Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Баррасии 18 масъала дар ҷаласаи якуми Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон

№118-119 (4701-4702) 03.10.2023

DSC_0106Дуюми октябри соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи якуми Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС — Вакилони арҷманд!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 57 вакил ҳузур доранд.

Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ҷаласаи якуми Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям. (Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласаи имрӯза Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одил, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Фарҳод Воҳид, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим Гулмурод, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона, муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ — тарбиявӣ Назарзода Тӯрабек, муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Музаффар Раҷаб, муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Меликзод Назрулло, муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рафизода Мирзоамон Ҳамдам ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Тибқи талаботи банди 134 — уми ­Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки Котиботи ҷаласаи якуми Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро интихоб намоем.

Пешниҳод аст, ки котибот иборат аз се нафар ва дар ҳайати зерин ташкил карда шавад:

раиси котибот:

вакил аз ҳавзаи интихоботии Рӯдакӣ, № 9 Шерализода Муҳамадулло Умар.

аъзои котибот:

вакил аз ҳавзаи интихоботии Вахш, № 32 Абдусаломзода Мунаввар Алиакбар;

 вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Усмонзода Мансур Салом.

Доир ба ҳайати пешниҳодгардида таклифи дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз монда, хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи қарор дар хусуси ҳайати котибот ба овоз монда шуда, қабул шуд.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Тибқи талаботи банди 134-уми Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мо зарур аст, ки Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилонро низ интихоб намоем.

Пешниҳод мегардад, ки ҳайати комиссияи мазкур иборат аз се нафар интихоб карда шаванд:

Ба ҳайси раиси комиссия номзадии вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Матробиён Саодатшо Қосимзода.

Ба ҳайати аъзои комиссия:

номзадии вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҷалолиддини Балхӣ, № 30 Одиназода Ҳуснигул Раҷаб;

вакил аз ҳавзаи ягонаи умуми­ҷумҳуриявӣ Икромӣ Фазлиддин Маҳмазоит пешниҳод карда мешавад.

Доир ба шумора ва ҳайати комиссия андешаи дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз монда, хоҳишмандам мавқеатонро  муайян намоед.

Лоиҳаи қарор дар хусуси ҳайати Комиссияи баҳисобгирии овозҳои вакилон ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Тибқи талаботи бандҳои 246 ва 247-уми Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳиро дар ҷаласаҳои Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум интихоб намоем.

Пешниҳод аст, ки гурӯҳ иборат аз се нафар ва дар ҳайати зерин интихоб карда шаванд:

роҳбари гурӯҳ:

номзадии вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Раҳматзода Рустам.

ба ҳайати аъзои гурӯҳ:

номзадии вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ  Ҷавҳарӣ Муҷибахон Одил;

вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҳамадонӣ, № 35 Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович пешниҳод карда мешавад.

Доир ба шумора ва ҳайати гурӯҳ андешаи дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳишмандам мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи қарор дар хусуси ҳайати Гурӯҳи назорати системаи элект­ронии овоздиҳӣ ба овоз монда шуда, қабул шуд.

РАИС: - Аз вакилоне, ки ба ҳайати Котибот, Комиссияи баҳисобгирии овозҳо ва Гурӯҳи назорати системаи электронии овоздиҳӣ интихоб шудаанд, хоҳиш карда мешавад, ки ба иҷрои вазифаҳояшон шурӯъ намоянд.

Вакилони муҳтарам!

Зимнан, ба мо лозим аст, ки тартиби инъикоси кори ҷаласаҳои Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро аз тариқи воситаҳои ахбори омма ­муайян намоем.

Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Фаттоҳзода Саидмурод Самад дода мешавад.  Марҳамат.

Саидмурод ФАТТОҲЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Мутобиқи банди 137-и Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи тартиби инъикоси рафти ҷаласаи якуми Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум» ироа мегардад.

1. Рафти ҷаласаи якуми Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар барномаҳои телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба таври фишурда пахш карда шавад.

2. Маводи ҷаласаи якуми Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Садои мардум» ба таври пурра нашр карда шавад.

3. Маводи ҷаласаи якуми Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум тавассути Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар», рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Народная газета» ва «Халқ овози», инчунин дар рӯзномаҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ чоп карда шаванд.

 Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби инъикоси кори ҷаласаи якуми Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласа ҳаждаҳ масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.

Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар ҳаст? Нест. Набошад, хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният интихоб намудани Муинӣ М.М.»

2. Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба озод намудани Файзуллозода Х.Т. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023»

4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «OXUS INTERAZIA FZCO» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли тамоку дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»

6. Оид ба Шартномаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маб­лағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом

7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»

8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ»

9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

10. Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманис­тон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти киберии байналмилалӣ

11. Дар хусуси Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқ ба объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста дар шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ

12. Дар бораи Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар ­масъалаҳои сарҳадӣ аз 2 сентябри соли 2011

13. Дар бораи Протоколи чорум оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002

14. Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи реадмиссия ва Протоколи иҷроия оид ба тартиби амалисозии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи реадмиссия

15. Оид ба Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон

16. Дар хусуси Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар самти мусоидат ба шуғли аҳолии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

17. Дар хусуси Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) доир ба лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти нигоҳдорӣ, рақамикунонӣ ва истифодабарии китобҳои Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандартии китоб — Хонаи китоби Тоҷикис­тон»

18. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем.

Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният интихоб намудани Муинӣ М. М.».

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Ягон пешниҳоди дигар доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро дар ин хусус ба овоз монда, хоҳиш мекунам мавқеатонро муайян намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният интихоб намудани Муинӣ М. М.» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

Тибқи талаботи моддаи 3 қисми 1-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» вакили интихобшуда ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунад.

Марҳамат, Муинӣ Мавсума.

Ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муинӣ Мавсума савганд ёд намуд.

РАИС: — Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Файзуллозода Х. Т. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳишмандам, мавқеатонро муайян намоед.

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба озод намудани Файзуллозода Х. Т. аз вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала  «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим Гулмурод дода мешавад. Марҳамат.

Карим ГУЛМУРОДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти он ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст.

Ҳамасола бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» нисбат ба воридоти гази табиӣ имтиёз пешбинӣ карда мешуд.

Бо назардошти дар Кодекси андоз танзим намудани масъалаи озодкунии пурраи воридоти гази табиӣ аз андоз аз арзиши иловашуда, зарурати аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» хориҷ намудани имтиёзи 50 — фоизаи андоз аз арзиши иловашуда барои воридоти гази табиӣ ба миён омадааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур хусусияти таҳрирӣ ва мутобиқсозӣ дошта, ба таъмин намудани фаъолияти самарабахши низоми энергетикии кишвар ва муътадил нигоҳ дош­тани арзиши таҳвили гази табиӣ мусоидат менамояд.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони арҷманд, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат дода мешавад. Марҳамат.

Маҳмадалӣ ҚУРБОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муътадилгардонии вазъи молиявии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамудаашон ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар кумита бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ шуда, тамоми расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ менамоем. Сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Гулмуродзода Карим Гулмурод дода мешавад. Марҳамат.

Карим ГУЛМУРОДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо мақсади муътадил нигоҳ доштани вазъи молиявии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷиктрансгаз» таҳия карда шудааст, пешниҳод гардидааст.

Қобили қайд аст, ки қаблан барои дар амал татбиқ намудани муқаррароти Созишнома байни Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи савдои озод» бо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2022» воридоти гази табиӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда пурра озод карда шуда, таҳвили минбаъдаи  он тибқи Кодекси андоз мавриди андозбандӣ қарор дода мешуд, ки он ҳолатҳои баҳсиро байни мақомоти андоз ва ҶСК «Тоҷиктрансгаз» ба миён овардааст. Дар ин замина, барои таъмин намудани фаъолияти самарабахши низоми энергетикии кишвар ва аз байн бурдани ҳолатҳои баҳсӣ дар лоиҳаи қонуни мазкур муқаррарот вобаста ба аз болонархӣ андозбандӣ шудани таҳвили минбаъдаи гази табиӣ пешбинӣ карда шуд. Ҳамзамон, барои минбаъд бо як санад танзим гардидани татбиқи имтиёзҳои андозӣ, тибқи лоиҳаи мазкур ба қисми 4 моддаи 251 Кодекси андоз сархати 18 илова гардида, бо қабули лоиҳа воридоти гази табиӣ аз андоз аз арзиши иловашуда пурра озод карда мешавад. Яъне, минбаъд зарурати дар қонунгузории буҷет пешбинӣ намудани имтиёзҳо нисбат ба воридоти гази табиӣ аз байн меравад. Дар маҷмӯъ, қабули лоиҳаи мазкур ба таъмин намудани фаъолияти самарабахши низоми энергетикии кишвар ва муътадил нигоҳ доштани арзиши таҳвили гази табиӣ мусоидат менамояд.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони арҷманд, бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба иқтисод ва молия Дӯстмуродзода Сурайё дода мешавад. Марҳамат.

Сурайё ДӮСТМУРОДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Тибқи лоиҳаи қонун, ба моддаҳои 248 қисми 10 Кодекси андоз ва сархати ҳабдаҳуми қисми 4 моддаи 251 тағйиру иловаҳо ворид карда мешаванд.

Арзиши амалиёти андозбандишаванда оид ба таҳвили минбаъдаи гази табиӣ ҳангоми воридот аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад, фарқияти мусбати байни арзиши гази табиӣ ва арзиши гумрукии он, бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда мебошад. Дар сурати ба миён омадани фарқияти манфии арзиши амалиёти андозбандишаванда, ҳангоми ҳисобкунии андоз аз арзиши иловашуда, фарқият баробари сифр қабул карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон, 7 таклиф пешниҳод карданд, ки аз онҳо аксарияташон қобили қабул дониста шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.

РАИС:- Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «OXUS INTERAZIA FZCO» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли тамоку дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода дода мешавад. Марҳамат.

Саъдӣ ҚОДИРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Дар доираи талаботи қонунгузорӣ Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ширкати «OXUS INTERAZIA FZCO»  оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли тамоку дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таҳия шуда, тибқи тартиби муқаррагардида, ба баррасии ҷаласаи имрӯза пешниҳод гардид.

Дар рафти таҳияи ин созишнома, хусусиятҳои минтақаи озоди иқтисодии «Данғара», бахусус, роҳандозӣ гардидани фаъолияти истеҳсолии ба содирот нигаронидашуда, ба эътибор гирифта шудааст.

Ҳамзамон, раванди мазкур ба амалишавии «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» мусоидат менамояд.

Тамоми ҷанбаҳои барои татбиқи созишнома пешниҳодгардида дар ҳуҷҷати ниҳоӣ инъикос ёфтааст.

Аз ҷумла:

- ҳаҷми сармоягузорӣ — 20 млн. доллари амрикоӣ;

- таъсиси ҷойҳои доимии корӣ — барои 78 нафар;

- иқтидори содиротӣ — 3,0 миллиард дона тамоку дар як сол

Пешниҳоди имтиёзҳо, ки яке аз талаботи асосии қонунгузории сармоягузорӣ мебошад, дар доираи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба муҳлати панҷ сол ва ба андозаи 50 фоизи меъёри муайяншуда нисбат ба ширкат татбиқ карда мешаванд.

Барои маълумот:

- то 50 фоиз кам кардани меъёри андоз аз арзиши иловашуда дар раванди истеҳсол ва вориди маҳсулоти тамоку аз тарафи Ширкати лоиҳавӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (берун аз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»);

- ба андозаи 50 фоиз кам кардани меъёри аксиз дар раванди истеҳсол ва вориди маҳсулоти тамоку аз тарафи Ширкати лоиҳавӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (берун аз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»);

- озод кардан аз пардохти боҷи гумрукӣ дар рафти истеҳсолот ва вориди маҳсулоти тамоку аз тарафи Ширкати лоиҳавӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (берун аз Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»).

Бо назардошти гуфтаҳои боло ва аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки Созишномаи сармоя­гузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «OXUS INTERAZIA FZCO» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли тамоку дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»-ро тасдиқ намоед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ашӯрзода Ғиёсиддин дода мешавад. Марҳамат.

Ғиёсиддин АШӮРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «OXUS INTERAZIA FZCO» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли тамоку дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» 25 — уми майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Созишномаи мазкур бо мақсади амалисозии «Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2020-2025» таҳия гардидааст.

Дар доираи «Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «OXUS INTERAZIA FZCO»  оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли тамоку дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» тасмим гирифта шудааст. Созишномаи мазкур дар кумита бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, тамоми расмиёти дохилиро гузаш­та, ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «OXUS INTERAZIA FZCO» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли тамоку дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба Шартномаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло дода мешавад. Марҳамат.

Ҳоким ХОЛИҚЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба ҳамагон маълум аст, ки тайи солҳои охир зуҳуроти нави ба амнияти кишварҳо таҳдидкунанда ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ доираи хатарҳои террористию экстремистиро мунтазам васеъ намуда, фаъолияти созмонҳо ва гурӯҳҳои алоҳидаи террористӣ хусусияти афзояндаи фаромарзиву фаромиллиро касб намуда истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ бо созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ барои андешидани тадбирҳои зарурӣ ва пешгирӣ кардани ин падидаи номатлуб кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Қаблан Ҷумҳурии Тоҷикистон Шартномаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дар бораи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм аз 5 — уми октябри соли 2007 ба имзо расонид, ки он бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25-уми феврали соли 2014 таҳти №1441 тасдиқ гардида буд.

Бо мурури замон ва бо назардошти хатару таҳдидҳои нави террористии ҷойдошта, хатари паҳншавии силоҳи қатли ом, ки дар шартномаи қаблӣ ба инобат гирифта нашуда буд, инчунин бо ворид гардидани тағйиру иловаҳо ба тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ), ки стандартҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузори паҳнкунии силоҳи қатли ом мебошанд, зарурати дар таҳрири нав ба имзо расонидани шартномаи зикршуда ба миён  омад.

Бо ин мақсад, 15 — уми октябри соли 2021 Шартномаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аз ҷониби сарони давлатҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикис­тон, Федератсияи Россия ва Турк­манистон ба имзо расонида шуд.

Мақсад аз қабули шартномаи мазкур вусъат бахшидани ҳамкориҳо дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва такмили заминаи ҳуқуқии он мебошад.

Бартарии шартномаи мазкур нисбат ба шартномаи соли 2007 баимзорасида дар он мебошад, ки дар шартномаи нав самтҳои нави ҳамкорӣ, аз ҷумла дар самти маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, эътирофи рӯйхатҳои шахсони бо терроризм алоқаманд, гузаронидани чораҳо оид ба ғайри фаъолгардонӣ, мусодира ва баргардонидани воситаҳо ё дигар молу мулк пешбинӣ гардидаанд.

Ғайр аз ин, шартномаи мазкур ҳамкориҳоро доир ба мутобиқгардонии қонунгузории тарафҳо, расонидани ёрии ҳуқуқии мутақобила, аз ҷумла вобаста ба супоридани ҳуҷҷатҳо, ҷустуҷӯ, ҳабс, гузаронидани дигар корҳои оперативӣ-ҷус­туҷӯӣ, инчунин машваратдиҳиро бо ҳамдигар дар самтҳои зикршуда дар бар мегирад.

Тибқи талаботи шартномаҳои байналмилалӣ, шартномаи мазкур бояд аз ҷониби давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тасдиқ (ратификатсия) карда шавад.

Бинобар ин, бо дастрасии моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Шартномаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бояд мавриди тасдиқ (ратификатсия) қарор дода шавад.

Шартномаи номбурда ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар хусуси тасдиқи он ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд.

Қабул ва татбиқи шартномаи зикр­шуда маблағгузории иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб наменамояд. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқи шартномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан ба раиси Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод дода мешавад. Марҳамат.

Рустам ШОҲМУРОД:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Шартномаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маб­лағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аз 15 — уми октябри соли 2021 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади иҷрои расмиёти дохилидавлатӣ барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ бо падидаи номатлуби раванди ҷаҳонишавӣ – ҷинояткории фаромиллӣ рӯ ба рӯ шуда, мубориза бо ҷинояткориро ба сифати афзалияти сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар эълон намуд. Ҳанӯз соли 1998 дар ҷумҳурӣ қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда ва маблағгузории терроризм ба сифати кирдори ҷиноятӣ эътироф гардида, ҷавобгарӣ барои он муқаррар шуда буд.

Бо назардошти хусусияти фаромиллӣ доштани ҷиноятҳои алоқаманд бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, маблағгузории он низ зарурати ҳамоҳанг сохтани низоми муқовимати давлатҳоро дар самти мазкур тақозо менамояд.

Бинобар ин, Ҷумҳурии Тоҷикис­тон як қатор санадҳои байналмилалии ҳуқуқии глобалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Конвенсияи байналмилалӣ «Дар бораи муқовимат бо маблағгузории терроризм» аз соли 1999,  Конвенсияи СММ «Оид ба муқовимат бо ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ» аз соли 2000, Конвенсияи СММ «Дар бораи муқовимат бо коррупсия» аз соли 2003, Конвенсияи Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба муқобили терроризм ва амсоли инҳоро эътироф намудааст.

Дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъо­лиятро дар самти мазкур мутобиқ ба Шартномаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм аз 5 — уми октябри соли 2007 ба роҳ мондааст.

Бо мақсади бунёди низоми самараноки ҳамкории байналмилалии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти мазкур, бо қарори Шӯрои роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 11 — уми ­октябри соли 2017 Консепсияи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом қабул гардид.

Бо назардошти консепсияи мазкур, инчунин, такмил ёфтани тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявӣ (ФАТФ) ва амалияи байналмилалии муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, зарурати такмили санадҳои ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба миён омад.

Бинобар ин, 15 — уми октябри соли 2021 аз ҷониби  роҳбарони давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Шартномаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» дар таҳрири нав ба имзо расонида шуд.

Шартномаи мазкур фарогири масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои мутобиқгардонии қонунгузории тарафҳо, расонидани ёрии ҳуқуқии мутақобила, аз ҷумла вобаста ба супоридани ҳуҷҷатҳо, ҷустуҷӯ, ҳабс, ғайрифаъолгардонӣ ­(боздошт), мусодира ва баргардонидани молумулки мусодирашуда, гузарондани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, машваратдиҳӣ, инчунин, эътирофи рӯйхатҳои шахсон, гурӯҳ ва ташкилотҳое, ки нисбат ба онҳо маълумот оид ба иштироки онҳо дар фаъолияти террористӣ ва паҳнкунии силоҳи қатли ом ҷой дорад, мебошад. Тибқи шартномаи нав, ба даромади бо роҳи ҷиноят бадастоварда на танҳо даромадҳои мустақим аз ҷиноятҳо, балки манфиатҳои молӣ ё моддии бавосита дар натиҷаи содир намудани ҷиноят бадастоварда низ мансуб ёфта, мафҳуми «маблағҳо» васеъ гардонида шудааст.

Мутобиқи моддаҳои 31 ва 32 — юми шартномаи мазкур барои эътибор пайдо кардани он гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ зарур буда, баробари эътибор пайдо кардани ин шартнома барои иштирокчиёни он дар муносибатҳои байни онҳо эътибори Шартномаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маб­лағгузории терроризм аз 5 — уми октябри соли 2007 қатъ мегардад.

Шартномаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадаст­оварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 — уми августи соли 2023 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шартномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикр­гардидаро 24 — уми августи соли 2023 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Шартномаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аз 15 — уми октябри соли 2021, ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, бо эҳтиром хоҳиш менамоем, ки тасдиқи «Шартномаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» аз 15 октябри соли 2021-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Шартномаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло дода мешавад. Марҳамат.

Ҳоким ХОЛИҚЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» пешниҳод карда мешавад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор барномаи лоиҳаи «Механизми қарздиҳии босуръатро» амалӣ менамояд, ки яке аз шартҳои он иҷрои Тавсияҳои ҳисоботи Хазинаи байналмилалии асъор аз рӯйи натиҷаи баҳодиҳии чораҳои муҳофизатии Бонки миллии Тоҷикистон аз 4-уми январи соли 2021 мебошад.

 Тавсияҳои Хазинаи байналмилалии асъор марҳила ба марҳила барои мукаммал намудани заминаи ҳуқуқии фаъолияти Бонки миллӣ тибқи таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ пешниҳод мешаванд.

Вобаста ба тавсияҳои навбатӣ бо лоиҳаи қонуни мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳои зерин пешбинӣ шуданд:

1) Ҷиҳати мушаххас намудани меъёри фоизии қарзҳои Бонки миллӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадди маблағгузории эмиссионӣ дар бозори дуюмдараҷа бо такмили моддаи 24 қонун меъёри фоизи қарзҳо аз рӯйи меъёри фоизи бозтамвил ва таъиноти маблағгузории эмиссионӣ дар бозори дуюмдараҷа вобаста ба мақсадҳои сиёсати пулию қарзии Бонки миллӣ муқаррар карда шуд.

2) Бо такмили қисми 3 моддаи 74-и қонун ҳайати Раёсати Бонки миллӣ аз 7 ба 9 нафар ва иборат аз раис, муовини якум ва ду муовин, панҷ аъзои мустақил пешбинӣ карда шуд. Бо тағйиру иловаи моддаи 78 қоидаи кворум ва вобаста ба он қоидаи овоздиҳӣ бо муайян намудани ҳолатҳои истисноӣ пешбинӣ шуда, заминаи ҳуқуқии мавқеи мустақил мустаҳкам карда шуд.

3) Вобаста ба масъалаҳои ҳолати ҳуқуқии аъзои Раёсати Бонки миллӣ ва мухторияти аъзои мустақили Раёсат, тартиби ба вазифа таъин ва озод намудани онҳо, бештар намудани муҳлати ваколатҳои аъзои мус­тақили Раёсат, ҷорӣ намудани талаботи намуди фаъолиятҳои барои аъзои Раёсат номувофиқ, инчунин, баъзе масъалаҳои дигари молиявӣ ва ташкилӣ такмил дода шуданд. Аз ҷумла, дар натиҷаи такмили моддаи 74-и қонун аъзои Раёсат аз ҳисоби аъзои мустақил ва муовинони раис бо пешниҳод аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. Муҳлати ваколатҳои аъзои мустақили Раёсат аз чор сол ба шаш сол зиёд карда шуд. Талаботи намуди фаъолияти барои аъзои мустақили Раёсати Бонки миллӣ номувофиқ, инчунин, мушаххас намудани масъалаҳои молиявӣ ва ташкилии подошпулии аъзои Раёсат дар қисмҳои 9 ва 12 моддаи 74, қисми 3 моддаи 80 қонун  возеҳ ва мукаммал карда шуд.

4)  Бо иловаи қисми 8 ба моддаи 80 талабот оид ба ҳар сол ифшо намудани маълумот дар бораи манфиатҳои тиҷоратии аъзои мустақили Раёсат, аз рӯйи қоидаҳои барои роҳбарияти Бонки миллӣ муқаррарнамудаи моддаи 79 қонуни амалкунанда ҷорӣ карда шуд.

5) Бо такмили қисми 2 моддаи 84 қонун ҳайати Кумитаи аудити Бонки миллӣ танҳо аз ҳисоби аъзои мус­тақили Раёсат пешбинӣ карда  шуд.

Бонки миллии Тоҷикистон бо Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ, ки яке аз ташкилотҳои бонуфузи байналмилалии гурӯҳи Бонки умуми­ҷаҳонӣ маҳсуб меёбад, ҳамкории доимиро роҳандозӣ намуда, кумаку дастгириҳои онро дар самтҳои ба рушди низоми бонкии кишвар манфиатнок самаранок истифода менамояд.

Айни замон вобаста ба рушди татбиқи технологияҳои иттилоотии муосир ва таъмини дастрасии фосилавӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ ҳамкорӣ идома дорад.

Дар фаъолияти бонкӣ татбиқи технологияҳои иттилоотии муосир, дастрасии аҳолиро ба он фарогир менамояд. Лекин, масъалаҳои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои муштариён ва амнияти иттилоотии ташкилотҳои қарзӣ аз ҳар гуна хавфҳои технологӣ, молиявӣ ва инсонӣ, инчунин, мутобиқат ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд пешакӣ санҷида шаванд.

Бо чунин мақсадҳо дар таҷрибаи байналмилалӣ  бонкҳои марказӣ барои дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзӣ  татбиқ намудани «реҷаи махсуси танзим» ва дар доираи он санҷидани мутобиқат ва самаранокии технологияҳои иттилоотии муосир дар фаъолияти бонкӣ ваколатдор карда шудаанд.

Гузаронидани реҷаи махсуси танзим имкон медиҳад, ки ташкилоти қарзии манфиатдор  дар муҳити маҳдуд таҳти назорати бонки марказӣ  анҷомдиҳии амалиёти бонкиро бо истифодаи технологияҳои инноватсионӣ озмоиш намояд ва санҷад.

Бо мақсади ҷорӣ намудани чунин таҷриба дар моддаи 6 қонуни амалкунанда вазифаи Бонки миллӣ барои  фароҳам овардани шароити зарурӣ дар ин самт  пешбинӣ карда шуда, инчунин  дар моддаҳои 42 ва 62 иловаи 1 ваколати Бонки миллӣ ҷиҳати бо санади меъёрии ҳуқуқии худ танзим намудани шарту тартиби таъсис ва татбиқи «реҷаи махсуси танзим» илова ва муқаррар карда шуд.

Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси қонун масъули таҳия ва татбиқи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҷиҳати бо истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ пайваста мукаммал намудани ин самти фаъолият чораҷӯйӣ менамояд. Таҷрибаи байналмилалии муосир, татбиқи сиёсати пулию қарзиро дар асоси муайян намудани самтҳо, истифодаи «реҷаи ҳадафгирии таваррум» ва беҳтар намудани раванди коммуникатсия ривоҷ медиҳад, ки асосҳои он ба амалӣ гардидани мақсадҳои бонкҳои марказӣ бештар мутобиқ аст.  Зарурати истифодаи дастовардҳои пешқадам дар чорабиниҳои Матритсаи татбиқи «Стратегияи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ва давраи миёнамуҳлат  қайд карда шуда, дар робита ба ин такмили қонуни Бонки миллӣ низ сурат мегирад.

Бинобар ин, аз натиҷаи омӯзиши таҷрибаи дигар бонкҳои марказӣ вобаста ба ин мавзӯъ, бо лоиҳаи қонуни мазкур ба муқаррароти  моддаҳои 2, 5, 14, 15, 16, 17, 19, 20, 24, 77 қонуни амалкунанда тағйиру илова ворид карда шуда, инчунин, моддаи 22 ишораи 1 илова карда шудааст.

Алалхусус, мафҳумҳои «сиёсати монетарӣ», «қоғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон» пешбинӣ карда шудаанд. Тибқи амалияи байналмилалӣ, таҷрибаи дурнамосозӣ минбаъд ба тасдиқи самтҳои асосии сиёсати пулию қарзӣ иваз гардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур, инчунин масъалаҳои мутобиқ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»-ро ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки давоми солҳои охир такмил ёфтаанд, фаро мегирад. Махсусан, дар моддаҳои 4, 73 ва 82 қонуни мазкур Бонки миллӣ объекти хулосаи аудиторӣ ва мафҳумҳои ба он вобаста мушаххас карда шуданд.

 Муқаррароти моддаҳои 10, 41 ва 70 қонуни амалкунанда ба талаботи стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ мутобиқ карда шуданд.

Мафҳуму истилоҳоти моддаҳои 54, 55 иловаи 1, 56 ва 58 бо назардошти тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ»  мутобиқ карда шудааст. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони арҷманд, бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат дода мешавад. Марҳамат.

Маҳмадалӣ ҚУРБОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади такмили Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» тавассути мутобиқ намудани меъёрҳои он бо қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаи байналмилалӣ фароҳам овардани заминаи мусоиди ҳуқуқӣ барои гузариши батадриҷ ба реҷаи ҳадафгирии таваррум ва беҳтар намудани раванди коммуникатсияи сиёсати пулию қарзӣ таҳия гардидааст.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамудаашон ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон 77 таклифу дархост пешниҳод намуданд, ки қисме аз онҳо ба инобат гирифта шуданд. Таклифҳои қабулгардида дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ  савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба раиси Бонки миллии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло дода мешавад. Марҳамат.

Ҳоким ХОЛИҚЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» масъалаҳои вобаста ба ҷорӣ намудани «реҷаи махсуси танзим»-ро дар бар мегирад, ки дар бораи моҳияти он ҳангоми муаррифии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикис­тон» ба шумо, вакилони муҳтарам, маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» қисми 5 илова карда шуда, ҳуқуқу имконияти ташкилотҳои қарзӣ барои дар доираи реҷаи махсуси танзим ва таҳти назорату роҳнамоии Бонки миллӣ озмоиш намудани мутобиқат ва самаранокии навовариҳои технологияҳои инноватсионӣ пешбинӣ карда мешавад.

Лоиҳаи қонун, инчунин, масъалаҳои вобаста ба такмили муқаррароти ҳуқуқӣ оид ба сирри бонкиро дар бар мегирад. Алалхусус, бо назардошти рушди воситаҳои пардохтие, ки ба суратҳисоби бонкии инфиродӣ вобаста набуда, тавассути он маблағҳои пулӣ ихтиёрдорӣ карда мешаванд ва вусъат ёфтани иштироки миёнаравҳо ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои бонкӣ, инчунин, тибқи муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав тағйир ёфтани шартҳои дастрасии мақомоти андоз ба маълумоти суратҳисобҳои бонкӣ ба моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шуданд.

Тибқи тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда, воситаҳои пардохтӣ, аз ҷумла ҳамёнҳои электронӣ ва дорандагони онҳо, амалиёти бо воситаҳои пардохтӣ иҷрошавандаи муштариён сирри бонкӣ муқаррар гардида, тартиби ифшои он тавассути вобаста намудан ба шартҳои умумии дар қонун пешбинишуда, мушаххас карда шудааст. Ҳамзамон, ифшо шудани маълумоти сирри бонкӣ ба субъектоне, ки ташкилоти қарзӣ барои амалисозии супориши муштарӣ ҷалб карда метавонанд, иҷозат дода шудааст.

Бо назардошти муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар таҳрири нав дастрасии мақомоти андоз ба маълумоти суратҳисобҳои андозсупорандаи санҷишшаванда ва андозсупорандагоне, ки нисбат ба онҳо қарор дар бораи ба таври ғайрисудӣ рӯёнидани қарзҳои эътирофшудаи андоз қабул гардидааст ва (ё) андоз­супорандагони бемасъулият эътироф шудаанд, дар асоси дархости хаттии роҳбари мақоми андоз якҷо бо замимаи нусхаи фармон ё қарори дахлдори мақоми андоз таъмин карда мешавад.

Бо лоиҳаи қонуни мазкур тағйироти дахлдор оид ба мутобиқ намудани мафҳуму истилоҳоти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» бо назардошти қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» пешбинӣ карда шудааст. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони арҷманд, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ашӯрзода Ғиёсиддин дода мешавад. Марҳамат.

Ғиёсиддин АШӮРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъо­лияти бонкӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили расмиёти анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ ва аҳдҳо бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ дар доираи татбиқи «реҷаи махсуси танзим», ҳамзамон, танзим намудани шартҳои дастрасии мақомоти андоз ба маълумоти суратҳисобҳои бонкии инфиродии муштариён пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамудаашон ҷонибдорӣ ва ҳамзамон нуҳ таклиф пешниҳод намуданд, ки аксарияташ қобили қабул дониста шуд.

Таклифҳои қабулгардида дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ­ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар кумита бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 60 Конститутсия ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин рӯ, аз шумо хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рафизода Мирзоамон Ҳамдам дода мешавад. Марҳамат.

 Мирзоамон РАФИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст, пешниҳод мегардад.

Тибқи лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур, пешниҳод карда шудааст, ки ба моддаи 53 Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобаста ба талабот нисбат ба шахсоне, ки ба мақомоти прокуратура ба кор қабул карда мешаванд, қисми 2 бо мазмуни зайл илова карда шавад:

«Барои иҷрои уҳдадориҳои алоҳидаи мансабӣ, ки ихтисоси муайянро талаб мекунанд, бо назардошти талаботи дигари дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда, дигар мутахассисон низ, ки дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ намебошанд, ба кор қабул карда мешаванд».

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», бо назардошти пайдоиши муносибатҳои нав дар ҷомеа, хусусан рушди технология­ҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, афзоиши ҷиноятҳо бо истифода аз ин технологияҳо ва дар ин замина таъсис додани сохтору воҳидҳои нави корие, ки фаъолияти онҳо ихтисосҳои дигар, аз ҷумла дар соҳаи технологияи иттилоотию коммуникатсиониро талаб менамояд, омода гардидааст.

Ин талабот дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 23 — юми декабри соли 2022 мукаммал дарҷ гардида, баҳри таъсис додани Маркази ягонаи иттилоотӣ барои пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистию террорис­тидошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ содир мешаванд, ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла ба Прокуратураи генералӣ дастур дода шуда буд.

Дар робита ба ин, бо пешниҳоди Прокуратураи генералӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №552 аз 19 — уми апрели соли 2023 дар сохтори мақомоти прокуратураи кишвар воҳиди нав — «Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо» бо 40 воҳиди корӣ таъсис дода шуд, ки барои пешбурди фаъолияти он асосан мутахассисоне лозиманд, ки дорои ихтисос дар соҳаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ мебошанд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур мавриди арзёбии дохили­идоравии зиддикоррупсионӣ қарор дода шуда, дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия ошкор нашудааст ва қабули он аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад.

Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш мекунам, ки ба тарафдории қабули лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоз диҳед.

РАИС: - Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Раҷабзода Равшан дода мешавад. Марҳамат.

Равшан РАҶАБЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 — уми апрели соли 2023 таҳти №552 дар сохтори мақомоти прокуратураи кишвар воҳиди кории нав — «Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳо» таъсис дода шудааст, ки дорои раёсату шуъбаҳои дахлдор буда, барои пешбурди фаъолияти он 40 воҳиди кории иловагӣ ҷудо карда шудааст, ки аксари воҳидҳои кории он дониши махсуси касбӣ-техникиро талаб менамояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 — уми августи соли 2023 таҳти №1748 барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд ва баҳри такмили он се таклиф пешниҳод карданд, ки бо назардошти онҳо лоиҳа такмил дода шуд.

Кумитаи масъул 31 — уми августи соли 2023 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Шоназаров С. А., намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи худ лоиҳаи номбурдаро мавриди баррасӣ қарор дода, онро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба бобҳои дуюм ва нуҳуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, аз шумо, вакилони арҷманд, бо эҳтиром хоҳиш менамояд, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти киберии байналмилалӣ» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муовини якуми раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолзода Фарҳод Воҳид дода мешавад. Марҳамат.

Фарҳод КАМОЛЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти киберии байналмилалӣ барои фароҳам овардани заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои киберӣ таҳия гардида, 10 — уми апрели соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуд.

Созишнома ҳамкории мақомоти салоҳиятдори ҳар ду кишварро дар самтҳои табодули иттилоот оид ба таъмини амнияти киберӣ барои пешгирӣ, ошкор ва рафъи ҳодисаҳои компютерӣ, тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо оид ба истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ бо мақсадҳои террористӣ, коркард ва роҳандозии чораҳои зарурии муштараки боэътимод ва мусоидаткунанда ба таъмини амнияти киберии байналмилалӣ, табодули иттилоот дар самти қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии давлатҳои Тарафҳо дар ҳамин соҳа, тайёр намудани мутахассисон, табодули таҷриба ва кумак ба Тарафҳо дар соҳаи таъмини амнияти киберии байналмилалӣ ба танзим медарорад ва тақвият мебахшад.

Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, бо назардошти афзоиш ёфтани раванди ҷинояткории киберӣ ва таҳдиду хатарҳои муосир ба амнияти миллӣ дар фазои интернетӣ, аз қабили тарғибу ташвиқи ақидаҳои террористию экстремистӣ, мағзшӯйӣ ва ҷалби ҷавонон ба сафи созмону гурӯҳҳои террористӣ, маблағгузории терроризм, идеологияи бегона ва дигар унсурҳои номатлуби динӣ, муомилоти маводи мухаддир ва амсоли инҳо тавассути технологияи иттилоотӣ — коммуникатсионӣ, ба роҳ мондани ҳамкориро бо Туркманистон барои андешидани чораҳои муштараки муассир баҳри ошкор ва пешгирӣ намудани чунин ҷиноятҳо мувофиқи мақсад медонад.

Бинобар ин, аз шумо, вакилони  муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти киберии байналмилалӣ овоз диҳед.

РАИС: - Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович дода мешавад. Марҳамат.

Ҳаёт ОДИНАЕВ:

 - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти киберии байналмилалӣ 20-уми майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Созишномаи мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 13 — уми сентябри соли 2023 таҳти №1799 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуда буд.

Созишномаи мазкур аз дебоча ва 9 модда иборат буда, бо мақсади табодули иттилоот оид ба таъмини амнияти киберӣ барои пешгирӣ, ошкор ва рафъи ҳодисаҳои компютерӣ, тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо вобаста ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ бо мақсадҳои террористӣ ба имзо расидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи номбурдаро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикр­гардидаро 15 — уми сентябри соли 2023 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ­масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти киберии байналмилалӣ ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният», «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз ин рӯ, аз шумо, бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти киберии байналмилалиро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркманистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти киберии байналмилалӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқ ба объект­ҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста дар шабакаҳои ­иттилоотию телекоммуникатсионӣ» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насриддинзода Рухшона дода мешавад. Марҳамат.

Рухшона НАСРИДДИНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Муқаррароти лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқ ба объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста дар шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ» ва лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқ ба объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста дар шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ» бо меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории миллӣ мутобиқ буда, зарурати ба онҳо ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба миён намеорад ва маблағҳои иловагиро аз буҷети давлат талаб намекунад.

Созишномаи зикршуда метавонад минбаъд ҳамкориҳоро дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ба объектҳои ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар шабакаҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, мубодилаи иттилоот дар соҳаи мубориза бар зидди истифодаи ғайриқонунии объектҳои ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар шабакаҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, таҳия ва амалӣ намудани механизмҳои муқовимат ба вайронкунии ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он, такмили қонунгузории давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ва бо мақсади густариши алоқаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо ИДМ боз ҳам вусъат бахшад.

Аз ин рӯ, бо камоли эҳтиром хоҳиш мекунам, ки лоиҳаи пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Матробиён Саодатшо дода мешавад. Марҳамат.

Саодатшо Матробиён:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ

Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқ ба объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста дар шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ 12-уми ноябри соли 2021 дар шаҳри Минск ба имзо расида, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 13-уми сентябри соли 2023 таҳти № 1798 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот ва барои додани хулоса ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон манзур гардид.

Созишномаи мазкур, бо назардошти аҳамияти такмили низоми ҳифзи ҳуқуқ ба объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар шароити рушди технологияҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ, танзими нокифояи масъалаҳои истифодаи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он дар шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, аз ҷумла дар шабакаи интернет, дар асоси «Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» аз 24 — уми сентябри соли 1993, «Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ ва таъсиси Шӯрои байнидавлатӣ оид ба ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқии моликияти зеҳнӣ» аз 19-уми ноябри соли 2010, «Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо истеҳсол ва паҳнкунии маҳсулоти қалбакӣ» аз 26 — уми майи соли 2017 таҳия гардида, барои ба анҷом расонидани расмиёти дохилидавлатии дахлдор ва эътибори қонунӣ пайдо намудани он пешниҳод шудааст.

Созишномаи мазкур мутобиқи қонунгузории давлатҳои иштирокчӣ тадбирҳоеро амалӣ менамояд, ки ба ташкили механизмҳои муқовимат ба вайронкунии ҳуқуқ ба объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста дар шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ, аз ҷумла дар интернет нигаронида шудаанд.

Ҳамзамон, мақсад аз имзои созишномаи мазкур такмили қонунгузории давлатҳои иштирокчӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ дар самти ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқ ба объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқи вобаста дар шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ, таҳияи чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва рафъ кардани истифодаи ғайриқонунии объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он, таъмиқи ҳамкории мақомоти ваколатдори давлатҳои иштирокчӣ, мубодилаи иттилоот дар соҳаи муқовимат ба истифодаи ғайриқонунии объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста дар шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ, инчунин гузарондани машваратҳо, конференсияҳои илмию амалӣ, форумҳо, инчунин, тадқиқоти илмӣ, аз ҷумла тадқиқоти якҷоя дар ин мавзӯъ мебошад.

Созишномаи мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқ ба объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста дар шабакаҳои иттило­отию телекоммуникатсиониро пурра ҷонибдорӣ намуданд. Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи созишнома овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома дар бораи ҳамкории давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳимоя ва ҳифзи ҳуқуқ ба объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста дар шабакаҳои иттилоотию телекоммуникатсионӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои сарҳадӣ аз 2 сентябри соли 2011» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муовини фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ — тарбиявӣ Назарзода Тӯрабек дода мешавад. Марҳамат.

Тӯрабек НАЗАРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои сарҳадӣ аз 2 сентябри соли 2011», лоиҳаи протоколи мазкур маъқул дониста шудааст ва 16 — уми марти соли 2023 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон аз ҷониби муовини якуми раис — Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии ­амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст.

Дар асоси мувофиқаҳои бадастомада бо ҷониби Федератсияи Россия ба моддаи 5 созишнома тағйироти зерин ворид карда шудааст:

Дар сархати сеюм: «Гурӯҳи ҳамкории сарҳадӣ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ, хонаи 6 ва кӯчаи Қаҳҳоров, хонаи 143 ҷойгир мебошад. Ҷои ваколатдори Тарафи Россия, ҳайати шаҳрвандони Гурӯҳи ҳамкории сарҳадӣ аз ҳисоби шаҳрвандони Федератсияи Россия ва аъзои оилаи онҳо аз ҷониби роҳбари Гурӯҳи ҳамкории сарҳадӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори Тарафи Тоҷикистон муайян карда мешавад».

Дар сархати чорум: «Дар ҳолати тағйирёбии суроғаи ҷойгиршавии Гурӯҳи ҳамкории сарҳадӣ, тарафҳо ҳамдигарро тариқи роҳҳои дипломатӣ ба таври хаттӣ огоҳ менамоянд».

Бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои муфид ва бо назардошти иштироки Федератсияи Россия дар муҷаҳҳазгардонии сарҳади давлатӣ ва тайёр намудани ­кадрҳои сарҳадӣ ба мақсад мувофиқ мебошад, ки «Протокол оид ба ­ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ­Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои сарҳадӣ аз 2 сентябри соли 2011» аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тасдиқ карда шавад.

Бо назардошти манфиатиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифз ва ҳимояи сарҳади давлатӣ, аз шумо, вакилони арҷманд, бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи «Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои сарҳадӣ аз 2 сентябри соли 2011» овоз диҳед.

РАИС: - Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Одиназода Ҳуснигул Раҷаб дода мешавад.

Ҳуснигул ОДИНАЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои сарҳадӣ аз 2 сентяб­ри соли 2011, ки 16-уми марти соли 2023 дар шаҳри Алмаато ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Протоколи мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 21-уми августи соли 2023 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният барои баррасӣ ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, барои додани хулоса ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 24-уми августи соли 2023 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.

Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои сарҳадӣ аз 2 сентябри соли 2011 ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқи протоколи номбударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Протокол оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои сарҳадӣ аз 2 сентябри соли 2011» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Протоколи чорум оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002» шурӯъ менамоем.

Сухан ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо дода мешавад. Марҳамат.

Шералӣ МИРЗО:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Протоколи чорум оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002» дар асоси моддаи 11-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади эътибор пайдо намудани протокол,  манзури шумо карда мешавад.

Протоколи мазкур 26-уми августи соли 2022 аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои СААД ба имзо расонида шудааст.

Протоколи мазкур аз дебоча ва 2 банд иборат буда, тибқи банди якуми он, ба моддаи 8 ва тибқи банди дуюм ба моддаи 17-и Оинномаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ иловаҳо ворид карда мешаванд.

Тибқи меъёрҳое, ки ба оиннома ворид карда шудаанд, давлатҳои аъзои созмон ҳамкориро дар баробари соҳаҳои ҳифзи сарҳади давлатӣ, мубодилаи ахборот, амнияти иттилоотӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода, аз хатарҳое, ки дар рафт ё натиҷаи амалиёти ҷанг ба вуқӯъ меоянд, инчунин, дар соҳаи амнияти биологӣ низ ба роҳ мемонанд.

Меъёри мазкур баъди хурӯҷи бошиддати бемории сироятии COVID-19 ва ҷалби қувваҳои мусаллаҳи аксари кишварҳо дар корҳои безараргардонӣ ва расонидани кумаки тиббӣ ба аҳолӣ таҳия карда шуда, дар назди Кумитаи котибони шӯроҳои амнияти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мақоми машваратии дахлдор таъсис дода шудааст.

Ҳамзамон, тибқи тағйироти ба моддаи 17 оиннома воридшуда, тартиби пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколатҳои Котиби генералии созмон муқаррар карда шудааст.

Тасдиқи протоколи зикргардида, барои рушди самтҳои алоҳидаи ҳамкорӣ дар доираи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва мукаммалнамоии тартиби таъиннамоии шахсони мансабдори Котиботи созмон мусоидат хоҳад кард.

Тасдиқи протоколи мазкур зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонунгузории миллӣ ба миён намеорад ва хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Аз ин рӯ, қабули қарори дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси тасдиқи протоколи зикршуда мувофиқи мақсад мешуморам. Хоҳишмандем, лоиҳаи пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Одинаев Ҳаёт Абдулҳақович дода мешавад. Марҳамат.

Ҳаёт ОДИНАЕВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Протоколи чорум оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002, ки 26 — уми августи соли 2022 ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шудааст, тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми сентябри соли 2023 таҳти №1800 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуда буд.

Протоколи мазкур аз дебоча ва 2 банд иборат буда, бо мақсади тақвият ва рушди ҳамкориҳо дар масъалаҳои мубодилаи ахборот, амнияти иттилоотӣ, ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода, аз хатарҳое, ки дар рафт ё натиҷаи амалиёти ҷанг ба вуқӯъ меоянд, инчунин дар соҳаи амнияти биологӣ, ба имзо расидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи номбурдаро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикр­гардидаро 15-уми сентябри соли 2023 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.

Протоколи чорум оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002 ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони арҷманд, бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқи Протоколи чорум оид ба ворид намудани тағйирот ба  Оинномаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Протоколи чорум оид ба ворид намудани тағйирот ба Оинномаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 7 октябри соли 2002» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи реадмиссия ва Протоколи иҷроия оид ба тартиби амалисозии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи реадмиссия» оғоз менамоем.

Сухан ба муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дода мешавад. Марҳамат.

Абдураҳмон АЛАМШОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи реадмиссия ва Протоколи иҷроия оид ба амалисозии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи реадмиссия» дар асоси моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст.

Мақсади таҳияи лоиҳаи мазкур, гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ барои эътибор пайдо кардани қарори зикргардида мебошад.

Созишномаи мазкур барои рушди фаъолонаи ҳамкориҳо байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия барои ба низом даровардани тартиби баргардонидан, қабул ва таҳвили шахсоне, ки дар қаламрави якдигар бо вайрон кардани тартиби вуруд ва иқомати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ қарор доранд, равона карда шудааст.

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи реадмиссия аз муқаддима ва 13 модда ва Протоколи иҷроия оид ба амалисозии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи реадмиссия бошад, аз 12 модда иборат буда, 23-юми феврали соли 2022 дар шаҳри Душанбе ва 16-уми сентябри соли 2021 дар шаҳри Москва ба имзо расидаанд.

Дар муқаддима асосҳо барои баста шудани созишнома ифода ёфтааст.

Дар моддаҳои 1-4 вобаста ба мафҳумҳои асосие, ки дар созишномаи мазкур истифода бурда мешаванд, реадмиссияи шаҳрвандони давлатҳои Тарафҳо, дархост дар бораи реадмиссия ва муҳлатҳои ирсол ва баррасии дархостҳо барои реадмиссия мавриди танзим қарор гирифтаанд.

Дар моддаҳои 5-7 муҳлатҳои таҳвил ва қабули шахсоне, ки нисбати онҳо аз ҷониби Тарафи дархостшаванда барои реадмиссия розигӣ дода шудааст, тартиби транзити шаҳрвандони давлати сеюм ва шахсони бешаҳрвандӣ ва ҳифзи маълумоти хусусие, ки мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо ҳангоми мубодилаи онҳо ба даст меоранд, пешбинӣ гардидааст.

Дар моддаҳои 8-10 масъалаҳои вобаста ба хароҷотҳое, ки дар рафти таҳвили шахсони реадмиссияшаванда ба вуҷуд омадаанд, протоколи иҷроия вобаста ба амалинамоии созишномаи мазкур ва тартиби қатъ намудан ва аз нав шурӯъ кардани истифодаи созишномаи мазкур инъикос гардидааст.

Дар моддаҳои 11-13 бошад, тартиби ҳалли баҳсҳо вобаста ба тафсир ва амалинамоии созишнома, муносибат бо дигар созишномаҳои байналмилалӣ ва масъалаҳои эътибори қонунӣ пайдо намудан, тағйирот даровардан ва муҳлати амали созишномаи мазкур пешбинӣ гардидааст.

Протоколи иҷроия оид ба амалисозии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи реадмиссия барои танзими пурраи масъалаҳои алоқаманд бо амалисозии созишнома равона шудааст. Протоколи мазкур дорои муқаррароти мушаххас вобаста ба амалисозии созишнома мебошад.

Дар моддаҳои 1-3 доир ба мақомоти салоҳиятдори амаликунандаи муқаррароти созишнома, ҳуҷҷатҳое, ки далели мавҷудияти шаҳрвандии Тарафҳоро тасдиқ мекунанд ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки барои муайян кардани мансубияти шаҳрвандии шахси реадмиссияшаванда заруранд, мавриди танзим қарор гирифтаанд.

Дар моддаҳои 4-7 масъалаҳои суҳбатҳо байни мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо вобаста ба дархостҳо ва дигар мушкилотҳои бавуҷуд­омада, тартиби ирсол намудани дархостҳо дар бораи реадмиссия ва ҷавоб ба онҳо, инчунин тартиби ирсол намудани дархостҳо дар бораи транзит ва ҷавоб ба онҳо ва мушоияти шахси реадмиссияшаванда пешбинӣ гардидааст.

Дар моддаҳои 8-12 масъалаҳои вобаста ба расмиёти реадмиссия ё транзити шахсон тавассути сарҳади давлатии Тарафҳо, забони барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, хароҷотҳое, ки дар рафти амалисозии реадмиссия ё транзит ба вуҷуд омадаанд, замимаҳо ба протоколи мазкур ва муқаррароти хотимавӣ инъикос гардидааст.

Нисбат ба лоиҳаи мазкур экспертизаи зиддикоррупсионӣ гузаронида, муайян карда шудааст, ки дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дида намешавад.

Созишнома ва протоколи мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надоранд. Бинобар ин, аз шумо вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки тасдиқи созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавад. Марҳамат.

Толибхон АЗИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи реадмиссия ва Протоколи иҷроия оид ба амалисозии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи реадмиссия, ки 23-юми феврали соли 2022 дар шаҳри  Душанбе ва 16-уми сентябри соли 2021 дар шаҳри Москва ба имзо расидаанд, аз ҷониби   Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи талаботҳои моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи талаботҳои моддаи  12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Созишнома  ва протоколи мазкур тибқи Қарори  Шӯрои Маҷлиси намояндагон таҳти рақами 1758  аз 21-уми августи соли равон ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ,  мудофиа ва амният барои баррасӣ,  ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои додани хулосаи ҳуқуқӣ супорида шудааст.

Ҳадафи асосии таҳия ва пешниҳоди  созишнома  ва протоколи  мазкур гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ, яъне аз ҷониби  Маҷлиси намояндагон  тасдиқ намудани он  барои  эътибори  қонунӣ  пайдо намуданаш  мебошад.

Мақсади дигар таъмини ҳамкориҳои муфид байни ҳар ду давлат барои ба низом даровардани тартиби баргардонидан, қабул ва таҳвили шахсоне, ки дар қаламрави якдигар бо вайрон кардани тартиби вуруд ва иқомати шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ қарордошта, арзёбӣ мегардад.

Мафҳуми «реадмиссия» ин таҳвил ва қабули шахсони дар ҳудуди давлатҳои якдигар қоидаҳои воридшавӣ, будубош ва иқоматро вайроннамуда  буда, Тарафҳо дар самти мазкур барои ошкор намудани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ ва дастгиру интиқол додани чунин шахсон ва пешгирии онҳо  ҳамкорӣ менамоянд. Ин ҳамкориҳо якчанд амалро дар бар мегиранд:

а) шаҳрвандоне, ки бо вайрон намудани қонунгузории Тарафҳо ба ҳудуди ин давлатҳо ворид шудаанд, ғайриқонунӣ дар он будубош доранд;

б) шаҳрвандоне, ки аз муассисаҳои ислоҳии ҷазои ҷиноятӣ озод шудаанд;

в) шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандие, ки  тариқи  сарҳади Тарафҳо ворид шуда, талаботи қонунгузорӣ оид ба будубош ва иқоматро вайрон намудаанд.

Масъалаи хароҷот вобаста ба реадмиссия дар созишнома мушаххас муайян карда шудааст, ки уҳдадориҳои Тарафҳо арзёбӣ мегардад. Бояд қайд намуд, ки Федератсияи Россия ба ҳолати имрӯза бо давлатҳои зиёд созишномаҳои реад­миссияро ба имзо расонидааст.

Созишнома ва протоколро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳоднамудаашон ҷонибдорӣ намуданд.

Созишнома ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 7, 8, 9, ва 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба талаботи санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқи созишнома ва протоколи баррасишавандаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи реадмиссия ва Протоколи иҷроия оид ба тартиби амалисозии Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи реадмиссия»  ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дода мешавад. Марҳамат.

Абдураҳмон АЛАМШОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон» дар асоси моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст.

Мақсади таҳияи лоиҳаи мазкур мустаҳкам гардидани муносибатҳо, беҳтар гардонидани ҳамкорӣ, бо назардошти дигаргун шудани вазъи ҷаҳони имрӯза ва пайдо шудани намудҳои нави ҷиноят мебошад.

Созишномаи мазкур барои рушди фаъолонаи ҳамкориҳо байни вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистону Озарбойҷон дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан дар шаклҳои муташаккили он, равона карда шудааст.

Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе 5-уми апрели соли 2023 ба имзо расида, аз муқаддима ва 18 модда иборат мебошад.

Дар муқаддима хоҳиши рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон дарҷ гардидааст.

Дар моддаҳои 1-3 созишномаи мазкур масъалаҳои интиқоли маълумоте, ки дорои сирри касбӣ ва давлатӣ, инчунин додан ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ дахолат намекунанд, самтҳо ва шаклҳои ҳамкории Тарафҳо пешбинӣ шудааст.

Дар моддаҳои 4-7 оид ба рушди ҳамкории Тарафҳо, дархостҳо доир ба мусоидат, масъалаи рад кардани мусоидат ва иҷрои дархост аз тарафи дархосткунанда пешбинӣ гардидааст.

Дар моддаҳои 8-11 масъалаи ҳифзи маълумоти шахсӣ, маҳдудиятҳои истифодаи иттилоот ва ҳуҷҷатҳои гирифташуда, хароҷот ҳангоми иҷрои созишномаи мазкур ва истифодабарии забон зикр шудааст.

Дар моддаҳои 12-15 масъалаҳои ҳамоҳангсозии ҳамкорӣ, алоқаи бевоситаи Тарафҳо тавассути «Интерпол» ва муносибат ба дигар шартномаҳои байналмилалии созишнома дарҷ гардидааст.

Дар моддаҳои 16-18 масъалаҳои ҳалли ихтилофот, тағйиру иловаҳо ва эътибор пайдо кардан, муҳлат, амал ва қатъ шудани созишномаи мазкур пешбинӣ гардидааст.

Нисбат ба лоиҳаи мазкур экспертизаи зиддикоррупсионӣ гузаронида, муайян карда шудааст, ки дар он омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия дида намешавад.

Созишномаи мазкур ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқи созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Абдуллоев Мироҷ Санонович дода мешавад. Марҳамат.

Мироҷ АБДУЛЛОЕВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон 5-уми апрели соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шудааст.

Созишномаи мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми августи соли 2023 таҳти №1757 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, барои додани хулоса ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуда буд. Созишномаи мазкур аз дебоча ва 18 модда иборат буда, бо мақсади рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ба имзо расидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулосаҳо онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикр­гардидаро 24-уми августи соли 2023 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод. Созишномаи мазкур аз ҷониби иштирокдорони ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.

Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқи созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба Созишнома дар бораи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Озарбойҷон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар самти мусоидат ба шуғли аҳолии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» оғоз менамоем.

Сухан ба вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа дода мешавад. Марҳамат.

Гулнора ҲАСАНЗОДА:

- Муҳтарам  Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар самти мусоидат ба шуғли аҳолии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз 28-уми майи соли 2021 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ба тасвиб расидааст, ҷузъи ҷудонопазири Консепсияи ташаккули марҳилавии бозори умумии меҳнат ва танзими муҳоҷирати меҳнатии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.

Созишномаи мазкур ба ҳайси механизми татбиқи Консепсияи ташаккули марҳилавии бозори умумии меҳнат ва танзими муҳоҷирати меҳнатии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил ба давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил имкон медиҳад, ки сиёсати мувофиқашудаи босамари давлатӣ дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва раванди муҳоҷирати меҳнатӣ байни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҳандозӣ шавад.

Муҳтавои созишнома ҳамкориҳоро байни давлатҳои аъзои ИДМ дар самти фароҳамсозии шароити мусоид ҷиҳати ташаккули бозори умумии меҳнат, баланд бардоштани самаранокии тадбирҳо, барнома ва хизматрасониҳо аз ҷониби мақомоти давлатии дахлдор дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва танзими равандҳои муҳоҷират, ташкили низоми эътирофи мутақобилаи салоҳиятҳо, рушди касбии захираҳои меҳнатӣ, ҳаракати озодонаи қувваҳои корӣ байни давлатҳои аъзои ИДМ, мубодилаи иттилоот, мусоидат ба шуғли аҳолии дар бозори меҳнат осебпазир, аз ҷумла маъюбон, ҷавонон, занон ва шахсони аз муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноӣ озодшуда, муқовимат ба муҳоҷирати меҳнатии ғайриқонунӣ ва роҳандозии муҳоҷирати меҳнатии муташаккилонаро дар бар мегирад.

Масъалаҳои дар созишнома дарҷшуда хеле муҳим буда, барои ҳамкориҳои мутақобилаи судманд миёни давлатҳои аъзо, инчунин, миёни мақомоти ваколатдори кишварҳо дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва танзими раванд­ҳои муҳоҷират заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Итминон дорам, ки ба тасвиб расидани ин созишнома ҳамкориҳоро миёни давлатҳои аъзои ИДМ дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва танзими равандҳои муҳоҷират ба сатҳи комилан нав бароварда, дар баробари ин мушкилоти ҷойдошта байни давлатҳо дар соҳаҳои мазкур аз байн бардошта мешавад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар самти мусоидат ба шуғли аҳолии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Шодизода Парвиз дода мешавад. Марҳамат.

Парвиз ШОДИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар самти мусоидат ба шуғли аҳолии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 28-уми майи соли 2021 дар шаҳри Минск ба имзо расидааст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур бо мақсади иҷрои вазифаҳои Консепсияи ташаккули марҳилавии бозори умумии меҳнат ва танзими муҳоҷирати меҳнатии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 17-уми марти соли 2017 омода гардида, тибқи муқаррароти моддаи 8-и ин консепсия пас аз гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ аз ҷониби давлатҳои иштирокдор, эътибор пайдо мекунад.

Созишнома  бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми сентябри соли 2023 таҳти №1797 ба Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуда буд. Кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳо созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.

Ҳадафҳои созишномаи мазкур аз таҳияи муносибатҳои мувофиқашуда барои ҳалли мушкилот ва рафъи монеаҳо ҳангоми ташаккули бозори умумии меҳнат, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобила ҳангоми таҳия ва баланд бардоштани самаранокии тадбирҳо, барномаҳо ва хизматрасониҳои аз ҷониби Тарафҳо дар бозори меҳнат амалишаванда ва барои мусоидат ба шуғли аҳолӣ, паст кардани сатҳи бекорӣ дар давлатҳои иштирокдори ин созишнома равонагардида, таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандони давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба озодии ҳаракат ва амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ, иборат мебошанд.

Созишнома мутобиқ ба моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон», меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.

Аз ин рӯ, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ аз шумо, вакилони муҳтарам, бо эҳтиром хоҳиш менамояд, ки барои тасдиқи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар самти мусоидат ба шуғли аҳолии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар самти мусоидат ба шуғли аҳолии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) доир ба лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти нигоҳдорӣ, рақамикунонӣ ва истифодабарии китобҳои Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандартии китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Назариён Обид Одил дода мешавад. Марҳамат.

Обид НАЗАРИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат,  вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат барои рушди соҳаи фарҳанг, аз ҷумла таваҷҷуҳ ба соҳаи китобдорӣ, изҳори сипос менамояд. Дар баробари азнавсозии муассисаҳои фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ, имрӯз таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба таҷдиди технологияи муосири иттилоотии Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон»-и Вазорати фарҳанг равона гардидааст, ки ин ҳам як қадами дигар барои ба шароити муосир мутобиқ гардонидани соҳаи китобдорӣ мебошад. Аз ҷумла, амалигардидани лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти нигоҳдорӣ, рақамикунонӣ ва истифодабарии китоб­ҳои Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон» барои ҳифзу нигоҳдории осори миллӣ ва ба мерос гузоштани он ба наслҳои оянда шароити мусоид фароҳам меоварад. Ин лоиҳа барои ба таври шоиста нигоҳ доштан, танзим ва рақамисозии китобҳо, ки мероси фарҳангии арзишманди Тоҷикистон ба шумор мераванд, таҳия гардидааст. Инчунин, натиҷаи ин ҳамкорӣ ба беҳбуди ҳаёти фарҳангии кишвар мусоидат хоҳад кард.

Мутахассисони Вазорати фарҳанг аз соли 2020 инҷониб барои амалӣ гардонидани лоиҳаи мазкур бо Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) ҳамкорӣ менамоянд.

5-уми майи соли 2021 Протокол оид ба омӯзиши ибтидоӣ байни Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандарти китоб — Хонаи китоби Тоҷикис­тон»-и Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, тарҳи ибтидоии ҷадвали номгӯйи таҷҳизот  муқаррар карда шуд.

Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми августи соли 2022 таҳти №409 дар хусуси лоиҳаи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ доир ба лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти нигоҳдорӣ, рақамикунонӣ ва истифодабарии китобҳои Муассисаи давлатии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандартии китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми августи соли 2022 таҳти № 410 дар хусуси лоиҳаи ёддоштҳои табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония доир ба лоиҳаи мазкур ба тавсиб расидааст. Мундариҷаи лоиҳа бо вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ мувофиқа карда шудааст.

Моҳи ноябри соли 2022 барои амалӣ гардонидани лоиҳаи мазкур Ёддошти табодулӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Япония, инчунин, Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ба имзо расид.

Аз 24-уми июл то 4-уми августи соли ҷорӣ намояндаи Ширкати «ИНТЕМ КОНСАЛТИНГ» барои баррасии номгӯй ва характеристикаи таҷҳизоти дар доираи лоиҳа воридшаванда, байни Муассисаи давлатии «Агентии миллии Cозмони байналмилалии рақамгузории стандартии китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон» машварат ва омӯзишро анҷом доданд.

Дар доираи қонуниятҳои коргузорӣ ва иҷрои бандҳои Созишномаи грантӣ байни намояндаи Ширкати «ИНТЕМ КОНСАЛТИНГ» ва Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандартии китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон» дар таърихи 1-уми августи соли 2023 созишнома ба тавсиб расид.

Тибқи маълумоти намояндаи Ширкати «ИНТЕМ КОНСАЛТИНГ» ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA), бинобар сабаби тағйир ёфтани қурби асъори хориҷӣ (ҷопонӣ), феҳристи номгӯйи таҷҳизот тағйир дода шуд (кам карда шуд).

Дар доираи машварати охир, ки аз 24-уми июл то 4-уми августи соли 2023 идома ёфт, намояндаи Ширкати «ИНТЕМ КОНСАЛТИНГ» ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) феҳристи номгӯйи таҷҳизот, ҷойи насби онҳо ва реҷаи амалишавии лоиҳаро мушаххас намуданд. Қисме аз уҳдадориҳои қабулкунанда, аз қабили таъмир ва таҳияи сомона иҷро гардида, қисми дигари уҳдадориҳо, аз қабили гузаронидани хатти барқ, интернет, ҷудо кардани воҳидҳои кории иловагӣ ва ғайра дар доираи созишнома марҳила ба марҳила иҷро карда мешаванд.

Барои тасдиқи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) доир ба лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти нигоҳдорӣ, рақамикунонӣ ва истифодабарии китобҳои Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандартии китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон» аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки овоз диҳед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Наҷмиддиниён Файзулло дода мешавад. Марҳамат.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН:

- Муҳтарам Раис,  Раёсат,  вакилони арҷманд ва ҳозирини  гиромӣ!

Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) доир ба лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти нигоҳдорӣ, рақамикунонӣ ва истифодабарии китобҳои Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандартии китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон», ки 18-уми ноябри соли 2022 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст,  мутобиқи талаботи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21- уми августи соли 2023 таҳти №1760 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд. Лоиҳаи созишномаи мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳо ҷонибдорӣ намудаанд.

Созишномаи мазкур аз 8 модда иборат буда, дар онҳо ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти тарафҳо ба танзим дароварда шудааст. Мутобиқи лоиҳа Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) маблағи грантро ба қабулкунанда ба ҳаҷми ҳаштоду се миллиону ҳаштсад ҳазор йени японӣ (JPY 83,800,000)-ро бо мақсади татбиқи лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти нигоҳдорӣ, рақамикунӣ ва истифодабарии китобҳои Муассисаи давлатии «Агентии миллии Cозмони байналмилалии рақамгузории стандартии китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон» ҷудо менамояд, ки он дар банди 1 лоиҳаи ёддоштҳои табодулӣ дарҷ шудааст.

Кумитаи масъул Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) доир ба лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти нигоҳдорӣ, рақамикунонӣ ва истифодабарии китобҳои Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандартии китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон»-ро 24-уми августи  соли 2023 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, намояндаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.

Созишномаи мазкур ба талаботи моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузорӣ мухолифат надорад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) доир ба лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти нигоҳдорӣ, рақамикунонӣ ва истифодабарии китобҳои Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандартии китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон» овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Япония оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA) доир ба лоиҳаи беҳтар намудани таҷҳизоти нигоҳдорӣ, рақамикунонӣ ва истифодабарии китобҳои Муассисаи давлатии «Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории стандартии китоб – Хонаи китоби Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Музаффар Раҷаб дода мешавад. Марҳамат.

Музаффар АҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқ намудани қонуни мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» пешниҳод карда шудааст.

Дар асоси қонуни мазкур, дар матни он калимаи «мубориза» ба калимаи «муқовимат», ки нисбатан мафҳуми васеътарро ифода мекунад, иваз карда шуда, дар боби 2-юми он 9 модда, аз ҷумла моддаи 7 «Субъектҳои муқовимат ба коррупсия», ки меъёрҳои нав мебошанд, илова карда шудаанд.

Маҳз бо ҳамин сабаб мутобиқи лоиҳаҳои таҳиягардида дар моддаҳои 3 ва 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» калимаҳои «мақомоти мубориза бар зидди коррупсия» ва «мақомоти мубориза бар зидди коррупсия ва ҷиноятҳои ба андоз алоқаманд» мувофиқан ба калимаҳои «субъектҳои муқовимат ба коррупсия» иваз карда шуданд.

Лоиҳаи пешниҳодшуда ба Конс­титутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта, аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки барои қабули қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Икромӣ Фазлиддин Маҳмазоит дода мешавад. Марҳамат.

Фазлиддин ИКРОМӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми сентябри соли 2023 таҳти №1794 лоиҳаи қонуни мазкур ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, барои додани хулоса ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонии меъёрҳо ва бартараф намудани мухолифатҳо бо қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавии самти муқовимат ба коррупсия, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 15 — уми сентябри соли 2023 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид гардида буданд, баррасӣ шуданд. Ба ҳамаи шумо барои иштироки фаъолонаатон миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Хӯҷаназари АМИНИЁН,

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев