақим» муқаррар мегарданд.

Мувофиқи тавсияҳои шарикони рушд, бо моддаи 61 мақоми нави мустақил — Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии шикоятҳо таъсис дода шуда, ҳадаф аз он баррасии холисонаи арзу шикоятҳои таҳвилгарон ва паймонкорон мебошад. Бо таъсис ва фаъолияти комиссияи мазкур ҳуқуқу манфиатҳои қонунии таҳвилгарон ва паймонкорон ҳифз гардида, рушди рақобати солим ва пешгирии амалу қарорҳои хилофи қонун таъмин хоҳад гардид.

Яке аз марҳилаи муҳими хариди давлатӣ иҷрои шартномаҳои хариди давлатӣ маҳсуб ёфта, бо мақсади пурра танзим гардидани он муқаррароти танзимкунандаи марҳилаи мазкур бо боби 8 такмил ва васеъ карда шудааст. Моддаҳои нав – ­«Масъулият барои маъмурикунонӣ ва назорати иҷрои шартномаи харид», «Тасҳеҳи нархҳо», «Пудрати фаръӣ ва гузашт» ва «Азназаргузаронии мол, кор ва хизматрасонӣ» доираи ҳуқуқу ухдадориҳои тарафҳои шартномаи харидро муайян намуда, принсипҳои маъмурикунонии шартномаро мушаххас менамоянд.

Бо мақсади таъмини беғаразии расмиёти хариди давлатӣ ва пешгирии сабабу шароити ба коррупсия мусоидаткунанда, боби нав — боби 9-ум «Маҳдудиятҳо ҳангоми гузаронидани хариди давлатӣ» пешбинӣ карда шуда, ҳолатҳои бархӯрди манфиатҳои хизматчиёни давлатӣ мушаххастар мегарданд.

Инчунин, бо назардошти таҷрибаи андӯхта ҳолатҳое, ки мувофиқи онҳо таҳвилгарон ва паймонкорон ба феҳристи таҳвилгарони (паймонкорони) беэътимод (бевиҷдон) бинобар содир кардани кирдорҳои номатлуб ворид карда мешаванд, васеъ карда шудааст.

Қабул ва мавриди иҷро қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» барои ноил гаштан ба ҳадафҳои низоми хариди давлатӣ, аз қабили сарфакорона ва самаранок истифода намудани маблағҳо бо роҳандозии усулҳои нави хариди давлатӣ, таъмини рақобат дар доираи расмиёти шаффофи хариди давлатӣ ва беғаразии шахсони масъул, такмили расмиёти харид ва ҷорӣ гардидани механизмҳои муассир, назорати иҷрои уҳдадориҳои шартномавӣ ва дар маҷмӯъ такмили фаъолияти харидорӣ ва ташаккули фазои ягона ва устувори низоми хариди давлатӣ дар заминаи стандартҳои байналмилалӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон бо шартномаҳои байналмилалӣ эътироф шудаанд, фароҳам меорад.

Татбиқи қонуни мазкур маблағгузории иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб накарда, омӯзонидани ташкилотҳои харидор ва бахши хусусӣ ҷиҳати фаъолият дар низоми такмилдодашуда аз ҳисоби маблағҳои «Лоиҳаи мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ» ва грантҳои шарикони рушд амалӣ мегардад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Раҳматзода Рустам дода мешавад. Марҳамат.

Рустам РАҲМАТЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи хариди давлатӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Вобаста ба мазмун ва муҳтавои лоиҳаи қонуни мазкур муовини директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримӣ муфассал маълумот доданд.

Лоиҳаи қонун бо мақсади таъмини истифодаи самараноки маб­лағҳои давлатӣ ва мутобиқ намудани он ба меъёр ва стандартҳои байналмилалӣ, ки аз уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар узвият дар Созмони умумиҷаҳонии савдо бармеоянд, таҳия гардида, ба танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ марбут ба хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ, ташаккули низоми ягонаи хариди давлатӣ ва шаффофияти расмиёти хариди давлатӣ равона шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкур ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия барои баррасӣ ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулоса ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуд.

Кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон қабул кардани лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он зиёда аз 150 таклифу пешниҳод манзур гардид, ки аксарияти онҳо дастгирӣ ёфтанд.

Лоиҳаи қонун расмиёти дохилиро гузашта, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузории мамлакат, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикис­тон мутобиқ буда, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» овоз диҳед.

РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад?

Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддинзода Мавзуна дода мешавад.

Мавзуна ШАМСИДДИНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи хариди давлатӣ» ба истифодаи самарабахш ва сарфакоронаи маблағҳои давлатӣ равона гардида, барои рушди устувор ва иҷтимоии кишвар мусоидат менамояд.

Низоми қоидаҳо ва муносибати амалӣ, ки қонуни мазкур пешбинӣ менамояд, барои кам кардани таъсири манфӣ ва мусоидат ба таъсири эҳтимолии мусбат ба муҳити зист, фароҳам овардани имкониятҳо барои соҳибкории хурду миёна, умуман ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоиёт равона гардидааст.

Бояд қайд кард, ки усулҳо ва расмиёти хариди давлатӣ дар лоиҳаи қонун пешбинӣ гардида, барои иштирокчиёни хариди давлатӣ имкониятҳои ба онҳо манфиатоварро таъмин менамояд.

Ҳама хуб медонанд, ки ин нуқта барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии ватанӣ, ки маҳаки асосии таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб мераванд, бисёр муҳим аст.

Қонуни мазкур заминаи ҳуқуқии кафолати хариди давлатии озуқаи ҳаётан муҳимро барои аҳолии кишвар фароҳам меоварад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» овоз диҳед.

РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад?

Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ашӯрзода Ғиёсиддин дода мешавад.

Ғиёсиддин АШӮРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи хариди давлатӣ» бо мақсади такмили қонунгузории хариди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба меъёр ва стандартҳои байналмилалӣ ва расмиёти танзими хариди давлатӣ мувофиқ будан таҳия карда шуда, он рӯзмарра мебошад.

Лоиҳаи қонуни мазкур, инчунин мукаммалгардонии танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ доир ба принсипҳои хариди давлатӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хариди давлатӣ, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба хариди давлатӣ, хариди давлатии электронӣ, ­харидҳо бо мақсади рушди устувор ва иҷтимоӣ, ҷанбаҳои умумии расмиёти харидро дар бар мегирад, ки қобили дастгирист.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаи қонунро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуда, аз шумо, вакилони гиромӣ, низ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: - Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» мукаммал аст, мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ шавад ё яклухт қабул карда шавад?

Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи хариди давлатӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд.

Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Барои иштироки фаъолонаатон изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Маҳмудҷон УСМОНОВ,

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