Баногӯшак. Ваксинаи нав зуҳури онро пешгирӣ менамояд

№147 (4253) 08.12.2020

Чанде пеш дар Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика» оид ба иваз намудани ваксинаи сурхча-гулафшон ба ваксинаи сурхча-баногӯшак-гулафшон суҳбати гирди миз баргузор шуд. Дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Самариддин Ализода изҳор дошт, ки дар кишвар Кодекси тандурустӣ ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» қабул гардидаанд, ки барои такмили низоми иммунопрофилактика ва ҳифзи саломатии кӯдакон равона шудаанд.

- Мақсади асосии «Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» пешгирии бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда мебошад.

Тибқи таъинот, иммунизатсия сармоягузорӣ ба солимӣ ва некуаҳволии кӯдакон аст. Бо шарофати ваксинаҳо қисми зиёди кӯдакон аз бемориҳои сурхча, баногӯшак, гулафшон, гулӯзиндонак, кабудсулфа, кузоз ва фалаҷ осебнопазир мешаванд. Инчунин, дар доираи амалисозии «Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» воридоти ваксинаи зидди сирояти пневматикӣ пешбинӣ шудааст, — изҳор дошт вай.

Бино ба гуфти ӯ, пешгирии бемориҳои сироятӣ бо истифода аз ваксинаҳо самаранок ва нисбатан арзон аст.

Аз он изҳори нигаронӣ шуд, ки ҳар сол фавти 1,4 миллион кӯдаки то 5-сола аз бемориҳои ба воситаи иммунизатсия идорашаванда ба қайд гирифта мешавад.

Дар чорабинӣ котиби дуюми Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон Хоси Гао доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ, хусусан таъмини ваксина, суханронӣ намуд.

Баъдан, директори генералии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика»  Файзалӣ Саидзода доир ба зарурат ва аҳамияти ба иммунизатсия фаро гирифтани кӯдакон маълумот дод. Вай, аз ҷумла, гуфт, ки яке аз бемориҳои сироятии вирусӣ, ки ба оризаҳои ҷиддӣ, ба монанди энесефалит, менингит ва безурётӣ оварда мерасонад, бемории баногӯшак мебошад, ҳар сол аз 1500 то 2500 маротиба ба қайд гирифта мешавад.  Ба монанди аксар бемориҳои сироятии ба воситаи иммунизатсия идорашаванда баногӯшак низ табобати махсус надошта, иммунизатсия  усули самаранок ва камхарҷ барои пешгирии он ба шумор меравад. Биноан, Ҳукумати ҷумҳурӣ имсол бар зидди бемории баногӯшак ваксинаро ба Тақвими миллии иммунизатсия ворид кард.

- Мувофиқи фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 23 ноябри соли равон иммунизатсияи кӯдакон бар зидди баногӯшак бо истифода аз ваксинаи севалентаи сурхча-баногӯшак-гулафшон дар яксолагӣ ва иммунизатсияи такрорӣ дар 6-солагӣ гузаронида мешавад. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шаҳрвандони кишварро барои сари вақт ба иммунизатсия фаро гирифтани кӯдакон даъват менамояд, — изҳор дошт Файзалӣ Саидзода.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»