ЛАХШ: КИШТИ БАҲОРӢ ДАР АРАФАИ АНҶОМЁБИСТ

№ 09.06.2016

Бо вуҷуди номусоидии боду ҳавои имсола кишоварзони ноҳияи Лахш рӯзҳои офтобиро самаранок истифода бурда, барои иҷрои нақша саъю талош доранд. Тибқи дурнамо соли равон дар майдони 2380 гектар кишти картошка, 1405 гектар ғалладона ва бунёди 60 гектар боғи нав ба нақша гирифта шудааст. То 6 июни соли равон 1921 гектар картошка кишт шудааст, ки 82 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21 гектар зиёд мебошад. Дар майдони 1411 гектар ғалладона кишт намудаанд, ки аз нақша 6 гектар зиёд аст. Боғдорон нақша пешбинишударо вобаста бунёди боғ пурра иҷро намудаанд.

Диловари МИРЗО

Садои мардум