Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Маҷлиси намояндагон Қонун дар бораи Буҷети давлатиро барои соли 2024 қабул кард

№138-141(4721-4724) 17.11.2023

ЗокирзодаПонздаҳуми ноябри соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадтоир ­Зокирзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

 РАИС — Вакилони арҷманд!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 60 вакил ҳузур доранд.

Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Мутобиқи моддаи 34-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласаи имрӯза Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ Амин, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарахон Чиллазода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Нусратулло Муқим, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Хуршед Файзуллозода, сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон, директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Дилмурод Ашурбек, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим Гулмурод, муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Шараф, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Назирӣ Гулбаҳор Назир, муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Суҳроб Сафарзода ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

РАИС: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласа шаш ­масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.

Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026

2. Дар бораи лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2025-2026»

3. Дар бораи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»

5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Дар хусуси Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Конвенсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон аз 26- уми майи соли 1995.

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин дода мешавад. Марҳамат.

 Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Дар раванди таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатӣ афзалиятҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироагардида, тавсия ва пешниҳодҳои шумо, вакилони муҳтарам, баҳодиҳии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ, сатҳи таваррум, дурнамои қурби асъори миллӣ, нақшаи сармоягузориҳои давлатӣ, иҷрои воқеии нишондиҳандаҳои даромади буҷетии солҳои қаблӣ ва баҳодиҳии он то охири соли ҷорӣ, инчунин меъёрҳои кодексҳои андозу гумрук ба инобат гирифта шудаанд. Вобаста ба ин, қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани он 28 — уми октябри соли 2023 таҳти №499 қабул гардид.

Дар ин раванд, мехоҳам таваҷҷуҳи шуморо ба тафсилоти бештари лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2025-2026 ҷалб намоям.

Бо дарназардошти дар ҳаҷми 143,9 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидани дурнамои Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар барои соли оянда (8,0 фоиз рушди воқеӣ) даромади буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот дар ҳаҷми 43 млрд. сомонӣ бо афзоиши 5,9 млрд. сомонӣ ё 15,9 фоиз ба нақша гирифта шуд. Ҳаҷми даромади Буҷети давлатӣ ба 29,8 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар барои соли оянда баробар аст. Дар сохтори қисми умумии даромади буҷети давлатӣ даромадҳо аз ҳисоби сарчашмаҳои андозӣ дар ҳаҷми 26,3 млрд. сомонӣ бо афзоиши 3,3 млрд. сомонӣ ё баробар ба 18,3 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) — и соли 2024 пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон, ҳаҷми воридоти маблағҳо аз ҳисоби сарчашмаҳои ғайриандозӣ дар ҳаҷми 1,8 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳангоми банақшагирии даромади буҷет бо мақсади пешгирӣ намудани хавфи фискалӣ ва таъсири омилҳои беруна ба воридоти даромадҳои дохилӣ аҳамияти муҳим дода шуд. Дар ин робита, нақшаи воридоти андозҳои дохилӣ тавассути мақомоти андоз дар ҳаҷми 18,9 млрд. сомонӣ муқаррар гардидааст. Пардохтҳои гумрукӣ дар ҳаҷми 8,4 млрд. сомонӣ бо афзоиши 113,8 фоиз муайян гардида, вазни қиёсии он дар ММД 5,9 фоизро ташкил дод.

Даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои соли 2024 ба маблағи 4476,4 млн. сомонӣ пешбинӣ гардида, ташаккули он аз ҳисоби андози иҷтимоӣ ба маблағи 4445,6 млн. сомонӣ ва мусоидати молиявӣ аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба маблағи 30,8 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон, хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барорбар ба даромади он, яъне дар ҳаҷми 4476,4 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шуда, мутобиқи моддаи 14 лоиҳаи қонуни мазкур тасдиқ карда мешавад.

Дар лоиҳа воридоти маблағҳо барои дастгирии буҷети давлатӣ аз ҳисоби созмонҳои байналмилалии молиявӣ дар ҳаҷми 792 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Даромади буҷети ҷумҳуриявӣ барои соли 2024 дар ҳаҷми 17,1 млрд. сомонӣ, қисми хароҷоти он дар ҳаҷми 18,2 млрд. сомонӣ ва касри он дар ҳаҷми 1,1 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳаҷми умумии даромади буҷетҳои маҳаллӣ ба маблағи 12,3 млрд. сомонӣ муайян гардидааст, ки он нисбат ба соли 2023 дар ҳаҷми 1,4 млрд. сомонӣ ё 12,7 фоиз зиёд мебошад.

Бо дарназардошти ташаккули нишондиҳандаҳои даромади буҷети давлатӣ қисми хароҷоти он дар асоси афзалиятҳои муайяннамудаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон барномаҳои соҳавӣ, афзалиятҳои соҳавии вазорату идораҳо, дархости дигар сохторҳои давлатии аз ҳисоби буҷет маблағгузоришаванда ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таҳия ва пешбинӣ гардидааст. Дар ин робита, дурнамои қисми хароҷоти буҷети давлатӣ барои соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар ҳаҷми 44,1 млрд. сомонӣ бо афзоиши 6 млрд. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки он ба 30,6 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад. Хароҷот аз ҳисоби даромадҳои ҷорӣ дар ҳаҷми 30,3 млрд. сомонӣ бо афзоиши 14,1 фоиз, аз ҳисоби маблағҳои лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 11,4 млрд. сомонӣ бо афзоиши 22,8 фоиз ва аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ дар ҳаҷми 2,4 млрд. сомонӣ бо афзоиши 6,9 фоиз ба нақша гирифта шудааст.

Бо дарназардошти хароҷоти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ равона намудани 20,8 млрд. сомонӣ ё 47,1 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ, аз ҷумла барои соҳаи маориф 8,2 млрд. сомонӣ бо афзоиши 14,2 фоиз, тандурустӣ 1,2 млрд. сомонӣ бо афзоиши 5,6 фоиз, ҳифзи иҷтимоӣ 5,5 млрд. сомонӣ бо афзоиши 13 фоиз ва фарҳангу варзиш 1,7 млрд. сомонӣ бо афзоиши 14,9 фоиз пешбинӣ карда шуд. Ҳамчунин, барои рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва кишоварзӣ низ афзалият дода шуда, барои маблағгузории комплекси сӯзишворию энергетикӣ 8,1 млрд. сомонӣ, кишоварзӣ 1,4 млрд. сомонӣ, саноат ва сохтмон 309,3 млн. сомонӣ ва нақлиёту коммуникатсия 3,5 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Маҷмӯан, барои соҳаҳои зикршуда, дар буҷети давлатӣ барои соли 2024-ум 13,5 млрд. сомонӣ бо афзоиши 2,6 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин 30,7 фоизи хароҷоти умумии буҷетро ташкил дода, ба 9,4 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад.

Барои пардохти музди меҳнати кормандони буҷетӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ хароҷот дар ҳаҷми 9,6 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин 31,6 фоизи хароҷоти ҷории буҷетиро ташкил медиҳад.

Барои сармоягузории асосии мутамарказ дар соли 2024 маблағ дар ҳаҷми 4,9 млрд. сомонӣ пешбинӣ карда шудааст, ки он нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли ҷорӣ 593,9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Маҷмӯан, бояд қайд кард, ки дар лоиҳа, маблағгузории дигар моддаҳои хароҷотии вазорату идораҳо ва ташкилотҳои буҷетӣ дар доираи имкониятҳои мавҷуда ва бо дарназардошти афзалиятҳои соҳавӣ пешбинӣ гардидааст.

Бо таваҷҷуҳ ба муҳимияти иҷрои уҳдадориҳои молиявии кишвар ва дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани идоракунии қарзи давлатӣ ва хизматрасонӣ аз рӯйи онҳо, дар лоиҳаи буҷет маблағҳои зарурӣ низ пешбинӣ шудааст.

Дурнамои хизматрасонии қарзи берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 дар ҳаҷми 3,7 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст.  Барои хизматрасонии қарзи дохилӣ 501,2 млн. сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби буҷети давлатӣ 180,8 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби маблағҳои берун аз тавозуни буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 320,4 млн. сомонӣ, яъне аз ҳисоби фурӯши амволи бонкҳои муфлисшуда ба нақша гирифта шудааст.

Бо мақсади таъмини мувозинати буҷетӣ касри он дар доираи 0,8 фоиз ё ба маблағи 1 миллиарду 152 миллион сомонӣ муайян гардидааст. Пӯшонидани касри буҷет аз ҳисоби ҷалби маблағҳои грантию қарзии созмонҳои байналмилалии молиявӣ дар ҳаҷми умумии 664,5 млн. сомонӣ, маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳаҷми 100 млн. сомонӣ, иҷрои барзиёди нақшаи даромади буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳаҷми 150 млн. сомонӣ, аз ҳисоби ба муомилот баровардани векселҳои давлатӣ дар ҳаҷми 100 млн. сомонӣ ва дигар манбаъҳо ба нақша гирифта шудааст.

Нишондиҳандаҳои қисми даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2026 нишондиҳандаҳои дурнамоӣ буда, ҳангоми пешниҳоди лоиҳаҳои қонун барои солҳои дахлдор аз нав барои баррасӣ ва тасдиқ пешниҳод карда мешаванд. Дар ин раванд, ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ барои соли 2025 ба маблағи 48,7 млрд. сомонӣ ва дар соли 2026-ум 54,6 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон, ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ дар соли 2025 ба маблағи 50,3 млрд. сомонӣ ва дар соли 2026 дар доираи 56,4 млрд. сомонӣ ва мутаносибан касри он ба андози 1,0 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бо мақсади иҷрои муқаррароти моддаи 25 лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 аз рӯйи даромад ба маблағи 36,1 млрд. сомонӣ, аз рӯйи хароҷот ба маблағи 34,8 млрд. сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбат ба хароҷот ба маблағи 1280,7 млн. сомонӣ ва хароҷоти воқеии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 барои уҳдадориҳои қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1,5 млрд. сомонӣ тасдиқ карда шавад.

Муҳтарам Раис, ҳозирини арҷманд!

Бо дарназардошти дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2025-2026» аз шумо, муҳтарам Раис ва вакилони арҷманд, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодшударо дастгирӣ ва қабул намоед.

РАИС: — Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Қурбонзода Маҳмадалӣ дода мешавад. Марҳамат.

 Маҳмадалӣ ҚУРБОНЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 29 — уми декабри соли 2022 таҳти №106-ф ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026» таҳия гардидааст.

Боиси тазаккур аст, ки бо дарназардошти дар сатҳи 8 фоиз рушд ёфтани иқтисоди миллӣ ва дар ҳаҷми 143,9 млрд. сомонӣ ташаккул ёфтани дурнамои Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2024 даромади Буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот дар ҳаҷми 43 млрд. сомонӣ бо афзоиши 5,9 млрд. сомонӣ ё 15,9 фоиз ба нақша гирифта шудааст.

Бояд қайд кард, ки дархостҳои буҷетии вазорату идораҳо аз рӯйи имкониятҳои молиявии кишвар ба инобат гирифта шудаанд.

Нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2024 – 2026 барои амалӣ намудани муҳимтарин ҳадафҳои кишвар, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикӣ, ҳамзамон зиёд намудани иқтидорҳои содиротӣ, саноатикунонии босуръат ва коҳиш додани вобастагии бозори дохилӣ аз молҳои воридотӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ ва амнияти кишвар, тавсеаи имкониятҳои транзитии ҷумҳурӣ, инчунин дар сатҳи тавсияшуда таъмин намудани устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, равона шудааст. Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ ва ҳамзамон 10 таклиф пешниҳод намуданд, ки қисме аз онҳо қабул ва қисми дигар дар раванди буҷетикунонии соҳа дар соли молиявии навбатӣ ба инобат гирифта мешаванд. Ҳамзамон, 9 – уми ноябри соли равон лоиҳаи қонуни мазкур таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло дар ҷаласаи якҷояи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Лоиҳаи қонуни зикршуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин рӯ, аз шумо — вакилони гиромӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликзод Парвина дода мешавад. Марҳамат.

Парвина МАЛИКЗОД: - Оё зиёд шудани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар назар дошта шудааст?

РАИС: - Марҳамат, Файзиддин Қаҳҳорзода ба савол посух диҳед.

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА: — Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 23 – юми ноябри соли 2022 таҳти рақами 548 тартиби пардохти нави кумакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ қабул шуд ва шурӯъ аз моҳи июли соли ҷорӣ ин нишондиҳандаҳо ­тағйир ёфтанд. Аз якуми июли соли ҷорӣ то соли 2025 зиёдшавӣ аз 8 нишондиҳанда ба 11 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба нақша гирифта шудааст. Дар баробари ин, аз моҳи июли соли ҷорӣ ним нишондиҳанда, аз якуми январи соли 2024 як нишондиҳанда ва аз якуми январи соли 2025 ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар фарзанди оилаи камбизоат пешбинӣ шудааст, ки ин маблағҳо дар буҷети солҳои 2024, 2025 ва 2026 ба инобат гирифта шудаанд.

Зулфиқор ГУЛАҲМАДЗОДА: — Муҳтарам Файзиддин Қаҳҳорзода, тавре дар муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023» қайд намудед, дар 9 моҳи соли ҷорӣ барои идомаи сохтмони НБО «Роғун» 3,7 миллиард сомонӣ маблағ сарф шудааст. Идомаи тадбири мазкур дар соли 2024 чӣ гуна амалӣ мешавад?

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА: - Воқеан, дар 9 моҳи соли ҷорӣ 3,7 миллиард сомонӣ барои сохтмони НБО «Роғун» масраф шуда буд ва то якуми ноябри соли ҷорӣ барои иншооти мазкур аллакай 4,3 миллиард сомонӣ масраф шудааст. Дар буҷети соли 2024 аз ҳисоби маб­лағҳои мутамарказ 2,8 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст. Аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузорӣ бошад, дар доираи 2,2 миллиард сомонӣ дар назар аст. Аз рӯйи нақша атрофи 5 миллиард сомонӣ барои сохтмони НБО «Роғун» дар соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.

Абдуҳалим ҒАФФОРЗОДА: – Дар лоиҳаи қонуни буҷет барои соли 2024 касри буҷет ба андозаи 1 миллиарду 151 миллиону 506 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Барои пӯшонидани касри буҷет ҷиҳати ҷалби маблағ аз созмонҳои байналмилалӣ чӣ чораҳо андешида шудаанд?

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА: - Дар моддаи 3-юми лоиҳаи қонун манбаъҳои пӯшонидани касри буҷет оварда шудаанд. Мо бо Бонки осиёии рушд дар марҳилаи ни­ҳоии гуфтушунидҳо қарор дорем ва имкони саддарсадии 50 миллион доллари ИМА барои дастгирии буҷет равона кардан мавҷуд ҳаст. Бо Иттиҳоди Аврупо созишнома ба имзо расонидем, ки дар доираи он равона намудани 30 миллион евро дар давоми се сол ба нақша гирифта шудааст. Маҷмӯан, равона намудани маблағҳо аз ҳисоби барзиёд иҷро шудани қисми даромади буҷети давлатӣ ва ба муомилот баровардани векселҳои хазинадорӣ, инчунин мо бори аввал то охири сол нашри қоғазҳои қиматноки давлатиро бо шарти мувофиқ будан ба талаботи бозори дохилӣ роҳандозӣ карданием ва итминон дорем, ки он барои рӯйпӯш кардани касри буҷети давлатӣ имконпазир аст.

 Парвиз ШОДИЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 бо назардошти захираҳо ва имкониятҳои мавҷудаи ҳар як соҳа ва минтақа барои зиёд намудани ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ ва мувофиқ гардонидани хароҷот ба он таҳлил ва таҳия гардидааст. Соҳаи иҷтимоӣ яке аз бахшҳои муҳими буҷети давлатӣ ба ҳисоб рафта, маблағгузории он ҳамасола афзоиш ёфта истодааст. Чӣ тавре вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи иҷтимоӣ 43 дарсади ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро барои соли 2024 ташкил медиҳад. Аз ҷумла, ҳаҷми хароҷоти умумии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2024 ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар маҷмӯъ 17 миллиарду 254 миллиону 378 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки он нисбат ба соли 2023-юм  1 миллиарду 802 миллиону 315 ҳазор сомонӣ бештар мебошад ва афзоиши ҳаҷми маблағгузорӣ ба ин соҳаҳои муҳим боиси баланд рафтани сатҳи некуаҳволии мардум мегардад. Аз ин рӯ, аз шумо — вакилони муҳтарам бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2024 — 2025-ро ҷонибдорӣ намоед.

Фазлиддин ИКРОМӢ: — Муҳтарам Файзиддин Қаҳҳорзода, соҳаҳои иҷтимоӣ яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб ёфта, ҳамасола маблағҳо барои рушди соҳаҳои мазкур бо афзоиш пешбинӣ карда мешаванд. Дар буҷети давлатӣ барои соли 2024 маблағгузории соҳаҳои мазкур аз рӯи кадом афзалиятҳо пешбинӣ гардидааст?

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА: - Агар 50 фоиз гӯем, хато намешавад. Ҳамасола бо иқдомҳои бевоситаи Роҳбари давлат дар тамоми кишвар иншооти иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Албатта, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва дигар соҳаҳои иҷтимоӣ аҳамияти хоса дода мешавад.

Рустам РАҲМАТЗОДА: - Лоиҳаи қонун дар бораи буҷет барои соли 2024 нисбат ба қонуне, ки айни замон амал мекунад, фарқияти калон дорад. Вазорати молия ҳаракат кардааст, ки ҳадафҳои дар стратегияи рушд пешбинишударо пурра ба эътибор гирад. Масалан, барои ду соҳаи низомсоз — маориф ва илм зиёда аз як миллиарду 141 миллион сомонӣ, соҳаи танду­рустӣ — зиёда аз як миллиард сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст. Аз ин лиҳоз, фраксияи Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни буҷетро пурра дастгирӣ менамояд.

 Рустам ЛАТИФЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Бояд воқеъабинона қайд кард, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир новобаста аз вазъи ҳассос дар робитаҳои иқтисодии байни давлатҳо,  пуршиддат гаштани рақобатҳо дар бозори истеъмолӣ, хусусан таъмини маводи озуқаворӣ, тахдидҳои нави глобалӣ, ба мисоли тағйирёбии иқлим, касалиҳои сироятӣ, низоъҳои ҳарбӣ дар минтақаҳои ба мо наздики ҷаҳон, ки таъсираш ба вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикстон мерасад, тадбирҳои мушаххасро барои таъмини рушди устувори соҳаҳои иқтисодиёти воқеӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ андешида мешавад.

Таҳлили лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2024 собит менамояд, ки он некбинона ва бо назардошти вазъи таъсири омилҳои зикршуда таҳия гардидааст, ки аз сатҳи хуби истифодаи бахши бехдошти самаранокии механизми молиявӣ дар иҷрои қисмҳои даромад ва хароҷот далолат мекунад. Ин дар ҳама бахшҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба назар мерасад. Аз ҷумла, солҳои охир дар соҳаҳои мухталифи комплекси агросаноатии мамлакат якчанд барномаҳои давлатӣ татбиқ шуда истодаанд, ки албатта, барои таъмини рушди маҷмӯии соҳа мусоидат мекунанд. Ба ин мақсадҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ барои соҳаҳои кишоварзӣ, моҳидорӣ ва шикор 250 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба нишондоди соли 2023 наздики 17 млн. сомонӣ зиёд мебошад. Ҳамзамон, бо назардошти аҳамияти истифодаи оқилонаи захираҳои об, барои идораи он 9,4 млн. сомонӣ ва амалисозии назорат дар ин соҳа наздик ба 103 млн. сомонӣ, инчунин пешбурди сиёсати техникӣ ва рушди инфрасохтори кишоварзӣ наздик ба 51 млн. сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бояд қайд кард, ки барои татбиқи «Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда» соли 2024 — ум 9,4 млн. сомонӣ равона карда мешавад, ки нисбат ба соли 2023 – юм ду маротиба зиёд мебошад. Дар маҷмӯъ, дар бахши кишоварзӣ, моҳидорӣ ва ҷангал дар соли 2024 зиёда аз 1,4 млрд. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки бо дарназардошти имтиёзҳои андозию гумрукӣ ба рушди соҳа мусоидат хоҳад кард.

Дар навбати худ, зимни баррасии проблемаҳои мавҷудаи комплекси агросаноатии мамлакат як қатор таклифу дархостҳо аз тарафи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин пешниҳод шуданд ва умед дорем Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро баррасӣ намуда, дар доираи имкониятҳои мавҷудаи буҷети давлатии солҳои минбаъда ба инобат мегирад.

 Фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2024-ро баррасӣ карда, нишондиҳандаҳои онро ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва беҳ гаштани шароити зиндагии мардуми кишвар назаррас арзёбӣ менамояд. Аз ин лиҳоз, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин ва фраксияи Ҳизби аграрии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026»-ро ҷонибдорӣ менамояд ва аз шумо — вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки барои қабули он овоз диҳед.

Насиба СОДИҚӢ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми яке аз соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – илму маорифро аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст.

Вобаста ба ин, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад. Бинобар ин, ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта, сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад. Маҳз, ба ҳамин хотир, дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзалати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок донис­та, барои рушди ин соҳаи муҳими низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ намудааст.

Дар даврони соҳибихтиёрии кишвар дар соҳаи маориф ва илм иқдоми зиёд амалӣ гардиданд, ки онҳо бевосита ба баланд бардоштани сатҳи саводнокию маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим, ташаккули донишҳои техникӣ, тарғиби фарҳанги техникӣ, фароҳам овардани заминаи воқеӣ барои рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ ва ба ин васила муваффақ шудан ба даст­овардҳои техника ва технологияи муосир, инчунин тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.

Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Вазъи имрӯзаи раванди босуръати ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ҷиҳати мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.

Вобаста ба ин дар лоиҳаи қонун пешбинӣ мешавад, ки соли 2024 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф ва илм дар ҳудуди 8 млр. 231,9 млн. сомонӣ ҷудо мегардад, ки нисбат ба соли гузашта 1 млр. 21,5 миллион сомонӣ ё 14,2 фоиз зиёд буда, қариб 18,7 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет ва 5,7 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад.

Ин имкон медиҳад, ки муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаю технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳм гузоранд.

Он тадбирҳое, ки вобаста ба маориф ва илм, фарҳанг ва санъат, ҷавонон ва варзиш, рушди сайёҳӣ дар лоиҳаи қонун пешбинӣ шудаанд, яъне тадриҷан сарфи маблағ барои ин соҳаҳо, минбаъд барои эҳё намудани мақоми давлати тоҷикон ҳамчун маркази илму маориф ва фарҳанги ҷаҳонӣ яке аз сарчашмаҳои заминасоз мегардад.

Ҳамкорони арҷманд, ба хотири татбиқи муваффақонаи тадбиру нишондиҳандаҳое, ки дар «Стратегияи миллии рушд» нишон дода шудааст, аз шумо бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи мазкур қонуни мукаммал аст, мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон модда ба модда баррасӣ шавад ё яклухт қабул карда шавад?

Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад. 

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026» яклухт ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2025-2026» шурӯъ мекунем. Сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаҳҳорзода Файзиддин Саттор дода мешавад. Марҳамат.

 Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2025-2026», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 – уми октябри соли 2023 таҳти №500 тасдиқ гардидааст, манзур мегардад.

Лоиҳаи барномаи мазкур дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзи давлатӣ ва қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда» (аз 24 – уми декабри соли 2023 таҳти №1923) ва мутобиқ ба меъёрҳое, ки дар «Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023» пешбинӣ шудааст, таҳия гардидааст. Барномаи пешниҳодшуда 48 созишномаи қарзӣ, аз ҷумла 36 созишномаи қарзии амалкунанда ба маблағи зиёда аз 1,4 млрд. доллари амрикоӣ ва 12 созишномаи дар сатҳи лоиҳавӣ қарордошта ба маблағи зиёда аз 1,4 млрд. доллари амрикоиро дар бар мегирад.

Ёдрас менамоям, ки 36 созишномаи қарзии амалкунанда бо қарорҳои дахлдори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаанд ва раванди татбиқи онҳо идома дорад.

Азхудкунии маблағҳои қарзӣ барои давраи солҳои 2024 — 2026 дар доираи ин барнома дар ҳаҷми умумии 1150,6 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла дар соли 2024 дар ҳаҷми 381,5 млн. доллар, дар соли 2025 — 377,4 млн. доллар ва барои соли 2026 дар ҳаҷми 391,7 млн. доллари амрикоӣ пешбинӣ гардидааст. Дар баробари ин, дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2024» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026» барои хизматрасонии қарзи беруна 1 235,7 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла барои соли 2024 дар ҳаҷми 283,9 млн. доллари амрикоӣ, дар соли 2025 — 453,7 млн. доллари амрикоӣ ва барои соли 2026 дар ҳаҷми 498 млн. доллари амрикоӣ, ба нақша гирифта шудааст.

Бояд қайд намуд, ки нишондиҳандаҳои «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» ва нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2025-2026» дурнамоӣ буда, бо ҷалб гардидани маблағҳои иловагии қарзӣ мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ бозбинӣ карда мешаванд.

Идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нишондиҳандаҳо ва меъёрҳои дар «Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2023» муқарраршуда ба роҳ монда шудааст.

Дар моҳҳои январ — октябри соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои қарзии ҷалбшуда 89,1 млн. доллари амрикоӣ аз худ карда, то анҷоми соли 2023 азхудкунии 124,4 млн. доллари амрикоӣ маблағҳои қарзӣ пешбинӣ шудааст. Дар баробари ин барои хизматрасонии қарзи беруна 212,2 млн. доллари амрикоӣ пардохт карда шуд, ки аз он 139 млн. доллари амрикоӣ қарзи асосӣ ва 73,2 млн. доллари амрикоӣ фоизи қарзро ташкил медиҳад.

Дар давоми 10 моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ ду созишномаи қарзӣ ба маблағи умумии 19,5 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои татбиқи лоиҳаи «Таҷдиди НБО-и Қайроққум» ба маблағи 10 млн. доллари амрикоӣ созишномаи кафолатӣ ва бо Бонки исломии рушд барои татбиқи лоиҳаи «Дастгирии татбиқи стратегияи миллии рушди маориф» 9,5 млн. доллари амрикоӣ мактуб-созишнома бо тартиби амалкунанда ба имзо расонида шуданд.

Ҳаҷми умумии қарзи давлатӣ то якуми октябри соли 2023 — юм 3,6 млрд. доллари амрикоӣ ё 30,8 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил менамояд, ки аз он 3,2 млрд. доллари амрикоӣ ё 89 фоиз қарзи берунаи давлатӣ ва 0,4 млрд. доллари амрикоӣ ё 11 фоиз қарзи дохилӣ мебошад.

Татбиқи босамари барномаи пешниҳодшуда имкон медиҳад, ки маблағгузории барномаҳои ­иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар муҳлатҳои муқарраршуда амалӣ ва рушди бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт таъмин карда шаванд. Аз ин лиҳоз, аз шумо – вакилони гиромӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2025-2026» — ро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Саидҷаъфар дода мешавад.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА: - Соли 2024 баргардонидани қарзҳо чӣ гуна амалӣ мешавад?

Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА: - Мо маблағҳои зарурӣ барои баргардонидани қарзи беруна пешбинӣ кардаем. Бо итминон метавон гуфт, ки ҳолатҳои сари вақт пардохт накардани мабалағҳои қарзӣ ҷой надорад ва тамоми имконот барои таъмини нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ равона карда мешавад.

 РАИС: — Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат дода мешавад. Марҳамат.

 Маҳмадалӣ ҚУРБОНЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои соли 2024 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2025-2026» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардидааст.

Мақсади асосии барномаи мазкур, баланд бардоштани самаранокӣ ва мониторинги мунтазами раванди ҷалби қарзҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин роҳ надодан ба ҷамъшавии назоратнашавандаи қарзи беруна мебошад, ки дар талаботи зерини Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ инъикос гардидааст:

- маҳдудияти ниҳоии қабули уҳдадориҳо оид ба ҷалби қарзҳои давлатҳои хориҷӣ ва қарзҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ аз рӯи лоиҳаҳои банақшагирифташудае, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд;

- ҷалби қарзҳо барои маблағгузории хароҷоти лоиҳаҳои амалишаванда бо мақсади ба анҷом расонидани онҳо;

- мутамарказонидани захираҳои қарзӣ барои амалисозии лоиҳаҳои банақшагирифташудаи азими инф­расохтории дорои аҳамияти стратегии умумидавлатӣ, ки ҷиҳати татбиқи онҳо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудаанд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди хулосаҳо лоиҳаи барномаро ҷонибдорӣ намуданд.

Лоиҳаи барномаи мазкур ба Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзи давлатӣ ва қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда» мутобиқ мебошад. Аз ин рӯ, аз шумо — вакилони гиромӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи барномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2025-2026» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат» оғоз менамоем. Сухан ба муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Назирӣ Гулбаҳор Назир дода мешавад. Марҳамат.

 Гулбаҳор НАЗИРӢ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Шароити имрӯзаи ҷаҳон, бахусус, вазъи зудтағйирёбанда ва ҳоло ҳам ҷой доштани раванди номуайянию номуътадилӣ дар иқтисодиёт ва бозорҳои ҷаҳонӣ бинобар низоъҳои сиёсию тиҷоратӣ тақозо менамояд, ки ҷиҳати фавран пешгирӣ намудани таъсири манфии омилҳои зикршуда ба иқтисодиёти миллӣ чораҳои таъхирнопазир роҳандозӣ карда шавад.

Новобаста ба мавҷудияти хавфҳо, Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба мақсади асосӣ — нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ сиёсати пулию қарзиро тавассути механизму фишанг­ҳои худ баҳри пешгирӣ намудани таъсири омилҳои монетарӣ ба сатҳи таваррум амалӣ намуда, барои гузариши ботадриҷ ба реҷаи ҳадафгирии таваррум мунтазам тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати заҳмати содиқонаи роҳбарияти олии кишвар, ҳамбастагии вазорату идораҳои дахлдор ва пешбурди сиёсати босамари пулию қарзӣ рушди устувори иқтисоди миллӣ ва муътадилии сатҳи нархҳо ҳадафмандона амалӣ шуда, интизор меравад, ки сатҳи таваррум то охири соли 2023 дар доираи ҳадафи муқарраргардида 6 фоиз (±2 банди фоизӣ) ҷамъбаст гардад.

