Симои баландмақоми ҷомеа

№136-137(4719-4720) 15.11.2023

Лозим ба ёдоварист, ки соли 2019 Федератсияи Иттифоқҳои касабаи мамлакат дар Анҷумани навбатии хеш Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карданд. Иттифоқҳои касаба ташкилоти ихтиёрӣ буда, меҳнаткашонро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва манфиатҳои аъзои худ муттаҳид кардааст. Рисолати ин ташкилоти ҷамъиятӣ ҳимояи манфиати синфи коргар-шароити меҳнат, музди меҳнат, зиндагии шоиста ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки маҳз ҷомеаҳои меҳнатӣ-синфи коргар фаъолияти роҳбарро баҳои ҳаққонӣ медиҳанд ва Пешвои миллати хешро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд.

Бояд гуфт, ки Пешвои миллат симои баландмақоми ҷомеа буда, ба он мекӯшад ва тамоми чораҳои имконпазирро меандешад, то ки шаҳрвандони кишвараш зиндагии шоиста дошта бошанд.

Аз қадимулайём оини давлатдорӣ чунин аст, ки дар шароити бархӯрди тамаддунҳо, манфиату ҷаҳонишавии ҷомеа кишварҳо муҳтоҷи Пешвои расман шинохташуда мегарданд, яъне, кадоме ки халқ ӯро пайравӣ кунад. Мо аз тарҷумаи ҳоли муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хуб медонем, ки то интихоб шудан ба ҳайси Роҳбари давлат худро ҳамчун сарвари уҳдабарою масъулиятшиноси ҷомеаҳои хурди меҳнатӣ нишон додаанд. Баъдан, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба он кас муяссар шуд, ки ҷонибҳои даргирро ба ҳам муттаҳид созанд ва онҳоро ба роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят кунанд.

Пешвои миллат замоне ба сари қудрат омаданд, ки Тоҷикистони навистиқлол рӯзҳои сахту сангини барқароршавии давлатро паси сар мекард. Маҳз, он рӯзҳо Тоҷикистони азияткашида ба роҳбари андешаю тафаккураш нав, ҷаҳонбиниаш васеъ, зеҳни тез, ки қобили бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба меъёру талаботи байналмилалӣ буда, қувваҳои солимро муттаҳид созад, ваҳдати минтақаҳоро таъмин ва парокандагию буҳрони иқтисодиро боздорад, муҳтоҷ буд.

Воқеан ҳам, Пешвои ҳақиқӣ-шакли эътирофи мақоми роҳбарони сиёсии барҷастаю бузург ба ҳисоб рафта, нақши ҳидоятгари халқу миллати худро мебозад, ки масъулияти тамоми рӯйдоду воқеоти кишвар ба зиммаи ӯст. Масалан, раванди барқароршавии сулҳу ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут дониста мешавад.

Роҳбари олимақоми давлати мо ба хориқаи Пешвогии худ қобилияти фавқулода доранд, ки ин хислаташон дар давраҳои гузариши ҳаёти ҷомеа, модернизатсиякунӣ, ислоҳот ё паси сар намудани буҳрони умумимиллӣ бештар зуҳур мекунад. Хусусан, ин гуна хислатҳо айни ҳол заруранд, ки имрӯз ҷаҳонро буҳрони сиёсӣ, талош байни давлатҳои абарқудрат, азнавтақсимкунии сайёра, таҳдиди терроризм, ҷангҳои гибридӣ ва бозиҳои сиёсӣ фаро гирифтааст. Аниқтараш, дар ҳаёти сиёсӣ нақши асосӣ ба дӯши роҳбарони дорои хислатҳои фавқулода вогузор мегардад, ки ба ҷомеа тағйироти иҷтимоӣ ворид сохта, дар давраҳои буҳронӣ мардумро дар атрофи худ муттаҳид месозанд. Масалан, солҳои 90-уми қарни гузашта ба ҷумҳурии мо Худованд фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сари кор овард, ки дар ниҳоят бо ҷонфидоии худ оташи ҷанги шаҳрвандиро дар қаламрави кишвар хомӯш намуданд.

Имрӯз бошад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати олӣ — кафили адолат, риояи қонуният ва тартибот мебошанд, ки далели Пешвои ҳақиқии миллати тоҷик буданашон аст. Дар ҷумҳурии мо дар рӯзҳои даргири сиёсӣ тақдир ба Пешвои миллат рисолати сулҳофарӣ, дастгирии табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла қувваҳои мухолифину сиёсӣ ва табақаи васеи ҷомеа аз минтақаҳои гуногуни мамлакатро, ато фармуд.

Воқеан ҳам, нишони муҳими Пешвои сиёсӣ дар назари интихобкунандагон чунин аст, ки кӯшишу заҳмати ӯ баҳри беҳдошти рӯзгори мардум буда, дарди ҷомеаро дарди худ пиндорад, бо як сухан дардошнои мардум бошад. Боиси тазаккур аст, ки ин гуна хислатҳо хоси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки амалан ҳар ҳафта ба минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ сафарҳои корӣ анҷом дода, аз ҳоли халқашон хабар мегиранд, бо онҳо аз наздик суҳбат карда, ба арзу дархосташон гӯш меандозанд. Ин гуна сафарҳо одӣ нестанд. Ҳар сафари Пешвои миллат дорои нақшаҳои азими созандагию бунёдкорист. Маҳз, дар ин сафарҳояшон ба шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти кишвар даҳҳо иншооти ҳаётан муҳими таъиноташон гуногун ба истифода дода мешаванд.

Аҳолии мамлакат дар навбати худ ба ҳар даъвату ташаббусҳои Президенти мамлакат ҳамовоз гардида, пайрави сиёсати созандаю бунёдкоронаи Роҳбари олимақоми хеш мегарданд. Ногуфта намонад, ки хислати муҳиму зарур барои Президент хоксорӣ, бо халқ наздик будан, ҳисси муҳаббат ба халқу Ватани худ доштан аст. Дар ин радиф дар эътирофу маҳбуби ҳамватанони худ гардидани Пешвои миллат аз байни халқи одӣ баромадан, мутахассиси олидараҷаи соҳаи кишоварзӣ будан ва хуб донистани иқтисодиёт нақши муҳимро бозидааст, зеро дар шароити ҷумҳурии мо, ки соҳаи асосиаш агросаноатӣ аст, доро будани таҷрибаи хоҷагидорӣ ба Роҳбари олимақоми давлат обрӯю нуфузашонро байни мардум боз ҳам боло бардоштааст.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, дорои хислату маҳорат ва малакаҳое, ба монанди масъулиятшиносӣ, боварӣ ба худу дигарон, муайян карда тавонистани афзалият ва ғайраанд. Ин хислату қобилияти пешвогии Роҳбари олимақоми давлат, ки дар фаъолияти давлатдориашон санҷида шудаанд, байни сиёсатмадорони дунё обрӯю нуфузашонро боз ҳам баланд бардоштааст.

Хоси табиати инсон аст, ки Пешвои беҳтаринро халқ интихоб мекунад. Халқи тоҷик интихоби дурусту дақиқро барои ояндаи худ, бо назардошти таҷрибаи пешин бо эҳсоси амнияту ободии рӯзгори худ ба ҷо овард ва хато накард. Шаҳрвандони мамлакат бо интихоби Пешвои миллат кафолати боэътимодро, бобати он ки ояндаи онҳо ва фарзандонашон дар дасти инсони боваринок аст, ба даст оварданд. Мардуми сарбаланди Тоҷикистон новобаста аз миллату халқият ва дину оин бо арҷгузорӣ ба заҳматҳои Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, амният дар қаламрави мамлакат Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо тамоми ҳастӣ самимона дӯст медоранд ва эҳтиром мекунанд.

Аслиддин ПӮЛОДОВ,

доктори илми фалсафа,  устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров