Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Ҳуқуқҳои кӯдакон тақвият меёбанд

№120-121 (4703-4704) 05.10.2023

Барои сайтЧоруми октябри соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС — Вакилони арҷманд!

Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 58 вакил ҳузур доранд.

Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.

Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.

Мутобиқи моддаи 34-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Дар ҷаласаи имрӯза мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъа­лаҳои ҳуқуқӣ Сироҷзода Сайфиддин, муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Эмомалӣ, муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Саиднақш Ҳаким, муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Шараф, муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуродзода Шоиста, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Машокир, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, муовини якуми директори Агентии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Самад Зафар Тағой, муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.

РАИС: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Ба рӯзномаи ҷаласа нуздаҳ ­масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.

Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар ҳаст? Набошад, хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул гардид:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор»

2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба  ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»

7. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»

9. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»

10. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»

11. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»

12. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»

13. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ»

14. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ»

15. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ»

16. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ»

17. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»

18. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»

19. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор» сухан ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Раҳмонзода Саиднақш Ҳаким дода мешавад. Марҳамат.

Саиднақш РАҲМОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст. Мақсад аз таҳияи лоиҳаи мазкур ба танзим даровардани фаъолияти Хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, таъмини назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтор дар биною иншоот, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо ва бехатарии шаҳрвандон мебошад. Бо ин мақсад ба моддаи 1 қонуни мазкур сархатҳои шонздаҳум ва ҳабдаҳум бо мазмуни зерин илова карда мешаванд:

« — объектҳои ҷойгиршавии оммавии одамон — марказҳои савдо, нуқтаҳои хизматрасониҳои маишӣ, варзишӣ, фарҳангӣ, фароғатӣ, муассисаҳои динӣ, таваққуфгоҳҳои ҳама намуди нақлиёт, биноҳои муассисаҳои тандурустӣ, маориф, инчунин, меҳмонхонаҳо ва объект­ҳои барои будубоши муваққатии одамон;

-ташкил ва хомӯш намудани сӯхтор — маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-тактикӣ ва муҳандисӣ- техникӣ (ба истиснои чораҳо оид ба таъмини чораҳои аввалияи бехатарӣ аз сӯхтор), ки ба наҷот додани одамон ва молу мулк аз сӯхтор ва хомӯш кардани он нигаронида шудаанд.».

Ҳамзамон, хавфи ҳодисаҳои сӯхторро дар баъзе ҳолатҳо ба инобат гирифта, ба кормандоне, ки дар давоми хизматбарӣ ва дар шароитҳои барои нафаскашӣ номусоид ва хатарнок ҳангоми хомӯш намудани сӯхтор дар корхонаҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳое, ки дар онҳо маводу маҳсулоти аз худ газҳои заҳрнок ихроҷкунанда ва барои саломатии инсон зараррасон мавҷуд мебошад, иштирок менамоянд, ба андозаи 20 дарсад ба маоши вазифавии онҳо иловапулӣ пешбинӣ карда мешавад.

Механизми дар кадом муҳлатҳо ва ба киҳо дода шудани иловапулӣ дар ҳолатҳои cap задани ҳодисаҳои сӯхтори хатарнок дар корхонаю иншооти ҳаҷман калон, таъиноташон махсус ва анборҳои нигоҳдории моддаҳои заҳрноку тарканда муайян карда мешавад.

Бо мақсади паст намудани хавфи ҳодисаҳои сӯхтор дар объектҳо ва иншоот, новобаста аз шакли моликият, барои мутобиқати бино ва иншоот ба талаботи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор зарурати илова намудани сархати даҳум ба қисми дуюми моддаи 15 қонуни мазкур, яъне «додани хулоса оид ба вазъи бехатарӣ аз сӯхтор», ба вуҷуд омад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш мекунам, ки қабули онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Азимзода Толибхон дода мешавад. Марҳамат.

Толибхон АЗИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳия гардида, барои баррасӣ  ба  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда  шудааст.

Омӯзиши маводҳо бо қиёси  санадҳои меъёрии ҳуқуқии  амалкунанда  собит  намуд, ки  агар  аз як тараф,  мақсади  таҳия ва пешниҳоди  лоиҳаи қонун  танзими фаъо­лияти  ҳамин мақомот   ба шароити имрӯза бошад, аз тарафи дигар, таъмини ба амалбарории уҳдадориҳо  барои  ҳимояи  бехатарӣ  аз сӯхтор дар ҳамаи самтҳо буда, муҳимаш  фаъол  намудани тамоми субъектҳои  дар ин ҷода амалкунанда аст. Мақсади дигари пешниҳоди лоиҳа мутобиқ намудани меъёрҳо ба қонунҳои амалкунандаи дигар, аз байн бурдани ихтилофҳои  имлоӣ ва забонӣ ва таҳрири нави санадҳои  меъёрии ҳуқуқии алоҳида, аз ҷумла, тағйиру иловаҳои  ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  вориднамуда ва қонунҳои амалкунандаи  самтро дар бар мегирад.

Дар лоиҳа   мафҳумҳои нав, аз ҷумла, иншооти ҷойгиршавии оммавии одамон, ташкили хомӯш намудани сӯхтор илова карда, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ин самт ва иҷрои  баъзе  ҳуқуқҳою уҳдадориҳои ин мақомот ва  худи  кормандони он мушаххас карда мешаванд.

 Ҳамзамон, вазифаҳои назоратии мақомоти оташнишонӣ дар доираи ин ва дигар қонунҳои амалкунанда ба танзим дароварда, сар карда, аз ташкили гузаронидани амалиётҳои сӯхторхомӯшкунӣ, таъмини чорабиниҳои он, омода намудани таҷҳизоту нақлиёт, то мавзеи ҳимояи объектҳои  зарурии он боз ҳам мушаххас карда мешаванд.

Як  қисми  тағйироту илова ба ҳимояи ҳуқуқҳои  кормандони соҳа,  ҳифзи саломатии онҳо  ҳангоми иҷрои    вазифаҳои хизматӣ равона карда мешаванд, чунки онҳо  дар баъзе ҳолатҳо дар шароити хатарнок ҳангоми иҷрои  ин вазифаҳо ва  амалҳои ба он наздик  фаъолият  карда, саломатии худро зери хатар  мемонанд, ки  оқибатбор  буданаш аз  эҳтимол  дур нест.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати  ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо  хулосаҳои пешниҳоднамудаашон ҷонибдорӣ карда, ҳамзамон  барои такмили он  се таклиф  пешниҳод намуданд, ки  дар маҷмӯъ, ба инобат гирифта,  баъзе  меъёрҳо такмил дода  шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаҳои 28, 29 ва 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёроии ҳуқуқӣ»  ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки қабули лоиҳаи қонуни баррасишавандаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарӣ аз сӯхтор» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем.

Сухан ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Саиднақш Ҳаким дода мешавад. Марҳамат.

Саиднақш РАҲМОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур татбиқи ҷазои маъмурии сазовор нисбат ба ронандагони воситаҳои нақлиёт барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бе рақами қайди давлатӣ, бо рақами қайди давлатии бегона, ки ба баланд бардоштани интизом дар байни иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мусоидат менамояд, мебошад. Ҳамчунин, мутобиқ намудани он ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мебошад. Мутобиқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ва ё барои идора ба шахси дигар додани чунин воситаи нақлиёт, инчунин ба шахси дигар додани рақами қайди давлатӣ ҷазо пурзӯр карда мешавад, яъне таъин намудани ҷарима ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёт ба муҳлати як сол пешниҳод шудааст.

Ҳамчунин, тибқи лоиҳаи қонуни мазкур, барои идора намудани воситаи нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хираи шамолгардони пешорӯй ҷавобгарии маъмурӣ дар намуди ҷарима муқаррар карда мешавад, зеро мутобиқи талаботи «Стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (СТ ҶТ 1122-2022) «Шишаҳои бехатар барои нақлиёти рӯизаминӣ» сиёҳу хира кардани шишаи шамолгардони пешорӯи воситаи нақлиёт манъ аст.

Қобили зикр аст, ки қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйи­роту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» имконият медиҳад ки интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ баланд гардида, ҳолатҳои мусоидаткунандаи ба миён омадани омилҳои коррупсионӣ бартараф шавад. Инчунин, истифодаи воситаҳои нақлиёт бо рақами бегона, майли ронандагон ба истифодаи воситаи нақлиёт бо рақами бегона ва истифодаи воситаҳои нақлиёт бо шишаҳои сиёҳу хираи шамолгардони пешорӯй коҳиш ёбад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, бо камоли эҳтиром хоҳиш мекунам, ки қабули лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Усмонзода Мансур дода мешавад. Марҳамат.

Мансур УСМОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади пурзӯр  намудани татбиқи ҷазои маъмурӣ нисбат ба ронандагони воситаҳои нақлиёт  барои идора кардани воситаҳои нақлиёт бе рақами қайди давлатӣ, бо рақами қайди давлатии бегона, инчунин, барои дараҷаи вазнинии қоидавайронкунӣ, ки ба баланд бардоштани интизом дар байни иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ мусоидат менамояд, таҳия гардидааст.

Тибқи лоиҳаи мазкур ба моддаи 313-и Кодекси  ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав доир ба танзим даровардани қоидаи идоракунии воситаҳои нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ва ё барои идора ба шахси дигар додани чунин воситаи нақлиёт, инчунин ба шахси дигар додани рақами қайди давлатӣ, ворид намудани тағйирот пешниҳод шудааст. Дар қисмати санксияи моддаи мазкур ҷазои маъмурӣ нисбатан пурзӯр гардида, ба андозаи аз сӣ то панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёт ба муҳлати як сол пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон, нисбат ба моддаи 330, ба диспозитсияи қисми 1 илова оид ба идора кардани воситаҳои нақлиёт бо шишаи сиёҳу хираи пешорӯй пешбинӣ шуда, ҷазои маъмурӣ пурзӯр гардида, ба андозаи яксаду панҷоҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима пешбинӣ шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми августи соли 2023 таҳти №1777 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани хулоса ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ  ирсол гардида буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул 15-уми сентябри соли 2023 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифҳои ироагардидаро муҳокима намуда, бо назардошти таклифҳо лоиҳаи қонуни мазкур такмил ёфта, он қобили қабул дониста шуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба боби 2-и Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва   боби 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.

 Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  оид ба  қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон аз шумо, вакилони арҷманд, бо эҳтиром хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем.

Сухан ба муовини якуми директори Агентии маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Самад Зафар Тағой дода мешавад. Марҳамат.

Зафар САМАД:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», хусусан қисми 4 ва 8 -и он баҳри иҷрои талаботи «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 дар солҳои 2021-2025», ки такмили қонунгузории ҷиноятӣ ва маъмуриро дар самти назорати маводи нашъаовар пешбинӣ менамояд, таҳия шудааст.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур, мутобиқ намудани замимаи №1 «Номгӯй ва миқдори воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар муомилоти ғайриқонунӣ буда»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои ниҳодҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Конвенсияи ягонаи СММ оид ба воситаҳои нашъадор аз 30-юми марти соли 1961 бо тағйиру иловаҳои минбаъда, Конвенсияи СММ дар бораи моддаҳои психотропӣ аз 21-уми феврали соли 1971, Конвенсияи СММ дар бораи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ аз 19-уми декабри соли 1988 бармеоянд, иборат мебошад.

Қобили зикр аст, ки баҳри иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати маводи нашъаовар бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 — уми феврали соли 2020 таҳти №121 «Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо» дар таҳрири нав қабул гардида, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 — уми ноябри соли 2021 таҳти №507 ва аз 2 — юми марти соли 2023 таҳти №87 ба он номгӯйи нави воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, прекурсорҳои онҳо ва растаниҳои дорои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ворид карда шудаанд. Номгӯй ва микдори онҳо айни замон дар замимаи №21 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудаанд, ки ин ҳолат дар байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилиҳоро ба миён овардааст.

Лозим ба ёдоварист, ки лоиҳаи замимаи №1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардош­ти ин тағйиру иловаҳо дар таҳрири нав бо мазмуни зайл: «Номгӯй ва микдори воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо дар муомилот буда, инчунин, растаниҳое, ки дорои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ ва ё қисмҳои онҳо, ки дорои воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ мебошанд» пешниҳод карда шудааст.

Қобили қайд аст, ки дар самти мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мушкилот мавҷуд мебошад. Масалан, гарчанде маводи нашъаовари мусодирашуда дар Рӯйхати миллии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо пешбинӣ шуда бошад ҳам, аммо бинобар сабаби дар замимаи №1 Кодекси ҷиноятӣ дарҷ нагардидани ном ва микқдори он, шахсони ба муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дастдошта аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур мемонанд.

Ҳангоми қабули замимаи №1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, минбаъд муомилоти озоди чунин моддаҳо маҳдуд гардида, барои ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ба муомилоти ғайриқонунии он машғулбуда, заминаи ҳуқуқӣ фароҳам меорад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар қонунҳои мамлакат мухолифат надорад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Саиднақш Ҳаким дода мешавад. Марҳамат.

Саиднақш РАҲМОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст. Яке аз мақсадҳои таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур, пешгирӣ намудани идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қалбакӣ ва истифодаи рақами қалбакӣ бо мақсади содир ё рӯйпӯш намудани ҷиноят ба ҳисоб меравад. Дар давраи аз соли 2016 то соли 2023, яъне аз рӯзи илова намудани моддаи 2121 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зиёда аз 2700 далели идора намудани воситаи нақлиёт бо рақами қайди давлатии бегона ё рақами қалбакӣ ошкор карда шудааст. Дар давраи соли 2022 бошад, 381 чунин ҳуқуқвайронкунӣ ва нуҳ моҳи соли ҷорӣ 584 далел ошкор карда шудааст. Нишондодҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки содиркунии чунин қоидавайронкуниҳо сол то сол рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Амалия нишон медиҳад, ки асосан, ин қабил қоидавайронкунандагон рақамҳои қалбакӣ ё бегонаро бо мақсади содир намудани ҷиноят ва ё рӯйпӯш намудани ҷиноят истифода менамоянд. Яке аз сабабҳои асосии чунин вазъ норасоӣ дар қонунгузорӣ, хусусан нокифоягии ҷазои амалкунанда мебошад, зеро ҷазоҳои пешбинигардида барои баланд бардоштани интизоми нақлиёт дар сатҳи зарурӣ мусоидат карда наметавонанд.

Мувофиқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» барои тайёр кардан, соҳиб шудан, нигоҳ доштан, интиқол додан, истифода бурдан ё ба соҳибияти каси дигар додани рақами қалбакии қайди воситаи нақлиёт ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то ду сол ҷазо пешниҳод мешавад ва агар ин кирдорҳо бо мақсади содир ё рӯйпӯш намудани ҷиноят содир шуда бошанд, маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол ҷазо пешниҳод карда шудааст.

Мақсади дигари таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур пешгирӣ намудани ҷиноятҳо вобаста ба пайвасткунии симкорти телефони мобилӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва даст задан ба кирдорҳои ҷиноятии пайвасткунии ғайриқонунӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ мебошад.

Дар қисми 2 моддаи 3411 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ пайваст кардани симкорт ба шабакаи алоқаи барқӣ ё аз ҷониби истифодабаранда ба соҳибияти шахси дигар додани симкорт, агар симкорт дар содиркунии ҷинояти хусусияти террористӣ ё экстремис­тидошта истифода гардида бошад, пешбинӣ гардидааст, аммо амалия нишон медиҳад, ки симкорти ба дигар шахс тааллуқдошта на танҳо дар содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ё экстремистидошта, балки бештар дар содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин истифода бурда мешаванд, ки мутаассифона, қонунгузорӣ барои он ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ накардааст. Бинобар ин, бо мақсади бартараф намудани норасоӣ дар қонунгузорӣ ва мутобиқ ба амалияи татбиқи қонун лоиҳаи мазкур омода гардида, тибқи он, дар диспозитсияи қисми 2-и моддаи 3411 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз калимаи «экстремистидошта» калимаҳои «, инчунин ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин» илова карда мешаванд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ­Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрҳои ҳуқуқӣ мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки қабули лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлудахон дода мешавад. Марҳамат.

Мавлудахон МИРЗОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Алишер Мирзонабот, Дилшод Раҳмон, Мадина Набизода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат  ва ду лоиҳаи дигар аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  таҳия ва пешниҳод гардида, дар асоси банди 301 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид карда шуда, ҳамчун лоиҳаи ягона ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади мутобиқгардонии дохилии меъёрҳои алоҳидаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бартараф намудани нуқсону камбудии ҷойдошта ва пешгирии ҷиноятҳо таҳия шудааст. Қобили зикр аст, ки мақсади асосии ворид намудани тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 139, 141, 142 ва 241-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои супориши Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, тавқият додани ҷавобгарии ҷиноятӣ ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии хурдсолону ноболиғон мебошад.

Тибқи лоиҳа, ба қисми 2-и моддаи 141 (Алоқаи ҷинсӣ ва дигар ҳаракати дорои хусусияти шаҳвонӣ бо шахсе, ки ҳанӯз ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидааст)  банди в, ки кирдори ҷиноятиро бо аломати  такроран  содир намудани ҷиноят тасниф менамояд, инчунин,  ба моддаи 142 (Ҳаракати бадахлоқона)   қисми 3 илова  карда мешавад, ки ҷавобгариро барои содир кардани ҳаракати бадахлоқона нисбат ба ду ё зиёда шахсони баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасидаро пешбинӣ намудааст, такмил дода шуда, санксияи моддаи 241 (Тайёр кардан ва муомилоти мавод ё предметҳои порнографӣ ) дар таҳрири нав бо муайян намудани ҷазоҳои вазнинтар ифода карда шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси Дастури  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон тамоми расмиёти дохилиро гузаштааст ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро ҷонибдорӣ намуда, дар умум, 15 таклиф пешниҳод намуданд, ки баҳри такмили лоиҳа истифода шудаанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба боби 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва боби 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надоранд. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони арҷманд, бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем.

Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Исмоилиён Комрон дода мешавад. Марҳамат.

Комрон ИСМОИЛИЁН:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Амонулло Хайрулло, Холбойзода Неъматулло, Шерализода Муҳаммадулло, Исмоилиён Комрон ва Гулаҳмадзода Зулфиқор дар заминаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 — уми декабри соли 2021 бо мақсади бартараф намудани норасоӣ ва носаҳеҳии меъёрҳои алоҳида, ноил шудан ба мутобиқати дохилӣ ва мутобиқгардонии кодекс ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, эмин нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгард, воситаҳои нақлиёт ва молу мулки шахсони сеюм, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонӣ, муқаррар намудани махфияти иттилоот, таҳия ва пешниҳод гардидааст. Дар маҷмӯъ, лоиҳаи қонун аз 28 қисм иборат буда, пешниҳод буд, ки ба 36 моддаи қонуни амалкунанда тағйи­ру иловаҳо ворид карда шаванд.

Дар асоси Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати мамлакат ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон қабул намудани лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он 56 таклифу пешниҳод манзур намуданд, ки 33 таклиф қабул, 6 таклиф қисман қабул ва боқимонда қабул нагардид. Тағйиротҳои пешниҳодгардида лоиҳаи қонунро мукаммал намуда, номувофиқатии онро бо дигар санадҳои қонунгузорӣ бартараф месозад.

Кумитаи масъул 30-юми августи соли 2023 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёт ва Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди баррасӣ қарор дода, қабул намудани онро мувофиқи мақсад шуморид. Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои қонунгузории мамлакат, инчунин, ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуродзода Шоиста дар ҷаласа ҳузур доранд. Шумо доир ба масъалаи баррасишаванда чӣ андеша ва пешниҳод доред?

Шоиста САИДМУРОДЗОДА: - Муҳтарам Раис, аз шумо ва вакилони арҷманд бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки  барои қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоз диҳед.

РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

 РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуродзода Шоиста дода мешавад. Марҳамат.

Шоиста САИДМУРОДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз «Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд оид ба сохтмони роҳи автомобилгарди Нуробод-Обигарм» бармеояд, таҳия гардидааст.

Сабаби ворид намудани тағйирот ба  қисмҳои 2 ва 3-и моддаи 33 қонун ба мафҳуми умумии калимаҳои дар матн истифодашуда алоқаманд буда, дар ҷараёни таҳияи зерсанадҳои меъёри ҳуқуқии аз он бармеомада ба гуногунфикрӣ оварда мерасонид. Ҳамзамон, масъалаи таъсиси Фонди роҳ дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми декабри соли 2020 таҳти № 706 дар бораи ҷорӣ намудани «Барномаи низоми идоракунии дороиҳои роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024» пешбинӣ ва муҳлати ниҳоии таъсиси он то моҳи июни соли 2024 муайян гардидааст.

Ворид намудани тағйироти номбурда мухолифати мафҳумии қонунро аз байн бурда, онро ба талаботи шартҳои пешниҳоднамудаи шарикони рушд мутобиқ месозад ва заминаи ҷалби ҳар чӣ бештари сармоягузориҳои грантии хориҷиро муҳайё менамояд.

Тибқи таҳлили коршиносони байналмилалӣ, дар сурати таъсис нагардидани фонди роҳ барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, эҳтимоли вайрон гардидани роҳҳои автомобилгарди бунёдгардида дар назар аст. Таъсиси фонди роҳ, барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани таъмиру нигоҳдории роҳҳои ҷумҳурӣ имконияти хуб фароҳам меорад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит менамояд, ки ҳалли масъалаҳои зикршуда танҳо дар мавриди таъсиси фонди роҳ имконпазир мегардад. Бинобар ин,  аз шумо, вакилони арҷманд, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»- ро ҷонибдорӣ намоед .

РАИС: - Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Аҳмадзода Бахтиёр дода мешавад. Марҳамат.

Бахтиёр АҲМАДЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» аз ҷониби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади таъсиси фонди ягонаи роҳ, ки маблағҳои ҷамъшавандаро дар он барои нигоҳдорӣ ва таъмири шабакаи роҳҳо, аз ҷумла роҳҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ таъмин менамояд ва минбаъд ваколати идоракунию назорати маблағҳои воридшуда ва хароҷотшавандаро ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатӣ — Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор месозад, таҳия гардидааст. Тағйироти пешниҳодгардида қонуни амалкунандаро мукаммал намуда, ба маблағгузории чорабиниҳо марбут ба таъмир ва нигоҳдории роҳҳои истифодаи умум мусоидат менамояд. Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуд.  Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон қабул намудани лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуданд. Лоиҳаи қонуни мазкур тамоми расмиёти дохилиро гузашта, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.  Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони арҷманд, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» оғоз менамоем.

Сухан ба муовини вазири ­адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Шараф дода мешавад. Марҳамат.

Шараф КАРИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади иҷрои тавсияҳои Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки СММ ­лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» дар доираи гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст. Лоиҳаи пешниҳодшуда бо мақсади манъи истифода ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба кӯдакон, ҳимояи онҳо, таҳкими механизми муроҷиати кӯдакон, ба инобат гирифтани фикри кӯдакон, сарфи назар аз синну сол, инчунин ҳуқуқи кӯдакон ба изҳори ақида равона гардидааст.

Дар доираи лоиҳаи мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак» модда ва қисмҳои нав илова шуда, манъ будани истифода ё таҳдиди истифодаи зӯроварӣ нисбат ба кӯдак, ҳуқуқи кӯдак ба ҳимоя ва маҳдуд набудани ҳуқуқи кӯдак ба изҳори ақида новобаста ба синну сол пешбинӣ гардида, дар маҷмӯъ, ба кӯдак имкон фароҳам оварда мешавад, ки ҳангоми вайрон шудани ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии худ бевосита ба мақомоти васоят ва парасторӣ, инчунин мақомоти ваколатдори давлатии дигар муроҷиат намояд. Дар баробари ин, дар лоиҳа муқаррароти моддаҳои 12 ва 13 Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак ба инобат гирифта шудааст.

Лоиҳаи мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад ва аз буҷети давлатӣ дар робита ба иҷро шудани муқаррароти пешбинигардида хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Аз ин рӯ, бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Усмонзода Саид­ҷаъфар дода мешавад. Марҳамат.

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» бо мақсади амалисозии рафти иҷрои «Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018-2022» аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба таҳкими механизми муроҷиатҳои кӯдакон, озодона изҳор намудани фикри худ ва ба инобат гирифтани он новобаста аз синну сол ва таъмини манфиатҳои кӯдакон равона карда шудааст.

Таҷрибаи давлатдорӣ нишон медиҳад, ки ҳолатҳое пайдо мешавад, ки барои ҳалли он ҳанӯз қонун эҷод нашудаст. Зарурати қабули ин қонун аз он иборат аст, ки дар ҳолатҳои ғайричашмдошт ва пешбининашуда ҳаққу ҳуқуқи ноболиғон ҳимоя карда шавад.

Лоиҳа бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 — уми августи соли 2023 таҳти №1752 барои баррасӣ ба Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, барои додани хулоса ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон супорида шуда буд. Барои мукаммал намудани лоиҳаи қонун аз ҷониби кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умум, даҳ таклиф пешниҳод гардид. Лоиҳа тамоми расмиёти дохилиро мутобиқ ба талаботи Дастури Маҷлиси намояндагон гузашта, дар мувофиқа бо субъекта ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз даҳ таклифи пешниҳодшуда ҳафт таклиф қабул ва се тои дигараш қабул нагардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мутобиқ буда, амалишавии он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони муҳтарам, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муовини вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Шараф дода мешавад. Марҳамат.

Шараф КАРИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади иҷрои тавсияҳои Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки СММ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» дар доираи гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудааст. Лоиҳаи пешниҳодшуда ба таҳкими механизми муроҷиати кӯдакон равона гардида, тибқи он ду навгонии ҷиддӣ пешбинӣ шудааст: аввалан, маҳдудияти синнусолӣ дар ба инобат гирифтани ақидаи кӯдак аз байн бурда шуда, дуюм, қабули қарор дар асоси манфиатҳои беҳтарини кӯдак пешбинӣ гардидааст.

Тибқи таклифи пешниҳодгардида, мақомоту ташкилот, инчунин шахсони мансабдори онҳо, ки барои қабули қарор ваколатдор мебошанд, ҳангоми ҳалли масъалаҳои ба манфиатҳои кӯдак дахлдошта бояд фикри кӯдакеро, ки метавонад ақидаҳои худро мустақилона баён кунад, сарфи назар аз синну сол ба назар гирифта, дар асоси манфиатҳои беҳтарини кӯдак қарор қабул кунанд.

Муқаррароти мазкур бевосита аз моддаҳои 3, 12 ва 13 Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак сарчашма гирифтааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конс­титутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад ва аз буҷети давлатӣ дар робита ба иҷро шудани муқаррароти пешбинигардида хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Аз ин рӯ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.

РАИС: - Сухани навбатӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Тағойзода Сумангул дода мешавад. Марҳамат.

Сумангул ТАҒОЙЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бо мақсади амалисозии нақшаи миллии амалҳо барои иҷрои тавсияҳо аз натиҷаи гузоришҳои муттаҳидаи сеюм-панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти иҷрои «Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018-2022», бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Барои мукаммал намудани лоиҳаи қонун аз ҷониби кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умум, се таклиф пешниҳод гардид, ки дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ як таклиф қабул ва  2-тои дигараш қабул нашуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.  Бинобар ин, Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ аз шумо, вакилони гиромӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамояд, ки қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» оғоз менамоем.

Сухан ба муовини вазири ­адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Шараф дода мешавад. Марҳамат.

Шараф КАРИМЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Бо мақсади иҷрои тавсияҳои Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки СММ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» дар доираи гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст. Лоиҳаи пешниҳодшуда низ ба таҳкими механизми муроҷиати кӯдакон равона гардида, бо мақсади ба инобат гирифтани фикри кӯдак, сарфи назар аз синну сол ва ҳуқуқи кӯдак ба изҳори ақида таҳия шудааст. Дар доираи лоиҳаи мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» моддаи 131 илова гардида, тибқи он ноболиғоне, ки метавонанд ақидаҳои худро мустақилона баён кунанд, ҳуқуқ доранд дар бораи риояи ҳуқуқ, озодиҳо ва манфиатҳои қонунии худ ба мақомоту ташкилотҳои дахлдор бевосита муроҷиат намоянд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конс­титутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад. Аз ин рӯ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: — Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Ализода Зафар дода мешавад. Марҳамат.

Зафар АЛИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади амалисозии банди 6.3 нақшаи миллии амалҳо барои иҷрои тавсияҳо аз натиҷаи гузоришҳои муттаҳидаи сеюм-панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои «Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018 — 2022» таҳия шуда, ба таҳкими механизми муроҷиатҳои ноболиғон, ба инобат гирифтани ақидаи онҳо, сарфи назар аз синну сол ва таъмини манфиатҳои онҳо равона гардидааст.

Мутобиқи лоиҳаи қонуни мазкур аз қисми 2 моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» калимаи «ноболиғон,» хориҷ карда шуда, моддаи 131 (иловаи 1) бо номи «Хусусияти пешниҳод ва баррасии муроҷиати ноболиғон» илова мешавад, ки аз 3 қисм иборат буда, дар он меъёрҳо доир ба хусусиятҳои пешниҳод ва баррасии муроҷиати ноболиғон пешбинӣ мегардад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд ва ҳамзамон барои такмили он даҳ таклиф пешниҳод намуданд.

Кумитаи масъул 31-уми августи соли 2023 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ лоиҳаи номбурдаро мавриди баррасӣ қарор доданд ва он пурра ҷонибдорӣ гардид. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба боби 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад.  Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: -Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» шурӯъ менамоем.

Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Одиназода Ҳуснигул дода мешавад. Марҳамат.

Ҳуснигул ОДИНАЗОДА:

 -Муҳтарам Раис,  Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Шоҳмурод, Ҳ. Одиназода ва С. Матробиён пешниҳод гардидааст, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми марти соли 2023 таҳти №1579 лоиҳаи қонуни мазкур барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани хулоса ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуда буд. Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади дастгирии ҳуқуқии фаъолияти контингентҳои ҳарбии миллӣ дар ҳайати неруҳои дастаҷамъии сулҳоварона дар сатҳи миллӣ, аз ҷумла ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки муносибатҳоро дар соҳаи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ танзим мекунад, инчунин мутобиқгардонии қонунгузории кишвар ба уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд. Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаш таклиф пешниҳод гардид, ки дар маҷмӯъ ба назар гирифта шуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикр­гардидаро 29-уми августи соли 2023 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод. Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида, ба моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ва «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Эмомалӣ дар ҷаласа ҳузур доранд. Шумо доир ба лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод доред?

Эмомалӣ СОБИРЗОДА: - Муҳтарам Раис, аз шумо ва вакилони гиромӣ бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»  ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» шурӯъ менамоем.

Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Одиназода Ҳуснигул дода мешавад. Марҳамат.

Ҳуснигул ОДИНАЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Шоҳмурод, Ҳ. Одиназода ва С. Матробиён ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.  Ғайр аз ин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Наҷмиддиниён, Б. Аҳмадзода, К. Исмоилиён, З. Гулаҳмадзода ва Ҳ. Одиназода низ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод карда шудааст. Лоиҳаҳои қонунҳои зикршуда бо мақсади дастгирии ҳуқуқии фаъолияти контингентҳои ҳарбии миллӣ дар ҳайати неруҳои дастаҷамъии сулҳоварона дар сатҳи миллӣ, аз ҷумла ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки муносибатҳоро дар соҳаи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ танзим мекунад, инчунин ҳифзи ҳаёт ва саломатии хизматчиёни ҳарбӣ, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, пешгирии содиршавии кирдорҳои ғайриқонунии хизматчиёни ҳарбӣ, баланд бардоштани масъулияти командирон, сардорон ва хизматчиёни ҳарбӣ, мушаххас кардани уҳдадории ҳарбӣ ва ислоҳи номутобиқатии меъёрҳо таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаи масъул бо дастрасии банди 301 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ»-ро ҳамчун лоиҳаи ягонаи қонун муттаҳид карда, онро барои баррасӣ ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, онро бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ намуданд. Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Дар бораи мудофиа» ва «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Эмомалӣ дар ҷаласа ҳузур доранд. Шумо чӣ андеша ва ё пешниҳод доред?

Эмомалӣ СОБИРЗОДА: — Муҳтарам Раис, аз шумо ва вакилони гиромӣ бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала  «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия дода мешавад. Марҳамат.

Лутфия АБДУЛХОЛИҚЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо мақсади такмили қонунгузорӣ оид ба танзими ҳуқуқии низоми таҳсилоти дуалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, ки аз қисми назариявӣ дар муассисаи таълимӣ ва қисми амалӣ дар истеҳсолот ва ё ҷойи кор иборат мебошад, таҳия гардидааст.

Таҳсилоти дуалӣ — як намуди сис­темаи таълимиест, ки дар он қисми назариявии таҳсилот дар заминаи муассисаи таълимӣ ва қисми амалӣ дар истеҳсолот, яъне корхонаҳо, сурат мегирад. Дар ин раванд, муассисаҳои таҳсилоти касбӣ бо корхонаҳо шартномаҳои ҳамкорӣ баста, барои шумораи муайяни мутахассисон фармоиш медиҳанд ё ин ки ҳамчун дурнамо барои панҷ соли оянда дархост менамоянд. Ҳамзамон, корфармоён дар таҳияи барномаи таълимӣ иштирок мекунанд. Раванди таълим чунин роҳандозӣ мегардад, ки донишҷӯ аз таълим дур нашуда, ба истеҳсолот ворид мегардад. Бо назардошти ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Содиқӣ Насиба дода мешавад. Марҳамат.

