Нигаронии вакилон аз қаноатбахш набудани татбиқи барнома

№82-83 (4665-4666) 23.06.2023

DSC_592822-юми июни соли равон бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парлумонӣ баргузор шуд. Дар он иҷрои «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», ки соли 2019 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зикр шуд, ки «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» бо мақсади таъмири муассисаҳои томактабӣ, сохтмони муассисаҳои нав, баргардонидани муассисаҳое, ки аз рӯи таъинот истифода намешаванд, ҷудо намудани қитъаи замин ва фароҳам овардани шароит барои таъсиси муассисаҳои томактабии хусусӣ, зиёд намудани марказҳои инкишофи кӯдакон дар маркази Ҷамоат, деҳаҳои калон, омода намудани кадрҳо бо ихтисосҳои нави педагогӣ таҳия ва қабул гардидааст. Ҳисоботи оморӣ шаҳодат медиҳанд, дар раванди иҷрои барнома ҳанӯз мушкилиҳо зиёданд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ таҳсилоти томактабиро аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф арзёбӣ намуда, афзуд, ки ин зинаи таҳсилот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дастгирӣ меёбад. Ба ин хотир, барномаи зикршуда қабул гардидааст. Барои амалишавии он аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ соли 2022-юм 6,2 млн. сомонӣ равона гардида, барои соли 2023-юм 6,7 млн. сомонӣ пешбинӣ шуда буд. То 11-уми майи соли ҷорӣ 736,9 ҳазор сомонӣ харҷ шудааст.

- Бо вуҷуди ин, амалишавии барномаи мазкур дар шаҳру навоҳии кишвар қаноатбахш набуда, дар давраи мавриди назар танҳо дар 28 шаҳру ноҳияи кишвар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ сохта шудаанд, — таъкид намуд Дилрабо Мансурӣ.

Айни замон теъдоди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар ҷумҳурӣ 707 адад буда, дар онҳо 102 ҳазору 525 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ 2111 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 68 ҳазору 891 кӯдак фаъолият мекунанд.

Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Парвина Маликзод ба «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» ворид нагардидани бандҳои иҷронашудаи барномаҳои қаблӣ, аз ҷумла «Барнома давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ барои солҳои 2012-2016» ва солҳои баъдиро боиси таассуф номид.

- Дар шаҳру ноҳияҳо марказҳои ­инкишофи кӯдакон ташкил шудаанд, аммо дар қисми зиёди онҳо шароит барои таҳсил, барномаи таълимӣ, ҳолати психологӣ, ғизо ва ҳатто оби нӯшокӣ ба кӯдакони синни томактабӣ ба назар гирифта нашудааст. Мушкилоти марбут ба мизу курсӣ, маош, имтиёзҳо ва маблағи рухсатии меҳнатии омӯзгорон ҳаллу фасли худро наёфта, аксар омӯзгороне, ки дар марказҳои инкишофи кӯдакон машғулият мегузаронанд, таҳсилоти касбии томактабӣ надоранд, — афзуд номбурда.

DSC_5961Фарогирии кӯдакони пойтахти кишвар ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ хеле хуб аст. Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2020 — 2025» нақша — чорабинии алоҳида тартиб дода шуд. Ба шарофати ин иқдом заминаи моддӣ — техникии муассисаҳо аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он мустаҳкам гардид. Солҳои 2020-2022 барои муассисаҳои таҳсилоти томактабии пойтахт 540 кондитсионер, 182 яхдони калонҳаҷм, 90 мошинаи ҷомашӯӣ ва таҷҳизот барои бунгоҳи тиббӣ харидорӣ шуда, ҳамаи муассисаҳо бо бозичаҳои кӯдакона ва маводи дидактикӣ, тахтаҳои электронӣ ва компютерҳо муҷаҳҳазанд.

Аз таҳлили вазъи соҳаи тарбияи томактабӣ дар кишвар бармеояд, ки мушкили асосӣ дар фаъолияти онҳо нокифоя будани маблағгузорӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии хокимияти давлатӣ, бетафовутии баъзе аз мутасаддиёни соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳо ба таҳсилоти томактабӣ мебошад. Нарасидани мутахассисони соҳибмаълумот дар муассисаҳо мушкили дигари ҳалталаб мебошад. Ҳоло муассисаҳо бо кадрҳои педагогӣ таъмин бошанд ҳам, сатҳи тайёрии касбии мутахассисон пурра ба талабот ҷавобгӯ нест. Аз 636 роҳбари муассисаҳои томактабӣ 352 нафар таҳсилоти олии омӯзгорӣ доранд. 192 нафар таҳсилоти олӣ (ғайрипедагогӣ), 31 — олии нопурра, 32 — таҳсилоти миёнаи касбии омӯзгорӣ, 29 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбии ғайрипедагогӣ муассисаҳои томактабиро роҳбарӣ менамоянд. Аз 10186 корманди муассисаҳои томактабӣ (мушовирон, омӯзгорон, мураббиён, ёрдамчиёни мураббиён) 1897 нафар таҳсилоти олии омӯзгорӣ доранду халос.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Раҳим Саидзода дар робита ба ин масъа­ла чунин гуфт: «Дар доираи барнома 13 номгӯйи дастурҳои методӣ аз чоп баромадааст, ки 63 фоизи банди якуми барномаро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, 7 ҳазору 58 нафар аз такмили ихтисос гузаштаанд, яъне беш аз 60 дарсади нишондоди банди дуюми барнома иҷро шудааст. Тибқи банди сеюми барнома, дар давоми се сол 4 ҳазору 846 маркази инкишофи кӯдак бояд таъсис дода мешуд. Айни замон дар ҷумҳурӣ 2 ҳазору 111 чунин марказ такшкил шудааст».

Вазир як сабаби ташкил нагардидани марказҳои инкишофи кӯдаконро дар мавҷуд набудани имконият дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ рабт дод.

Дар ҷаласа муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвар Қурбониён Собир, директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Муҳаммадтоир Саид, муовини раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Аҳмадзода низ маърӯза намуданд.

Пас аз музокира ва саволу ҷавоб қарор ва тавсияҳои парлумонӣ қабул шуд.

Фарзона ФАЙЗАЛӢ,

«Садои мардум»