Дар суҳбати модари садсолаи мо

№129 (4712) 30.10.2023

Низомрамох зарипова ранга [Оригинальный размер]Ин бонуро, ки дар пояи аввали норбони ҳавопаймо истода, аз дигарҳо пештар Президентро ба оғӯш гирифта, модарвор бӯсид ва дар гарданаш гулбанд овехт, борҳо дидаам, аммо ҳеҷ вақт ба ин ҳад шоду хандон ва тароватнок нанамуда. Вай он рӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати бо Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон имзошуда бозгаштанаш табрик мекард. Он рӯз — 28-уми июни соли 1997, майдони ҳавоӣ аз пешвозгирандагони шоду масрур пур буд. Ман дар симои зани гулбандбурда чеҳраи Энаҷон Бойматоваи конибодомиро медидам, ки ду-се сол пеш ҳамроҳи аъзои бригадааш-занҳои меҳнатдӯст дар пахтазор ба ­Эмомалӣ Раҳмон мегуфт: «Шумо, бачам, ба гуруснагии мо аҳамият надода, ғам нахӯрда, дар Тоҷикистон сулҳро барқарор кунед, халқу мамлакат орому осуда шавад, мо боз ҳамаамон серу пӯшида мешавем». Ман дар симои он зани гулдеҳ занони соли 1993 аз Афғонистон баргаштаи деҳаи Тоҷикободи ноҳияи Шаҳритусро медидам, ки дар хоктӯдаҳои хонаҳои харобшудаашон бо Эмомалӣ Раҳмон суҳбати гарм доштанд. Чанд қадам онтарафтар бачаҳои бемактабмонда, дар ҳавои кушод дарс мехонданд. Дар симои ин зани гулрез он зани рӯшониро медидам, ки байни Президент ва «боевикҳо» бо рӯймоли сари чун сипар кушода чун ҳомӣ меистод — модар — парастор буд.

Ин зани гуловарда бароям тимсоли ҳамаи занҳои азизи Тоҷикистон буд ва дар ҳақиқат ҳам ба ин мартаба меарзид. Вай арбоби барҷастаи давлатӣ ва инсони машҳур ва маҳбуби Тоҷикистон Низорамоҳ Зарифова буд, ки 4-уми ноябри соли 2023 ба зодрӯзашон 100 сол пур мешавад. Гумон мекунам, дар замони хизматашон ба халқу миллату Ватан ин қадар ғамхорию ёрию роҳнамоӣ кардаанд, ки дуои неки мардум мустаҷоб шуда, ба синни мубораки садсолагӣ расидаанд.

Ман бо арбоби давлатӣ — Низорамоҳ Зарифова бисёр суҳбатҳо кардаам ва сабти иддае аз онҳоро дорам. Як нақлашон чунин буд: «Дар вақти наврасӣ ва ҷавонӣ дар колхоз кор мекардем ва инчунин, таҳсил менамудем. Ҳамаи кори хонавода ба зиммаи модарам ва мо духтарони хона буд, зеро мо аз падар ятим мондем. Падарам дар панҷсолагии ман аз дунё гузаштанд ва мо ҳамроҳи модару се хоҳарам рӯзгорро пеш мебурдем. Дар оила ҳамагӣ зан будем, як ако доштам, ки дар сенздаҳсолагияшон вафот кардаанд. Рӯзи мо бо меҳнати хонадорию ҷамъиятӣ — пахтакорию пахтачинӣ, алафдаравию кори хоҷагидорӣ ­мегузашт. Боз дар он рӯзҳо боқимондаҳои босмачиҳо ба сарамон ваҳму душвориҳо меоварданд — киштаамонро хароб мекарданд, ғаллаҳоямонро оташ мезаданд, чанд одами бегуноҳро барои тарсондани чашми мардум куштанд. Дар ҳамин гуна муҳит ба воя мерасидем, чашмамон ба ихтилофоти зиндагӣ кушода мешуд, ҳамин тавр, мо неку бади ҳаётро мефаҳмидагӣ шудем». Дар чунин муҳиту шароити вазнин аксарияти ҳамзамонони Низорамоҳ – дар домони Тоҷикистони навдавлат ба камол расиданд, тарбия ёфтанд ва ба ҳамдигар, ба Ватан, ба халқ дил бастанд, он рӯзи сахтро ба фардои орому осуда оварда, ба ин мартабаҳо расиданд.

