Сомонаи фаъол

№ 16.06.2016

 Телевизиони ғайриҳукуматии «Мавҷи озод»-и ноҳияи Восеъ, ки аз соли 1990 фаъолият мекунад, айни ҳол соҳиби сомонаи хеле фаъолу манфиатбахш аст.

    Аз шиносоӣ ба сомонаҳои шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб ва вилояти Хатлон ба натиҷае расидем, ки аз ҳама сомонаи фаъолу диданибоб ва ибратбахш дар ҳудуди вилоят сомонаи телевизиони «Мавҷи озод» аст.

Муассиси сомона Рустам Бўриев дар ин бора мегӯяд:

-Соли сеюм аст, ки сомонаи  мо фаъолият мекунад.То ин вақт барномаҳои телевизиони моро бо иллати маҳдуд будани мавҷҳояш танҳо сокинони ноҳия ва баъзе ноҳияҳои ҳамсоя тамошо карда метавонистанду халос.Акнун бо шарофати сомона дастрасии  барномаҳоямон ба тамоми манотиқи олам осон гардид.

Темуршоҳи ФАЙЗАЛӢ, «Садои мардум»