Шоире, ки эҷодиёташ паёми умумибашарӣ дорад

№ 09.11.2023

398354221_742393501237626_8180836094454512776_nБо ташаббуси кафедраи филологияи Ҳинду Покистони ДМТ 9- уми ноябри соли равон дар толори ба номи Ш.Ҳусейнзода бахшида ба «Рӯзи Иқбол» маҳфили адабӣ баргузор гардид.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Қобилҷон Хушвахтзода зимни сухани муқаддимавӣ иброз намуд, ки  гузаронидани маҳфили «Рӯзи Иқбол» дар ДМТ ба ҳукми анъана даромадааст. Ҳарчанд ин як бахши фарҳангӣ бошад ҳам, дар маҷмӯъ ифодакунандаи эътибори хос додани аҳли илму фарҳанги Тоҷикистон ба мардуми Покистон ва фарҳанги волои он мебошад. Дар ин кори хайру судманд, ки мардуми гуногунро бо ҳам наздик мекунад, саҳми роҳбарони олиқадри ҳар ду давлат назаррас аст.

- Муҳаммад Иқбол бузургтарин шоири асри бистуми на  танҳо Ҳинду Покистон, балки тамоми кишварҳои Осиё ба шумор меравад. Асарҳои ба забони урду ва форсӣ эҷодкардаи Иқбол чӣ аз ҷиҳати мазмун ва чӣ аз ҷиҳати дар бар гирифтани масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фалсафӣ ва ахлоқиву фарҳангӣ дар адабиёти урду ва форсизабони Ҳинду Покистон мавқеъ ва мақоми махсус дорад. Мавқеъ ва мақоми Иқбол, пеш аз ҳама дар он зоҳир мешавад, ки ӯ асарҳои худро ба масъалаҳои муҳимтарини замонаш  бахшидааст,- иброз намуд Қобилҷон Хушвахтзода.

Сардори Раёсати кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои  хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Ҷонон таъкид намуд, ки Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ бо истеъдоди фитрӣ ва эъҷози сухани хеш шеъри Аҷамро нафаси тоза бахшида, забони форсии дариро дар  сарзамини Ҳинду Покистон дубора зинда гардонид ва ба василаи ин корномаи бузург номи хешро дар адабиёти форсӣ ҷовидон сабт намуд.

- Аллома Иқбол қисми зиёди мероси манзуми худ, яъне шоҳкориҳои эҷодиёташро ба забони форсӣ офарида, дар онҳо бисёр масъалаҳои муҳиму рӯзмарраи ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва маънавию фарҳангии халқҳои Осиёро баён кардааст. Ӯ дар осори форсии хеш суннат ва анъанаҳои назми ҳазорсолаи порсӣ, роҳи эҷодии намояндагони баргузидаи адабиёти форсизабони сарзамини Ҳиндустон, ба монанди Амир Хусраву Ҳасани Деҳлавӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Калиму Асадуллоҳи Ғолиб ва ғайраро  бомуваффақият идома дод,- иброз намуд Шералӣ Ҷонон.

Зикр гардид, ки Муҳаммад Иқбол ба мардуми тоҷик ва диёри адабпарвари Мовароуннаҳр ихлосу  самимияти хос ва эҳтироми бузург дошта, фурӯғи чашми худро аз хоки поки Бухоро, дар радифи Кобул (Афғонистон) ва Табрез (Эрон)  медонист:

Агарчи зодаи Ҳиндам, фурӯғи чашми ман аст,

Зи хоки поки Бухорову Кобулу Табрез.

Профессори кафедраи филологияи Ҳинду Покистони ДМТ, доктори илмҳои филологӣ Ҳабибулло  Раҷабов зимни ироаи маърӯзаи илмӣ дар мавзӯи «Муҳаммад Иқбол- сарояндаи озодӣ» ёдовар шуд, ки масъалаҳои баённамудаи ин мутафаккири шинохта дар замони мо низ мубрам мебошанд. Шоир танбалию бефаъолият буданро мазаммат карда, инсонро ба худогоҳӣ ва амалу созандагӣ даъват менамояд:

Қабои зиндагонӣ чок то кай?

Чу мӯрон ошён дар хок то кай?

Ба парвоз ову шоҳинӣ биёмӯз,

Талоши дона дар хошок то кай?

Ба ақидаи Иқбол инсон ҳамон вақт озодиро эҳсос мекунад, ки агар мустақилона ва огоҳона кореро ба анҷом расонда тавонад, лекин барои мустақилона амал кардан аввал бояд дарси  пурҳикмати ин ҳунарро аз худ намуд. Аз ин рӯ, шоир омӯхтанро дар зиндагии инсон фаъолияти ниҳоят муҳиму аввалдараҷа мешуморад. Шоир пайваста гӯшрас мекунад, ки кас ба умеди дигарон нашуда, бояд дар роҳи устувор намудани мақому пояи худ бошад:

Мисли оина машав маҳви ҷамоли дигарон,

Аз дилу дида фурӯ шӯй хаёли дигарон.

Дар ҷаҳон болу пари хеш кушудан омӯз,

Ки паридан натавон бо пару боли дигарон.

- Муҳаммад Иқбол дар ашъори ба забони форсӣ- тоҷикӣ эҷодкардааш борҳо ба мавзӯи озодиву худшиноси такроран баргашта, бисёр боҳикмату пурмаъно сухан гуфта, таъкид намудааст, ки озодию сарбаландии ҳар халқ дар дасти худи ӯст.

Вай дар маснавии «Пас чӣ бояд кард, эй ақвоми Шарқ?» на танҳо мардуми нимҷазираи Ҳинд, балки тамоми мардуми ҳамонвақтаи зери бори гарони мустамликадорони Ғарбмондаи Шарқро ҳушдор медиҳад, ки онҳо соҳиби неруи зиёд ҳастанду бо боварӣ ба худ аз ин неру  истифода баранд ва худро заифу нотавон нишон надиҳанд,- иброз намуд Ҳабибулло Раҷабов.

Устоди ДМТ, профессор Идибек Зиёев дар мавзӯи «Фалсафаи Иқбол ва таъсири он ба шеъри форсӣ» маърӯза намуда, зикр кард, ки таваҷҷуҳи зиёди Иқбол ба сӯфии маъруф – Мансури Ҳаллоҷ дар бисёр байтҳояш ба чашм расад ҳам, дар маснавии «Ҷовиднома» муносибати худро нисбати ӯ возеҳтар баён кардааст. Иқбол инсонро «ҷилвагоҳи ҳақиқат» ва «мазҳари анвори илоҳӣ» дониста, талоши одамияту одамиро ба ҳар шахс  орзуманд аст, зеро Худо низ дар талоши одамӣ аст:

Гадои ҷилва рафтӣ бар сари Тӯр,

Ки ҷони ту зи худ номаҳрамӣ ҳаст.

Қадам дар ҷустуҷӯи одамӣ зан,

Худо ҳам дар талоши одамӣ ҳаст.

Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Саид Сарвар таъкид намуд, ки Муҳаммад Иқбол шоири пурмаҳсул, ислоҳотгар, дурандеш ва маърифатпарвар буда, ашъораш паёми умумибашарӣ дорад.

Раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Эрон, академик Кароматулло Олимов зикр намуд, ки бузургони ҳар як миллат пайвандгари дӯстӣ бо миллатҳои дигар ҳастанд. Иқбол, ки дар эҷодиёташ ҳамеша аз ваҳдату дӯстӣ сухан мегӯяд, маҳбуби халқҳои ҷаҳон гаштааст. Бинобар мазмуни баланд доштани осораш ашъори ӯро ба забонҳои англисию фаронсавӣ, арабию русӣ ва ғайра тарҷума кардаанд.

Дар қисмати ниҳоии маҳфил донишҷӯёни шуъбаи урдуи факултети забонҳои Осиё ва Аврупо аз ашъори ба забони урду эҷодкарда ва донишҷӯёни покистонии муқими Тоҷикистон аз ашъори форсии Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ шеърҳо қироат намуданд.

Дар охир аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштирокчиёни мушоира  туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»