Мулоқоти вакилон бо интихобкунандагон

№ 24.10.2022

Ҳабдаҳуми октябри соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Раисони Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Маҳмадалӣ ва Хайрулло Амонулло бо интихобкунандагон вохӯри доир намуданд.

312179139_5465384376916097_8538011457236693032_nЗимни он доир ба ҳифз ва эҳтироми арзишҳои миллӣ, равнақ бахшидани ободониву созандагӣ ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтугӯ анҷом доданд.

Ҳамчунин, масъалаҳои марбут ба вазъи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат, ҳалли мушкилоти мавҷуда ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа баррасӣ гардида, чунин вохӯриҳо бо сокинони маҳаллаҳаои дигари ноҳияи Фирдавсӣ идома доранд.

Вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ваҳдату ягонагӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва ватандӯстии насли наврас, пойдории оилаҳои ҷавон ва омодагии сокинон ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 аз масъалаҳое буданд, ки 17 октябри соли 2022 зимни вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода бо интихобкунандагон дар ҷамоати шаҳраки Ҳисор таҳлилу баррасӣ шуданд.

312233300_5464844020303466_1913224786164883923_nИнтихобкунандагон ба саволҳояшон оид ба такмили санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои рӯзмара пешниҳодҳо судманд намуданд.

19 октябри соли 2022 дар ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодир Қосим бо сокинон ва фаъолони ноҳия доир ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ мулоқот анҷом дод.

Kodir-KosimҚодир Қосим зимни вохӯрӣ таваҷҷуҳи сокинонро ба мавсими зимистонгузаронӣ, захира намудани маҳсулоти ғизоӣ, истифодаи босамари ҳар қитъа замин ва пешгирии ҳама гуна қонуншиканӣ ҷалб кард.

Инчунин, дар ҷамоати деҳоти Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон, сипас дар ноҳияи Роштқалъа вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода, дар ноҳияи Мурғоб бошад, мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даринг Раҳмон Ҷаҳонафруз Қурбонзода бо интихобкунандагон доир гардид.

Вакилон оид ба қарору қонунҳои ба тозагӣ қабулнамудаи парлумон, ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ зикр карданд ва дигар масъалаҳои меҳварии сиёсати Ҳукумати мамлакат маълумот доданд.

Нуздаҳуми октябри соли равон дар Қасри фарҳанги ноҳияи Варзоб вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Амонулло ва Муҳамадулло Шерализода бо фаъолони ноҳия мулоқот карданд.

вАРЗОБ (2)Вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бартараф кардани нооромиҳои солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ, ба ватан баргардонидани гурезагон ва таъмини амнияту осоиштагии сокинони мамлакат суҳбат ороста, ҳамчунин, масъалаҳои даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, гаравидани занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, корҳои ободониву бунёдкорӣ, самаранок истифода бурдани қитъаҳои замин, кишти зироатҳои кишоварзиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сипас, иштирокчиён бо дархосту пешниҳодҳо ба вакилон муроҷиат карданд.

  Ҳамчунин, 19 октябри соли 2022 дар шаҳраки Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Вахш, №32 Абдусаломзода Мунавара Алиакбар бо интихобкунандагон баргузор гардид.

 Дар вохӯрӣ оид ба истифодаи самараноки замин, захира намудани маҳсулоти озуқаворӣ барои фасли сармо, сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи дурусти насли наврас, ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон ибрози назар карда шуд.

 Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо интихобкунандагон мулоқот доир намуданд. Мулоқотҳо самимиву судманд ва ошкоро баргузор гардида, вакилон бобати фаъолияти пурсамари парлумони кишвар, қонунҳои қабулшуда, дастовардҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ сухан ронда, аҳамияти Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таъмини сулҳу субот ҳалкунанда арзёбӣ карданд.

Чунончи, 19 октябри соли равон дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи «Мастчоҳ», №18 Ғайрат Азиззода бо фаъолону интихобкунандагон доир гардид. Интихобкунандагон аз мулоқоти рӯ ба рӯ изҳори қаноатмандӣ намуда, ба саволу дархостҳояшон аз вакил посух гирифтанд.

Ҳамчунин, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлудахон Мирзозода бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Ёва ва Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Мирзоанвар Ахмедов бо сокинони шаҳри Бӯстон, Ғиёсиддин Шарифзода бо сокинони деҳоти Рарз ва Шамтучи ноҳияи Айнӣ, сокинони ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент, Абдуҷаббор Умарзода бо сокинони ҷамоатҳои деҳоти Сабристон ва Гули Сурхи шаҳри Истаравшан, Зайниддин Сафарзода дар толори беморхонаи №1 — и шаҳри Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо интихобкунандагон ва фаъолону зиёиён мулоқотҳои судманду муассир доштанд.

 Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳриддин Зиёӣ бо интихобкунандагон оид ба «Аҳамияти Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини тоҷикон» 20 октябри соли равон дар толори МТМУ №36, ҷамоати деҳоти Понғози ноҳияи Ашт ҷараён гирифт.

 Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, муовин ва роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия, роҳбарони корхонаю ташкилотҳои ҳудуди ҷамоат, имомхатибон, раисони кумитаи маҳаллаҳо, фаъолзанон, собиқадорони меҳнат, ходимони тибу маориф ва дигар шахсони дахолдор ширкат намуданд.

20 октябри соли равон дар толори маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Фархор баргузор гардид.

Номбурда ба интихобкунандагон доир ба аҳамияти таърихии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олӣ, таъмин гардидани сулҳу субот, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, ватандӯстиву хештаншиносӣ суҳбат ороста, онҳоро ба таҳким бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ даъват намуд.

 Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комрон Исмоилиён низ дар ноҳияи Деваштич бо интихобкунандагон вохӯрӣ намуда, оид ба қарору қонунҳои тайи як соли охир қабулкардаи парлумон, ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат маълумот дод. Ҳамчунин, зимни вохӯрӣ масъалаҳои омодагӣ ба давраи зимистони дарпешистода, таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва дигар ташкилоту идораҳо бо неруи барқ дар фасли сармо, рафти даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлилу баррсӣ гардиданд.

Мулоқоту вохӯриҳои вакил бо интихобкунандагон дар ҷамоатҳои деҳоти Росровут, Ваҳдат, Исмоили Сомонӣ, Далёни Боло ва ҷамоати шаҳраки Ғончӣ низ роҳ монда шуданд.

 21 октябри соли равон  вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавзуна Шамсиддинзода ва Муҷибахон Ҷавҳарӣ дар доираи мулоқоту вохӯриҳо бо интихобкунандагон аз 47 манзили сокинони деҳаҳои Сомониёни ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ ва деҳаи Тоҷикони ҷамоати деҳоти Ворух, ки дар муноқишаҳои сарҳадии 14-18 сентябри соли равон пурра осеб диданд, боздид намуданд.

Соҳибони хонаҳои харобгашта ва ҳашарчиён аз ғамхориву дастгириҳои пайваста ва кумакҳои башардӯстонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси

намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Мухтори АБДУЛЛО,

Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»