Баррасии ҳамкории низомӣ дар ҷаласаи ҳамоҳангсозии АП СААД

№130 (4550) 24.10.2022

1666256468026Бистуми октябри соли 2022 дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳо (комиссияҳо) оид ба мудофиа ва амнияти парламентҳои кишварҳои узви СААД дар назди Шӯрои Ассамблеяи Парлумонии СААД,  таҳти раёсати Раиси ҷаласаи ҳамоҳангсоз, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам баргузор гардид.

Нахуст гузориши муовини сардори Раёсати мушкилоти амнияти ҳарбии Котиботи СААД Олег Латипов оид ба ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои низомӣ дар доираи созмон шунида шуд. Сипас, иштирокчиёни ҷаласа дар бораи мушкилоти амнияти дастаҷамъӣ дар минтақаҳои амнияти дастаҷамъии СААД табодули назар карданд.

Сардори Сарраёсати ҳамоҳангсозӣ, банақшагирӣ, истифода ва таълими неруҳои мусаллаҳи Ситоди муштараки СААД генерал-лейтенант Анатолий Яковлев дар бораи машқҳои муштарак бо қувваҳои дастаҷамъии СААД дар соли 2022 гузориш дод.

 Дар фарҷом вакилони порлумон тарҳи нақшаи кори АП СААД барои соли 2023-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон