Фаъолияти яксола ҷамъбаст шуд

№6 (3152) 14.01.2014

Чанде пеш дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи ҳайати мушовараи Кумита баргузор шуда,  дар он натиҷаҳои фаъолият дар соли 2013 ҷамъбаст ва вазифаҳо барои соли 2014 муайян шуд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим ҷаласаро ифтитоҳ карда, суханро барои  маърӯзаи ҳисоботӣ ба муовини раиси Кумита Анвар Наҷмиддинов  дод.

Мавсуф натиҷаҳои яксоларо таҳлил намуда, зикр кард, ки Кумитаи мазкур фаъолияташро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ва нақшаҳои корӣ ба роҳ монда, дар рушди иқтисодиёти кишвар, афзоиши нуфузи байналмилалии мамлакат, баланд шудани сатҳи зиндагии мардум ва густариши ислоҳоти иқтисодӣ саҳми зарурӣ гузошт.

Ҳамзамон  барои беҳбуд бахшидан дар ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти мамлакат, рушди минбаъдаи соҳибкорӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи амволи давлатӣ чораҳои зарурӣ амалӣ гардида, бо мақсади тақвияти минбаъдаи самтҳои фаъолият заминаи зарурӣ гузошта шуд.

Дар ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, кормандони дастгоҳи марказии Кумита, сохторҳои зертобеъ , марказҳои татбиқи лоиҳаҳо, роҳбарони ҷамъиятҳои саҳомӣ ва масъулини раёсат, шуъба ва бахшҳои сармоягузорӣ ва идораи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Х. АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»