Дар моҳҳои январ-октябри соли 2023 рушди воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 8,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Рушди иқтисодиёт бештар аз ҳисоби афзоишёбии соҳаи сохтмон — 22,6 фоиз, гардиши савдои чакана — 13, саноат — 9,1, кишоварзӣ — 8,9 ва хизматрасонии пулӣ — 7,7 фоиз ба амал омад.

Ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 6,2 млрд. доллари ИМА-ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли ­гузашта 3,4 фоиз ё ба маблағи 202 млн. доллари ИМА зиёд мебошад.

Тибқи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва давраи миёнамуҳлат» дар назди низоми бонкӣ вазифаҳои муҳим ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати пулию қарзӣ, таъмини муътадилии сатҳи нархҳо, коҳиш додани тағйирёбии қурбӣ, беҳтар намудани вазъи молиявии ташкилотҳои қарзӣ, коҳиш додани сатҳи хавфҳо ва қарзҳои ғайрифаъол дар низоми бонкӣ, такмили заминаи ҳуқуқӣ, вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ва таъмини суботи молиявӣ гузошта шуда буданд.

Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҷиҳати татбиқ намудани вазифаҳои дар боло зикргардида, баҳри пешбурди сиёсати самараноки пулию қарзӣ ва гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Сатҳи таваррум дар моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ 3,6 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,1 банди фоизӣ зиёд мебошад. Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ — 3,6 фоиз, молҳои ғайрихӯрокворӣ — 5,8 ва хизматрасониҳои пулӣ ба аҳолӣ 0,8 фоиз ба вуқӯъ пайваст.

Таварруми солона (дар 12 моҳи охир) бошад, дар моҳи октябри соли ҷорӣ ба 4,4 фоиз баробар гардид, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,8 банди фоизӣ кам мебошад. Қайд намудан зарур аст, ки раванди тағйирёбии сатҳи нархҳо бештар дар натиҷаи таъсири омилҳои мавсимӣ, берунӣ ва таклифотӣ ба вуқӯъ пайваст.

Меъёри бозтамвил, ки фишанги калидии сиёсати пулию қарзӣ барои анҷом додани амалиётҳои монетарӣ ба ҳисоб меравад, дар асоси дурнамои таъсири хавфҳои эҳтимолии дохилию берунӣ ба иқтисодиёт, бо дарназардошти дар сатҳи поёнии ҳадафи муқарраргардида қарор дош­тани сатҳи таваррум ва нисбатан беҳтар шудани интизориҳои таваррумӣ дар ин давра тадриҷан паст карда шуда, дар сатҳи даҳ фоизи солона муқаррар гардид.

Баҳри танзим намудани ҳаҷми пул дар муомилот, идоракунии самараноки сатҳи пардохтпазирии бонкҳо, коҳиш додани фишорҳои таваррумӣ ва қурбӣ, рушди низоми молиявӣ ва бозори аввалияи коғазҳои қиматнок, дар ин давра аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон фурӯши коғазҳои қиматнок ва ҷалби амонатҳои шабонарӯзӣ (овернайт) амалӣ карда шуд.

Ба интиҳои моҳи октябри соли 2023 ҳаҷми пулҳои захиравӣ ҳамчун нишондиҳандаи амалиётӣ дар давраи гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум 33,8 млрд. сомонӣ ва ҳаҷми пули нақд дар муомилот 28,8 млрд. сомониро ташкил медиҳад.

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади таъмини муътадилии вазъи бозори дохилии асъор сиёсати қурбиро дар реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб» ҷиҳати татбиқи самараноки сиёсати пулию қарзӣ ва афзун намудани ҳаҷми захираҳои байналмилалӣ амалӣ карда истодааст.

Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат ҷиҳати муътадилии сатҳи нархҳои дохилӣ дар доираи ваколатҳои худ бо истифода аз механизму фишанг­ҳои сиёсати пулию қарзӣ роҳандозӣ хоҳад намуд.

Дар соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат (солҳои 2025 ва 2026) ҳадафи таваррум дар доираи 6 фоиз (±2 банди фоизӣ) пешбинӣ карда мешавад.

Интизор меравад, ки дар соли 2024 таъсири омилҳои берунае, ки асосан хусусияти ғайримонетарӣ дошта, ба болоравии сатҳи таваррум дар дохили кишвар бештар таъсир мерасонанд, боқӣ хоҳанд монд. Бинобар ин, дар соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат Бонки миллии Тоҷикистон бо дарназардошти хавфҳо ва фишорҳои эҳтимолии таваррумӣ дар доираи ваколатҳояш тамоми имкониятҳоро барои нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳои дохилӣ дар давраи дарозмуҳлат ба истифода аз механизму фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ равона хоҳанд кард.

Меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги калидии сиёсати пулию қарз вобаста ба вазъи макроиқтисодии кишвар самаранок истифода гардида, андозаи воқеии он, бо дарназардошти интизориҳои таваррумӣ муқаррар карда мешавад.

Дар соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат низ сиёсати қурбӣ ба реҷаи «шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб» асос ёфта, қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ дар асоси талабот ва пешниҳод дар бозори дохилии асъор муқаррар карда мешавад. Бонки миллии Тоҷикистон тибқи реҷаи мазкур танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ метавонад ба бозори дохилии асъор дахолат намояд.

Бонки миллии Тоҷикистон баҳри иҷрои дастуру вазифаҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ -  Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, тадбирҳои зарурӣ андешида, сиёсати пулию қарзиро дар самти муътадил нигоҳ доштани сатҳи таваррум ва қурби пули миллӣ ҷиҳати мусоидат намудан ба рушди устувори иқтисоди миллӣ ва афзоиши содироти ватанӣ, бо дарназардошти идомаи ислоҳот барои гузариши босамар ба реҷаи ҳадафгирии таваррум ба роҳ мемонад. Дар баробари иҷрои уҳдадориҳои худ, инчунин баҳри таъмини самаранокии татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат чораҳои заруриро ҷиҳати таъсирбахш намудани механизми трансмиссионии сиёсати пулию қарзӣ ва усули сиёсати фоизӣ амалӣ хоҳад кард. Бо мақсади пурзӯр намудани механизми таъсирбахшии сиёсати фоизӣ ва бартараф намудани мушкилиҳои дар он ҷойдошта дар соли 2024 андешидани чораҳои зерин ба нақша гирифта шудааст:

-такмил додани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тибқи таҷрибаи бонкҳои марказии (миллии) кишварҳои пешрафта;

-идомаи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби кумаки техникӣ дар самти рушди бозори пулии ҷумҳурӣ;

-гузариш ба марҳилаи озмоиши самаранокии иқтисодии лоиҳаи механизми миёнакунонии меъёри захираҳои ҳатмӣ ва мавриди истифода қарор додани он;

-бунёди низоми (платформаи) махсуси амалиётӣ ҷиҳати таҳкими раванди таҳлилию тадқиқотӣ тариқи такмили инфрасохтори инноватсионӣ, рушди низоми бонкӣ ва таъсирбахшӣ ба сиёсати монетарӣ;

- омӯзиши таҷрибаи бонкдории исломӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани фишангҳои нави пулию қарзӣ баҳри танзими сатҳи пардохтпазирии ташкилотҳои қарзии исломӣ;

- таҳкими раванди таҳлилу тадқиқот ва ояндабинӣ;

- татбиқи бандҳои дигари «Стратегияи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025».

Дар баробари чорабиниҳои зикр­гардида, инчунин нигоҳ доштани сатҳи мақбули захираҳои байналмилалӣ барои таъмини хизматрасонии уҳдадориҳои давлат ва муътадилии бозори дохилии асъор, таъмини ҳамоҳангӣ дар татбиқи сиёсати монетарию фискалӣ, вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ҷиҳати коҳиш додани ҳиссаи пули нақд дар муомилот низ ба нақша гирифта шудаанд.

Бонки миллии Тоҷикистон тибқи талаботи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Стратегияи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2025» тасмим гирифтааст, ки дар давоми соли 2025 гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррумро (бе дарназардошти таъсири омилҳои манфии ғайричашмдошт) эълон намояд.

Қайд намудан зарур аст, ки лоиҳаи «Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат» барои Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷати стратегӣ ва муҳим ба ҳисоб меравад. Бинобар ин, аз шумо — вакилони арҷманд, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиззода Ғайрат дода мешавад.

Ғайрат АЗИЗЗОДА: - Пастшавии нархи фурӯши пахта ба вазъи бозори асъор таъсир мерасонад. Бонки миллӣ дар ин самт чӣ чораҳо меандешад?

Гулбаҳор НАЗИРӢ: — Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳояш барои нигоҳ доштани сатҳи муътадили нархҳо дар бозорҳои кишвар ҳамарӯза вазифаҳои мушаххасро иҷро менамояд.

РАИС: — Боз кӣ савол ё пешниҳод дорад?

Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонзода дода мешавад.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА: - Яке аз сабабҳои асосии рушд накардани гардиши моли дохила фоизи баланди қарзҳои бонкӣ аст. Хоҳиш мекунам, ки барои паст кардани фоизи қарзҳо чора андешида шавад.

Гулбаҳор НАЗИРӢ: - Дар ин самт низоми бонкии кишвар бо роҳбарии Бонки миллии Тоҷикистон корҳоро ба анҷом расонида истодааст. Гурӯҳи корӣ дар ин самт амал мекунад ва ба ташкилотҳои қарзиву молиявии кишвар доимо тавсия дода мешавад, ки барои кам кардани фоизи қарзҳо ва пешниҳод намудани маҳсулоти молиявии хушсифат ба мизоҷон ҳамаи имконотро истифода баранд.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ашӯрзода Ғиёсиддин Маҳмадмурод дода мешавад. Марҳамат.

 Ғиёсиддин АШӮРЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Дурнамои зикргардида мутобиқи моддаҳои 4 ва 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» таҳия гардида, самтҳои асосии сиёсати пулию қарзиро барои соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат муайян менамояд.

Дурнамои зикргардида, пеш аз ҳама, баҳри расидан ба мақсади асосии Бонки миллии Тоҷикистон – нигоҳдории сатҳи муътадили сиёсати пулию молии дохилӣ дар давраи дарозмуҳлат тавассути воситаҳои татбиқшавандаи сиёсати пулию қарзӣ равона мегардад.

Санади мазкур бахшҳои зеринро дар бар мегирад:

- вазъи кунунии иқтисоди берунӣ ва дохилии кишвар;

- татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои асосӣ дар соли 2023;

- пешбурди сиёсати пулию қарзӣ барои соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат.

Бо назардошти таъсири хавфҳои эҳтимолии ҷойдошта ва бетағйир мондани дигар омилҳо дурнамои сатҳи таваррум барои соли 2024 аз рӯйи сенарияҳо дар доираи ҳадафи муқарраршуда пешбинӣ мегардад.

Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади идомаи амалисозии гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум дар ин давра таъмини устувории пардохтпазирии кӯтоҳмуддати низоми бонкӣ, муътадилии қурби пули миллӣ, нигоҳдории сатҳи муътадили сиёсати пулию молиро роҳандозӣ менамояд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамои зикргардидаро дар хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд. Дурнамои мазкур ба моддаҳои 4 ва 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад. Аз ин рӯ, аз шумо — вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки дурнамои пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намуда, барои тасдиқи он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» шурӯъ мекунем. Сухан ба муовини вазири адлия Каримзода Шараф дода мешавад. Марҳамат.

 Шараф КАРИМЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади иҷрои банди 14 «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2020-2025» лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» пешниҳод карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар доираи гурӯҳи корӣ якҷо бо Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бартараф намудани норасоиҳо, мушаххас кардани меъёрҳои ҷудогона, мустаҳкам намудани мавқеи адвокат дар ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия шудааст.