Насиба СОДИҚӢ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили қонунгузорӣ оид ба танзими ҳуқуқии низоми таҳсилоти дуалӣ таҳия гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.  Илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи маориф», мафҳуми «Таълимоти дуалӣ» мебошад, ки мақсади он  баланд бардоштани маҳорати корбарӣ, донишу малака ва сатҳи касбияти донишҷӯён — мутахассисони оянда мебошад.

Иловаҳо ба моддаи 1 мафҳуми «- таҳсилоти дуалӣ – низоми таълим дар зинаҳои таҳсилоти касбӣ, ки дар он қисми назариявӣ дар муассисаи таълимӣ, қисми амалӣ дар истеҳсолот ва ё ҷойи кор амалӣ карда мешавад; ва дар моддаи 19:  — ба қисми 8 баъд аз калимаи «тиббӣ» калимаҳои «ва ихтисосҳои дахлдори муассисаҳои таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ» илова карда шаванд;- ба қисми 9 баъд аз калимаи «фосилавӣ» аломат ва калимаи «, дуалӣ» илова карда мешаванд.

Лоиҳаи қонуни мазкур мутобиқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21- уми  августи соли 2023 таҳти №1753 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ва барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд. Дар ҷаласаи васеи кумита 30 — юми августи соли 2023 ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он ду таклиф пешниҳод намуданд, ки  як таклиф қабул гардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» — ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»  ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала  «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия дода мешавад. Марҳамат.

Лутфия АБДУЛХОЛИҚЗОДА:

-  Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» низ вобаста ба системаи «Таълимоти дуалӣ» мебошад, ки имрӯз мо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» илова намудем. Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати корбарӣ, донишу малака ва сатҳи касбияти донишҷӯён — мутахассисони оянда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» низ илова ворид мешавад.

Бо назардошти он ки ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» давоми мантиқии ворид гардидан ба системаи таҳсилоти дуалӣ мебошад, бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Маликзод Парвина дода мешавад. Марҳамат.

Парвина МАЛИКЗОД:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили қонунгузорӣ оид ба танзими ҳуқуқии низоми таҳсилоти дуалӣ дар муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, ки аз қисми назариявӣ дар муассисаи таълимӣ ва қисми амалӣ дар истеҳсолот ва ё ҷойи кор иборат мебошад, таҳия гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Лоиҳаи қонуни мазкур мутобиқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми августи соли 2023 таҳти №1754 барои баррасӣ ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ва барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд. Кумитаи ­масъул 30-юми августи соли 2023 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳоди ироагардидаро муҳокима намуда, лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуданд. Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи моддаи 41 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Бинобар ин, хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ»  овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯри­асалпарварӣ» шурӯъ менамоем.

Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ахмедов Мирзоанвар дода мешавад. Марҳамат.

Мирзоанвар АХМЕДОВ:

 -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Мақсади пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» дар таҳрири нав, ки  бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Н. Одиназода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, З. Сафарзода, М. Ахмедов, З. Ф. Раҳмонзода, Б. Ҳ. Аҳмадзода ва С. Дӯстмуродзода таҳия гардидааст, тақвият бахшидан ба заминаи ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ, мушаххас гардондани ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, объекту субъект­ҳои моликият ва кафолатҳои ҳифзи ҳуқуқ ба он, ҳифзи занбӯри асал, ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳа ва мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба талаботи қонунгузории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Бо назардошти аз нисф зиёд ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни амалкунанда, лоиҳаи қонун дар таҳрири нав пешниҳод шудааст.

Дар раванди таҳияи лоиҳаи қонун дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини рушди устувори соҳаи занбӯриасалпарварӣ ва пешниҳоду тавсияҳои мутахассисону коршиносони соҳа ба назар гирифта шуданд.

Лоиҳаи қонун аз 6 боб ва 31 модда иборат мебошад. Дар он 7 моддаи нав (3, 4, 5, 9, 11, 16 17), мафҳумҳои «занбӯри корӣ», «зоти занбӯри асал», «маҳсулоти занбӯриасалпарварӣ», «ҷойгоҳи қуттиҳои оилаҳои занбӯри асал», «асали табиӣ», «асали қалбакӣ» пешбинӣ гардидаанд. Дар лоиҳаи қонун пешбинӣ гардидааст, ки шахсони воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ намебошанд, ҳуқуқ доранд фаъолиятро дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ барои қонеъ гардонидани талаботи шахсии худ дар ҳаҷми то 30 оилаи занбӯри асал амалӣ намоянд. Лоиҳа тамоми расмиёти дохилиро тибқи талаботи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон гузаштааст. Дар мувофиқа бо субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 95 таклифи пешниҳодшудаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, аксари онҳо қабул карда шуданд.

Лоиҳаи қонун ба талаботи моддаҳои 13 ва 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад ва аз буҷети давлат маблағгузории иловагиро талаб наменамояд. Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин аз шумо, вакилони гиромӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамояд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ»-ро ҷонибдорӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: — Муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Машокир дар ҷаласа ҳузур доранд. Шумо оид ба масъалаи баррасишаванда чӣ андеша ва ё пешниҳод доред?

Машокир НАЗАРЗОДА: — Муҳтарам Раис, аз шумо ва вакилони арҷманд бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» овоз диҳед.

РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад?  Нест.

Лоиҳаи мазкур қонуни мукаммал аст, мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ шавад ё яклухт қабул карда шавад?

Пешниҳод аст, ки яклухт қабул карда шавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» яклухт ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи занбӯриасалпарварӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» шурӯъ менамоем.

Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъа­лаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ахмедов Мирзоанвар дода мешавад. Марҳамат.

Мирзоанвар АХМЕДОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Мақсади пешниҳоди лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» аз мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ ва ҳуқуқи селексионер барои ҳифзи зот, хели (типи) дохилизотӣ ё дурагаи ҳайвоноти кишоварзӣ иборат мебошад. Дар лоиҳаи қонун мафҳумҳои «хели (типи) дохилизотии ҳайвоноти кишоварзӣ» ва «селексионер» ба моддаи 1 илова, дар моддаи 7 ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии хӯрокворӣ дар соҳаи зотпарварӣ мушаххас ва моддаи 131, ҳуқуқи селексионер барои ҳифзи зот, хели (типи) дохилизотӣ ё дурагаи ҳайвоноти кишоварзӣ пешбинӣ карда шудаанд.

Тибқи хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ҷалби мутахассисони вазорату идораҳои дахлдор, гурӯҳи корӣ таъсис ва лоиҳаи қонун такмил дода шуд.

Лоиҳа тамоми расмиёти дохилиро тибқи талаботи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст.

Дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ 26 таклифи пешниҳодкардаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, аксари онҳо қабул карда шуданд.

