Наврӯзгоҳ

№35-36 (4455-4456) 19.03.2022

Ало Наврӯзи тақвими Ҷалолӣ,

Биё, бо он фару фархундафолӣ,

Дигаргун соз аҳволи башарро,

Бишӯй аз рӯйи гетӣ гарди шарро.

Ба бӯйи хок Одамро даво кун,

Дили моро ба раҳмат ошно кун.

Ба назме, ки дар ӯ ҳаргиз халал нест,

Туро дар кори ин олам бадал нест.

Шукӯҳи Ҷоми Ҷам дар синаи туст,

Ҷабини офтоб оинаи туст.

Майи боқӣ ту дар паймона дорӣ,

Зи фавҷи ахтарон парвона дорӣ,

Ки чун дар оташи поки ту сӯзанд,

Ба сӯзи нав ҷаҳонро барфурӯзанд.

 

Ҳамегӯянд он рӯзӣ, ки Ҷамшед

Баромад бар фарози тахт чун шед,

Аз Эрон сӯйи Бобул раҳсипар шуд,

Ҷаҳон саршор аз тобанда фар шуд.

Ҳумоюн давлати ӯ эзадӣ буд,

В-аз ӯ кӯтоҳ дасти ҳар бадӣ буд.

Кунун он шавкати Бобул куҷо шуд?

Дареғ, он бурҷ чоҳи пурбало шуд.

Зи Ҳорутону Морутони хокӣ,

Зи хунхора сипоҳи Аждаҳокӣ,

На Бобул монд ободу на Бағдод,

Ки бо Нӯшинравон буд хонаи дод.

Гуле рӯяд агар, аз захму хун аст,

Лабе хандон бубинӣ, аз ҷунун аст.

Гули дасти падар тифлест парпар,

Ҳинои наварӯсон хуни ҳамсар.

Агар боре гули сурӣ бибӯям,

Ғами Сурия бифшорад гулӯям.

Гиристам, чун ятимаш хонадарпушт,

Ба дарё шуд панаҳ, дарё варо кушт.

На дарё, балки инсони ҷаҳонхор,

На инсон, балки аждар, гург, кафтор.

Яман гӯям, куҷо лаъли ямонист,

«Баҳор»-ашро рухи зарди хазонист.

Аз ин гар пеш дар дунёи ислом,

Фаластин буд танҳо шери дар дом,

Кунун ҳар ҷо, ки нақше дорад аз дин,

Зи дасти кинаварзон шуд Фаластин.

Аз он сон фитна, ки бар Нил борад,

Наҳанг аз Нил сар берун наёрад.

Кунун Фиръавни нав бо амри «қонун»

Кашад Фиръавнро аз дахма берун,

Ки бар сармояи худ барфизояд,

Ба Яздон аз дигар зӯр озмояд.

Ҳама сар карда дар зери гилеме,

Асое куву ку дасти Калиме?

Басо шуд панҷаи зулм аз татовул,

Расида то Ҳариву Балху Кобул.

Басо шуд миллати озодаву род,

Надорад соате осудаву шод.

Халилиро ба Наврӯз оварам ёд,

Сӯйи Наврӯз ӯ мекард фарёд:

Ба хоки мо наё, Наврӯз, имсол,

Ки хоки поки мо гаштаст помол.

Гули оташ ба дашту дар шукуфта,

Ба ҷони мо гули озар шукуфта.

Равонат шод, эй фарзона устод,

Ки ҳар Наврӯз нав гардад туро ёд.

Халилуллоҳ дар оташ ту будӣ,

Барои Меҳанат Ораш ту будӣ.

Суруши шеъри ту парвоз дорад,

Сухан бо номи ту эъҷоз дорад.

Бимирад оташи Намруд ночор,

Бимонад аз Халил он нуру он нор.

Чу мушки суда бар Кобул биборад,

Саҳар аз офтобаш гул биборад.

Биёяд боз Наврӯзи навойин,

Ки хуни чанд наслаш буд кобин.

Биёяд ҷангро ронад аз он хок,

Бишӯяд доғи хун з-он хиттаи пок.

 

Ало Наврӯзи тақвими Ҷалолӣ,

Ки пайки адлу рамзи эътидолӣ,

Сару сомони Сомонӣ ту дорӣ,

Зиҳӣ давлат, ҷаҳонбонӣ ту дорӣ.

Нишоти ҳикмати Хайём бо туст,

Ҳазор оғози хушфарҷом бо туст.

Сиёвушон зи домонат бирӯяд,

Шамимаш ҳикмати Сино бигӯяд.

Насимат сабз созад турбати Бурх,

Фурӯзад лолазорони Гули Сурх.

Гули Сурхе, ки Айнӣ ибтидо кард,

Душанберо Бухоро ошно кард.

Заминҳову замонҳо бо ҳам ояд,

Чу булбул паҳлавонӣ месарояд.

Ба ҳар ҷойе забони паҳлавонист,

Сухан аз ҳамдилӣ, аз ҳамравонист.

Чи беҳтар метавон гуфтан зи устод,

Ки тоза паҳлавиро кард бунёд:

Дар ин дунё навои шодмонӣ,

Бувад дидор бо ёрони ҷонӣ.

Бар ин хоке, ки сад олам биарзад,

Дилам чун қатраи шабнам биларзад.

Худовандо, нигаҳ дораш зи офот,

Нахоҳам аз ҷаҳон дигар мукофот.

Нигаҳ дор ин садаф дурри дариро,

Нигаҳ дор ин фурӯғи ховариро.

Нигаҳ дораш чу савганди нахустин,

Нигаҳ дораш чу рамзи пок ойин.

Ватан имрӯз чун Наврӯзгоҳ аст,

Қабои сабзаш аз меҳригиёҳ аст.

РУСТАМИ ВАҲҲОБ,

Шоири халқии Тоҷикистон