Саҳмгузорӣ дар амали хайр анъанаи ниёгон аст

№41 (3678) 18.04.2017

DSC_0002Шанбеи гузашта дар доираи чорабиниҳо бахшида ба «Рӯзи пойтахт» таҳти шиори «Ин Ватанро мо — ҷавонон сабзу хуррам мекунем!» беш аз 100 нафар корманди Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳашар баромаданд.

- Ҳадаф аз чорабинӣ, — гуфт муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Абдуҷаббор Азизӣ, — пайравӣ ва идомаи анъанаҳои наҷиби ниёгон дар бобати беҳдошти муҳити зист, саҳмгузорӣ дар амалҳои хайр мебошад. Ман шодам, ки ҷавонон имрӯз бо рӯҳияи болида ва шукргузорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба паи ободии диёр саъю талош менамоянд.

Он рӯз кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ниҳолҳои нав шинонида, бехи дарахтони мевадиҳандаю сояафканро нарм ва ҷӯйҳоро тоза карданд.

 Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти

Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон