Мулоқоти Саидмурод Фаттоҳзода бо Гиорги Чхеидзе

№9 (4749) 17.01.2024

DSC_719415 январи соли 2024 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода бо кордори муваққатии Сафорати Гурҷистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қароргоҳаш дар шаҳри Тошканд) Гиорги Чхеидзе мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ба масоили ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ва ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ миёни ҳар ду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Иброз гардид, ки Тоҷикистон ҷонибдори афзун намудани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Гурҷистон дар рӯҳияи анъанаҳои деринаи дӯстӣ ва ҳамбастагии байни кишварҳо ва халқҳост.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