Пешвои нур

№136-137(4719-4720) 15.11.2023

Пешвое, ки гавҳараш нур аст,

Суханаш нуру минбараш нур аст.

 Қадамаш хуррамию ободӣ,

Ватанаш нуру кишвараш нур аст.

 Худи ӯ иқтидори Роғун шуд,

Ки вуҷуди тавонгараш нур аст.

 Ба шаби тира дастболо гашт,

Офтобе, ки лашкараш нур аст.

Ба ҷаҳон дарси рӯшноӣ дод,

Родмарде, ки бовараш нур аст.

Сабақи нур мекунад аз бар,

Тифли нуре, ки дафтараш нур аст.

Ориё зинда мешавад аз ӯ,

Ориёе, ки мазҳараш нур аст.

Малаки осмон нигаҳбон бод,

Ватанеро, ки сарвараш нур аст.

Абдуллоҳи РАҲНАМО