Дар асоси хулосаҳо ва пешниҳоди гурӯҳи корӣ сархатҳои дуюми қисмҳои 1 ва 2 моддаи 7 дар таҳрири нав ифода шуда тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», қисмҳои 2, 3, 4, 5 ва 6 моддаи 131 лоиҳаи қонун хориҷ карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи моддаҳои 14 ва 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат надошта, амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ»-ро ҷонибдорӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: — Сухан ба муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Машокир дода мешавад. Марҳамат.

Машокир НАЗАРЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!         

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 — уми декабри соли 2017 таҳти № 595 «Дар бораи Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» самти назорати фаъолияти зотпарварӣ ба зиммаи кумитаи мазкур гузошта шудааст.

Вобаста ба ин, зарурат барои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» мушаххас намудани ваколатҳои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди фаъолияти соҳаи зотпарварӣ ва Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти назорати давлатӣ дар соҳаро ба миён овардааст. Баробари ин, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир селексионерҳои мамлакат як қатор хелҳои (типҳои) дохилизотии ҳайвоноти кишоварзӣ, аз ҷумла шаҳринавии зоти гӯсфанди ҳисорӣ, типи зарафшонии қутос ва ғайраро ба вуҷуд оварда, пас аз қайди давлатӣ онҳоро барои истифода кишоварзон пешниҳод намуданд. Пешбурди корҳои селексионӣ зарурати муайян намудани заминаи ҳуқуқии фаъолиятро дар соҳаи зотпарварӣ ба миён овардааст. Аз ин лиҳоз, тағйиру иловаҳои пешбинишуда ба қонуни амалкунанда саривақтӣ буда, барои ба танзим даровардани фаъолияти соҳа мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони гиромӣ, бо  эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» -ро ҷонибдорӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намоян­дагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зотпарварӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ» шурӯъ менамоем.

Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Шодизода Парвиз дода мешавад. Марҳамат.

Парвиз ШОДИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмат­расонии иҷтимоӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст. Лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 1-уми майи соли 2023 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани хулоса ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуда буд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд ва барои такмили он дар маҷмӯъ, 25 таклиф пешниҳод карданд, ки аз он 13 таклиф  қабул, 3 таклиф қисман қабул ва 9 таклиф қабул нагардид.

Бо мақсади мукаммал гардонидани қонуни амалкунада дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ» сархати панҷуми моддаи 2 дар таҳрири нав ифода ёфта, номи бобҳои 2 ва 3 тағйир дода шудаанд. Ҳамчунин, ба моддаҳои 1, 5, 25, 27 тағйирот ва моддаи нави 101 («Уҳдадориҳои шаҳрвандон дар соҳаи хизматрасонии иҷтимоӣ»), қисмҳои 4 ва 5 ба моддаи 17 илова гардидаанд.

Мақсад, намуд ва тартиби расонидани хизматҳои иҷтимоии фаврӣ, ки кумаки иҷтимоии якдафъаина ба шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта ва бо вазъияти ба ҳаёту саломатии онҳо таҳдидкунанда дучоргардидаро дар бар мегирад, дар қисмҳои 4 ва 5-и иловашаванда ба моддаи 17 оварда шудаанд.

Дар дигар мавридҳо низ, тағйи­роти пешбинишуда хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, бо мақсади бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, риояи имло, истифодаи истилоҳу ибораҳо, бо назардошти услуби ягона, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқи ҳуқуқӣ, мушаххасу саҳеҳ ва мутобиқгардонии меъёрҳо ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ равона карда шудаанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ» ба талаботи моддаи 39 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби панҷуми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад. Аз ин рӯ, Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ»-ро ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, бо камоли эҳтиром хоҳиш менамояд, ки барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: - Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед дар ҷаласа ҳузур доранд. Шумо доир ба масъалаи баррасишаванда чӣ андеша ва пешниҳод доред?

Шодихон ҶАМШЕД: - Муҳтарам Раис, аз шумо ва вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки барои қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ­хизматрасонии иҷтимоӣ» овоз диҳед.

 РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмат­расонии иҷтимоӣ» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасонии иҷтимоӣ» ба овоз монда шуда, гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» оғоз менамоем.

Сухан ба муовини раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон дода мешавад. Марҳамат.

Абдураҳмон АБДУРАҲМОНЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Фаъолияти паркҳои технологӣ, паркҳои технологии иттилоотӣ, паркҳои илмию технологӣ бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъмин карда мешаванд. Дар ин робита, таъсиси паркҳои технологӣ, аз ҷумла Парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ (IT- Park) метавонад дар оянда ба рушди илму инноватсия, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ташаккул ва рушди низоми миллии тиҷорати рақамӣ, дастгирӣ ва роҳнамоии лоиҳаҳои тиҷоратии нав, афзоиши ҳиссаи хизматрасониҳои технологияҳои инноватсионӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва истеҳсоли маҳсулоти барномавии рақобатпазир ба кишварамон заминаи мусоид фароҳам оварда, барои ҷалби сармояи мустақим ба иқтисоди ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Мақсади таъсиси Парки технологии иттилоотӣ (IT- Park) ба таъмини рушди имкониятҳои илмию техникӣ, таҳия ва татбиқи барномаҳою лоиҳаҳои инноватсионӣ, ба роҳ  мондани муносибатҳои шарикӣ бо ширкатҳои ватанию хориҷӣ, ташкилоту муассисаҳо барои ҷалби мутахассисон- барномасозон ва тайёр кардани кадрҳои ҷавон дар соҳаи IT технология, ки маҳсулоти барномавии худро дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ба ҳаёти воқеӣ табдил медиҳанд, равона гардидааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти паркҳои технологӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Парки технологӣ», ки соли 2010 қабул гардидааст ва ба роҳ мондани фаъолияти Парки технологии иттилоотӣ (IT- Park) такмилдиҳӣ ва таҷдиди назар кардани баъзе аз меъёрҳои қонуни мазкур зарурат ба миён омадааст. Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам вакилон, бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» овоз диҳед.

РАИС: - Сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Раҳматзода Рустам дода мешавад. Марҳамат.

Рустам РАҲМАТЗОДА:

 - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади рушди технологияҳои иттилоотӣ, мусоидат ба ташаккули низоми иқтисоди рақамӣ ва ҷалби шарикони рушд, инчунин, тақвият бахшидан ба меъёрҳои танзимкунандаи соҳа, аз ҷумла мафҳумҳои бунёдии соҳаи мазкур, мутобиқгардонии истилоҳоти истифодашаванда дар соҳа ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.

