Доштани сарвари дурандешу адолатгустар неъмати бузургест

№136-137(4719-4720) 15.11.2023

DSC_252116-уми ноябри соли 1994 дар сармақолаи шумораи №93 (716) рӯзномаи «Садои мардум» чунин нигошта шуда буд: «Расо ду сол пеш аз ин 16- уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар Хуҷандшаҳри бостонӣ барпо гардида, дар кишвари азияткашидаи мо ҳукумати қонуниро таъсис намуд. Намояндагони мардуми ҷумҳурӣ дар ҳамон иҷлосия фарзанди барӯманду фидокори халқ муҳтарам Эмомалӣ Шарифович Раҳмоновро Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намуда буданд.

Дар Ватани мо адолат ва ҳақиқат ба пирӯзӣ расид. Ҳаёт дурустии роҳи интихобнамудаи Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олиро нишон дод. Дар Тоҷикис­тон ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш анҷом пазируфт, гурезаҳои иҷборӣ ба ҷойҳои муқимии хеш баргаштанд. Захм­ҳои пайкари Ватан тадриҷан шифо ёфта истодаанд. Дар иҷрои ин вазифаҳои муҳимтарин ва таърихӣ саҳми Сарвари давлатамон хеле бузург ва фаромӯшнашуданист… Халқҳои  Ватанамон шахси арзандатарин ва фарзанди наҷиби миллат муҳтарам Эмомалӣ Шарифович Раҳмоновро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуданд».

Ин суханони пур аз  меҳру ихлос 29 сол пеш гуфта шуда, дурустии он собит гардид, зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввали Сарвари давлат интихоб шуданашон дар дили ҳар бинанда умед ба ояндаи некро бедор менамуданд. Ҳамин гуна хушбиниро сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Ашраф Муҷтаҳиди Шабистарӣ аз номи ҳамаи кормандони дипломатии давлатҳои муқими Тоҷикистон чунин баён карда буд: «Умедворам, дар шароити бисёр мушкили сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кунунии Тоҷикис­тон битавонед сарбаландона аз уҳдаи анҷоми вазифа бароед ва ба таҳкими сулҳу оромиш, ваҳдати миллӣ ва пешрафту инкишофи Тоҷикистон муваффақ шавед. Мусалламан, мардуме, ки боварии худро ба Ҷаноби Олӣ, ба унвони аввалин Раи­си ҷумҳурӣ интихобшудаи ин кишвар баъд аз истиқлол иброз доштаанд, умедҳои бисёр калоне аз Шумо доранд. Онҳо дар  шахси Шумо оромиш, амният, ваҳдат, якпорчагӣ, озодӣ, адолати иҷтимоӣ ва рифоҳи иқтисодиро мебинанд. Онҳо ба ҳам мужда медиҳанд, ки айёми ғам сипарӣ шуда, субҳи шодӣ фаро расидааст. Мо самимона умедворем, ки таҳти Раёсати ҷумҳурии Шумо буҳрони сахт ва мушкилот барои мардуми  шариф, наҷиб ва азияткашидаи Тоҷикистон ба сар ояд ва Шумо битавонед ба иҷрои барномаҳои худатон киштии тӯфонзадаи Тоҷикистонро ба соҳили наҷот бирасонед». («Садои мардум», №94, 19-уми ноябри соли 1994).

Ҳар яки мо шоҳидем, ки ин таманниёти нек 27-уми июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон амалӣ гардида, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ваъдаҳои дар оғози фаъолияти давлатдорӣ додаи худ вафо карданд. Ҷангро хотима бахшида, ба мардум оштии миллиро ҳадя намуданд, давлати демок­ратию ҳуқуқбунёди Тоҷикистон ва ваҳдати миллиро пайвас­та такмил бахшида, алҳол  кишварамонро ба сӯи ободию пешрафт роҳнамоӣ доранд.

Пас аз Сарвари давлат интихоб шудани муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми декабри соли 1992 ба Созмони конфронси исломӣ, 18-уми январи соли 1993 ба Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, 6-уми апрели соли 1993 ба ЮНЕСКО ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ шомил шуд. Рейтинги сиёсии Сарвари давлати Тоҷикистон дар минтақа ва ҷаҳон рӯ ба афзоиш ниҳод. Симои нуронии Пешвои миллат аз ояндаи неки кишвар башорат медод. Онвақта Раиси Ҷумҳурии Исломии Покистон Фаррух Аҳмадхони Луғарӣ моҳи ноябри соли 1994 зимни табрикоташ ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таманниёташро чунин изҳор карда буд: «Ҷаноби аълоҳазрат! Табрикоти маро ба муносибати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб шуданатон бипазиред. Мо қаблан ҳам умедвор будем, ки Раиси давлат интихоб шудани Шумо ба истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Покистон қаноатманд аст, ки музокироти тоҷикон таҳти васояти СММ дар Исломобод бомуваффақият анҷом ёфт ва дар натиҷаи он роҷеъ ба муваққатан бас кардани задухӯрдҳои мусаллаҳона ва таъсиси ҳайати муштараки назорати шартҳои созишномаи оташбас аҳду паймон ҳосил гардид.

Мо боварии комил дорем, ки роҳбарияти Тоҷикистон дар бобати идораи давлат таҷриба андӯхта, музокироти сулҳхоҳонаи оғознамудаи Созмони Милали Муттаҳидро бомуваффақият анҷом дода, ба халқи тоҷик имконияти кор карданро барои ободии мамлакати худ фароҳам меорад». («Садои мардум», №94, 19-уми ноябри соли 1994).

Гузашти айём нишон дод, ки орзую умедвориҳои мардум ва сиёсатмадорони хайрхоҳи хориҷӣ амалӣ гардида, аз баракати сарварии хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат дар Тоҷикистон сулҳу осоиштагӣ пойдор гардид. Сардори давлат дар  Паёми  табрикотиашон ба муносибати сесолагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон чунин таъкид намуда буданд: «Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи  тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз моро лозим омад, ки роҳи  тӯлонии ноҳамворро тай намоем, мамониятҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем».

Ҳамагон шоҳидем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуна аз мушкилиҳо наҳаросида, дар натиҷаи фидокорию гузашт карданҳо билохира ба халқи худ сулҳу осоиштагӣ ва шароити хуби зиндагиро фароҳам оварданд. Раиси Созмони тоҷикони Британияи Кабир Саид Ҷалоли Бадахшонӣ ба мардуми Тоҷикистон хитоб карда, чунин гуфтааст: «Шумо дар зиндагии рӯзмарраи худ таҳти роҳбарии Раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба як натиҷае расидаед, ки дар дунёи имрӯз беназир аст.

Мамлакате, ки ҷанг фаро гирифта буд, бародаркушӣ ривоҷ дошт, ба як машъали сулҳ, пирӯзӣ ва осоиш  табдил шудааст.  Дар ҳеҷ ҷои дунё ва ҳеҷ касе то кунун натавонистааст чунин коре бикунад. Шумо худро хурд напиндоред ва Раиси ҷумҳури худро шахсияти ҷаҳонӣ бидонед, зеро таҳти роҳбарии эшон ин матлаб дуруст шудааст».

Дар бораи зери роҳбарии Пешвои миллат тараққӣ кардани  ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодии мамлакат муҳаққиқону коршиносони ватанию хориҷӣ зиёд таъкид намудаанд, ки барои ёдовар шудани онҳо  даҳ ҷилд китоб ҳам камӣ мекунад. Барои ҳар яки мо хушоянд аст, ки Сардори давлатамонро дар миқёси байналмилалӣ ҳамчун сиёсатмадори  дурандеш, сулҳофар ва ояндабин эътироф менамоянд. Аз ҷумла, устоди бахши форсии Донишгоҳи ховаршиносии Панҷоби Покистон, профессор Офтоби Асғар чунин гуфтааст: «Аллома Иқбол интизор буд ва умед мекашид, ки аз Мовароуннаҳр боз нафаре пайдо хоҳад шуд, ки тамоми форс- тоҷик — даризабононро аз нав дар Шарқ муттаҳид менамояд. Имрӯз ман мегӯям, ки он нафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ ­Эмомалӣ Раҳмон аст…».

Ҳар як неъматеро, ки Худованд ба бандагонаш додааст, шукр намуданро тақозо мекунад. Доштани Сарвари оқилу дурандеш ва адолатгустару маърифатпарвар барои мардуми мо неъмати бузургест. Пас бояд бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат корҳои ободкорию созандагиро вусъат бахшида, Ватани азизамонро пешрафтатар гардонем. Ба қавли Раиси форсизабонони Канада Ишқии Санъатӣ: «Шумо миллати хушбахт ҳастед. Давр (атроф)-и Раиси ҷумҳуриатон Эмомалӣ Раҳмон ҳалқа бизанед, қадри ӯро дониста бошед, зеро ӯст, ки осоиш ва оромии шуморо фароҳам мекунад».

Фазлиддин ИКРОМӢ,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон