Баёзи суханварони Гулистон

№ 18.06.2016

Бо ибтикори раиси шаҳри Гулистон Матлубахон Амонзода ашъори дастҷамъонаи суханварони шаҳр таҳти унвони «Баёзи Гулистон» аз чоп баромад.

Бино ба иттилои котиби матбуотии раиси шаҳри Гулистон Рустам Одизода дар маҷмӯаи мазкур нигоштаҳои аҳли адаби Гулистон дар даврони истиқлол гирдоварӣ шудааст, ки дастоварду пешрафтҳои кишвар ва сулҳу ваҳдати миллӣ мавзӯи меҳварии онҳоро ташкил медиҳад.

«Баёзи Гулистон» аз фаслҳои «Назм», «Азизони равоншоди сухан», «Наср», «Андешаҳо», «Модарнома», «Гултаронаҳо», «Адибони русзабон» ва «Чакидаи хомаи ӯзбекзабонон» мураттаб гардидааст.

Абдувосит Салимзода,  «Садои мардум»