Лозим ба ёдоварист, ки мувофиқи лоиҳаи қонун пешниҳод мегардад, ки дар моддаи 1 қонуни амалкунанда мафҳумҳои нав, аз қабили «субъекти парки технологӣ», «феҳристи блокҳои муомилот (блокчейн)» ва «тамғаи рақамӣ (токен)» илова карда шуда, инчунин, бо қисмҳои 3-юм ва 4-уми лоиҳа пешбинӣ гардидааст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон парки технологии маҳсулоти барномавӣ ва технологияҳои иттилоотӣ ҳамчун шахси ҳуқуқии тиҷоратӣ таъсис дода шавад. Тағйироти воридшаванда номувофиқатии қонуни амалкунандаро бо дигар санадҳои қонунгузорӣ бартараф намуда, ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва ташаккули низоми иқтисоди рақамӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон қабул намудани лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои мукаммал намудани он нуҳ таклиф пешниҳод кардаанд, ки аксарияти он қобили қабул дониста шуд. Лоиҳаи қонуни мазкур тамоми расмиёти дохилиро гузашта, ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мухолифат надорад ва амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.

Кумитаи масъул 29 — уми сентябри соли 2023 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим, намояндагони ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе лоиҳаи қонунро мавриди баррасӣ қарор дода, қабул намудани онро мувофиқи мақсад шуморид. Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ»  ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Парки технологӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС:- Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлудахон дода мешавад. Марҳамат.

Мавлудахон МИРЗОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Равшан,   Мирзозода Мавлудахон ва Маҷидзода Сарвиноз пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани истилоҳоти Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикис­тон (аз 24-уми декабри соли 2022 таҳти №1918) таҳия гардидааст.

Тибқи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» асосан дар ном ва матни Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон иваз шудани калимаҳои ГРАЖДАНИИ», «гражданӣ», «граждание», «гражданиро», «граждании» ва «гражданию» мувофиқан ба калимаҳои «МАДАНИИ», «маданӣ», «мадание», «маданиро», «мадании» ва «маданию», инчунин дар моддаҳои дахлдори ин кодекс калимаҳои «ғоиб», «фавтида», «шаҳрванд», «ҒОИБ», «ФАВТИДА» ва «ШАҲРВАНД» мувофиқан ба калимаҳои «ғоибшуда», «вафоткарда», «шахси воқеӣ», «ҒОИБШУДА», «ВАФОТКАРДА» ва «ШАХСИ ВОҚЕӢ»  ва инчунин, дар қисмҳои 2, 6 моддаи 55 ва қисми 2 моддаи 56 калимаи «ваколатдиҳанда» ба калимаи «вакилкунанда» ва дар  моддаи 267, номи боби 31,  моддаи 286,  287,   289,  290 , 291,  392  «СОХТАНИ ҚОБИЛИЯТИ АМАЛИ ШАҲРВАНД» мувофиқан ба калимаҳои   «НАМУДАНИ ҚОБИЛИЯТИ АМАЛКУНИИ ШАХСИ ВОҚЕӢ» иваз карда шудаанд. Тағийроти пешбинишуда барои қабули санадҳои судӣ ва дарҷи дурусти ин истилоҳот муҳимият дорад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»  ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳиш мекунам, ки барои  қабули он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» шурӯъ менамоем.

Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзуллозода Зафар дода мешавад. Марҳамат.

Зафар ФАЙЗУЛЛОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» мутобиқи моддаи 58 Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зарифхуҷа Шоҳиён ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода, Шарифҷон Ҳакимзода, Зафар Файзуллозода, Ғайрат Азиззода, Муҳаммад Шодиён ва Зайнудин Сафарзода таҳия ва пешниҳод гардидааст.Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мутобиқгардонии қонуни амалкунанда ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  истифодаи дурусти истилоҳоти ҷавобгӯи талаботи муосир, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқи ҳуқуқӣ, инчунин ифодаи дурусти қоидаҳои имлои забони давлатӣ, мушаххас ва дақиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур, истифодаи якхелаи мафҳумҳо ва бартараф намудани ихтилофот ва номутобиқатии меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳои соҳа таҳия ва пешниҳод шудааст.  Лоиҳаи пешниҳодгардида бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 — уми апрели соли 2023 таҳти №1643 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои додани хулоса ва ба Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни баррасишавандаро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон, барои такмили он дар маҷмӯъ, 20 таклиф пешниҳод гардида, аз онҳо 11 таклиф қабул, 8 таклиф қисман қабул ва 1 таклифи дигар қабул нашуд. Лоиҳаи қонуни мазкур расмиёти ҳуқуқиро мутобиқ ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсатҳои дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гузашта,  кумитаи масъул 21 — уми сентябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои пешниҳодгардидаро муҳокима намуда, бо назардошти таклифу пешниҳодҳо такмил дода шуд. Лоиҳаи пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ буда, амалишавии меъёрҳои он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд. Бинобар ин, аз шумо, вакилони гиромӣ, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем.

Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мирзозода Мавлудахон дода мешавад. Марҳамат.

Мавлудахон МИРЗОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, Маҷидзода Сарвиноз ва Ализода Зафар пешниҳод гардидааст.

Асос ва мақсад аз пешниҳод намудани тағйироту илова ба моддаи 64 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (Асосҳои озод кардан аз исбот) бартараф намудани носаҳеҳӣ, норасоӣ, гуногунфаҳмӣ, таъмини баррасии босифат ва ҳар чӣ зудтари баҳсҳо дар мақомоти судӣ, риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи меъёрҳои кодекси мазкур ва мутобиқ намудани он ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.

Қобили қайд аст, ки мутобиқи лоиҳаи пешниҳодшуда, дар қисми 2 ин модда калимаҳои «парвандаи граждании» ва «парвандаи гражданӣ» мувофиқан ба калимаҳои «парвандаҳои маданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии» ва «парвандаҳои маданӣ ва оилавӣ» иваз гардида, инчунин, дар қисми 3 моддаи зикршуда калимаҳои «Ҳукми» ва «ҳукми» мувофиқан ба калимаҳои «Санади» ва «санади» иваз карда мешаванд. Ҳамзамон, ба моддаи зикршуда қисми 3 бо мазмуни зерин: «Санади эътибори қонунӣ пайдокардаи судӣ оид ба парвандаи иқтисодии қаблан баррасигардида барои суди юрисдиксияи умумӣ, ки парвандаҳои маданӣ ва оилавиро баррасӣ мекунад, ҳатмӣ буда, оид ба ҳолатҳое, ки бо санади судии суди иқтисодӣ муқаррар карда шудаанд, ҳангоми баррасии парвандаи дигар, ки дар он ҳамин шахсон иштирок менамоянд, аз нав исбот карда намешавад ё мавриди баҳс қарор намегирад.» илова гардида, қисмҳои 3 ва 4 мувофиқан қисмҳои 4 ва 5 ҳисобида мешаванд. Лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси Дастури Маҷлиси намояндагон тамоми расмиётҳоро гузашта, дар натиҷа, хулосаҳои пешниҳодшудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳо ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои такмили лоиҳа истифода шуданд. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба боби 2 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо, вакилони арҷманд, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои қабули он овоз диҳед.

РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст?

Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул шуд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.

РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа эрод ва ё пешниҳод ҳаст? Нест.

Барои иштироки фаъолонаатон изҳори миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.

Хӯҷаназари АМИНИЁН,

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