Иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон дар Ҷаласаи солонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо

№89 (4672) 05.07.2023

IMG-20230701-WA0003Сеюми июли соли 2023 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 30 — юми солонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки дар шаҳри Ванкувери Канада баргузор гардид, иштирок  карданд.

Ҷаласа аз 30 — юми июн то 4 — уми июли соли равон идома ёфта, дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Парвини Маликзод иштирок намуданд.

Дар рӯзномаи ҷаласаи солона «Таҳкими амнияти минтақавӣ тавассути рушди ҷомеаҳои демократӣ ва фарогир: нақши Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сипас, ҷаласаҳои кумитаҳои генералӣ оид ба масъалаҳои сиё­сӣ ва амният, иқтисодӣ, илм, технология, муҳити зист, демократия, ҳуқуқи инсон ва масъалаҳои башардӯстона баргузор гардиданд.

Дар хотима маърӯзаҳои раиси Кумитаи махсус оид ба муҳоҷират, раиси Кумитаи махсус оид ба мубориза бар зидди терроризм ва ҳисобот дар бораи фаъолияти Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо шунида шуд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон