Ҷиҳод ва гумроҳӣ

№45 (3525) 05.04.2016

ё ҳақиқати ҷиҳод чист?

калажМусалмонон дар ҳама давру замон ҳамдигарро, чӣ аз қавми бегона ва чӣ худӣ бародар медонистанд. Яҳудиву масеҳӣ дар ҳамсоягии мусалмонон мезистанд ва бо онон омадурафт доштанд, ба аёдати якдигар мерафтанду барои ҳам ҳадяҳо мебурданд ва ба ҷуз масҷиду калисо чизи дигаре эшонро аз ҳамдигар ҷудо наменамуд. Меҳру муҳаббати самимона ва рафтору кирдори некро нисбат ба якдигар раво медиданд.

Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки дини муқаддаси ислом ҳамеша тарафдори сулҳу субот аст. Бо дарназардошти ин омил ҳуқуқдонҳои байналмилалӣ қавонинеро қобили қабул донистанд, ки вазифаи ҳар давлатро баробари дигар давлатҳо, дар ҳолати сулҳ ва дар ҳоли ҷанг мушаххас менамоянд. Аввалин моддаи он ин аст, ки равобит ва алоқаи давлатҳо бо ҳам бояд бар асоси сулҳу оштӣ ва ҳамзистии мусолиматомез бошад, то ҳамкорию табодули манофеи моддӣ ва илмию фаннӣ байни онҳо муяссар шавад ва битавонанд инсонро ба дараҷаи камол бирасонанд. Ҳамчунин, муқаррар намуданд, ки қатъи ин равобит ба ҳеҷ ваҷҳ ҷоиз нест, магар дар ниҳояти дараҷаи изтирор ва ночорӣ, ки тамоми роҳи ҳалҳо ба бунбаст ва шикаст рӯ ба рӯ мегардад.

Ин қавонин айни ҳамон чизе аст, ки ислом барои таҳаққуқи он талош намудаву менамояд. Ислом ҳаргиз қабул надорад, ки касе танҳо ба хотири он ки мусалмон нест, кушта шавад. Аз ин рӯ, ба мусалмонон иҷоза намедиҳад ба хотири ихтилоф дар дину ақида бо ғайримусалмонон биҷанганд, балки ба пайравони худ дастур медиҳад бо шеваи неку писандида ва бар асоси табодули манофеъ ва ҳамкорӣ бо ғайримусалмонон рафтор кунанд. Ислом дар фазоили ахлоқӣ ва риояти ҳуқуқи иҷтимоӣ байни мусалмонону ғайримусалмон фарқ намегузорад.

Як нуктаро бояд зикр кард, ки ислом иҷозат намедиҳад мусалмонон сарвату дороӣ ва манобеи иқтисодии дигаронро  таҳти тасарруф қарор диҳанд ва ба пайравони бартаридошта худнамоӣ кунанд. Вале ин ҳамаро нодида гирифта, имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро гурӯҳҳои ифротӣ аз номи дини ислом таҳдид карда, бо ҷангҳо  амалҳои худро «ҷиҳод» арзёбӣ менамоянд.

«Ҷиҳод»- и ДИИШ чӣ маъно дорад? Имрӯз тариқи сомонаҳои интернетӣ наворҳо, ки ҳангоми амалиёт сабт шуда, дар онҳо кирдорҳои ғайриисломӣ ва бераҳмию ваҳшоният омилҳои асосӣ маҳсуб мешаванд, қобили дарёфт аст. Бадбахтӣ дар он аст, ки бо ин ҳама амалҳои ғайриинсонияшон бисёре аз афроди беиттилоъ ва содалавҳро гумроҳ месозанд.

Мо ҳама худро мусалмон медонем ва ба қадри имкон аз муқаррароту талаботи дини муқаддаси ислом бархӯрдор ҳастему ба хубӣ медонем, ки мардуми мамлакатҳои Сурияву Ироқ мусалмон ҳастанд. Пас саволе пайдо мешавад, ки оё дар ислом ҷанг миёни бародар бо бародар (мусалмон бо мусалмон) ҷоиз аст? Магар дар «Қуръон» оид ба «ҷиҳод» омадааст, ки мардони қавмеро, ки худ ҳамагӣ мусалмон ҳастанд, ба қатл расонида ҳамсарони онҳо ба никоҳи «муҷоҳидон» дароварда шавад? Он ҳама сарбуриҳову сӯзонидани мардуми мазлум ва қатли тифлони ширхора аз ҷониби ДИИШ магар суннати паёмбарамон аст? На, асло чунин амалҳоро ислом қабул надорад. Ҳар он чизе ки аз ҳақиқат дур аст, ба зудӣ аз байн меравад ва шикасти ин гурӯҳи дур аз ҳақиқату адолат наздик омадааст. Фаромӯш набояд кард, ки тамоми касоне, ки шамшер мебардоранд, ба василаи шамшер ба ҳалокат мерасанд.

Дар маҷмӯъ, ҳадафи ДИИШ дар рушди ислом саҳм гузоштану ҷиҳод кардан дар роҳи Худо нест, балки муборизаю муҳорибаи онҳо танҳо ба хотири ҳифзи мавҷудият ва тасаллуту қудрат аст.

Қ. АҲМАДЗОД