Дар доираи лоиҳаи мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» моддаи нав илова гардида, он кафолатҳои амалисозии дархости адвокатро муайян менамояд. Ҳамзамон, вобаста ба танзими муносибатҳо дар хусуси бастани созишнома ва пешниҳоди ордер ҳангоми амалӣ намудани намояндагӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси адвокат, инчунин пешниҳоди маълумот аз ҷониби Иттифоқи адвокатҳо оид ба фаъолияти худ, раванди назорати фаъолияти касбии адвокатҳо, баррасии муроҷиати шаҳрвандон, нусхаи санадҳои дохилии қабулшуда ва маълумоти дигари зарурӣ тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардида, меъёри нав дар хусуси аз ҷониби Раёсати Иттифоқи адвокатҳо бекор намудани қарору санадҳои хилофи қонунгузорӣ қабулнамудаи мақомоти минтақавии он ва оид ба ҳисоботдиҳанда будани мақомоти минтақавии Иттифоқи адвокатҳо дар назди Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конс­титутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад ва аз буҷети давлатӣ дар робита ба иҷро шудани муқаррароти пешбинигардида хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Бинобар ин, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода дода мешавад. Марҳамат.

 Раънохон БОБОҶОНИЁН: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади иҷрои банди 14 «Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2020-2025» дар доираи гурӯҳи корӣ бо ҷалби намояндагони мақомоти дахлдор, инчунин Иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Бояд зикр кард, ки лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати бартараф намудани норасоиҳо, мушаххас кардани меъёрҳои ҷудогона, мустаҳкам намудани мавқеи адвокат дар ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур аз 2 модда иборат мебошад ва моддаи 1 фарогири 20 қисм буда, тибқи он ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» моддаи нав – моддаи 91 илова карда шуда, инчунин ба моддаҳои 10, 12, 13, 15, 16, 18, 19, 21, 22, 29, 31, 34, 35, 37, 38, 39, 41, 42 ва 43 қонуни зикршуда ворид гардидани тағйиру иловаҳои дахлдор пешбинӣ шудааст, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои адвокатро мушаххас намуда, барои фаъолияти онҳо шароит муҳайё месозад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» -ро баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд. Ба нишонии кумита 8 — пешниҳод ирсол гардид, ки аз онҳо 2-то қабул, 2-то қисман ва 4-то қабул нашуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба Конститутсия ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Аз ин рӯ, аз шумо – вакилони гиромӣ хоҳиш мекунам, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намоян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ашӯрзода Гулбаҳор дода мешавад. Марҳамат.

 Гулбаҳор АШӮРЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Аҳмадзода, Д. Раҳмон, Ф. Мӯъминзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Г. Ашӯрзода дар заминаи супориши Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи тақвият додани ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии хурдсолу ноболиғон, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон, Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022» таҳия ва пешниҳод шудааст.

Лоиҳа бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 – уми майи соли 2023 таҳти №1696 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, барои додани хулоса ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳа тамоми расмиёти дохилиро мутобиқ ба талаботи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашта, дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз 29 таклифи пешниҳодшудаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 9  таклиф қабул, 18  таклиф қисман ва 2 таклиф қабул нашуд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ба талабои моддаи 38-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, кумитаи масъул аз шумо — вакилони арҷманд, бо эҳтиром хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.

 РАИС: - Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Конвенсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон аз 26 – уми майи соли 1995» шурӯъ мекунем. Сухан ба муовини вазири адлия Каримзода Шараф дода мешавад. Марҳамат.

 Шараф КАРИМЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил «Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Конвенсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон аз 26 — уми майи соли 1995» ба баррасии шумо пешниҳод карда мешавад.

Протоколи мазкур бо мақсади ҳудудгузорӣ ба тартиби қабул ва эътибор пайдо намудани Низомномаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва бевосита худи конвенсия таҳия карда шуд. Дар айни замон мутобиқи моддаи 34 – уми конвенсия низомнома қисми ҷудонопазири он ба ҳисоб меравад ва бо тартиби эътибор пайдо намудани конвенсия эътибор пайдо мекунад. Бо қабули протоколи мазкур муқаррароти конвенсия ба Оинномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мус­тақил мутобиқ карда мешавад. Ин имкон медиҳад, ки ҳайати субъектҳои комиссияи таъсисдодашаванда зиёд карда шавад, зеро дар он метавонанд давлатҳое низ иштирок намоянд, ки давлатҳои иштирокдори конвенсия ба ҳисоб намераванд. Ғайр аз ин, бо мақсади ҳар чӣ зудтар ба роҳ мондани фаъолияти комиссия, протокол муқарраротро оид ба татбиқи муваққатии он пас аз 30 рӯзи имзонамоӣ пешбинӣ менамояд. Дар баробари ин, механизми эътибор пайдо намудани протоколи мазкур ба механизми эътибор пайдо намудани конвенсия шабоҳат дорад, яъне он аз лаҳзаи аз ҷониби маҳфуздоранда гирифтани огоҳиномаи сеюм оид ба иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ аз ҷониби тарафҳои баимзорасонида, ки барои эътибор пайдо намудани он заруранд, эътибор пайдо мекунад.

Протоколи мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мувофиқ буда, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ хароҷоти молиявии иловагиро талаб намекунад. Бинобар ин, бо эҳтиром хоҳиш менамоем, ки барои тасдиқи он овоз диҳед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Зиёӣ Баҳриддин Саҳобиддин дода мешавад. Марҳамат.

 Баҳриддин ЗИЁӢ: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Конвенсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон аз 26 – уми майи соли 1995, ки 14 – уми октябри соли 2022 дар шаҳри Остона ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои расмиёти дохилидавлатӣ барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Протоколи мазкур ҷиҳати мутобиқ намудани муқаррароти конвенсия ба Оинномаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба имзо расида, тибқи он моддаи 34 ва аз банди 1 моддаи 38 конвенсия калимаҳои «, аз он ҷумла Низомномаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» хориҷ карда шудааст.

Протоколи мазкур мувофиқ ба талаботи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи протоколи зикршударо бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд.  Кумитаи масъул 10-уми ноябри соли 2023 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ протоколи пешниҳодгардидаро баррасӣ намуд. Протоколи мазкур ба талаботи моддаи 57-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо — вакилони муҳтарам бо эҳтиром хоҳиш менамояд, ки «Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Конвенсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон аз 26 – уми майи соли 1995»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Конвенсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои асосии инсон аз 26 – уми майи соли 1995» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.

Барои иштироки фаъолонаатон изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