«Хӯшачинӣ мекунам аз ёдҳо…» ё «Чанд ғуруби офтоб»

№125 (4708) 16.10.2023

САБОХАТСухане чанд аз боби аввалину охирин китоби Сабоҳати Қосим

Китоби Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон зиндаёд Сабоҳати Қосим «Хӯшачинӣ мекунам аз ёдҳо» ё «Чанд ғуруби офтоб» ба хонандагон маҳорати дигари ӯ — ҳунари нависандагиашро ошкор месозад. Муаллиф китобро ба хоҳари ҳунармандаш Муқаддас Набиева, ки бо сурудаҳои дилошӯб ­дунёи худрӯю дӯстдорони мусиқиро оро дода, дар айни авҷи ҳунари эҷодӣ дунёро пад­руд гуфт, бахшидааст.

Сабоҳати Қосим (ёдаш ба хайр) дар пешгуфтори китоб чунин нигошта: «Ман нависанда нестам ва фақат хотироти худро ба ёди ишқ, аз барои ишқ ва ба номи ишқ, ки гоҳе Модар, гоҳе Муқаддас ва гоҳе Фаррух ва гоҳе театр садояш мекардам, ҷамъ овардам». Бале, Сабоҳати Қосим нависанда нест, аммо қарзи хеш мешуморад «хотираҳои он шаҳри ишқро ногуфта намонад».

Воқеан, китоб бозгаште ба зиндагии азизони аздастдодаи муаллиф аст, ки хонандаи хушзеҳну ҳушманд аз ҳар ҳарфу ҳиҷояш ҳикмате дармеёбад. Ҳикмате, ки нигоҳ ва андешаи касро ба ишқ, ба зиндагӣ ва олами пурасрори ҳунар ба таври мусбат тағйир медиҳад.

Мегӯянд, ҳунари асил неруе дорад, ки метавонад ботин ва зиндагии инсонҳоро хубу зебо мунъакис кунад. Ҳамин махсусияти ҳунар ва зиндагии ҳунармандро на дар саҳна ба тамошогар, балки бо қалам тасвир намудан, истеъдоди дигареро тақозо менамояд, ки Сабоҳати Қосим аз он баҳравар будааст.

Ҳар сатри китоб саршори меҳр аст. Меҳр ба театру ҳунар, ба зиндагӣ ва инсонҳои на танҳо барои муаллиф, балки барои миллати азизу муътабар. Инсонҳое, ки муаллиф авроқи китоби зиндагии онҳоро бо муҳаббати бепоён саҳифа мегардонаду ба некӣ ёд меорад: модараш Ҳоҷарбӣ, хоҳараш Муқаддас ва ҳамсари азизаш Фаррух инсонҳои наҷибе мебошанд, ки ҳар кадом дар пешрафти илму маориф, театру синамои диёр саҳми нозудуданӣ гузоштаанд. Мисле ки бо навбат омадаанд ба саҳна, бо сабку услуби хос ба театру синамо ва мусиқии тоҷик тозакорӣ эҳдо намуда, билохир олами ҳунарро таҷаллӣ бахшидаанд. Дили ихлосмандони ҳунарро тасхир карда, ба дунёи онҳо рангу таровате овардаанд. Сипас, як — як аз ин ҷаҳон рахт баста, ба олами ҷовидон пайвастаанд. Сабоҳати Қосим онҳоро шабеҳи офтобе медонад, ки бо шуълаи ҳунару андешаи бемисли хеш ба чашмон нур, ба дилҳо гармӣ бахшида, ба ғуруб рафтаанд, аммо Фаррух бо нақшҳои офаридааш ҷовидон асту садои фораму ҷонбахш ва сурудаҳои ошиқонаи Муқаддас ҳанӯз ҳам ба дилҳо олам — олам фараҳ мебахшанд.

Дар китоб тасвири талош­ҳои аз деҳа канда шудану пайи орзуҳои ширин ба шаҳр омадани муаллиф ва хоҳаронаш Муқаддас, Меҳринисою Файзинисо ба оянда ба чашми неку дили гарм нигаристан, пос доштани ёди зодгоҳу пайвандон, ба мардум хидмати содиқона намудан, барои ҳар хонанда мисоли ибрат аст.

Сабоҳат аз панду ҳидоятҳои модари матиниродааш Ҳоҷарбӣ- яке аз аввалин муаллимаҳо дар ноҳияи Фархор, ки «чархи бадпайванд сарнавишташро тикаю пора карда буд» ёдовар шуда, ӯро аз нахустин орифаҳое муаррифӣ намуда, ки дар зиндагӣ шинохтааст. Аз пасманзари ёдҳои мармузи муаллиф метавон дарёфт, ки модар дар донишазхудкунии фарзандон чӣ нақши муниру мондагор дошта метавонад.

Ҳамрозу ҳамнафасаш Фаррух Қосимро, ки шебу фарози роҳи зиндагию театру ҳунарро бо ҳам паймудаанд, дунёи худ ва модари ӯ Мушаррафа Қосимоваро модари дунёи худ мехонад. Аз ин андешаҳои пур аз ҳикмат ва номаҳои Фаррух Қосиму Сабоҳати Қосим дарсу достони муҳаббат бояд омӯхт.

Муқаддасро аз нигоштаҳои муаллиф на танҳо овозхони фавқулода боистеъдод, балки толибилм, ҷӯянда, мубориз, як инсони озод ва фарҳехта метавон дарёфт.

Дар баробари ин, хонандаи китоб ба тимсолҳои офаридаи муаллиф рӯ ба рӯ мешавад, ки зебою таъсирбахшу мондагоранд. Нависанда ба ҷузъиёте дар зиндагӣ таваҷҷуҳ месозад, ки мо онҳоро ба назари эътибор намегирем ё шояд намебинем, аммо ӯ мебинад ва ба мо низ ошно месозад.

Ин ҳақиқатро дар мисоли ҷумлаҳо: «Қасам ба ёди кундаи бузург, ки худро бо виқор дар шохаи аз дарёи Панҷ, ки аз назди хонаи мо рад мешуд, киштӣ тасаввур мекард…» ва ё «Қасам ба ёди дастони зани амакам, ки аз заҳмати зиёд чун замини бе об торс-торс кафида буд», метавон дарёфт. Хонанда аз диди Сабоҳат деҳаро, бому ҷӯю дарё ва умуман, зиндагиро зебо дармеёбаду онро бештар аз пештар дӯст медорад.

Ҳарфи Сабоҳат ҳарфи одӣ нест, файласуфона асту андешазо, орифона асту оқилона ва гумонам ба ҳамин хотир, Шоири халқии Тоҷикис­тон Фарзона дар муқаддимаи китоб зикр намуд: «Агар Сабоҳати Қосим аз рӯзгори ҷавонӣ ба қалам рӯ меовард, беҳтарин шоҳкориҳоро меофарид. Ҳарфи Сабоҳат бисёр муҳкаму амиқу бесактаю шигифтангез аст, мисли ин ки гӯё ҳамеша қаламварӣ тааҳҳуди азалияш бошад».

Ёдномаҳоеро, ки Сабоҳати Қосим дар ҳамели муҳаббат кашидааст, ба хонадони азизаш, ба хешу табор, дӯстону ёрон, ҳамкорон, наберагонаш Фарруху Фарронак, Ноҳиду Каёнӯш, Фурӯғу Сурушу Каюмарс, Нӯшофарину Анушаю Фаромарз (чӣ номҳои зебову тоҷикона) ва наберагони хоҳаронаш Муқаддас, Меҳринисо, Файзинисо васият намуда.

Дар маҷмӯъ, шеваи зиндагӣ ва кору пайкори на танҳо қаҳрамонони китоб, ки ҳар кадом бо ҳунари волои хеш фарқкунандаанд, балки муаллифи он Сабоҳати Қосим, ки акнун худ низ аз шумори азизони рафта мебошад, барои хонанда мактаб аст. Мактаби зиндагӣ, инсонгароӣ, мактаби ҳунар.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»