Муҳокимаи парламентӣ

БАРНОМАИ РУШДИ САНОАТИ САБУК: ТАҲЛИЛ, ХУЛОСА ВА НАТИҶАГИРӢ

№71 (3551) 02.06.2016

DSC_008431 майи соли 2016 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Садридин Шарипов оид ба рафти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷиҳати татбиқи «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид. Ба он роҳбарону масъулони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуда буданд.

- Дар Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд шуд, ки стратегияи рушди минбаъда саноаткунонии мамлакат мебошад, ки ин иқдом ба афзоиши коркарди пурраи ашёи хом, зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири ватанӣ ва тақвияти иқтидори содиротии кишвар мусоидат карда, ҷиҳати беҳтар гардидани тавозуни савдои хориҷӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам меорад. Маҳз бо ин мақсад Ҳукумати мамлакат «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015»-ро қабул намуд, — гуфт дар оғози ҷаласа Садридин Шарипов.

Сипас, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хис­рав Абдуназар дар баёни моҳияти масъалаи баррасишаванда, аз ҷумла, чунин гуфт:

- Барномаи мазкур ҳалли проблемаҳои асосии таъмини рушди устувори соҳаро фаро мегирад. Татбиқи он ҷалб намудани маблағгузории буҷетӣ ва сармоягузории хориҷиву ватаниро ба нақша гирифтааст. Мақсади барнома фароҳам овардани шароит ва замина барои рушди саноати сабук дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ ба молҳои истеъмолӣ, афзун намудани иқтидори содиротӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи механизмҳои иқтисодӣ ва омилҳои ҳавасмандгардонӣ ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ мебошад. Ҳаҷми умумии маблағгузорӣ дар доираи барнома 314 млн.доллари ИМА буд. Дар давраи амалишавии барнома ҷиҳати сохта, ба истифода додани корхонаҳои нав, азнавмуҷаҳҳазгардонии хатҳои технологии корхонаҳои амалкунанда ва васеъгардонии иқтидорҳои истеҳсолӣ зиёда аз 143,8 млн. доллари ИМА аз худ шудааст, ки 45,8 фоизи маблағи пешбинишударо ташкил медиҳад. Аз ҷумла, дар ҶСП «Ҷунтай-Данғара-Син Силу Текстил» — 76 млн. доллари ИМА, ҶДММ «Евразия Текстайл» — 2,1, ҶСП «Ресандаи Қӯрғонтеппа»- 4,5, ҶДММ «Нику Хуҷанд» ва фабрикаи ҷӯроббофии «Наврӯз» — 10,1, ҶДММ «Спитамен Текстайл» — 6,3, ҶДММ «ТоҷПолТекс» — 4,9, ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» — 2 млн. 632 ҳазор доллари ИМА, ҶДММ «Фаррес» — 412 ҳазор ва коргоҳи дӯзандагӣ дар шаҳри Хоруғ — 62 ҳазор доллари ИМА аз худ шудааст.

Дар ин давра аз ҷониби корхонаҳои соҳаи саноати сабук вобаста ба иҷрои барнома ба маблағи зиёда аз 6 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, ҳаҷми истеҳсоли риштаи пахтагин ба 30 ҳазор тонна, матоъҳои нобофта 5,4 млн. м2, дӯзандагӣ ба маблағи 469,6 млн.сомонӣ расонида шуд. Ҳамрадиф бо ин, солҳои 2012- 2015 ҳаҷми истеҳсоли қолинҳо 5,2 млн. м2-ро ташкил дода, дар ин давра 4,4 млн. адад пӯст коркард шуда, 4,3 млн.дм2 чарм ва 275,5 ҳазор ҷуфт пойафзоли чармӣ истеҳсол гардидааст.

Дар соҳаи саноати сабук солҳои 2012 — 2013 ҷиҳати таъсиси истеҳсолоти нав, аз ҷумла воридоти таҷҳизоти технологӣ ва васеъгардонии фондҳои истеҳсолӣ 714 млн. сомонӣ маблағҳои дохилию хориҷӣ равона шуд. Бо ин мақсад дар доираи таъсиси 7200 ҷойи кории нав пешбинӣ гардида то анҷоми он тибқи омори пешниҳодкардаи мақоми ваколатдор 9300 ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, беш аз 2000 ҷойи кории қаблӣ барқарор шудааст.

Муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзизода Акрам Ҳамроқул зимни шарҳи масъала гуфт, ки дар барнома самтҳои асосии рушди саноати сабук, аз ҷумла таъмини коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ, ташкили истеҳсолоти ниҳоӣ ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр, ташкили истеҳсолоти нав, ҷойгиркунии афзалиятноки корхонаҳои саноати сабук дар ноҳияҳои истеҳсолкунандаи ашёи хом муайян шудааст.

Дар доираи Нақшаи чорабиниҳои барнома корхонаҳои нав бунёд ва азнавмуҷаҳҳазгардонии хатҳои технологии корхонаҳои амалкунанда ба анҷом расид. Ҷиҳати коркарди ниҳоии нахи пахта, ки ашёи хоми стратегӣ барои рушди соҳаи саноати сабук ба ҳисоб меравад, чораҳо андешида шуданд.

Бояд қайд намуд, ки қисми  якуми чорабиниҳои барномаи мазкур ба муқаррароти «Барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон истеҳсолшаванда дар давраи то соли 2015» алоқамандӣ дорад.

Зикр шуд, ки солҳои охир соҳаи дӯзандагӣ рӯ ба афзоиш ниҳода, вазни қиёсии он дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноати сабук 20 – 30 фоизро ташкил менамояд. Корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ ба истеҳсоли маҳсулоти гуногун машғул буда, сару либоси мактабӣ, низомӣ, варзишӣ, махсус, рахти хоб ва ғайраҳоро истеҳсол менамоянд. Солҳои охир як қатор корхонаю коргоҳҳои нави дӯзандагии муҷаҳҳаз бо технологияи нав ба истифода дода шудаанд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои дар дохили кишвар таъмин намудани коркарди пурраи пӯсту пашм ва баланд бардоштани самаранокии истеҳсоли саноатӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2008 таҳти №663 «Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» қабул гардид. Биноан қисмҳои 2 ва 4  чорабиниҳои барномаи мазкур ба муқаррароти  «Барномаи коркарди пурраи ашёи хоми чорво (пӯст ва пашм) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2015» алоқамандӣ дорад.

Ҷиҳати рушди соҳаи қолинбофӣ дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ (пашм), баланд бардоштани сифати маҳсулот ва рақобатнокии он дар бозори дохилию хориҷӣ, қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ бо зиёд намудани содироти маҳсулот, ҷалби шаҳрвандон ба истеҳсолоти «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2020» қабул гардид. Тибқи Нақшаи чорабиниҳои барномаи мазкур, то соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли солонаи маҳсулоти қолинӣ 5,0 млн. м2 пешбинӣ шудааст. Бинобар ин, қисми 6 чорабиниҳои барнома, инчунин ба «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014 – 2020»  рабт дорад.

Ҳунарҳои халқӣ, ки ба расму оинҳои мардумӣ, тафаккури бадеӣ ва эҷодиёти халқ алоқаманд мебошанд, имрӯз низ аҳамияти худро гум накардаанд. Ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ баёнгари таваҷҷуҳи хос ба соҳа мебошад.

Инчунин, қайд шуд, ки бо мақсади пешниҳоди маҳсулоти дар кишвар истеҳсолшуда ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз ҷониби ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии нассоҷии Тоҷик», ҶДММ «Ёқут-2000», ҶДММ «Пойафзоли чармӣ», ҶСП «Интермебел», ҶДММ «Империя», ҶДММ «Стилла», ҶДММ «Ҷавонӣ», ҶДММ «Нассоҷии Хуҷанд», ҶДММ «Ортекс», ҶДММ «Атласи Хуҷанд», ҶДММ «Ноҳид», ҶСК «Қолинҳои Қайроққум», ҶСК «Ресандаи Қӯрғонтеппа» дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд мағозаҳои фирмавӣ ва нуқтаҳои фурӯш ташкил шудааст.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари пешбурди сиёсати саноат, ҳамчунин ҷиҳати тайёр намудани мутахассисони соҳавӣ саҳми арзанда мегузорад. Дар робита ба ин, дар тобеияти вазорат Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва филиали он дар шаҳри Исфара,  Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб мутахассисонро барои корхонаҳои соҳаи саноати сабуки кишвар тайёр менамоянд.

Рӯзизода Акрам Ҳамроқул дар охир иброз намуд, ки Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикис­тон баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба масъалаи мавриди назар чора меандешад.

Вобаста ба масъалаи баррасишуда вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷобирзода Тоҳир Гул, Абдуҳалим Ғаффоров, Олимҷон Сафаров, Аҳмадҷон Қобилов, Баҳром Абдуалимов, Иброҳим Абдуллозода, Ҷаббор Ахмедов, Рустам Қудратов савол доданд. Бинобар қаноатманд нашудани онҳо аз посухҳои масъулин тасмим гирифта шуд, ки саволҳо барои таҳлили пурра ва хулосабарорӣ хаттӣ ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шаванд.

Дар поёни ҷаласа, бо дарназардошти таклифу пешниҳодоти баёнгардида қарор ва тавсияҳо қабул шуданд.

 Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин Исоев