Аз эътиқод набояд суиистифода кард

№4 (3484) 09.01.2016

Ифротгаройӣ ва терроризм аз ҷумлаи падидаҳое мебошанд, ки барои амнияти миллии ҳар як кишвар ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунанд.

Ҷараёни салафия аз тарафи Ибни Таймия ва Муҳаммад ибни Абдулваҳоб ташкил ёфта, дар ибтидо «ваҳобия» ном дошт ва баъдан пайравони он номи «салафия»-ро барои худ авлотар донистанд.

Зарур аст, ки ҳадафҳои ин гурўҳи террористӣ ошкор карда шавад, то ки насли наврасро фиреб накунанд. Мақсади ин ҷараёни террористӣ расидан ба ҳадафҳои ғаразноки сиёсӣ, ки паси он кишварҳои ҷудогона қарор доранд, маҳсуб меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмаш ба Маҷлиси Олии кишвар минҷумла зикр карда буд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Ҳодисаҳои нангин ва даҳшатборе, ки дар давлатҳои Франсия, Либия, Тунис, Сурия, Ироқ, Миср ва  ғайра рух доданд, далели возеҳи ин суханон аст.

Мардуми Тоҷикистон низ, дар баробари дигар мардумони кишварҳои ҷаҳон, ин амали нангинро маҳкум намуда, атрофи сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи Пешвои худ муттаҳид гардида, дастовардҳои Тоҷикистони азизро бештар аз пештар байни аҳолӣ, хусусан ҷавонон, тарғибу ташвиқ намуда, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст намедиҳанд.

Яке аз сабабҳои асосии парокандагии мусалмонон дар дунё имрўз таъсис додани ҳизбу ҳаракатҳои гўё ба дини Ислом рабтдошта мебошад. Агар таъсис додани ҳизбу ҷараёнҳо дар дини мубини Ислом зарур мебуд, ҳатман он дар каломи илоҳӣ зикр мегардид.

Мавриди ёдоварист, ки Қуръони карим бо зикри «Ба номи Худованди бахшояндаи меҳрубон» оғоз мешавад ва куштор, бераҳмӣ ва таркондани макони ороми мардум ба ҳеҷ ваҷҳ амри Офаридгори бахшояндаву меҳрубон шуда наметавонад.

Ислом дини муросо, таҳаммул, сабр ва меҳрубонӣ аст. Бар асоси таълимоти Ислом, вақте ки мусалмон нафари дигареро вомехўрад, салом, яъне сулҳро ба забон меорад.

Паёмбари ислом (с) дар ҳадиси муборакашон фармудаанд, ки «Аз зиёдаравӣ дар умури динӣ ҳазар кунед! Бешак, бисёр умматонеро, ки пеш аз шумо арзи вуҷуд доштанд, зиёдаравӣ дар дин ба ҳалокат расонид».

Имрўз ҳамаи моро зарур аст, ки муҳаббат ва самимияти худро нисбат ба миллат, давлат ва сарзамини аҷдодӣ тақвият  бахшем, аз ҳимояи ин хоки муқаддас дар канор набошем ва ҳамеша ҷиҳати пойдории сулҳу салоҳ кўшиш намоем.

Дар охир андешаҳои худро бо таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъбаст менамоям: «Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад».

ШАРИФЗОДА Муҳаммадӣ Шариф, сармутахассиси шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон