Ҷавонон ҳамчун неруи созанда эътироф шудаанд

№155 - 156 (4738 - 4739) 27.12.2023

IMG-20231227-WA007027- уми декабри соли 2023 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муинӣ Мавсума дар кори конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҷавонони хушбахт бо Аркадаг Сердар» дар шаҳри Ашқободи Турк­манистон иштирок ва суханронӣ кард.

Муинӣ Мавсума зимни баромад таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои таърихӣ бо Туркманистонро, ки ба эътимод ва ҳамдигарфаҳмӣ асос ёфтааст, хеле қадр мекунад ва ҳамкориҳои ҳар ду давлат дар давоми ин солҳо босуръат инкишоф ёфтанд.

Дар тӯли сӣ соли истиқлолият кишварҳои мо дар ҳамкориҳои созандаи байнидавлатӣ ва байнипарлумонӣ таҷрибаи ғанӣ омӯхтаанд. Ин сатҳи равобити Тоҷикистону Туркманистон, пеш аз ҳама, аз хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Пешвои миллии халқи туркман муҳтарам Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов аст.

Дар ҷаҳон ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва навовар эътироф шудаанд. Таъмини таҳкими иқтидори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар як кишварро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан ғайриимкон аст.

Воқеан, давлат ҷавононро як қишри асосии ҷомеаи ояндасоз эътироф намуда, дар назди худ вазифа гузоштааст, ки барои он шароит фароҳам оварад, ақлу малакаи зеҳнии онҳоро ба пешрафти тамоми соҳаҳо сафарбар намояд.

Таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол нишон медиҳад, ки имрӯз ҷавонони тоҷик ҳамчун неруи бузурги созанда эътироф шудаанд. Гузашта аз ин, таъмини иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва идораи давлатӣ, аз ҷумла тавассути дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон мебошад.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, соҳиб шудан ба ихтисос, касбу ҳунар, шуғли аҳолӣ, мавқеи махсуси ҷавонон дар ҷамъият таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.

Бо мақсади татбиқи бомуваффақияти сиёсати давлатии ҷавонон, ки ба фароҳам овардани шароит ва кафолатҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ барои худшиносии шахсияти ҷавонон, рушд ва дастгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон, ҳаракатҳо ва ташаббусҳои ҷавонон ва кӯдакон нигаронида шудааст, дар кишвар аз солҳои аввали истиқлолият даҳҳо қонун қабул гардида, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳои давлатӣ ва миллӣ ба роҳ монда шудаанд.

Ҳамчунин, Муинӣ Мавсума иброз намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон», ки 13 марти соли 1992 қабул шуда буд, яке аз аввалин санадҳои қонунгузории Тоҷикистони соҳибистиқлол дар соҳаи сиёсати иҷтимоии давлат нисбат ба ҷавонони кишварамон маҳсуб меёфт.

Солҳои 2004 ва 2021 дар шароити таҳаввулот ва ниёзҳои ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» дар таҳрири нав қабул гардид. Дар кишвар бо мақсади татбиқи судманди сиёсати давлатии ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардид. «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими худшиносии миллии ҷавонони Тоҷикистон барои 2023 – 2027» ба рушди имкониятҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва татбиқи низоми сиёсати давлатии ҷавонон дар Тоҷикистон ва берун аз он мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ таъсири мусбат мерасонанд.

- Итминон дорам, ки конфронси имрӯза дар назди мо роҳу усулҳои нав мегузорад ва ҷавонони фидокору ватандӯсти кишварҳоямон дар раванди таърихии бун­ёди заминаи нави рушди давлатҳоямон фаъолона иштирок намуда, саҳми арзанда мегузоранд. Бигузор покии маънавӣ, меҳнатдӯстӣ ва ватандӯстӣ арзишҳои асосии ҳаёти ҷавонон гардад, — гуфт дар интиҳо Муинӣ Мавсума.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон