То каҳкашон сар мекашем

№110-111 (4693-4694) 08.09.2023

Чурабек Муъмин

Мо зи истиқлоли худ бар осмон сар мекашем,

Даст бар маҳ медиҳем, то каҳкашон сар мекашем.

Рӯи олам ҳамчу хуршеди ҷаҳон сар мекашем.

Муттаҳиду якдили як хонадон сар мекашем,

Дар баҳори гулшукуфти бӯстон сар мекашем,

Ҳамчу рангорангии тиру камон сар мекашем.

 Ваҳдати мо Тоҷикистонро гулистон кардааст,

Обрӯю эътиборашро дучандон кардааст.

Сарзамини нозанинашро зарафшон кардааст,

Рӯзии халқи азизашро фаровон кардааст.

Парчами болобаландашро парафшон кардааст,

Дар ҳавои бӯстони бекарон сар мекашем.

 Мо, ки аз ваҳдат камоли шодмонӣ дидаем,

Неку бадро дар мизони ақлҳо санҷидаем.

Аз хатокории худ дар лойи худ лағжидаем,

Фарқи байни дӯст аз душман басо фаҳмидаем.

Ҳарфи номардонаи ёрони худ бишнидаем,

Бо ғурури наъраи шери жаён сар мекашем.

 Кӯр бодо дидаи бадхоҳи тоҷик, кӯр бод!

Бо зану фарзандҳояш доиман ноҷӯр бод!

Иллати балвогарӣ дар синааш ранҷур бод!

Боди бадхоҳӣ миёни хонааш дар шӯр бод!

Баъди маргаш бекафан аз зодгоҳаш дур бод!

Мардуми олам бидон, мо ҷовидон сар мекашем.

Ҷӯрабек МУЪМИН