Ба истиқболи 19-умин солгарди рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ваҳдат таронаи саодати Ватан аст

№78 (3558) 18.06.2016

Ҳанӯз аз хотирам он рӯзҳои пурдаҳшати ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ нарафтааст. Он солҳо ба донишҷӯёни соли дуюми факултетҳои омӯзгорӣ дарс мегуфтам. Гоҳҳо донишҷӯйҳо бо либоси низомӣ ба синфхона ворид мешуданд. Либосҳои пӯшидаи онҳо рамзи нооромии кишвар буда, ба донишгоҳ бӯи ҷангро меовард. Вазъи тадрис ниҳоят сангин буд ва дили дилхоҳ омӯзгорро ноҳинҷор месохт. Омӯзгоронро хастагии маънавие фаро гирифта буд. Ахлоқи донишҷӯён паст рафта, дарс гуфтан хеле душвор буд. Ҳама дар фикри ғами ҷон буд. Тарбия аз доираи ахлоқ берун шуд. Воқеан, ин ҳама натиҷаи нооромӣ дар кишвар буд.

Афлотуни бузург мегӯяд: «Агар ахлоқи ҷамъиятӣ коҳиш ёбад, бо ҳеҷ неруе наметавон зарари онро ҷуброн кард».

Яздони пок ба бахти миллати тоҷик Сарвари оқилу фарзона ва ҳидоятгару ҳимоятгари закӣ Эмомалӣ Раҳмон-нобиғаи нотакрореро бо инояти хусравонӣ ва фарри каёнӣ ато намуд, ки бо заҳмату талошҳои фидокорона Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат наҷот дод.

Ҳифзи истиқлолият ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ он солҳо кори саҳл набуд ва маҳз талошҳои ҳукумати навтаъсис баҳри ба имзо расонидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон самари  нек овард. Дар натиҷа, 27 июни соли 1997 паймони ваҳдати миллӣ баста шуд.

Дарвоқеъ, нафас кашидан аз ҳавои пурнакҳати диёр, дидани чеҳраи сокинони шодбахту хушиқбол ва ҳунарпарвару зафарэҷоди Ватан, парафшон гардидани Парчами миллат дар созмонҳои байналмилалию бонуфузи ҷаҳон барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мояи ифтихору шарафмандист ва водор месозад, ки ба лаб замзамаи таронаи саодати Ватан дошта бошанд:

Чӣ ғам дорам, диёри хубтар аз бӯстон дорам,

Қавиазму зафарэҷод халқи қаҳрамон дорам,

Ба болои сарам мурғи саодат мекунад парвоз,

Замини сабзу хуррам, обҳои зарфишон дорам.

Имрӯз ҳар як ватандор бо дарки баланди худшиносиву меҳанпарастӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати Давлату Ҳукумат ҷаҳду талош ба созандагиву ободкорӣ дорад, зеро раванди ҷаҳонишавӣ аз ҳар шаҳрванд маҳорату салиқаи хосаро ҷиҳати пешбурди ҳаёти солиму созгор тақозо мекунад.  Хоса,  дар шароити имрӯза, ки ба инсоният хатари доман густурдани терроризму экстремизми динӣ таҳдид менамояд, таҳкими андешаи миллӣ, риояи  қонунҳои амалкунандаи кишвар амри зарурист.

Ҳамин аст, ки сокинони кишвари азизамон аз қабули қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»,«Танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмҳои ҳарсола ба Маҷлиси Олӣ басо хушҳолу сарфарозанд. Бо амалӣ гардидани ин қонунҳо сатҳи маърифатнокии аҳолӣ бамаротиб боло рафта, бар дӯши ҳар як сокини мамлакат – аз хурд то бузург, масъулияти ҳифзу нигоҳдошти дастовардҳои беназири Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ вогузор аст. Аз дигар ҷониб, ҳаёти хушу хуррами ҳамдиёрони мо, рушди муносибатҳои ҳасана бо соири мамолики ҷаҳон дар самтҳои иқтисодиёту сиёсат ва маорифу фарҳанг далели он аст, ки кишвари мо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ гомҳои устувор мениҳад.

Имрӯз масъулияти таъмини амнияти кишвар, ҳифзи муқаддасот ва арзишҳои миллӣ, таъриху фарҳанг,  таъмини субот ва ваҳдату ягонагӣ мароми ҳар як сокини кишвар гардидааст ва имкон нахоҳанд дод, то ин ки андешаи ботиле ба тафаккури миллат, бахусус, ба сари насли ҷавони мамлакат таҳмил гардад.  Ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, аз ҷумла тафриқаангезию бегонапарастиро шадидан маҳкум намуда, таҳти сарварии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон тавассути кор гирифтан аз хиради азалии ин миллат, Тоҷикистони азиз ва миллати тоҷикро маъруфу муътабартар хоҳем кард.

Шарофат Худойдодова, муовини ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи  Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