Низорамоҳ Зарифова аз синни мактабӣ ба ҳаёти иҷтимоӣ пайваст. Ӯ дар варзишгарӣ, аз ҷумла велосипедсаворӣ, на танҳо байни духтарон, балки байни ҳамаи ҳаммактабонаш шуҳрат ёфт. Ин буд, ки соли 1937 дар Олимпиадаи умумииттифоқӣ аз Майдони сурх велосипедсавор гузашт ва рӯзи дигар чун ҷузъи намояндагони Тоҷикистон дар мулоқот бо Сталин иштирок кард.

Ёди дигар дар хотироти Низорамоҳ аз он даврон чунин аст: «Дар деҳот зарурати кадрҳо пеш омаду ҳукумати ноҳия хост, ки чанд нафар аз духтарони деҳотро барои таҳсил ба Душанбе (он замон Сталинобод) фиристонад. Он вақтҳо модарам барои таҳсили ман бисёр ҳавасманд буданд. Соли 1937 шабе тахминан соатҳои 23 моро ба як мошини боркаш савор карда, барои таҳсил ба шаҳри Душанбе ба Омӯзишгоҳи омӯзгорӣ оварданд. Моро дар хобгоҳи он омӯзишгоҳ ҷой намуданд. Дар хобгоҳ 32 нафар духтарон зиндагӣ мекардем ва дар байни мо намояндагони якчанд миллат буданд. Аввалҳо забони якдигарамонро намедонистем. Дар хобгоҳ ва мактаби мо дар баробари дарс мулоқотҳо ва идҳои гуногун баргузор мешуданд.

Рӯзе устод Абулқосим Лоҳутӣ ба мактаби мо омаданд. Ҳама аз дидори он кас хурсанд гашта, суҳбаташонро бо дилу ҷон гӯш кардему саволборонашон намудем. Шодии мо аз ин мулоқот ҳадду канор надошт. Дар ин вохӯрӣ устод Абулқосим Лоҳутӣ якчанд шеърҳояшонро барои мо қироат намуданд. Мо ҳам аз шеърҳои устод порчаҳо қироат кардем. Ин вохӯрӣ ба ман барои расидан ба қуллаҳои минбаъдаи омӯзишу таҳсил неруи тозае бахшид».

Устод Лоҳутӣ фурсатдон, минбароро ва мубаллиғ буданд ва бегумон аз порчаҳои шеърҳои зерин, ки рӯҳи замон ва рӯҳи маҳфилро ифода мекунанд, он ҷо хонда шудаанд:

Тоҷикистон шуд мунаввар, то ту гаштӣ бениқоб

Оламе равшан шавад, чун маҳ барояд аз саҳоб.

Офарин бар қуввае, к-аз парда озодат намуд,

Ҳайф буд, он ҳусни оламгир монад дар ҳиҷоб.

Ё шеъре, ки «Барои савод» ном дорад:

Ба даври шоҳу амирон ба ғайри басаи бой,

Ба умри хеш намедид кас лиқои савод.

Савод аслиҳаи дасти ҳукмдорон буд,

Намерасид ба деҳқон магар ҷафои савод.

Аз хотираҳои замони таҳсилаш дар Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Сталинобод дар як маҳфил соли 2022 Низорамоҳ чунин ёдоварӣ кард:

- Директори омӯзишгоҳ Баҳрӣ Тоҳирова яке аз аввалин занҳое, буд, ки ба ҳайати роҳбарии Тоҷикистони навтаъсис ворид гардид. Ӯ соли 1924 дар Ҳукумати Ҷумҳурии автономии Тоҷикистон дохил буд ва вазифаи асосиаш таблиғ дар байни тоҷикони водии Фарғона ба шумор мерафт. Баъдтар вай ба пойтахти Тоҷикистон омад, роҳбари омӯзишгоҳ, мудири идораи таблиғу ташвиқи шаҳри Сталинобод, муовини вазири маорифи Тоҷикистон шуд. Бо хоҳараш Ҳамро Тоҳирова борҳо депутати Шӯрои Олии Тоҷикистон интихоб гардидаанд. Ҳамро аввалин архитектори касбии тоҷик, иштирокчии Анҷумани якуми архитекторони шӯравӣ ва сардори сохтмони бинои Театри давлатии опера ва балет (ҳоло Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ) буд.

