Ба муносибати 19 - умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ

ЭЪЛОМИЯ МУСТАҚИЛИЯТ ВА СОЗИШНОМА СУЛҲ ОВАРД

№71 (3551) 02.06.2016

Баъд аз Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани Тоҷикис­тон таҳти таъсири қувваҳои беруна дар кишвар омилҳое ба вуҷуд омаданд, ки ба ташаккули андешаҳои зиддидемократӣ мусоидат намуда, экстремизми сиёсию диниро таҳрик доданд. Нафароне пайдо шуданд, ки таҳти таъсири андешаҳои тундгароёнаи неруҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ қарор гирифта, ҷумҳуриро ба гирдоби низоъ ва чолишҳои мусаллаҳона кашиданд.

Аз вазъияти муносиб истифода бурда, қувваҳои сиёсии аз хориҷа идорашаванда кӯшиши бо роҳи ғайриконститутсионӣ ба даст овардани ҳокимият намуданд. Пайдост, ки ин парокандагӣ садди роҳи инкишофёбии ниҳодҳои ҷамъиятию сиёсӣ ва ташаккулёбии ҷомеаи шаҳрвандӣ мегардид. Дар чунин вазъият ин қувваҳо манфиати худро аз арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва умумимиллӣ боло мегузоштанд.

Аз ин рӯ, ба эътидол овардани вазъи баамаломада ва ҳифзи арзишҳои умумимиллӣ дар ҷойи аввал меистод, зеро хавфи парокандагии миллат ва азбайнравии давлат таҳдид мекард. Аммо гирди як миз овардани гурӯҳҳои даргире, ки манофеи мухталифро пайгирӣ мекарданд, кори саҳлу осон набуд.

Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон оғози гардиши куллӣ, зуҳури марҳилаи нави таърихӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии халқи тоҷик гардид.

Ба шарофати ин созишномаи тақдирсоз, муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона анҷом ёфта, Тоҷикистон ба марҳилаи нави гузоштани пойдевори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ба эътидол овардану рушди соҳаҳои хоҷагии халқ қадами устувор ниҳод.

Ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муттаҳидсозандаи мардуми Тоҷикистон шароит фароҳам овард, ки бо истифодаи арзишҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътирофгардида таҳкурсии ташаккули ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд гузошта шавад.

Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати аҳамияти Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон таъкид мекунад, ки он аз лиҳози аҳамият бо Эъломияи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар як радиф меистад. Агар Эъломия ба Тоҷикистон истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ ато карда бошад, пас созишнома сулҳу суботро дар сарзамини мо таъмин сохт.

Бо азму иродаи қавии халқи тоҷик таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ва бо мусоидати созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, роҳбарон ва намояндагони давлатҳои дӯст ва кишварҳои кафили сулҳи тоҷикон, махсусан Федератсияи Россия, инчунин як зумра шахсиятҳо сулҳу субот дар Ватан пойдор гардида, эъмори давлате, ки дар он эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мадди аввал қарор дорад, ба роҳ монда шуд.

Ҳодисаҳои ҷаҳони муосир, бахусус «баҳори араб», ки нишонаи заъфи ваҳдати миллии ин мамлакатҳо мебошад, ба абарқудратҳо имкон дод, ки бо баҳонаи риояи асолати демократия бе мушкилӣ хостаҳои худ, яъне бетартибию бенизомиро ҷорӣ намоянд. Аз ин рӯ, дар чунин вазъият бо дарки амиқи асолати арзишҳои миллӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ омадан ифодаи воқеии ваҳдати миллист. Барои ҳифзи ҳамешагии арзишҳои миллӣ омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва ахлоқии таҳкимбахши онро пайваста ба назар гирифта, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва дарки манфиатҳои умумимиллӣ тарбия намуда, ҷомеаро аз хатарҳои фаъолияти террористию экстремистӣ ва гурӯҳи нави ҷиноятҳои кибернетикӣ эмин нигоҳ доштан амри зарурист.

 Искандари СУЛАЙМОН,

прокурори калони шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири адлияи дараҷаи 3