Дар он суҳбат Низорамоҳ Зарифова таъкид намуд, ки корнамоии миллатпарастона, махсусан, Баҳрӣ Тоҳирова чун корномаи Абдулқодир Муҳиддинов, Чинор Имомов ҳанӯз омӯхта нашудааст.

Пайроҳаи зиндагӣ, иштироки фаъолона дар ҳаёти сиёсии ҷумҳурӣ, махсусан, хотираи қавии Низорамоҳ ба он кас имконият додааст, ки таърихи зинда ва бойгонии равон бошанд, ҳама чизро бо ному замонаш дақиқ ба хотир оранд. Ба саволи он ки он «солҳо бонувони тоҷик бисёр таҳсил ва кор мекарданд ё кам буданд», чунин посух гуфт: «Буданд, вале хеле кам. Мисол дар Ҳизби коммунисти вилоятӣ мо ду нафар зан фаъолият мекардем. Дар бахши ҷавонони Ҳизби коммунист бошад, шаш нафар духтари рус ва ман, яъне як духтари тоҷик кор мекард. Ҳамон замон намедонам аз чӣ сабабе маро аз байни онҳо интихоб намуда, барои таҳсили тайёрии кадрии яксола ба шаҳри ­Москва пешниҳод намуданд. Аввал розӣ набудам, вале маҷбурӣ фиристоданд. Ҳамин тавр, дар Москва дар Мактаби олии партиявии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил намуда, ба Тоҷикистон баргаштам».

Аз ҳамин давра сар карда, Низорамоҳ дар вилоят не, дар пойтахт кор мекард. Вай дар Ҳукумати Тоҷикистон, дар Кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистон ­фаъолият дошт. Ана аз ҳамин ҷо ӯро баъдтар — баъди як соли фаъолият боз барои таҳсил дар мактаби партиявии Ҳизби коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ ба шаҳри Москва фиристоданд ва ин дафъа дар Мактаби олии ҳизбӣ дувумин зани тоҷике маҳсуб мешуд, ки таҳсил мекард. Баъди хатми ин мактаб фаъолияти пурсамари давлатӣ ва ҷамъиятии Низорамоҳ оғоз гардид. Ӯро Турсун Ӯлҷабоев, ки пештар роҳбари комсомоли Тоҷикистон буд, аз замони комсомолиаш мешинохту ба меҳнатдӯстиаш қоил буд, ба вазифаҳо пешниҳод намуд. Бинобар ин, замоне ки Ӯлҷабоев роҳбари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон шуд, Низорамоҳро котиби КМ ҲК Тоҷикистон оид ба корҳои идеологӣ интихоб намуданд. Аслан, Низорамоҳ Зарифова аввалин зани тоҷик аст, ки ба ин мақоми олии ҳизбӣ ва давлатии Тоҷикистон лоиқ дониста шудааст. Баъдтар, ӯ котиби Президиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон таъин гардид.

Замони фаъолияти Н. Зарифова давраи инкишофи воқеии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи Тоҷикистон мебошад. Ин солҳо НБО «Қайроққум» ва НБО «Норак», Заводи алюминийи тоҷик дар шаҳри Турсунзода ва Корхонаи яхдони Душанбе сохта шуданд ва танҳо дар Комбинати бофандагии Душанбе, фабрикаҳои шоҳибофӣ ва ҷӯроби пойтахт ҳазорҳо занон кор мекарданд. Дар комплекси саноатии Тоҷикистони ҷанубӣ, ки муассисаҳои калони саноатиро дар бар мегирифтанд, дар обёрии заминҳои навкорами Шаҳритус, Данғара, Ашт, Мастчоҳ, Ёвон ҳазорҳо занону духтарон заҳмат мекашиданд. Духтарони тоҷик дар донишкадаҳои олии кишвар таҳсил мекарданд. Дар ташкилу татбиқи ин ҳама Низорамоҳ бевосита иштирок дошт.

Як воқеаро ба ёд оварданиам. Аввалҳои солҳои навадуми асри XX, дар оғози ислоҳоти давлатдорӣ як идда қумондонҳо низ ба сари кор омада буданд, ки аслан ҳеҷ малакаи давлатдорӣ надоштанд. Замоне фаро расид, ки иддае аз онҳоро иваз кардан лозим омад, аммо баъзеҳо барои тарки вазифа сар фуруд намеоварданд. Масалан, як раиси ноҳияро аз кор гирифтанд, аммо давоми як ҳафта вай идораро холӣ намекард. Раиси нав ноилоҷ буд, Президент як гурӯҳро бо роҳбарии Низорамоҳ Зарифова ба он ҷо фиристод. Зарифова бо суханҳои орому пурмаъно мақсадро ба хушӣ ҳосил карданд. Чунин мисолҳо аз ҳаёти ӯ кам нестанд. Боре аз ин арбоби давлатӣ, ки як аср умр дида, як системаи иҷтимоиро аз сар гузаронидааст, дар хусуси бонувони тоҷик суол кардам ва дар посух инҳоро шунидам:

«Имрӯз зани тоҷик олим, роҳбар, пизишк, яъне қариб дар ҳама соҳаҳои ҷамъиятӣ нақши хоса дорад. Ин чиз ҳусни зиндагӣ, маънои ҳаётро зиёд мекунад. Устод Турсунзода ҳақиқатро гуфта будааст:

Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд,

Мамлакат аз дасти зан гулзор шуд».

Н. Зарифова дар ин мавзӯи муҳим хеле дарднок мулоҳиза ронда иброз менамояд:

«Модар барои фарзандони худ, пеш аз ҳама, бояд намунаи ибрат бошад. Модарон бояд тарбияи фарзандро дар хона дуруст ба роҳ монанд. Дар хона, агар фарзанд писар бошад, корҳои писаронаро ва агар духтар бошад, корҳои духтаронаро омӯзонанд. Ин яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи модарони мо ба ҳисоб меравад. Барои ҳамин имрӯз аз модарон бисёр илтимос дорам, ки ба тарбияи фарзандон дар меҳнатомӯзию таҳсил аҳамияти ҷиддӣ диҳанд».

Иддае аз модарони ҷомеаи имрӯзаи мо дар тарбия беаҳамиятанд, камбудиҳои бисёр доранд. Бинобар ин, фарзандони онҳо низ бадахлоқ, бесавод ва ношоиста тарбия меёбанд. Баъзе духтарон дар ҷомеаи мо аз ҳад зиёд аврупопараст гардидаанд, ки ин дар тарбияи мо хатар дорад. Гурӯҳи дигари бонувон ба фаҳми худашон либоси мусулмонӣ мепӯшанд. Он тарзи либосдӯзӣ ва либоспӯшӣ ба одати мусалмонии мо, ки бештар аз 1000 сол таърих дорад, ҳеҷ мувофиқ намеояд.

Боре дар суҳбат Низорамоҳ Зарифова дар мавриди шарму ҳаё суханони ҷолибе гуфтанд: «Шарм зебост ва дар духтарони тоҷик зеботар, яъне асоси маънавиёти занҳои тоҷикро бояд шарм ташкил диҳад. Шарм ҳамеша ва дар ҳама давру замон ба занон ҳусн зам мекунад, на фақат ба занҳои тоҷик, балки ба тамоми занҳои дунё. Интихоби либос баёнгари рӯҳу одоби зан аст. Масалан, куртаи атлас низ ба модарон ва духтарони мо бисёр зебанда мебошад, вале имрӯз иддае аз модарон ва духтарони мо ба либосҳои бегона таваҷҷуҳ мекунанд. Дуруст аст, ки замона дигар шуду либос низ бояд дигар шавад, лекин то ба он андозае не, ки ӯро ба ҳадди бешармӣ расонад!».

Ҳамин хел фикр мекунанд, ҳамин хел суханҳои пандомез мегӯянд, модари садсолаи мо — Низорамоҳ.

Умратон бехазон бод, апаи Низорамоҳ!

Иброҳим УСМОН,

публисист